Аз наворҳои сабти овозии Алмоси Шарқ баъзан овозхонии Аҳмад Зоҳир бо садои бонувон шунида мешавад, ки ин бонувони зебо низ бадеъа (дует)-ро дар баробари Алмоси Шарқ бисёр бо як маҳорати том ва лаҳни хуше месароянд. Ҳамвора ин овозхониҳоро солҳо мо мешунавем ва гуфтан мумкин ҳаст, ки камтар касон шояд донанд, ки ин бонувон киҳоянд. Аслан насли калонсол дар ин хусус медонанд, вале насли ҷанонон, насли ҷадиди ҳаводорони ҳунари Аҳмад Зоҳири ҳамеша ҷавонзоҳир дар ин хусус камтар медонан. Бисёр вақт суол медиҳанд, ки ин овози кадом бону аст, кист ин соҳиби ин овоз?!

Аз ин рӯ, хонандаи закитабъи ман кӯшиш менамоем, ки ба қадри имкон дар бораи бонувоне, ки бо Аҳмад Зоҳир ҳамкори кардаву шеърхонӣ намудаанд ва айни замон онҳо маълуманд, дар ин мақола барои ҳаводорони овозхони ҳама давру замонҳои ҷаҳони Ориён гуфта гузарем. Дар бархе аз сарчашмаҳо оиди ҳамкории бонувон бо Аҳмад Зоҳир оварда шудааст. Ду сол муқаддам оиди ҳамкории бонувони шоира бо Аҳмад Зоҳир бо номи «Аҳмад Зоҳир ва шоираҳо», «Аҳмад Зоҳир ва хубони порсигӯ», чанде пештар бошад мақолаи навбатиро бо номи «Аҳмад Зоҳир ва Фурӯғи Фаррухзод» чоп намуда будам, ки аз ҷониби дӯстдорони ҳунари Алмоси Шарқ хуш қабул гашта буданд.

Бояд гуфт, ки хушбахтона Аҳмад Зоҳир на танҳо аз ашъори шоирабонуҳо таронаҳои зебоеро оҳанг баставу сароидааст, балки дар тӯли умри кӯтоҳ вале хело бобаракати худ бо бонувони ҳунарманду хушовози таранумгари лаҳни зебои дарӣ-забони модариямон низ суруд хондааст. Дар ин хусус сарчашмаҳои ҳам дар Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳо чоп гашта гувоҳӣ медиҳанд. Аз ҷумла, навиштаҳои устоди зиндаёд Султони Ҳамад низ ба ин масъала ба таври назаррас равшанӣ меандозанд.

Сари ин масъала устодон Сипосу Султони Ҳамад пешоҳанганд. Устод Султони Ҳамад дар китоби охирин худ «Таронаҳои ҷовидонаи Аҳмад Зоҳир» (чопи нашриёти Эр-Граф-Душанбе-2022) маълумоти возеҳе додааст. Аз навиштаи сарсухани устод дар ин китоб бо номи «Намонад чаманҳо, на мову на манҳо, бимонад суханҳо» маълум мегардад, ки устод Аҳмад Зоҳир аз байни овозхонони даризабони Афғонистон аз ҳама зиёдтар бо занон суруд хондааст, ки ин як маълумоти тозае шахсан барои ҳаводрони тоҷикистонии ҳунарманд низ ҳаст. Албатта, мо аз пеш медонистем ва мешунидем бадеъахони Аҳмад Зоҳир ва бонувони таронасароро ва аз ин ҳунари волои онҳо лаззат низ мебурдем,лекин намедонистем,ки дар ин жанри овозхонӣ низ Аҳмад Зоҳир дар замонаш байни ҳунармандони Афғонистон яккатозӣ даврон будааст. Фикр мекунам, ки ин хабар низ мояи ифтихори дӯстдорони ин ҳунарманд низ мегардад. Тибқи феҳристи дар ин китоби устод Султони Ҳамад овардашуда, Аҳмад Зоҳир бо бонувон якҷоя 21 таронаро дар шакли дует хондааст. Қайд бояд намуд, ки ин ҳамон сарчашмаҳои мавҷудаи дастрасгаштаи чанд соли охиранд ва чун Аҳмад Зоҳир дар байни мардум ва овозхони мардумӣ (омотурон-ҳаваскор) буду фарзанди халқаш буд, дар маҳфилу шабнишиниҳо низ шояд бо бонувони дигаре низ шеъру сурудро якҷоя сароида бошад, ки инро вақт бо дастрас гаштани фитаҳои сабти овозӣ нишон хоҳад дод.

Он бист таронаи дар шакли дует бо бонувон хондаи ҳунармандро хондаи ҳунармандро инҷо меорем:

1.Агар баҳор биёяд… (дует бо хонум Ҳангома), шеъри Аҳмадшоҳи Азҳар, оҳанги А.Зоҳир.

2.Ба ноз ноз, ноз… (дует бо хонум Ҳангома) муаллифи шеъру оҳанг маълум нест.

3.Ба ҷуз ту муниси дигар (дует бо хонум Ҳангома), шеъри Аҳмадшоҳи Азҳар, оҳанги А.Зоҳир.

4.Ё раб ғами бераҳмии ҷонон… (дует бо хонум Ҳангома), шеъри Бадриддин Ҳилолӣ, оҳанги А.Зоҳир.

5.Зиндагӣ афсонаи ҷудоист… (дует бо хонум Ҳангома), муаллифи шеъру оҳанг маълум нест.

6.Ишқи ту бар ман заҷрҳо дорад… (дует бо хонум Ҳангома), шеъри Абдулаҳмаи Ато, оҳанги Фазлаҳмади Найнавоз.

7.Нигоҳ кун, нигоҳ кун… (дует бо хонум Ҳангома), шеъри Яғмоии Ҷандуқӣ, оҳанги А.Зоҳир.

8.Осмон холист, холӣ… (дует бо хонум Ҳангома), шеъри Симини Беҳбаҳонӣ, оҳанги Фазлаҳмади Найнавоз.

9.Соқиё, маро дарёб.. (дует бо хонум Ҳангома), шеъру оҳанги А.Зоҳир

10.Хоб аз чашмонам рабудӣ… (дует бо хонум Ҳангома), шеъри Абдулатифи Нозимӣ, оҳанги ҳиндӣ.

11.Чашм ба роҳат, дил ба ёдат… (дует бо хонум Ҳангома), шеъри А.Зоҳир, оҳанги ҳиндӣ.

12.Шаб лабони доғи хеш (дует бо хонум Ҳангома) муаллифи шеъру оҳанг маълум нест.

13.Агар зи халқ маломат (дует бо хонум Жило), шеъри Меҳрдоди Авасто, оҳанги Валии Таронасози Дарвозӣ.

14.Гуфтӣ, ки мебӯсам туро… (дует бо хонум Жило), шеъри Симини Беҳбаҳонӣ, оҳанги Валии Таронасози Дарвозӣ.

15.Кошкӣ, кошкӣ маро бо худ доштӣ… (дует бо хонум Жило), шеъру оҳанги Валии Таронасози Дарвозӣ.

16.Лайлӣ, Лайлӣ, Лайлӣ, (дует бо хонум Жило), шеъру оҳанги Валии Таронасози Дарвозӣ.

17.Лайлӣ , Лайлӣ, Лайлиҷон… (дует бо хонум Жило), шеъру оҳанги Валии Таронасози Дарвозӣ.

18.Забонамро намефаҳмӣ… (дует бо хонум Жило), шеъри Маҳдии Суҳайлӣ, оҳанги Валии Таронасози Дарвозӣ.

19.Ай ғамат ай нозанин… (дует бо хонум Жило). Шеъри Зиё Қоризода, оҳанги Ҳафизуллоҳ Хаёл.

20.Соқиё маро дарё… (дует бо хонум Маҳваш), шеър ва оҳанги А.Зоҳир.

21.Дидам ҷамоле абрӯ ҳилоле… (дует бо хонум Меҳринисо), шеъри Мирзо Турсунзода, оҳанги А.Зоҳир.

Ҳамин тариқ тибқи сарчашмаҳои мавҷуда то имрӯз Аҳмад Зоҳир, фарзанди фарзонаи миллати тоҷики Хуросонзамин ва тарғибгари беминати забони форсӣ дар зарфи зиёда аз 55 соли охир дар саросари ҷаҳон бо се нафар бонувони ҳунарманди Афғонистони онрӯза ва 1 нафар бонуи шоираи Тоҷикистон дует хондааст.

Аз ҷумла, бо бону Ҳангома -12 сурудро дар шакли дует хондааст. Баъдан бо бонуи ҳунарманд ва пуровозаи Афғонистон, хонум Жило, Аҳмад Зоҳир 7 таронаро якҷоя сароидаанд.

Бо овозхони маъруфу машҳури Афғонистон, ки ҳунараш фазои нилобии кишварҳои порсизабонро мунаввар месохт Устод Маҳваш, Аҳмад Зоҳир як таронаро яқчоя сароидаанд (росташро гӯям аз ин таассуф низ мехӯрам, ки чи гуна ин ду устоди бузурги осмони ҳунари он давра ҳамагӣ 1 таронаро якҷоя сурудаанд). Бояд гуфт, ки суруди «Соқиё маро дарёб»-ро Аҳмад Зоҳир ҳам бо Маҳваш ва ҳам Ҳангома дар алоҳидагӣ дар шакли бадеҳа хондааст.

Муаллифони оҳангҳо ва шеърҳои «Зиндагӣ афсонаи ҷудоист» (дует бо хонум Ҳангома)», «Шаб лабони доғи хеш» (дует бо хонум Ҳангома), Ба ноз ноз, ноз (дует бо хонум Ҳангома) айни замон маълум нестанд. Ҳамчунин, муаллифони оҳангҳои ҳиндии шеърҳои «Хоб аз чашмонам рабудӣ… (дует бо хонум Ҳангома), шеъри Абдулатифи Нозимӣ «Чашм ба роҳат, дил ба ёдат» (дует бо хонум Ҳангома), шеъри А.Зоҳир то айни замон муайян карда нашудаанд. Аз ҳама зиёдтар ба дуетҳои хондааш шодравон Аҳмад Зоҳир дар 7 ҳолат оҳанг баста, муаллифи 3 суруд низ худи эшон аст.

Аз ашъори Валии Таронасозӣ Дарвозӣ 4 шеър хонда шуда, 5 оҳанги дуетҳо аз тарафи ин бастакори маъруфи Афғонистон баста шудаанд. Аз тарафи бастакори маъруф Фазлаҳмади Найнавоз ба 2 таронаи дуетӣ оҳанг баста шудааст. Ба 1 шеъри шоири зиндаёд устод Зиё Қоризода, оҳангсози маъруф Ҳафизулло Хаёл оҳанг бастааст.

Ҳамчунин, дар шакли дует 2 шеъри Аҳмадшоҳи Азҳар, 2 шеъри бону Симини Беҳбаҳонӣ, аз шеърҳои Бадриддин Ҳилолӣ, Маҳдии Суҳайлӣ, Яғмоии Ҷандуқӣ, Абдулаҳмаи Ато, Меҳрдоди Авасто, Мирзо Турсунзода (як ададӣ) ба оҳанг даровардаву дар шакли дует сароида шудаанд.

Бояд гуфт, ки ин дуетҳо солҳои тӯлонӣ дар хонаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва дигар мардумони кишварҳо садо медиҳанд ва онҳо барои мо аз замони кӯдакиямон шинос ва ҷузъи таркии андешаи фарҳангии мо низ гаштаанд(агарчанде,ки худи мо дар бораи ин бонувону оҳангсозон ё чизе намедонем ва ё кам медонем).

Акнун каме ҳам бошад дар бораи ин бонувони ҳунарманд, фариштагону ситораҳои осмони ҳунари на танҳо Афғонистон, балки кулли форсизобонони олам, ки якояк шурӯъ аз бону Жило то Устод Маҳвашу хонум Ҳангома якояк 60 сол боз саҳанаҳои ҷаҳони ҳунари на танҳо порсилисонҳо, балки кишварҳои зиёди оламу миллатҳоро зеб додаву тасхир намудаанд истода мегузарем.

Хонум Жило, яке аз чеҳраҳои дурахшонтарин ҳунарии Афғонистону кули порсизабонои ҷаҳон санаи 15-уми июли соли 1943 дар шаҳри Кобул дар оилаи бонкир ба дунё омадааст. Вақто, ки Жило 5-сола буд модараш вафот кард. Жило се хоҳарбузург дошт. Яке аз онҳо бо номи Соро ба оҳангсозу овозхони маъруфи Афғонистон Устод Ҷалили Залонд ба шавҳар мебарояд ва аз хурдӣ ба овозхонӣ майлу рағбати зиёде пайдо мекунад. Аз синни 14 солагӣ ин бону ба саҳнаи баромадааст.Тибқи сарчашмаҳо Жило зери роҳбарии язнааш Ҷалили Залонд ва Устод Шайдо нозукиҳои касби овозхониро азхуд намудааст.Тибқи сарчашмаҳо бисёр вақт бо устодон  Аҳмад Зоҳир, Ҷалили Залонд ва Устод Шайдо дар шакли бадеха(дует) овозхонӣ мекардааст(аз эҳтимол дур нест, ки дуетҳои хондааш бо Аҳмад Зоҳир зиёдтар бошанд-шарҳи Варқаи Зайниддин).

Муҳимтарин рӯйдод дар ҳаёти ин овозхон, замони навҷавонӣ он аст, ки соли 1964 бо сарояндаи маъруфи Ҳиндустон Муҳаммад Рафӣ дует хондааст. Ин суруд дар радиои Кобул шӯҳрати зиёде касб мекунад,зеро Муҳаммад Рафии ҳиндустонӣ барои аввалин бор бо забони ноби порсӣ шеър хонда буд.Вобаста ба вазъи сиёсии Афгонистон,Жило аввали соли 1980 ватанашро тарк намуда, чанде дар Покистон зист. Соли 1982 ба иёлоти Калифорнияи ИМА муҳоҷир шуда меравад. Фаъолияти касбии овозхонии ӯ дар Амрико аз соли 1983 оғоз ёфта то соли 2001 давом меёбад.

Дар ин муддат дар бисёре аз иёлотҳои ИМА, кишвари Канада, кишварҳои Аврупо муваффақона баромад намудааст.Соли 2001 ба таври расми сахнаи ҳунарро тарк гуфтааст.

Жола дар замони ҳунарнамояш 482 сертификати сурудҳои хондаашро дар радио ва 13 сертификати дигарро барои таронаҳои хондааш дар телевизион ба номи худ мӯҳр задааст. Хизматаш дар рушди санъати овозхонии кишварҳои порсизабон бениҳоят аст. Бону Жола санаи 28-уми июни соли 2009 баъди беморӣ дар иёлоти Калифорнияи ИМА ҷаҳонро тарк гуфтааст.Турбати ин ситораи пурҷилои осмони овозхонии даризабонҳои ҷаҳон дар ин иёлот мадфун аст. Ёдаш ба хайр бод.

Ситораи пурҷилои осмони ҳунар, яке аз маъруфтарин бонувони ҳунарии Афғонистон устод Маҳваш соли 1947 дар шаҳри Кобул таваллуд гаштааст. Номи аслии ин бону Фарида ҳаст. Фарида Гулоли Аюбӣ дар оилаи анъанаи кӯхнапарастӣ дошта таваллуд гаштааст. Модараш муаллимаи Қуръон буд ва бо овози хушоянд китоби муқаддасро тиловат мекард, ки духтараки ҷавонро овози хуши модар моил мекард. Баъди хатми мактаб вайро ба радиои Кобул барои овозхонӣ даъват намуданд. Устод Хайл, ки он замон директори радиостансия буд, ба ӯ пешниҳод менамояд, ки касби овозхониро интихоб намояд. Ана ҳамин Устод Хаёл ба ӯ номи маъруфу сахнавии Маҳвашро арзонӣ додааст. Дар роҳи касбияти бону Маҳваш Устодон Муҳаммад Ҳошими Чиштӣ, Ҳусайн Хони Сарҳанг ба ӯ нозукиҳои касби овозхонӣ, санъати мусиқии шимоли Ҳиндустонро омӯхтанд. Бастакори маъруфи Афғонистон Шоҳ Валӣ Валии Таронсазои Дарвозӣ барои ӯ тарона ва оҳанги мағруберо барои баромад дар радио эҷод мекунад. Яке аз маъруфтарин таронаву оҳанги хондааш дар ин асос «О, бача» мебошад. Вақто, ки Маҳваш ин таронаи мураккабро азёд кардаву дар як рӯз дар радио сабт мекунад ба ӯ дар соли 1977 унвони баланди Устод дода мешавад. Воқеъан, ин унвони баланди ҳунарӣ дар Афғонистон аст.

Дар қиёс бо кишвари Тоҷикистон ва Ӯзбакистон (дар муқоиса бо Ҳунармаду Ҳофизи халқӣ) дар Афғонистон ба ин унвон нафарони камтаре даст ёфтаанд. Маҳвашбону якумин бонуе дар Афғонистон аст, ки бо ин унвони баланд қадр карда шудааст. Баъди вазъи мутташаниҷи сиёсии солҳои 1970-1980 Устод Маҳваш, соли 1991 ҳамроҳи аҳли оилааш ба Покистон ҳиҷрат намудааст. Тариқи Комиссариати Олии ССС оиди гурезаҳо дар моҳи октябри соли 1991 дар ИМА паногоҳи сиёсӣ дарёфт намуда ва инак бештар аз 30 сол боз дар ин кишвар зиндагонӣ дорад.

Воқеъан, ибтидои солҳои 80-уми асри пор, ин бонуи он вақт ҷавон ва хело ҳам зебо ва арзандаи номаш  ҳамроҳ бо овозхони дигар Ҳангомаи он давра навҷавон ба пойтахти Тоҷикистон ба як сафари ҳунарӣ омада буданд. Он вақт мо навҷавон ва донишҷӯй будем ва зебогии Маҳвашу овози ҳушаш ёд дорам ҳамаи ҷанонмардони тоҷикро шайдои хурд мегардонид. Ӯ дар пойтахти кишвар ҳунарнамоӣ кардаву телевизон Тоҷикистон он вақт овозхонии ӯро сабт намудаву пайваста намоиш медод(ана баъди ҳамин хунарнамоии Маҳваши зебо, Тоҷикистони азиз бо иборае билкул «Маҳвашистон» шуд ва волидайни зиёде ба тифлонашон номи Маҳвашро солҳои 80-уми асри пор арзонӣ доштанд). Устод Маҳваш аз замони ҳиҷарт ба Амрико то имрӯз дар фазои ҳунарӣ хушбахтона хело фаъол буд ва консертҳои зиёде низ дар Амрико ва Арупо ва пас аз соли 2001 дар худи Афғонистон барпо намудаанд.

Маҳваш таронаҳои зиёди худашро дар албомҳои зиёде,ки ҳам дар Афғонистон, ҳам Амрико ва ҳам Аврупо эътироф гаштаанд гирд оварда ва интишор намудааст.Мавсуф ансамблҳоеро низ таъсису роҳбарӣ намудааст, ки дастовардҳое низ доштанд. Устод Маҳваш дар ҳаёти иҷтимоии мардуми Афғонистон ва бахусус ятимони ин кишвар низ иштироки фаъол доштаву консертҳои зиёди хайриявиеро дар кишварҳои ғарбӣ ба хотири кӯмак ба мардуми дардкашидаи ватанаш ва хосатан ятимон созмон додаву маблағҳои шостаеро низ барои онҳо ирсол намудааст. Сазовори чандин мукофотҳои овозхонӣ ва амалҳои хайр дар сатҳи ҷаҳонӣ гаштааст.Устод Маҳваш барҳақ устоди санъати овозхонии Афғонистон аст ва шояд ӯро метавон дар санъаи овозхонии кишварҳои порисазобон бе ҳеҷ дудилагӣ дар паҳлуи Гугуш,Лайло Фуруҳвар, Нуқра Раҳматова …. ҷой дод ва ба ин ҷои шакку шубҳае низ нест.

Ӯ дар Амрико бисёр маъруф аст ва дар як консераташ 27 ҳазор мухлис ҷамъ омада буд.Ӯ бо овозхонони маъруфи амрикоӣ ба монанди дорандаи мукофоти машҳури «Гремми» Анжелика Киджо ва дигар ситорагони осмони ҳунари ИМ А ҳамкорӣ дорад, ки бешубҳа ин аз ҳунари волои ин бонуи ҳамзабонамон дарак медиҳад.Устод Маҳваш чанде пеш дар як консерташ дар иёлоти Вирҷинияи ИМА дар иштироки ҳунармандони Тоҷикистону Афғонистон ба таври расмӣ аз саҳнаи ҳунарӣ канор рафтанашро эълон  ва сабаби онро ба рафтани синну сол арзёбӣ кард.

Бону Ҳангома, ки шодравон Аҳмад Зоҳир бо ӯ аз ҳама бештар дует хондааст соли 1960 дар шаҳри Кобул таваллуд шудааст. Номи аслия Зӯҳро аст ва вақто, ки овозхониро касб кард, модараш ба ӯ номи пурсадои Ҳангомаро интихоб кард. Мавсуф бо Аҳмад Зоҳир фаъолона овозхонӣ мекард. Баъди марги фоҷиавии Алмоси Шарқ, шурӯъ аз ибтидои солҳои 1980 бо овозхони дигари номӣ Аҳмад Валӣ дует мехонданд, ки он замон дар Афғонистон шӯҳрат ёфта буданд.

Баъдибо сабаҳои вазъи сиёсӣ, соли 1985 ба Олмон дар соли кӯчиданд. Онҷо Ҳангома бо Аҳмад Валӣ ақди никоҳ бастанд. Ҳангома дур аз меҳан низ касби овозхониро тарк накарда, то имрӯз муваффақона дар кишварҳои Аврупо, Амрико овозхонӣ мекунад. Соли 2005 баъди 20 соли муҳоҷират дар Олмон ба Афғонистон бо як сафари ҳунарӣ ворид гашта, дар шаҳр Кобул ва Мазори Шариф консерт дод.

Соҳиби ҷоиза мусиқӣ низ дар хориҷи Афғонистон гаштааст. Ибтидои солҳои 80-уми асри пор дар як гуруҳи ҳунармандони Афғонистон вориди шаҳри Душанбе гашта буд. Баромадашро тариқи телевизиони Тоҷикистон пахш карда буданд. Он замон як духтараки ҷавоне буд ва мегуфтанд, ки дар «царандой», яъне милиса кор мекунад. Соҳиби чашмони фаттоне низ буд. Бо гузашти солҳо ҳусни ҳамон чашмҳо коста нагардидааст ва меандешам, ки боз ҳам зеботар гаштааст.

Ин буд чанд навишта хонандаи азиз оиди се ситораи ҳунарии кишвари ҳамсояи Афғонистон,ки замоне бо офтоби дурахшону ғурубнашавандаи санъати овозхонии мардуми порсизабон ва тамоми башарият ҳамкорӣ доштаву барои мову шумо солҳо бо дуетҳои хондаашон лазати маънавӣ бахшидаву бахшида истодаанд. Барои ин ташакккур ба Устод Маҳвашу бону Ҳангома ва ёди бонуи ҳунар Жола ҳама вақт поянда бод.

Хонандаи азиз ҳаминҷо хостам мақоларо хотима бахшам , вале хушбахтона ба ёдам омад, ки охир шоирабонуи азизи мо, Устод Меҳринисои азиз, дар Афғонистон, дар хонаи худ бо Аҳмад Зоҳиру устоди равоншод таронаи муаллим Мирзо Турсунзода «Дидам ҷамоле, абрӯ ҳилоле»-ро хонда буданд.Он фитаи сабтшуда инак 48 сол боз дар хонаҳои мардуми порсизабон дар гардиш ҳаст, аз инрӯ ман бону Меҳринисоро низ бо боварӣ ва камоли майл ба қатори бонувони бо Аҳмад Зоҳири ҷовидонзоҳир дует хонда ҳамроҳ намудаву дар рӯёхати бонувони бо Алмоси Шарқ дует хонда ҳамроҳ намудам.

Худованд нигоҳбонатон бошад ва Наврӯз муборак бошад ҳамватанони азиз!

Варқаи Зайниддин,

узви ИЖ – и ҶТ, Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь