25 СОЛ ҚАБЛ РУСИЯ ВА ТОҶИКИСТОН ПРИНСИПҲОИ ҲАМКОРИРО МУАЙЯН КАРДАНД: ОЁ ИН ПРИНСИПҲО ТО ҲОЛ МУҲИМАНД?

Имрӯз Русия шарики асосии Тоҷикистон аст: ин кишвар дар бахши саноат ва кишоварзӣ, энергетика, тиҷорат ва дар соҳаи гуманитарӣ лоиҳаҳои зиёдеро амалӣ менамояд. Бо кумаки Русия ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади аҳолии кишвар меафзояд. Вале бо шарофати чӣ чунин ҳамкорӣ имконпазир гардид?

“Муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон бомуваффақият густариш меёбанд, ягон муаммое нест, ки ҳал нашавад” – Владимир Путин.

То Истиқлол

Аввалин робитаи мутақобилаи тоҷикон ва русҳо дар асрҳои миёна (тиҷорати фаъол байни Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ) оғоз ёфт. Робитаҳои қавитар байни халқҳои мо дар соҳаҳои иқтисодиёт, фарҳанг ва ғайраҳо баъд аз ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба Империяи Русия оғоз ёфт – дар ҳамон давра дар минтақа исёнҳо, ҷангҳо ва тохтутозҳо ба охир расиданд ва ба ҷои бетартибию худсарӣ қонун ва тартибот ҳукмфармо гардид.

Шӯравӣ дар таърихи халқи тоҷик нақши бузург бозид- тоҷикон соҳиби давлат шуданд ва дар ин давра фарҳангу санъат, маориф ва илм эҳё карда шуд. Захираҳои Русия имкон доданд, ки дар қаламрави Тоҷикистон на танҳо иншоотҳои бузурги саноатӣ ва энергетикӣ, балки бахшҳои нави иқтисодиётро бунёд кунем.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ марҳалаи нави муносибатҳои Тоҷикистону Русия (ду давлати мустақил, вале чун пештара дӯст ва ҳампаймон) оғоз гардид. Тӯли солҳои истиқлолият байни кишварҳои мо тақрибан 300 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расидааст, ки ин ҳама ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбию техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра танзим мекунанд. Яке аз чунин санадҳои муҳим Созишномаи ҳамкориҳои иттифоқӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мебошад, ки ба асри XXI нигаронида шудааст ва ҳафтаи ҷорӣ аз имзои ин Созишнома 25 сол пур мешавад.

Иброҳим Усмонов, сиёсатшинос, собиқ мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассиси Фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» қайд мекунад: «Ин созишнома ҳамчун асос барои ҳамкории Тоҷикистону Русия дар марҳилаи кунунӣ маҳсуб меёбад. Ба шарофати ин созишнома дар тамоми бахшҳои иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамкориҳо (корҳои муштарак) ба роҳ монда шуда, принсипҳои ҳамкорӣ бо Русия муайян карда мешаванд. Ғайр аз ин, масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, маориф, равобити фарҳангӣ ва муаммоҳои истифодаи захираҳои меҳнатӣ низ хеле муҳиманд.

“Русия ҳамеша Тоҷикистонро на танҳо аз ҷиҳати молиявӣ ва техникӣ, балки пеш аз ҳама аз ҷиҳати маънавӣ дастгирӣ мекунад”, сиёсатшинос Иброҳим Усмонов.

Фикр мекунам, ки ин созишнома нишондиҳандаи робитаҳои тӯлонии нек, дӯстона ва софдилона байни Русия ва Тоҷикистон аст, ки бар пояи роҳи тайшуда асос ёфтааст. Дар охири солҳои 80-ум ва ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон, чун дар тамоми кишварҳои пасошӯравӣ, вазъияти душвори сиёсӣ ба миён омад, вале дар кишвари мо вазъият махсусан вазнин буд. Русия аввалин кишваре буд, ки ба Тоҷикистон дасти кумак дароз кард. Якумаш, Русия яке аз аввалин кишварҳоест, ки бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро ба роҳ монд, дуюмаш, Русия дар аввал ягона кишваре буд, ки аз ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ва кӯшиши он барои боздоштани хунрезӣ ва ҳуҷуми нерӯҳои реаксионӣ пуштибонӣ мекард.

Дар аввали солҳои 90-ум қариб ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ бо ташвишу муаммоҳои худ банд буданд ва имконияти ба ҳамдигар кӯмак карданро надоштанд, ки он замон худи Русия низ дар ҳолати душвор қарор дошт. Вале ба ин нигоҳ накарда, хукумати Русия хукумати моро ҳамаҷониба дастгирӣ мекард. Ман изҳороти роҳбари онвақтаи Русияро хуб дар ёд дорам, ки гуфта буд: «Мо Тоҷикистонро ба касе намедиҳем» ва бо ин таъкид карда буд, ки кишвари мо чун узви оилаи дӯстонаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ хоҳад монд. Ва раҳбарияти Тоҷикистон низ ҳамеша аз ин гуфтаҳо бармеояд. Масалан, соли 1999 мақолаи Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи асри XXI» ба нашр расид, ки дар он Русия шарики асосии стратегии Тоҷикистон нишон дода шуда ва ҷумҳурии мо бо такя ба он ва дигар кишварҳои дӯст ҳаёти нави худро барпо менамояд. Ва ин дар амал тасдиқ шудааст».

Кафили амният

“Мо аз Русия барои мусоидат дар омодасозии кадрҳо барои нерӯҳои мусаллаҳ ва таҳкими иқтидори ҳарбӣ, техникӣ ва мудофиавии Тоҷикистон миннатдор ҳастем” – Эмомалӣ Раҳмон.

Профессор Иброҳим Усмонов қайд намуд, ки омили муҳим дар равобити минбаъдаи Русия ва Тоҷикистон дастгирии Русия аз ҷумҳурии мо дар ҷанги шаҳрвандӣ маҳсуб меёбад. «Соли 1994 бо ибтикори Русия, ки роҳбарияти он ба ҳалли ин масъала манфиатдор буд, раванди музокироти байни тоҷикон оғоз ёфт. Ҷаласаи аввал дар Маскав ва баъдан дар кишварҳои мухталиф баргузор гардида буд. Бо иштироки бевоситаи намояндагони Русия санадҳо оид ба истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон омода гардида, ба имзо расонида шуданд. Дар ҷараёни музокирот ҳамчунин, нозирон аз Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, СММ ва САҲА низ ширкат доштанд. Марҳилаи ниҳоии раванди музокирот низ 27-уми июни соли 1997 дар Маскав баргузор гардид, ин маросим дар Қасри Кремл бо иштироки президенти Русия Борис Елтсин, ду муовини Дабири кулли СММ ва вазирони хориҷаи ҳафт кишвар баргузор гардид. Ташкилотчии асосии ин раванд Русия буд – маҳз Русия таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус СММ-ро ба вазъ дар Тоҷикистон ҷалб кард”.

Русия имрӯз низ Тоҷикистонро дар масъалаҳои таъмини амнияту субот дастгирӣ мекунад ва ҳамчун кафили асосии ҳифзи кишварамон аз таҳдидҳои берунӣ ва дохилӣ баромад менамояд. Тибқи Созишнома дар бораи мақом ва шароити ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012) муҳлати будубоши пойгоҳи Русия дар ҷумҳурии мо то соли 2042 тамдид карда шуд. Низомиёни рус сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистонро шабонарӯз назорат мекунанд. Назорат бо истифода аз таҷҳизотҳои ҳавоӣ ва электронии иктишофии дар ихтиёри низомиёни рус қарор дошта сурат мегирад.

Илова бар ин, ба шарофати дахолати Русия ба мо муяссар гардид, ки даргириҳои мусаллаҳонаро дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон қатъ намоем. Президенти Русия В. Путин дар ҳошияи нишасти сарони МҲТБО, ки моҳи октябри соли 2022 дар шаҳри Остона баргузор гардид, музокироти сеҷониба доир намуд ва пас аз он ба раванди музокироти минбаъда вобаста ба муайянкунии ҳудудҳои (делимитатсияи) сарҳад оғоз бахшид. Дар ҳоли ҳозир ин раванд дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад.

Робитаҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ

Ба шарофати ҳамкориҳо бо Русия дар 5 соли охир даромади аҳолии Тоҷикистон 2,1 баробар афзуда, сатҳи камбизоатӣ аз 31% (дар соли 2015) то 22,5% коҳиш ёфта, рушди миёнаи солонаи иқтисодӣ ба 7,3% расид. Тибқи баҳои коршиносон, интиқоли пулии муҳоҷирон аз Русия то 25 дарсади ММД-и кишварро ташкил медиҳад.

Русия, ҳамчун шарики асосии иқтисодии Тоҷикистон, дар ҷумҳурии мо лоиҳаҳоеро, ки ба рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунанд, амалӣ мегардонад. Инчунин, Русия яке аз кишварҳои пешсаф дар сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар қаламрави ҷумҳурӣ бо иштироки ширкатҳои русӣ 31 лоиҳа дар соҳаҳои мошинсозӣ, энергетика, саноат ва рақамикунонӣ ба маблағи умумии тақрибан 650 миллиард рубл амалӣ карда мешаванд. Сармоягузории Русия дар ҳаҷми умумии сармоягузориҳои асосӣ ба Тоҷикистон беш аз 16% -ро ташкил медиҳад.

Робитаҳои тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон сол то сол босуръат густариш ёфта, муомилоти моли байни кишварҳо тақвият меёбанд ва ин кишвар ҳамчун шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Федератсияи Русия ба ҷумҳурии мо маҳсулоти нафтӣ, чубу тахта, маҳсулоти қоғазӣ, таҷҳизот ва воситаҳои нақлиётӣ содир мекунад. Дар навбати худ, Тоҷикистон ба Русия маҳсулоти нассоҷӣ, озуқаворӣ, ашёи хоми кишоварзӣ ва металл таҳвил медиҳад. Имрӯз кишварҳои мо дар ҳамкориҳои иқтисодӣ ба рақамикунонӣ, ташкили ҳамкориҳои саноатӣ ва паркҳои технологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

“Дар байни кишварҳои мо таҷрибаи муқаррарии кору зиндагии муштарак вуҷуд дорад ва мо бояд ин таҷрибаро идома диҳем. Мо набояд фаромӯш созем, ки чӣ гуна Русия дар солҳои 30-юми асри гузашта ба мо кумак расонида буд, ё чӣ гуна дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ халқи тоҷик дар баробари дигар халқҳои советӣ барои ҳимояю манфиати Ватани ягонаи мо заҳмат кашида буданд. Илова бар ин, дар Тоҷикистон мутахассисон зиёде ҳастанд, ки дар даврони Шӯравӣ маҳз дар Русия – дар маркази давлати советӣ таълим гирифтаанд ва ин мутахассисон имрӯз меҳвари қишри зиёии кишвари моро ташкил медиҳанд. Онҳо барои насли нав ҳамчун намуна мебошанд. Имрӯз ҷавонони зиёди тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд. Дар ҷумҳурии мо чандин мактабҳои русӣ кушода шуданд, аз Русия омӯзгорон даъват карда мешаванд, филиалҳои мактабҳои олии Русия фаъолият мекунанд ва ҷавонони тоҷик ба азхуд кардани забони русӣ мароқи зиёд зоҳир менамоянд. Вале мехостам қайд кунам, ки на ҳамаи онҳое, ки ба Русия мераванд, забони русиро хуб медонанд ва ин ҳам аз сабаби надоштани шароит барои азхуд намудани ин забон мебошад. Мо бояд ин мушкилотро якҷоя бартараф кунем, ба ҳамдигар кумак намоем. Ман фикр мекунам, ки ин на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки ба манфиати Русия низ хоҳад буд, зеро ин кишвар ба нерӯи корӣ ниёз дорад ва барои ин, албатта, мардуми кишварҳои ҳамсоя беҳтаранд.

Русия бузургтарин иқдомкори барномаи озуқаворӣ дар Тоҷикистон мебошад. Соли 2023 Русия дар доираи Барномаи ғизои мактабӣ, ки 2000 муассисаи таълимии 52 ноҳияву шаҳрҳои кишвари моро фаро мегирад, ба Тоҷикистон 4,5 ҳазор тонна маводи башардӯстона дастрас кардааст.

Ин ҷо мехостам як нуқтаро махсус қайд намоям: кишварҳои пасошӯравӣ дар шароити бозсозии сиёсӣ қарор доранд ва мухолифони ин раванд дар ҳама ҷо ҳастанд – ҳам дар Тоҷикистон, ҳам дар Русия ва ҳам дар кишварҳои дигар. Вале нерӯе, ки дар муқобили раванди сиёсӣ меистад, дар мамлакатҳои бузург қавитар аст ва кишварҳои хурд аллакай аз пайи онҳо мераванд. Гуфтаҳои назариячиёни аврупоӣ ба намояндагони кишварҳои бузург бештар дастрас аст, ба кишварҳои мо бошад камтар. Аз ин рӯ, агар ягон нофаҳмӣ ва мушкилоте пайдо шавад, пас мо бояд ба он аз ҳамин нуқтаи назар нигоҳ кунем ва баҳо диҳем. Ба назари ман, дар ин фаҳмиш, суханҳои В.В. Путин дар мавриди ҳодисаҳои моҳи марти соли ҷорӣ дар Маскав бисёр инсонона мебошанд: “Террористҳо на миллат доранд, на ватан.” Бале, дар байни иштирокчиёни амалҳои террористӣ, мутаассифона, дар баробари намояндагони миллатҳои дигар ҳамватанони мо низ буданд, аммо ин маънои онро надорад, ки дар паси ин амали террористӣ Тоҷикистон ва ё мардуми тоҷик меистад. Чунин шахсон дар кишварҳои дигар низ амалҳои террористӣ анҷом додаанд: инҳо гурӯҳҳои террористии байналмиллалие мебошанд, ки ба принсипҳо ва андешаҳои аз ҷониби душманони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ паҳншаванда пойбанд шудаанд.

Роҳбарияти Тоҷикистон дар ҳама талошҳои худ, чӣ дар дохил ва чӣ байналмилалӣ, ҳамеша аз таҷрибаи Русия истифода мекунад ва ба дастгирии он умед дорад” – мегӯяд профессор Иброҳим Усмонов.

Ҳабибуллоҳ Аминӣ,

таҳлилгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь