Тафовут надорад: сотсиализм ё капитализм, демукросӣ ё диктотурӣ ва ё сохте номаълум. Як синфе ҳаст, ки дар умум аз ҳама боло ва аз ҳама покиза аст. Ва ин гуруҳ, ин ҷамъият, ин ҷомиаи журналистон аст. Албатта, хасу хошок низ дар ин миён ҳаст, барои ҳамин калимаи “умум”-ро овардам.

Сад ё ҳазор ва ё беш аз он орифону оқилон аз мақоми журналист гуфтаанд, аммо барои иқтибос як гуфтовард надорам, ки биёварам. Дар кӯлбори худам низ гуфторе аз худ надорам.

Агар имрӯз ҳама дар ин дунё идеалӣ мегашт, Худо биҳиштро ба фардо намегузошт. Дар ягон давлати дунё адолати комил нест. Журналистонанд, ки барои адолати комил ҷон мекананд.

Дар ягон гӯшаи дунё ҳукумате нест, ки “озодии сухан”-ро мисли қурути сахт хоида ба даҳони кӯдак бимонад. Соҳибмансабе нест, ки журналисти ҳақиқиро дӯст дорад. Ва гуфтори ман аз журналистони ростин аст.

Ҳар як газит, радио ё телевизион, як ё ду нафар журналисте дорад, ки ба хотири онҳо мардум газета мехонанд, радио гӯш мекунанд ва телевизор тамошо мекунанд. Истеъдод тухми мурғ не, тухми анқост. Вазъи чунин журналистон қариб дар ҳама ақсои олам якест: таҳти таъқиб қарор доранд, зиндон мекунанд ва ё дар хамгаште ба пешонияш тир мезананд.

Журналист баъди Худо як посбон дорад: Халқ.

Матбуот (дар назар аст, ҳама расонаҳо) ҳукумати чаҳорум аст, мегӯянд, ки ин хатои мутлақ аст.

Ҳукумати чаҳорум афкори ҷамъиятист.

Воситаҳои ахбор созанда ва ифодакунандаи он аст.

Дигар ҳеҷ!

Ба сиёсатмадоре, ки аз журналист мегурезад, мардум овоз намедиҳад.

Як хатои фаҳши дигар, ки ба ҳукми расм даромадааст.

Гӯё озодии сухан танҳо ба журналистон дахл дорад.

То мардум дарк нанамоянд, ки журналистикаи мустақил садои онҳост, ҳеҷ гоҳ дар он кишвар боди озодӣ нахоҳад вазид.

“Чароғи рӯз” барои он ЧАРОҒИ РӮЗ шуд, ки мардум бо «сум» онро дастгирӣ мекарданд. Вақте рӯзномаҳои дигар ду ё бист «копейк» буданд, рӯзномаи озодро мардум як сӯмӣ мехариданд.

Роҳи дигари дастгирии матбуоти озод, дифоъ аз журналистон аст. Касе дар ёд дорад, ки дар Тоҷикистон як газетаро баста бошанд ва мардум эътироз карда бошанд?!

Ягон касеро мешиносед, ки барои гуреза шудани журналистони озод, гиря бунёд карда бошад?!

Агар матбуоти озод дар Тоҷикистон зинда мемонд, итминон дорам, ки ба бисёр хатоҳо роҳ намедоданд ва ба бисёр бемориҳо гирифтор намешуданд.

Исбот шудааст, ки ҳукуматҳо агар 10 фоизи маълумотро тавассути сохторҳои кашфиётӣ, амният ва ғайра ба даст оранд, 90 фоизи онро аз васоити ахбор ба даст меоваранд.

Матбуоти озод- чашми давлат аст.

Давлате, ки матбуоташ озод нест, кӯр аст.

Кишваре, ки матбуоти озод надорад, мисли маризест, ки на беморияш ташхис шудааст, на табибе дорад, ки онро даво бикунад ва он маҳкум бар марги муфоҷост.

Имрӯз, ҷомеаи мо ба табиб ниёз дорад.

Ва ин табиби исавиҳуш- матбуоти озод аст.

Ягон суде аз мушовирони дунёнадида нест.

Порлумони гунгакон, мисле сангест, ки барои тавозун ба хари алаф мегузоранд ва чун хар ба каҳдон расид, онро мепартоянд.

Ё аз рӯзномаю рӯзномнигорони дарборӣ, чӣ суд?

Фарқ надорад, ки онҳо ҳукуматиянд ё хидматгорони хоҷаҳои навкисаи оппозитсия.

Аз саҳна рондани журналистони озод, майдонро барои шағолон озод кардан аст.

Хаста нашудед, аз уллоси як зумрае, ки аз пайванди гургу гурба ва мурғу ғук, гӯё сохта шудаанд ва аз ҳар сӯрох садои наҳсашонро баланд мекунанд?!

Ҳоло вазағ ҳам, шағол ҳам, мӯру малах ҳам, ъаш ҳам, ъуш ҳам, шабуш ҳам худро журналист мегиранд. Бо ришак, бе ришак, бо камзул, бе камзул… мегӯянду менависанду мегӯянду…

Агар журналисти ҳақиқӣ дардро гӯяду дармон ҷӯяд, инҳо мисли вирус мағзҳоро хароб мекунанд, тухми нафрату нифоқ мекоранд ва фазоро бо бӯи ифлосашон пур мекунанд. “Дебил” (муродифи хуби тоҷикияшро пайдо накардам) мехоҳад ҳама “дебил” бошанд. Агар зиндагӣ ин аст, сиёсат ҳамин аст, ватанхоҳӣ ҳамин аст, мо ба як даврае хохем расид, ки ДЕБИЛИЗМ ном хоҳад гирифт. Ин равия, ин маҷро, ин дарё рӯз ба рӯз серобтар мегардад ва оқибат ҳамаро мешӯяд.

Барои як мариз на ғизои лазиз мефорад, на рақси ишкам, на шалвори қашанг. Ҳоло, ин маризро чанд муллофихинак шабурӯз аз Аврупо истода, чилёсин доранду халос, ки аз суфу куфи ин ҷоҳилони аз дониш тиҳӣ, ҳатто магасе обистан намешавад.

Он ки ҷомеаи мо мариз аст, ҳатто мани нотабиб огоҳам.

Чора чист?!

Роҳ кушодан ба матбуоти озод.

Панҷараҳоро во кунед.

Бубинед, чӣ лаззате дорад аз ҳавои тоза ва дар хонаи тамиз нафас кашидан.

…Дуди сигор ҳамаро зер кардааст.

Ман низ рафтам.

Тирезаро мекушоям…

Додоҷони АТОВУЛЛО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь