Дар ин мақолаи навбатӣ хонандаи азиз мехоҳам, ки дар бораи як нафар шоире, ки овозхони ҳамаи давру замонҳои мардуми порсизабон Аҳмад Зоҳири бузург аз ашъораш хондааст каме ҳам бошад равшанӣ андозам.

Бояд гуфт, ки аз бештар аз 600 суруду таронаҳое, ки тибқи бархе аз сарчашмаҳо нобиғаи осмони ҳунарии Хуросонзамин сурудааст, қисмати зиёди шоирон ба миқдори 100 нафар то имрӯз, чӣ аз шоирони ба истиллоҳ классик ва чӣ шоирони имрӯза, ки бархе аз онҳо хушбахтона, дар қайди ҳаётанд маълум карда шудаанд.

Дар ин росото агар овозхон аз шоироне чун Валии Таронасози Дарвозӣ ва устод Лоҳутӣ аз 17 то 19 , аз Абдулаҳмади Адо 15, аз Мавлоно Ҷаллолидини Балхӣ, Симин, Фурӯғ, Раҳии Муаъййирӣ, Аҳмадшоҳи Азҳар -9 тогӣ, аз ашъори Саъдиву Ҳофизи Шерозӣ, Фазлаҳмади Найнавоз 7-8 шеърӣ хонда бошад, ҳамчунин аз шоироне дигаре низ ҳамагӣ 1 , 2 ва ё 3 шеърӣ зери оҳангҳои мағруб овозхонӣ намудааст. Шояд бархе аз хонандагон иброз доранд, ки оё дар бораи шоире, ки 1, 2 ва 3 шеъру таронашро Аҳмад Зоҳир сурудааст шарт аст, ки ҳаводорони овозхон маълумоте дошта бошанд.

Ба фикри банда инҷо шарт воҷиб аст ва суоле пеш меояд, ки чаро?

Аввалан, ки ҳар як суруди хондаи Аҳмад ин моли таърихи пурғановати суруду мусиқии шаҳдрези мардуми иронитабору Шарқ, балки кулии тамадуни башарият аст, зеро гумон аст, ки дар садсолаи наздик чунин овозхоне бо чунин овози худовандӣ пайдо шавад. Чуноне, ки Борбаде ё Фирдавсие баъди 1000 сол дигар пайдо нагашт (агарчанде ворисони хушному бузурге, ки шӯҳраи офоқ гаштаанд, ин миллату мардуми дигари порситабор тарбияву ба воя расонидааст, лекин ҳеҷ кадом ба пояи ин ду абармарди ҳама давру замонҳо нарасидааст). Дуввум дил хоҳ суруди хондаи Аҳмад Зоҳир ин як шоҳкории башарият ва хосатан мардуми порсизабон аст ва инҷо ҳеҷ муҳобботе низ нест хонандаи закитабъи ман!

Барои мисол, аз шоир Низоми Вафо, ҳунарманди бузурги мо устод Аҳмад Зоҳир шеъреро мехонад бо номи “Пирӣ расиду фасли ҷавонӣ дигар гузашт…”. Зиёда аз панҷоҳу чанд сол ин шеъри зебо зери оҳанги хело мағрубу латифи ҳиндӣ, ки худи овозхон онро коркард кардаву бо шеъри ин шоир мувофиқ карда, сароидааст як шоҳкории бузурги санъати сарояндагии мардуми порсилисон аст. Аҳмад Зоҳир онро ончунон бо сӯзу гудоз, бо як ҳиссиёти баланд ҳам овозхониву шоирона бо овози худовандӣ мехонад, ки чи пиру чи ҷавонро ба андешаи амиқе мебарад. Марҳамат намуда, пайдо кунед, овозхону ҳунармандеро, ки мисли овозхони ҷамонмарги мо ба рӯҳияи инсон ва инсонро ба андешаи пириву ҷавонӣ такрор ба такрор сахт муваҷҷеҳ гардонад. Сад сол ҷустуҷӯй кунед ҳам нахоҳед ёфт!

Аз шоири пуровозаи адабиёти порсии асри ХХ, устод Малик-уш-шуаро Баҳор шеъри бисёр баландмазмунеро бо номи “Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед…!” низ зери корбасти як оҳангӣ ҳиндӣ Алмоси Шарқ чунон месарояд, ки тамоми вуҷуди инсонро такон медиҳад.

Чунончӣ:

Ман нагӯям, ки маро аз қафас озод кунед,

Қафасам бурда ба боғеву дилам шод кунед.

Ёд аз ин мурғи гирифтор кунед, ай сайёд,

Бинишинеду ба боғеву маро ёд кунед.

Ин шеъру ин оҳанг бо садои Аҳмад Зоҳир низ яке аз шоҳкори бузурги ҳунарии мардуми пористабори асри пор мебошанд на чизи дигар.

Ё худ магара мешавад, ки шеъри Амир Хусрави Деҳлавиро бо номи “Дилам дар ошиқӣ овора шуд, оворатар бодо…!”, ки худи овозхон оҳанг баставу ба таври олӣ сароидааст, аз ёд бурду ёди Амир Хусрави Деҳлавиро накунем. Мепиндорам, ягон шеъри зери оҳанг хондаи Аҳмад Зоҳирро намешавад аз дил бурун кард. Ё худ шеъри шоир Воқифи Лоҳурӣ, “Маро он рӯз гирён офаридан…”-ро ки Шоҳ Валии Таронасози Дарвозӣ оҳанг баставу овозхон сароидааст, магар шоҳкории миллии мардуми мо нест!? Чун тайи 60 сол боз ин шеъру навоҳо ҳамнавои хосатан миллати тоҷик ҳастанд. Моро маънаван тарбияву дарси хештаншиносӣ, ахлоқӣ, инсонгарӣ, зебоипарастӣ ва муҳимаш аз ҳама забони модариямонро омӯхтаанд. Ин шоҳкориҳо имрӯз низ моро тарбия намуда истодаанд, аз ин рӯ, бояд дар бораи ҳар як шоири аз тарафи Алмоси Шарқ шеър суруда, бояд донем ва арзу сипоси бепоёни худро ба онҳо низ, ки моро бо шеърашон дарси одаму одамгариро бе миннат омӯхтаанд, расонем ва ҳар яки онҳоро бо некӣ ёд намоем.

Инҷо мехоҳем дар бораи шоири маъруфи ҳамзабонамон Муҳаммад Фаррухии Яздӣ чанд сухане гуфта бошем, зеро тибқи сарчашмаҳои имрӯз мавҷуда ва он чи ки мо шунидаем ва дар асарҳои устодон Сипосу Султони ҳамад оварда шудааст Аҳмад Зоҳир аз ин шоир, 3 шеърашро сурудааст:

1.Кист дар шаҳр, ки аз дасти ғамат дод надошт…? (оҳанги Аҳмад Зоҳир)

2.Шаб чу дар бастаму маст аз майи нобаш кардам… (оҳанги Аҳмад Зоҳир)

3.З-он турра бо пойи дил, то силсилаҳо дорам…(оҳанг ва навор дастрас нест)

Аҳмад Зоҳир ашъори ин шоири ҳамзабонамонро, ки дуи аавалашро худаш оҳанг бастааст, бо як маҳорати баланд сароидааст.

Хосатан шеъри “Шаб чу дар бастаму маст аз майи нобаш кардам”-ро, ки аслан номи он “Хуноба кашам” мебошад, овозхон бо як оҳанги хуш сароидааст, ки ҳаводорони овозхон ва берун аз кишварҳои порсизабон доири ин шеъру оҳанг хуб медонанд. Агарчанде мо солҳо ин шеърҳои зебои ба оҳанг даровардаи овозхонро медонем, вале камтар касон оиди аз тарафи кадом шоир навишта шудани ин шеърҳо маълумоте дорад.

Ин шеърҳо, чи тавре, ки дар боло ишора намудем, моли шоири маъруфи ҳамзабонамон Муҳаммад Фаррухии Яздӣ мебошанд. Дар бораи ин шоир дар кишвари мо камтар маълумотҳо чоп гаштаанд ва то ҷое ман маълумот дорам, ягон осораш дар шакли китоби алоҳида айни замон мисли Парвини Эҳтисомӣ, Фурӯғи Фаррухзод, Нодири Нодирпур ва чанде дигарон ба чоп нарасидааст. Аз ин рӯ, доираи зиёди хонандагони тоҷик дар бораи ин шоир ё кам медонанд ва ё чизеро намедонанд. Дар торномаҳои интернетӣ низ маълумотҳо дар бораи ин шоир зиёд нестанд.

Муҳаммад Фаррухии Яздӣ санаи 18-уми октяюри 1889 дар шаҳри Язди Ирон таваллуд ёфтааст. Мавсуф шоири ғазалсаро мебошад, ки мавзуоти ғазалиёташ озодихоҳӣ мебошад. Вай ҷузви шоирони қаламрави адабиёти коргарии даврони Машрута ва Ризошоҳи паҳлавист. Бояд гуфт, ки ин давра ҳамон давраҳои баъди инқилоби Ирон ва бедории синфи коргар дар Ирон буд, ки устоди бузург Абулққосим Лоҳутӣ низ аз ҳамин доираҳо бархестааст. Он замон, буд, ки гумоштагони империяҳои ҷаҳонии давр, мисли Англия, Русияи подшоҳӣ ва ҳамчуни нисбатан камтар ИМА ба Ирон ба хотири манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии худ ва хосатан нефт сар халонда, манфиат меҷустанд. Аз ин рӯ, рӯҳияи инқилобгарии қишри ранҷбари ҷомеъаи онвақтаи Ирон хеле боло рафта буд. Дар ин қатор шоирону нависандагони иронӣ низ фаъолона қаламфарсоӣ мекарданд.

Чи тавре, ки аз маъхазҳо пайдост, шоир даврони кӯдакиро бо таҳсилу бо кор сипарӣ намудааст. Дар замони ҷунбиши Машрутхоҳӣ, ба ҳизби демократии Язд пайваста, ба хотири сурудани шеъри инқилобӣ ва хусусияти эътироз дошта, аз ҷониби ҳокими онвақтаи Язд Зайғамуддавла, дастур дода мешавад, ки лабонашро бо наху сӯзан бидӯзанд ва зиндонаш кунанд. Фаррухӣ пас чанд вақте аз зиндон гурехта, ба шаҳри Теҳрон меояд ва нашрияи «Тӯфон»-ро чоп менамояд, ки ин нашрияи инқилобӣ ва озодихоҳии пур аз мақолаҳои тунду оташин алайҳи истибдод ва ба ҳимоят аз табақаи синфи поёнии ҷомеъа – ранҷабарон будааст. Дар давраи фаъолияташ ин рӯзнома беш аз понздаҳ бор нашраш боздошта шудааст. Бо вуҷуди фишору таҳдидҳои зиёду азоби зиндон Фаррухӣ ҳаргиз аз шеъру рӯзноманигории инқилобӣ даст накашид (инҷо зиндагии ин шоир монанд ба рӯзгори шоири инқилобии дигари Ирон, устод Абулқосим Лоҳутист).

Дар соли 1929 аз тарафи мардуми Язд ба намояндагии маҷлиси Шӯро интихоб гашта, дар сафи намояндагони ақалият ба муборизаҳои озодихоҳии худ идома додааст. Он замон сафаре ба ба Маскав ва Берлин дошта, баъд аз бозгашт ба ватан таҳти назорати шадиди ҳукумат қарор гирифта, оқибат дубора ба зиндон афтодааст (меандешам, ки дар Маскав бо саромади инқилобгарон ва озодихоҳони Ирон дар Иттиҳоди Шӯравӣ, устод Абулқосим Лоҳутӣ шояд пинҳонӣ ва ё ошкоро вохӯрие низ дошта бошад).

Дар соли 1938 дар зиндон ба худкушӣ даст мезанад, аммо наҷот дода мешавад ва саранҷом дар соли 1939 дар авҷи истибдоди Ризошоҳ ба таври асроромез кушта мешавад ё тибқи бархе аз сарчашмаҳо бо ампулаи ҳаво ба қатл расонида шудааст.

Девони шеъри Фаррухӣ бо тасҳеҳу муқаддимаи Ҳусейни Маккӣ ба чоп расидааст. Вай дар ғазалиёт ва қолабҳои дигари шеъри қадим, абёти тунду оташини сиёсию иҷтимоӣ ва инқилобию интиқодиро вориди шеърҳояш намудааст, ки ҳамин хусусияти сиёсӣ ва инқилобӣ баъдҳо сармашқи пеши рӯи баъзе аз ғазалпардозони озодандеш ва мардуми давраҳои баъд қарор мегирад.

Инҷо шеъри маъруфи шоирро, ки мисли ашъори Лоҳутии бузург мувофиқ ба ҳасби аҳволу андешаи Аҳмад Зоҳир аст ва аз тарафи овозхон бандҳои 1,3 ва 5-уми он ба оҳанг даровардаву суруда шудааст пеш меоварем:

Хунобаи ғам

Шаб чу дар бастаму маст аз майи нобаш кардам,

Моҳ агар халқа ба дар кӯфт, ҷавобаш кардам.

Дидӣ, он турки Хато душмани ҷон буд маро.

Гарчи умре ба хато дӯст хитобаш кардам.

Манзили мардуми бегона чу шуд хонаи чашм,

Он қадар гиря намудам, ки харобаш кардам.

Шарҳи доғи дили парвона чу гуфтам бо шамъ,

Оташе дар дилаш афкандаму обаш кардам.

Ғарқи хун буду намемурд зи ҳасрат Фарҳод,

Хондам афсонаи Ширину ба хобаш кардам.

Дил, ки хунобаи ғам буду ҷигаргӯшаи даҳр,

Бар сари оташи ҷаври ту кабобаш кардам.

Зиндагӣ кардани ман мурдани тадриҷӣ буд,

Ончи ҷон канд танам, умр ҳисобаш кардам.

Рӯҳи ин шоири бузурги инқилобию озодихоҳи Ирон, ҳамсафи устод Лоҳутии бузург, ки ашъораш ифодагари ҳасби ҳоли Аҳмад Зоҳири ҷовидонзоҳир будаву шеърҳояш тариқи овозхони зиндаёд солҳо ба мардуми тоҷику дигар порсизабонон ғизои рӯҳӣ мебахшад, шод бошад!

Варқаи Зайниддин,

узви ИЖ ҶТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь