Ин ҳамагӣ як намоиши зебои телевизионист: дар биёбон тонкҳо равонанд ва бо онҳо мошинҳои ҷангии пиёданизом дар ҳаракатанд, болои сарашон чархболҳо дар парвозанд. Аммо дар асл техника хеле кам буд. “Армадаи” мо бисёр вақт пиёда ҳаракат мекард, қисме аз онҳо савори мошинҳои “КамАЗ” ва “УРал” буданд. Ва агар ПТУР ба мошини боркаш расад, албатта талафот меафзояд. Ва ҳамин сарфаҷӯии фармонҳеҳони мо муҷиби талафоти гарони ҷонӣ мешавад. Шояд кадоме аз афроде, ки ба таъминоти ҳарбӣ ҷавобгар буд, ба боло дар бораи сарфаи чӣ миқдор техникаву аслиҳа гузориш ҳам дод”,- мегӯяд Сергей.

Дар ноҳияи Молкинои кишвари Краснодар бригадаи 10-уми таъиноти махсуси Сарраёсати ҷосусӣ (ГРУ) (қ/ҳ 51532) вуҷуд дорад. Пойгоҳи Ширкати ҳарбии хусусӣ (истилоҳи русиаш ЧВК) “Вагнер” низ дар наздикии он ҷой гирифтааст. Ҷанговарон ба ин ҷо аз ҳама гӯшаву канори кишвар сарозер шуда буданд. Дар оғоз мебоист аз комиссияи тиббӣ ва ҳар гуна санҷишҳои дигар мегузаштанд.
– Комиссияи тиббӣ буд, вале интихоб на ҷиддӣ, балки чашм ба чашм сурат гирифт: дасту пой дар ҷояш? Пас ба пеш!- мегӯяд Сергей. – Ҳамаро қабул карданд, зеро ЧВК дар Сурия талафоти гарон дода буд. Боз талаб мешуд, ки 3 км даванд, 40-50 маротиба нишаста хезанд (ин чун “хуб” ва “аъло” арзёбӣ мешуд). Бисёриҳо натавониста буданд ин меъёрро супоранд, вале қабул карда шуданд.
Санҷиши ҷиддитар гузаштан аз ошкорсози дурӯғ ё дурӯғсанҷ буд. Масалан, аз 8 нафаре, ки Генадий ба гуруҳи худ интихоб намуд, танҳо ду нафарашон аз ин ошкорсоз гузаштанд, ки яке аз онҳо худи Генадий буд. Чаро дигарон нагузаштанд ва равоншиносони ЧВК чӣ дурӯғеро ҷустанд, барои Геннадий то ба ҳол маълум ҳам нест. Вале вай комилан бовар доранд, ки ин интихоб аслан ба гузаштаи ҷиноии номзадҳо дахл ҳам надошт.
Ҳайати шахсие, ки бо шартнома қабул шуд, ба “бригадаҳо” тақсим карда шуданд. Инҳо бригадаҳои маъмулии ҳарбӣ набуданд, ба ҳайати он аз 300 то 400 нафар шомил мешуданд, ки вобаста буд ба вазифае, ки дар пеш доштанд.

ПАРВОЗ АЗ РОСТОВИ ЛАБИ ДОН БА ДИМИШҚ

Аз фурудгоҳи байналмилалии Ростови лаби Дон 25-уми апрели соли 2017 бо парвози маъмулӣ раҳсипори Димишқ шуданд. Шиносномаҳо раводид надоштанд, марзбонон танҳо дар он танҳо қайди парвоз гузоштанд (ва дар бозгашт ишораи дигаре, ки бозгашт). Хадамоти марзбонии Сурия аслан дар ин гузарномаҳо ишорае накард. Дар “Боинг” то 150 нафар ҷанговарони ЧВК парвоз карда будан ва баъди як-ду рӯзи дигар боқимондаҳо низ расиданд. Ба Димишқ бо сарулибоси мулкӣ ҳозир шуданд ва дар пойгоҳи ҳарбии пойтахти Сурия либосҳои ҳарбӣ ба бар карданд, яъне дар биёбон. Либоси ҳарбиро ҳар кас бо худ оварда буд ва ҳар кас тавре дилаш мехост, ҳамон гуна мепӯшид. Мувофиқтарин либос барои биёбон пӯшиши сарбозони қисми таъиноти махсуси артиши Британия SAS ва беҳтарини он дар бадоштиву мустаҳкамӣ либосҳои сарбозони амрикоӣ буд. Яъне, шаклан ҷанговарони Русия аз сарбозони артиши англо-саксониҳо фарқ намекарданд. Ҳамагон ба ин андеша буданд, ки сару либоси ҳарбиёни артиши Сурия бадтарин аст.

ҲАВЗАҲОИ НАФТИИ АШ-ШАИР

Дар фурудгоҳи Димишқ ягон хел тафтишу назорат набуд ва сарбозонро ба автобусҳо тақсим карданд ва ба пеш. Ба куҷо?
– Ба ҳайати қаторӣ ҳеч вақт намегӯянд куҷо мераванд, чанд соат роҳ аст ва онҳо чӣ бояд бикунанд, – мегӯяд Степан. – Моро ба ноҳияи майдони нафтии Аш-Шаир оварданд ва он ҷо мо се моҳ мондем ва танҳо баъди се моҳ фаҳмидем, ки ин минтақа чӣ ном доштааст. 40 км қисмати шимолу-ғарбии Палмира.
Онҳоро дар биёбон фуруд оварданд. Баъзеҳо, аз ҷумла Сергей, хайма ҳам надоштанд ва ӯ моҳи аввал “дар ҳавои кушод” зист, дар ҳоле ки он замон дар ин биёбон ҳаво ҳам сард буду ҳам борон ҳам меборид. Ва баъди як моҳ хаймаҳои давлатӣ тақсим карданд. Дар маҷмуъ дар ин минтақа се бригадаи ЧВК – ро ҷамъ оварда буданд, яъне наздик ба ҳазор нафар. Ба чӣ машғул шуданд?
– Куҳҳоро посбонӣ кардем, – мегӯяд Геннадий. – Дар куҳҳои муқобил доишиён мустақар буданд. Ҳар рӯз аз пеши мо мошинҳои ҳарбии пиёданизом ва тонкҳо мегузаштанд. Ба назар мерасид ба ҳамла омодагӣ мегиранд.
Охири моҳи август ҳамла оғоз шуд ва ҷанговарон аз куҳҳо ба шаҳри Акекбат фуруд омаданд. Яке паси ҳам шаҳракҳоро тасарруф мекарданд.

«ҲАМЛА”-и ҲАМЛА БА АКЕРБАТ

Неруҳои зарбазани бригадаи ЧВК-ро дар Сурия “ҳамлаҳо” меноманд. Ғайр аз ин боз неруҳои силоҳҳои сақила ҳастанд, ки бо миномётҳо, ПТУР (мушакҳои идорашавандаи зиддитонкӣ), пулемётҳои вазнин, АГС (мушакандозҳои автоматӣ) мусаллаҳ мебошанд. Ғайр аз ин гуруҳе бо мошинҳои зиреҳпӯш, аз як БМП то чанд БТР (ба ҳар гуруҳе чанд адад, ки дода шуд) низ фаъолият мебаранд. Ҳайати ҷангии бригада наздик ба 200 нафарӣ, дар миёни онҳо шояд касе бошад, ки таҷрибаи ҷангӣ дорад, аксаран омӯзишдидаҳо ва донандагони назаримяи ҷанг. Боқӣ 100-150 нафар ба истило бачаҳои ситод, хидматгорону ронандагони фармондеҳон. Ба бригада кормандони мустаъфии воҳиди вокуниши сареъ фармондеҳӣ мекунанд, артишиҳо қариб, ки нестанд.
– Масалан, ба фармондеҳи бригадаи мо, – нақл мекунад Геннадий,-фармондеҳи Сурия муроҷиат кард ва пешниҳод намуд, ки ройгон бароямон чанд тонк медиҳад, чун арабҳо ин гуна экипаж надоштанд.
– Акербатро неруҳои бригадаи ЧВК-и Русия ишғол кардан, – мегӯяд Сергей ва ду нафари дигар ҳамроҳонаш бо ишораи тасдиқ сар меҷунбонанд. – Суриёиҳо дар охир омаданд ва ҳамроҳ бо шабакаҳои телевизион, ки наворбардорӣ мекарданд. Мо худро пинҳон кардем, то ба навор наафтем, суриёиҳо бо ҳисси ифтихор худнамоӣ мекарданд, ки шаҳр аз доишиён озод шуд.

ГУЗОРИШИ РАСМИИ ИШҒОЛИ АКЕРБАТ

Инак, ҷанговарони ЧВК “Вагнер” иддио мекунанд, ки Акербатро онҳо озод карданд. Ва неруҳои давлатӣ дар ин ҳамла ширкат надоштанд ва саҳм низ. Аммо дар хабари расмӣ баръакс, дар бораи нақши ЧВК ҳарфе ҳам гуфта намешавд. Тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Русия “2-юми сентябри соли 2017 воҳидҳои двизияи чоруми неруҳои давлатии Сурия дар ҳамкорӣ бо қисми 5-уми корпуси ҳамлакунандаи ихтиёрӣ ва воҳидҳои ҳарбии Мухобирот бо дастгирии фаъолонаи ВКС Русия шаҳри стратегӣ ва муҳим, охирин пойгоҳи муқовимати террористон ҳаракати дар Русия мамнуъи ДОИШ (Давлати исломӣ” – созмони ҷаҳонии террористие, ки фаъолияти он дар Русия мамнуъ аст) озод намуданд”.
Он рӯзҳо рӯзномаи давлатии «Российская газета» хабари фармондеҳи гуруҳи ҳарбиёни Русия дар Сурия, генерал-полковник Сергей Суровикинро интишор дод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешуд: Барои дастгирии ҳамлаи артиши Сурия ба Акербат ҳавопаймоҳои Русия 329 зарбаи бомбу мушакӣ заданд, ки дар натиҷаи он 27 адад техникаи ҳарбии ҷангиён ва беш 1000 ҷангӣ нобуд карда шуд”. Генерал ҳамчунин хабар медод, ки доишиён дар ин рӯзҳо аз маргталабон хеле фаровон истифода мебурданд ва ҳамарӯза аз 15 то 15 афроде, ки камарбанди “шаҳидӣ” доштанд, кушта мешуданд. Аммо дар бораи он ки ин корҳоро гуруҳи ЧВК “Вагнер” анҷом медод, генерал хомӯшӣ ихтиёр кард.

АРВОҲҲО

– Амалан ҳамаи доишиён камарбанди шаҳодат доранд,- нақл мекунад Степан.- Ин як чизи хеле хурдакаки басо моҳирона печондашуда аст ва вазнин ҳам нест. Бастаи пластикӣ, ки андарунаш гели шаффов рехта шудаву лундачаҳои зиёди металӣ часпонида шудаанд. Аз ин рӯ мо ягон нафар ин арвоҳҳоро ба асорат нагирифтем. Боре шабона доишиён ба рустои мо ворид шуданд. Аксари онҳоро мо сари вақт маҳв кардем, вале се-чор нафарашон даруни деҳа давутоз ва пинҳон шуданд. Яке аз онҳо, ки ба назар мерасид сахт маҷруҳ шуда буд, ба ёрӣ даъват мекард. Ва баъдан садои баланди таркиш шунида шуд. Ба ҳадде шиддати он сахт буд, ки девори ҳамсоя фурӯ рафт. Субҳ деҳаро тоза кардем ва ба ҳар чуқурӣ ва таҳхона норинҷак партов мекардем.
– Тактикаи арвоҳҳо басо айёрона аст: вақте шабона тирандозӣ шуруъ мешавад, ду-се маргталаб худро инфиҷор медиҳанд. Чанд маротиба дар як ҳафта ин ҳодиса рух дод. Ба девори пинҳонгоҳи мо доишӣ омад ва худро инфиҷор дод. Дар ин гуна шабехунҳои шабона одамони зиёд талаф мешуданд,- мегӯяд Геннадий.
– Он вақт ҳамаи сокинон русторо тарк карданд ва мо аслан бо аҳолии ғайриҳарбӣ рӯ ба рӯ ҳам нашудем,- илова кард Сергей.

ДАЙР-АЛ-ЗУР: СТАЛИНГРАДИ СУРИЯ

Баъди ишғоли Акербат ба ҷанговарони ЧВК гуфтанд: акнун вақти рафтан ба хона расид. Либоси мулкӣ ба бар кардем ва ҳамон замон фармони дигар расид: бо ҳама абзори ҳарбӣ ба мошинҳо нишинед. Муддати ҳафт соат дар биёбон раҳ паймудем, сесад километр ба самти шарқ ва ба наздикии шаҳри Дайр-ал-зур расидем. Ин ҷо ду бригадаи ЧВК-и Русия қарор доштанд, ки дарёи Евфратро бо понтонҳо (завраҳои ҳамвортаг) убур карда буданд. Ин замоне буд, ки амалиёти муҳосираи Дайр-ал-зур мерафт. Дар назди мо вазифа гузоштанд, ки аз доишиён наздиктарин ҷазираро озод кунем. Муддати ду моҳ машғули ҳамин амалиёт будем ва талафоти гаронро ҳам мутаҳаммил шудем. Бештар дар минаҳо бархӯрдаву ба ҳалокат мерасиданд.
Дар ҳисоботи «РИА Новости» он замон гуфта мешуд: “Неруҳои пешгарди артиши Сурия 5-уми сентябр муҳосираи сесолаи Дайр-ал-зурро шикастанд ва ба канораҳои шарқии шаҳр даст ба ҳамла заданд. Баъди рондани террористон аз баландиҳои стратегӣ дар қисмати ҷанубу ғарбӣ неруҳои ҳукуматӣ ба соҳили ғарбии дарёи Евфрат расиданд, онро убур карданд ва ҳамзамон қувваҳои террористонро ба самти марзи Ироқ танг карда, дар атрофи минтақаҳои дар маҳаллоти шаҳри Дайр-ал-зур ҳалқа сохтанд”.
Таҳлилгари ҳарбӣ Виктор Баранетс шикасти муҳосираи Дайр-ал-зурро ин гуна тасвир карда буд: «Шаҳри Дайр-ал-зур барои амалҳои минбаъдаи террористон дар Сурия ҳоизи аҳамияти стратегӣ мебошад. Агар он ишғол карда шавад, ин шикасти стратегии ҷангиён хоҳад буд ва ин шабеҳи ҳоли сарбозони Ҳитлер дар соли 1945 хоҳад буд. Дайр-ал-зур барои ДОИШ аз ҳамин гуна аҳамияти муҳим бархӯрдор аст. Ишғоли Дайр-ал-зур ба он маъност, ки террористон дигар муқовимати фаъол нахоҳанд дошт. Ва ин барои онҳо на танҳо шикасти ҳарбӣ, балки маънавӣ низ ҳаст”.
– Муҳосираи Дайр-ал-зур чӣ маъно дорад, инро шарқиёна бояд тафсир кард,- гуфт Сергей. – Муддати ин се соле, ки муҳосира идома дошт, мошинҳо бо маводи ғизоӣ, молҳои талаботи ҳаррӯза ва тиббӣ бе мамониат ворид мешуданд. Касе аз гуруснагӣ ранҷ намекашид. Суриёиҳо ҳатто шӯхиомез мегуфтанд: мо ин ҷо се соли дароз ҷангидему мубориза бурдем ва чун русҳо омаданд, ҷанг сар шуд.
– Ва беназмӣ ҳам шуруъ гардид,- хандид Геннадий.
Бино ба гуфтаи Сергей замоне, ки арвоҳҳо Аш-Шаирро муҳофизат мекарданд, курдҳое, ки амрикоиҳо фиристода буданд, ҳавзаҳои нафтиро ишғол намуданд. Охири моҳи сентябр доишиён дуртар шуданд, бори дигар ба бригадаҳоим ЧВК-и Русия лозим омад ақиб раванд ва ҳавзаҳои нафтиро ба даст оранд.
– Ба назар мерасад дар сатҳи боло дар ин бора гуфтугӯ шуда буд, курдҳо каме аз ҷояшон ҷунбиданд. Тибқи навиштаҷот дар бурҷҳои нафтӣ қисме аз ин ҳавзаҳо мутааллиқ ба аврупоиён буд, қисме моли канадиёиҳо. Аммо ин ҷо канадиёиҳо бештар мавзеъи худро аз даст доданд.
Охири моҳи октябр муҳлати сафари ҷанговарони ЧВК “Вагнер” ба охир расид. Он рӯзҳо доишиён яке аз ду роҳи асосиро, ки шарқу ғарби Сурияро ба ҳам мепайваст, аз ҳам ҷудо карданд.

ТАЛАФОТ

Муддати шаш моҳи сафари хидматӣ танҳо як бригада 40 нафарро аз даст дод, наздик ба 100 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Бахти бригадаи дуюм омад кард, талафоти ҷонии онҳо наздик ба 40 ва захмиёнаҳон қариб 70 нафар буд. Бригадаи сеюм бошад, дар ду ҳафтаи аввал наздик ба 50 нафарро аз даст дод. Ҳамин тариқ ҳар даҳумин ҳайати шахсӣ кушта шуд ва ҳар панҷумини он захмӣ гашт.

ТАЪМИНОТИ ҲАРБӢ

– Талафот метавонист камтар бошад,- мегӯяд Сергей.- Албатта, агар таъминоти гуруҳи ЧВК чунин бад намебуд. Зарфи се рӯз панҷ мошини боркаш аз байн рафт ва дигар василае набуд, ки ҳайати шахсиро кашем. Ва як сабаби афзудани талафоти ҷонӣ низ ҳамин буд.
– Ин ҳамагӣ як намоиши зебои телевизионист: дар биёбон тонкҳо равонанд ва бо онҳо мошинҳои ҷангии пиёданизом дар ҳаракатанд, болои сарашон чархболҳо дар парвозанд. Аммо дар асл техника хеле кам буд. “Армадаи” мо бисёр вақт пиёда ҳаракат мекард, қисме аз онҳо савори мошинҳои “КамАЗ” ва “УРал” буданд. Ва агар ПТУР ба мошини боркаш расад, албатта талафот меафзояд. Ва ҳамин сарфаҷӯии фармонҳеҳони мо муҷиби талафоти гарони ҷонӣ мешавад. Шояд кадоме аз афроде, ки ба таъминоти ҳарбӣ ҷавобгар буд, ба боло дар бораи сарфаи чӣ миқдор техникаву аслиҳа гузориш ҳам дод”,- мегӯяд Сергей.

ОМОДАГИҲОИ ҲАРБӢ

Ҳамсуҳбатони ман дар бораи неруҳои ҷанганда аз ҷониби Асад изҳори назар карданд ва аз нигоҳи онҳо ин қувваҳо аз нигоҳи сифатҳои ҳарбиву малакаҳои ҷангӣ се дастаанд: бадтарини онҳо, ки дар зинаи поён ҷойгиранд, неруҳои давлатианд, дар мақоми дуюм фотимиҳо (ҷангиён аз Афғонистонро дар ЧВК фотимӣ меномиданд) ва фаластиниён, дар ҷойи аввал русҳо қарор доштанд.
– Боре гуруҳи фотимиҳо мавзеъеро ишғол карданд ва баъдан ҷойи онҳоро неруҳои давлатӣ ишғол намуданд ва парчами худро боло карданд. Ва яке аз ҷанговарони пуртаҷрибаи мо, ки қаблан панҷ маротиба ба Сурия омада ҷангида буд, пешгӯӣ кард: агар шом дар маконе парчами Сурия боло шуд, пас субҳ парчами ДОИШ пайдо мешавад. Мо инро шӯхӣ донистем. Ва субҳ аз шарфаи девонавори пойҳо аз хоб бедор шудем: 300-400 сарбозони суриёӣ бо садоҳои “Тонки доишиён меояд” фирор мекарданд. Ва дар ҳақиқат дар мавқеъи неруҳои давлатӣ парчами ДОИШ боло шуд,- нақл кард Сергей.
– Русҳо ҷанговарони беназиранд,- мегӯяд Степан.- ягон нерӯ ҳамлаҳои моро шикаста натавонист. Зарфи шаш моҳ ягон ҳамлаи мо на дар Акербат ва дар Дайр-ал-зур пас гардонда нашуд. Агар ба мо техника медоданд, мо зарфи ду ҳафта кулли Сурияро озод мекардем. Ҳоло чунин тасаввуре ҳосил шудааст, ки касе намехоҳад дар ҷанг пирӯз бошад, на ДОИШ ва на артиши Сурия.
– Сатҳи омодагии ҳарбии артиши Сурия ба сифр баробар аст. Аз 60 техникаи ҳарбие, ки онҳо дар як муҳориба оварда буданд, дар як муддати кӯтоҳ 20 техникаро ДОИШ аз онҳо гирифт. Умуман тонкҳо дар Сурия ҷоизаи аз даст ба даст гузарандаанд. Ҳатто баъзан ин гуна шӯхӣ ҳам мекунанд: Русия ба суриёиҳо тонк медиҳад, онҳо ба ДОИШ мебахшанд, русҳо меоянд, тонкҳоро аз доишиён бозпас мегиранд ва барои ин соҳиби ҷоиза мешаванд. Боз он тонкҳоро ба суриёиҳо медиҳанд ва боз ҳамон ҳолат такрор мешавад, то замоне, ки он тонк куллан аз кор мебарояд.
– Ҳамаи Сурия тахминан баробари ду вилояти Маскав аст, қисмати бештари он биёбон,- хулоса мекунад Степан. – Кофист, ки шаҳру водиҳоро озод кунанд ва бигзор доишиён мисли харгӯшҳои даштӣ дар биёбон равуо намоянд. Ин кори ҳамагӣ ду моҳ аст, вале касе намехоҳад. Генералҳо пул кор мекунанд, тонкҳоро аз ҳисоб хориҷ мекунанд, ки гӯё нобуд шуданд. ДОИШ бо ҳама неруҳои мавҷуд дар Сурия тиҷорат мекунад ва ҳатто қариб, ки расман тиҷорат мекунад.

ҲАЙАТИ ЧВК ДАР ҶАНГИ СУРИЯ

– Ба он нигоҳ накарда, ки бисёре аз ҷанговарони ЧВК хизмати ҳарбӣ кардаанд ва дар қисмҳои вокуниши сареъ низ будаанд, иштибоҳ намекунам агар бигӯям, ки 90 дарсади онҳо намедонанд куҷо мераванд ва чаро,- мегӯяд Сергей. – Хоҳиши пул кор кардан сарҳоро вайрон мекунад. Аз ин рӯ вақте ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд, мегӯянд, ки ин ҷо на мурдан, балки пул кор кардан омадаанд. Инҳоро “панҷсадумиҳо”, яъне фирорӣ меноманд. Онҳоро ба бригадаҳое мефиристанд, ки боркашӣ кунанд, мушакҳоро бардоранд ва ғайра.
– Аксаран дар зиндагӣ бетолеъ шудагон ба ЧВК мепайванданд. Инҳо маъмулан милисаҳои собиқ, маҳбусони озодшуда ва ҳарбиёни саркӯфта. Наздик дар 40% касоне ҳастанд, ки барои содир кардани ҷиноятҳои сангин, аз қабили дуздиву ғорат ва куштор ҳабс шудаанд. Ҷанговарони ЧВК ҳатто ҳамдигарро бо ин нидо садо мекунанд: “Салом бетолеъҳо!”
Бино ба гуфтаи Сергей соле пеш ҷанговарони ЧВК моҳе 310-350 ҳазор рубл (240 ҳазор маош ва илова ҳар рӯз 3 ҳазор рубл хидмат дар ҷанг) дарёфт мекарданд. Баҳори имсол ин маош коҳиш ёфт: 300 ҳазор (220 ҳазори он моҳона), онҳое, ки тирамоҳ омаданд ба ҳисоби миёна 200-210 ҳазор мегирифтанд (моҳона то 150 ҳазор поин рафт).
– Ин аз чӣ вобаста аст?-суол кард Степан ва худ посух дод:- Фикр мекунам ҳама медузданд, ҳама чиро медузданд. Мо гумон мекунем дар боло хуб пардохт мекунанд, аммо поёниҳо онро кам мекунанд. Масалан дар шартнома бахше ҳаст, ки тибқи он аз моҳи чорум сафари хидматӣ сафари дурудароз ҳисобида мешавад ва бояд ба ҳар рӯзи он як ҳазор рубл изофа шавад. Вақте касе аз мо дар ин бора ёдовар шуд, фармондеҳ ба ғазаб омад: “Аз худ рафтед? Шумо бе ин ҳам хеле зиёд пул мегиред!”
– Суғурта чӣ? – мепурсам аз онҳо. – Дар сурати мурдан дар майдони ҷанг чанд сӯм бояд диҳанд?
– Медонӣ,- посух медиҳад Сергей.-Тибқи баъзе овозаҳо севуним миллион, тибқи гуфтаҳои дигар то 5 миллион рубл. Шахсан худам дар муоҳадаам инро нахондаам. Муоҳада саҳифаҳои зиёд дорад. Он ҷо гуфта шудааст, ки ту бояд розӣ бошӣ, ки эҳтимолан аз майдони муҳориба тани беҷонатро мебароранд. Тибқи овозаҳо барои ҷароҳати сабук 50 ҳазор рубл ва барои ҷароҳати вазнин то 300 ҳазор рубл медиҳанд. Ва боз табобати бепул дар беҳтарин бемористонҳои ҳарбии Ростови лаби Дон, Кисловодск, Петербург, Маскав ва ғайра. Вале як шарт дорад: баъди табобат ягон хел маҷруҳи ҷанг нестӣ, яъне нафақаи маҷруҳӣ дода намешавад…

Алексей ЧЕЛНОКОВ

Совершенно секретно”, No.12/401, декабри соли 2017

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь