Саразм яке аз қадимтарин ёдгориҳои давраи энеолит ба ҳисоб рафта, дар болооби Зарафшон ҷойгир аст. Ин шаҳр дар ҳазораи 2-4-и то мелод шаҳри азиме будааст ва дар масоҳати 90 га ҷойгир шудааст. Саразм дар соҳили чапи дарёи Зарафшон, дар баландии 910 м аз сатҳи баҳр, 15 км аз шаҳри Панҷакент ва 45 км дуртар аз шаҳри Самарқанд ҷойгир аст. Ба ақидаи барҷастатарин донандаи забони суғдӣ В.А. Литвинский Саразм маънои “Сари замин”-ро дорад.
Соли 1976 сокини деҳаи Авазалии шаҳри Панҷакент, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ- Ашӯралӣ Тайлонов духтарчаи 8-солаашро ба маркази шаҳр оварда, бо хоҳиши вай барои тамошо ба осорхона меравад. Дар осорхонаи ба номи Рӯдакӣ падар ҳамроҳи духтараш нигораҳоро тамошо мекунад ва чашмаш ба нусхаи гаҷии табарчаи биринҷии аз деҳаи Ёрӣ ёфташуда меафтад. Дарҳол бо масъулони осорхона суҳбат намуда, изҳор менамояд, ки ман дар аснои хонасозӣ чунин асбобро ёфтаам ва агар хоҳед онро ба шумо туҳфа менамоям. Сипас бостоншинос Абдуллоҷон Исоқов барои овардани табарча ба хонаи Ашӯралӣ Тайлонов меравад ва ҳамин тариқ моҳи сентябри соли 1976 қадимтарин шаҳраки Суғдиён Саразмро кашф мекунад. Бо такя ба маълумотҳои баъзе аз сарчашмаҳо Саразм шаҳре будааст азиму дорои қасру маъбадҳо, маҳаллаву кӯчаҳо ва аҳолии он ба 10000 нафар мерасидааст. Мардуми Саразм дорои фарҳанги воло буда, аҳолии он бо деҳқонӣ, чорводорӣ, моҳигирӣ, шикор, косибӣ ва гудохтани мис, тилло, қалъагӣ машғул буда, оташпарастӣ мекардаанд. Пӯшоку палоси саразмиён аз пашму пӯст будааст.
Истеҳсол ва коркарди фулузот низ хеле инкишоф ёфта буд, саразмиён маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Ҳангоми ковишҳои ҳафриётӣ кураҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монандӣ корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, муҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Дар он ҳангом ҳунарҳои заргарӣ, чармгариву ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар тараққи карда, сокинони шаҳркада бо ҷанубу шарқии Туркманистон, шимоли Эрон ва Балуҷистону Сиистон иртиботи фарҳангӣ доштанд. Саразм ягона мероси таърихии Тоҷикистон мебошад, ки 31-уми июли соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО дохил шудааст.
Аз соли 1984 то имрӯз бо навбат Экспедитсияҳои гуногунсоҳа тадқиқот мебаранд. Аввалин тадқиқот аз ҷониби Экспедитсияи Тоҷикистону Фаронса дар ҳайати А.И.Исҳоқов, М. Исоқова, А.Т. Пликова, У. Эшонқулов, А.Р. Раззоқов, С. Бобомуллоев, Г.Р.Каримов, Ш.Ф. Қурбонов, институту пажуҳишгоҳ ва академияҳои марбут ба соҳа корҳои асосиро оид ба муайянсозии ҳудудҳои бошишгоҳӣ, қабати маданӣ, санъати меъморӣ, намудҳои истеҳсолот, таомулҳои дафнкунӣ, банизомдарории зарфҳои сафолӣ, обёриро анҷом доданд. Дар ҳудуди ёдгорӣ 12 хандақи санҷиши ковиш гардида, 13 ҳафриёт гузаронида шудааст, ки 55%-и замини ишғолкардаи ин маркази нахустшаҳриро ташкил медиҳад. Соли 1985 олимони Осорхонаи Қиёфашиносӣ ва мардумшиносии Донишгоҳи Гарварди Амрико Ф.Колва, К.К.Ламберг- Корловский низ дар Саразм корҳои тадқиқоти гузаронидаанд.
Дар аввали тадқиқот доир ба таърихи Саразм ақидае вуҷуд дошт, ки гӯё Саразм аз теппачаҳои начандон калон ва деҳоти аз ҳама дур мураттаб аст, ки ба давраи энеолит рост меояд. Вале баъди омӯзиш маълум гардид, ки ин андеша билкул ғалат аст. Саразм шаҳр аст, на деҳот.
Шаҳрсозӣ дар тамоми сайёраи Замин ҳанӯз дар миёнаи дуюми ҳазораи 4 ва ибтидои ҳазораи 3-и то мелод оғоз шудааст. Саразм низ ҳамчун шаҳри тараққикарда дар охирҳои ҳазораи 4-и то мелод инкишоф ва рушд кардааст.
Вобаста ба ёдгориҳои таърихии Саразм то ба ҳол ковишҳои ҳафриёти идома дошта, ҳоло аз ҷониби як зумра бостоншиносон алоқаи ёдгориҳои таърихии Саразм бо Ҳисори Шодмон мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор дорад.
Ба гуфтаи муаррихон Ҳисор бо Саразм алоқаи зич дорад. Ҳисор яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба шумор меравад ва аз қадимулайём бо обу ҳавои латифу мусоид , куҳҳои пурфайз , дарёҳои сероб, заминҳои зархез ва дорои ёдгориҳои ҳама давр диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамуд. Пешаи аҳолии ин шаҳр низ аз зироаткорию чорводорӣ ва ҳунармандӣ иборат буда, кулолгарӣ, зардӯзӣ ва умуман ҳунарҳои мардумӣ хеле рушд кардааст. Дар давраи неолит (қарни санг) водии Ҳисор хеле сераҳолӣ будааст, ки ба ин бошишгоҳҳои маснуоти шикорию рӯзгор гувоҳӣ медиҳанд. Маданияти қарни неолитро олимон шартан маданияти Ҳисор ном бурдаанд, ки ёдгориҳои моддиашро бори аввал академик А. П. Окладников дар теппаи Ғозиён кашф намудааст. Ҳангоми ҳафриёт зиёда аз 680 осори давраи санг ёфт шудааст. Омӯзиши водӣ аз с. 80-и асри 19 оғоз гардида, дар солҳои 20-30 -и асри XX баъди барқароршавии ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳаматарафа вусъат меёбад. Андреев шарқшинос, мардумшинос соли 1925 дар бораи ёдгориҳои меъмории шаҳри Ҳисор тадқиқотҳои омӯзиширо оғоз намуд. Ӯ аввалин шуда харитаи ёдгориҳои бостонии водии Ҳисорро тартиб дода, дар тупхона-никрополи шаҳри Ҳисор ҳафриёт мегузаронад. Дар натиҷа, мавҷуд будани қабатҳои мадании давраи биринҷӣ ва антиқаро дастрас менамояд. Дар шаҳри бостонии Ҳисор олимони муосир бо сарварии Б.А. Литвинский ҳафриёт гузаронидаанд. Дар тупхона Бубнова М.А., Салтопская Евгений Дмитриевна., В.И.Соловёв дар солҳои гуногун ҳафриёт гузаронидаанд. Баъди таъсисёбии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор корҳои васеъи таҳқиқотӣ дар ҳудуди Регистон, Қалъаи Ҳисор ва қисматҳои гуногуни шаҳр гузаронида мешавад. Мақсади ин ҳафриётҳо барои муайян намудани қабатҳои маданӣ ва тармими иншоотҳои меъморӣ равона карда шуда буд. Дар омӯзиши он саҳми олимон Атохонов Т.М.,Самойлик П.Т, Абдуллоев А. беҳамтост. Дар шаҳри Ҳисор ёдгориҳои таърихии зиёде бозёфт гардидааст, ки яке аз онҳо мамнуъгоҳ ба ҳисоб меравад.
«Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» осорхонаест, зери фазои кушод ва қимати бебаҳои таърихӣ, бостонӣ ва меъмориро бархурдор аст. Мамнуъгоҳ бо қарори махсуси ҳукумат соли 1982 арзи вуҷуд кардааст. Имрӯз ҳудуди 22 гектарро доро буда, дар қитъаи зебоманзари водии Ҳисор воқеъ гардида аст. Ин марз бостонист ва зиёда аз 3000-сол қабл инҷо маркази тамаддуни волое арзи ҳастӣ дошт. Ёдгориҳои таърихию меъморие, ки то ба имрӯз симои аслии хешро маҳфуз доштаанд, бунёдашон аз қарни XI-и пеш аз мелод оғоз гирифта, то садаи XIX думбола мегирад. Лаҳзае, ки моро маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъморӣ ба оғӯш мегирад, хештанро дар шаҳри асримиёнагие бо майдонаш Регистон, дижи қадим, силсилаи иншоотҳои маданӣ-маърифатӣ, ҷомеавӣ-савдоӣ мебинем. Майдони Регистонро ду мадраса Куҳна ва Нав, корвонсарои Хиштин, дарвозаи Арк, девори мудофиавии Ҳисор ва Таҳоратхона иҳота кардааст. Дуртар аз майдони Регистон дар қисмати ҷанубӣ мақбараи Махдуми Аъзам, дар қисмати ҷанубу шарқӣ масҷиди Сангин, масҷиди Одина, дар қисмати шимолу шарқӣ масҷид ва мадрасаи Чашмаи Моҳиён воқеанд.
Деҳаи Ҷангалак ё худ номи наваш Бустон дар қисмати ҷанубии шаҳри бостонии Ҳисор воқеъ гардидааст. Деҳа дар қисмати ғарбии поякуҳи Уртабӯз ҷойгир буда , дар он зиёда аз100 хоҷагӣ истиқомат менамоянд. Аҳли деҳа дар мавриди корҳои хоҷагӣ, аз пояи адир ва майдони киштзор ҳар гуна олотҳои қадима, зарфҳои кулолӣ, кӯзаву обдаста, пораҳои лаъливу табақҳо дастрас менамоянд. Бозёфтҳои худро ба осорхонаи Муассисаи Давлатии Ҷумҳуриявии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» оварда месупоранд. Кормандон – мутахассисони мамнуъгоҳ бозёфтҳоро ба қайд гирифта, давраҳои таърихии онро муайян менамоянд. Бояд қайд намуд, ки аксари бозёфтҳо ба давраи кӯшонӣ, яъне асрҳои II-и то мелод, II- мелодӣ мансубият доранд. Яке аз бозёфтҳои нодире, ки аз ин деҳа дарёфт шуда буд, ин як чанд пораи тобути сафолин мебошад. Он соли 2005 дар мавриди кандани манзил дар оромгоҳи деҳа, ки дар барокуҳ воқеъ гардидааст, дастрас гардида буд. Ҳоло ин пораҳо дар осорхонаи Мамнуъгоҳ ҷой дода шудааст.
Соли 2009 ин деҳа боз бо бозёфти нодири худ кормандони мамнуъгоҳро хушнуд намуд. Дар мавриди бо булдозер кандани хок ғори сунъӣ кушода мешавад. Сокинони деҳа Муродов Раҳматулло ва Абдуллоев Лутфулло ба кормандони мамнуъгоҳ хабар медиҳанд. Гуруҳи кормандони мамнуъгоҳ барои муайян намудан, аз он дидан намуданд. Дар натиҷа маълум гардид, ки ғори сунъӣ дар пояи адир сохта шуда, даромадгоҳаш аз тарафи ғарби ҷойгир буда, васегиаш 4,5м, баландиаш 2,4-2,5м., дарозии боқимондааш 33м., дар охири ғор суфаи баланду начандон васеъ (40-50см) ҷой дода шуда буд. Он барои гузоштани ҷиҳоз ё худ чароғ истифода бурда мешуд. Девори ғор хеле ҳамвор буда, шифти он аркмонанд сохта шудааст. Қисман сатҳи девори ғор хароб шудааст. Сатҳи фарши ғор бо хокҳои рехта пӯшида шуда буд, барои муайян намудани фарши он қисми майдони он тоза карда шуд. Тахмин кардан мумкин аст, ки фарши ғор бо гаҷ кисман рӯйпӯш карда шуда, якчанд маротиба тармим шуда бошад. Болои фарш назди девор боқимондаи нимсӯхтаи чӯб, хокистар, кулухҳои сӯхта муайян карда шуд. Гуфтан ҷоиз аст, ки аз сабаби кандани адир даромадгоҳи ғор вайрон гардида буд, агар мо майдони кандаи адирро ба инобат гирем, ки он 23 метрро ташкил медиҳад. Бинобар ин дарозии ғор мумкин аст 56 метрро ташкил медод, баландии ғор аз сатҳи майдон дар баландии 18-20 метр воқеъ буд. Ин ғор дар майдон ягона набуд, аз паҳлуи шимолии он дар масофаи 8-10м. суроби ғори дигар мушоҳида карда мешуд, ки соли 2010 ғори дуюм кушода шуд. Барои пурра муайян намудани тарҳи ин ғорҳо бояд ҳафриёт гузаронида шавад. Бо гуфтаи Абдуллоев Лутфулло дар мавриди кандани хок аз ин қисмат хокистару пораҳои зарфҳои сафолин дарёфт намудааст. Акнун саволе ба миён меояд, ки ин ғорҳо кай сохта шудаанд ва бо кадом мақсад истифода бурда мешуданд?
Дар адабиёти бостоншиносӣ ва таърихӣ чунин ғорҳои сунъиро гурезгоҳ ё худ паноҳгоҳ гуфта ном мебаранд. Чунин гурезгоҳҳоро начандон дур аз шаҳракҳои қадима дар баландии поякуҳ месохтанд, кӯшиш мекарданд, ки даромадгоҳи он барои бегонагон номаълум бошад. Чунин гурезгоҳҳо пеш аз ҳама барои муҳофизати зану кӯдакон ва пиронсолон пешбинӣ шуда буданд. Чунин гурезгоҳҳо дар ҳудуди ноҳияҳои Ваҳдат, Ёвон ва ҳудуди Султонобод муайян карда шудааст. Гурезгоҳи аз Ваҳдат ва Султонобод дарёфтшуда, нисбатан хеле хурд мебошанд, дарозии он аз 2м. то 5-6метрро ташкил медиҳад. Чунин фарқият ба шумораи аҳоли вобаста мебошад. Аз он сабабе, ки шаҳраки Ҳисор аз асрхои ХII то мелод ҳамчун маркази минтақаи заминдории водии Ҳисор башумор мерафт ва алалхусус дар давраи тараққикардаи кушониён асрҳои II-и пеш аз мелод то II-и мелодӣ аҳолии он нисбат ба дигар шаҳрҳо сершумор буд. Дар давраи кушониён асосан чунин ғорҳо, ҳамчун ибодатхонаҳои буддоӣ истифода мешуд. Бояд қайд намуд, ки ибодатгоҳҳо ва саҷдагоҳҳои Буддоӣ начандон дур аз ҳудуди шаҳрҳо ҷойгир буданд. Ибодатгоҳҳои Буддоӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон омӯхта шудааст, ба мисоли Аҷинатеппа дар наздикии шаҳри Қурғонтеппа, Уштур Муло соҳили рости Амударё ноҳияи Шаҳритуз, Қаротеппа, Фаёзтеппа, Зурмала дар наздикии шаҳри қадимаи Термез ва ғайра. Ҳамаи ин ибодатгоҳҳо дар масофаи муайян, берун аз ҳудуди шаҳрҳои давраи Кушониён воқеъ гардида буданд.
Сокинони деҳаи Шоли шаҳри Ҳисор Ашӯралӣ Салимов ва Ҳайиталӣ Сангинов дар натиҷаи корҳои заминӣ аз теппаи болои деҳа зиёда аз ҳафтод дона осорҳои флузотӣ дарёфт карданд. Ин бозёфтҳо дар зери хок ниҳоят дар ҳолати хуб ҳифз шудаанд. Нигораҳои дарёфтшуда бо катибаҳои хати куфӣ, нақши шикори ҳайвонҳои дарранда оро дода шудаанд. Қолиби ин нақшҳо низ аз ин деҳа дарёфт шуд. Ин бозёфтҳо ба асрҳои X-XII тааллуқ дошта, ҳоло бо номи «Хазинаи деҳаи Шол» дар Осорхонаи Миллӣ нигаҳдорӣ мешаванд.
Соли 2012 аз теппаи Тупхона дар натиҷаи кофтуковҳои ҳафриётӣ мадфунгоҳе дарёфт карда шуд, ки аз се ҳуҷра иборат буда, дар ҳуҷраи қисмати шарқӣ се ҷасад,дар ҳуҷраи қисмати ғарбӣ панҷ ҷасад ва дар қабати дуюм ҳуҷраи хурде буд, ки дар он як ҷасад ба хок супорида шуда буд. Ин мадфунгоҳ аз санг ва гаҷ сохта шудааст. Бостоншиносон аз ҷиҳати сохти меъморӣ ва бозёфтҳои дарёфтшуда ин мақбараро ба давраи юнону-бохтариҳо муттаалиқ медонанд.
Ба гуфтаи Бобомаллаев табарсанге, ки аз шаҳраки Шарора бозёфт гардид, алоқамандии Ҳисорро бо Саразм нишон медиҳад. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат таҷлили 5500 солагии Саразми бостон пешниҳод гардид ва хушбахтона ин иқдом аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд ва соли 2020 5500 солагии Саразми бостон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Албатта, бе ҳеч шаке ин гуфтаҳои Сарвари давлат дархӯри имрӯзу фардои таърихи миллат хоҳад буд: “Моро зарур аст, ки ёдгориҳои таърихии худро ҳифз кунем, обод гардонем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем. Ин қарзи мо дар назди таърих ва наслҳои оянда мебошад”.
Бӯриев Зиёвиддин ва Ҷобиров Зикрулло