Фишори Ғарб ба кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯз аз рӯз амиқтар мегардад: ҳатто таҳдиди ҷорӣ кардани таҳримҳо барои ҳамкорӣ бо Русия истифода бурда мешавад. Аз ин рӯ, Тоҷикистон дар ин вазъ бояд чӣ кор кунад?

«Ҳадафи сиёсати ИМА дар Осиёи Марказӣ ҷудо кардани иқтисодиёти кишварҳои минтақа аз Русия мебошад». Муовини ёвари директори Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Анҷали Каур

Аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина, ҳузури ИМА  дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар Тоҷикистон ба таври назаррас  фаъолтар гардидааст. Тӯли ин муддат ташрифи намояндагони ҳукумати Амрико ба кишвари мо дар муқоиса бо чанд соли охир  бештар гардидааст. Аз ҷумла ёвари котиби давлатии ИМА Доналд Лу, муовини котиби давлатии ИМА Узра Зей, фармондеҳи Фармондеҳии Марказии қувваҳои мусаллаҳи ИМА генерал Майкл Курилла, намояндаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон Томас Вест,  котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ва инчунин, намояндагони  ташкилотҳои байналмилалии Ғарб ташриф оварданд. Ва дар ҳар як сафар вазифаи асосӣ муайян  шуда буд: ҷамъоварии маълумот дар бораи роҳҳои тиҷорат бо Русия, фишор овардан ба ҳукуматҳои кишварҳои минтақа бо мақсади то ҳадди ақал коҳиш додани робитаҳои иқтисодии онҳо бо Федератсияи Русия.

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва сардабири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” Фаридун Усмонов мегӯяд: “Ғарб аз ибтидо хеле суботкорона саъй дошт, ки  ҳукуматҳои кишварҳои ин минтақаро барои пайвастан ба таҳримҳои зидди Русия  мутақоид созад. Мо дар хотир дорем, ки ИМА ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар доираи таҳримҳояшон кӯшиш мекарданд парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Русияро маҳдуд кунанд ва аз дигар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, талаб мекарданд, ки ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиро боздошт ва ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо интиқол диҳанд.  Кишвари мо ба ин талаб беҷавоб монд. Агар Ҳукумати Тоҷикистон ба ин таҳдид дода мешуд, миллионҳо шаҳрвандони тоҷик аз сабаби ба Русия рафта натавонистан бе ҷои кору даромад мемонданд, ки ин бешӯбҳа ба иқтисодиёти Тоҷикистон зарбаи ҷиддӣ дошт”.

«Мамлакатҳои Ғарб бо Федератсияи Русия ҷанги калон оғоз карда, аз тамоми усулҳои таъсир ва фишори худ истифода мебаранд. Дар баробари ин, онҳо дар бораи хисороте, ки ба иқтисодиёти кишварҳои ба сиёсати зиддирусия ҳамроҳшуда расонида мешавад, умуман фикр намекунанд» – коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Фаридун Усмонов.

Вале ҳукуматҳои кишварҳои Аврупо дар бораи манфиатҳои мардуми одӣ ва ширкатҳои хурду миёна тамоман фикр намекунанд, онҳо имрӯз ҳатто ба мушкилоти шаҳрвандони худ чандон таваҷҷӯҳ зоҳир надоранд. Мақсади онҳо  то ҳадди имкон зарар расонидан ба ҳукумати Русия  аст, ҳатто тавассути фишороварии комилан ғайриинсонӣ ба шаҳрвандони оддӣ ва ғайра.

Онҳо аз майдонҳои байналмилалӣ фаъолона истифода бурда, намояндагони давлатҳои гуногунро дар он ҷо таҳдид мекунанд, то бо хоҳиши онҳо овоз диҳанд. Онҳо намояндагони худро ба минтақаҳои гуногуни чаҳон бо мақсади фишор овардан ба ҳукуматҳои маҳаллӣ ҷиҳати коҳиши равобити иқтисодӣ бо Русия ва Белоруссия равон мекунанд. Гузашта аз ин, онҳо барои тарғибот на танҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки ба Чин, Ҳиндустон, Туркия, кишварҳои Ховари Миёна, инчунин кишварҳои Африқо ва Амрикои Лотинӣ низ равон карда мешаванд.

Ҳанӯз дар солҳои 2018-2019, вақте кишварҳои аврупоӣ омодагии худро барои даст кашидан аз захираҳои энергетикии Русия эълон карданд, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯшиш кард, бо роҳи коҳиш додани нархҳо бо Федератсияи Русия ҷанги  иқтисодӣ оғоз намояд ва ба ин васила Русияро барои гузашт ва ҷуброни хисороти бар асари таҳримҳо маҷбур кунад. Имрӯз, ин муносибат дигар ба кор намеравад, яъне Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо сабаби мавқеи як қатор кишварҳои Ховари Миёна, пеш аз ҳама Арабистони Саудӣ,  наметавонад ба коҳиши назарраси нархи нерӯи барқ таъсир расонад. Аз ин рӯ, кишварҳои аврупоӣ бо ҷорӣ кардани таҳримҳо умед доштанд, ки ба иқтисодиёти Русия зарар мерасонанд, вале дар натиҷа худи онҳо бештар осеб диданд. Ва акнун намояндагони ИМА ба гӯшаю канорҳои гуногуни чаҳон сафар карда, кӯшиш доранд, ки бо назорат дигар кишварҳоро барои итоат ба онҳо маҷбур созанд.

Дар охири моҳи апрел ёвари вазири молияи ИМА оид ба мубориза бо ҷиноятҳои молиявӣ Элизабет Розенберг барои пешниҳод намудани маълумотҳои иктишофӣ дар бораи нақзи низоми таҳримот ва таъсир расонидан ба ҳукуматҳои кишварҳо ба Қазоқистон ва Қирғизистон ташриф меоварад.

Дар баробари ин, агар дар аввал изҳороти зиддирусии Амрико дар муколамаҳо бо ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле нарм ва ғайримустақим буд, пас имрӯз дар суханҳои мақомдорони амрикоӣ таҳдидҳои рӯирост шунида мешаванд. Комиссияи аврупоӣ ҳатто вазифаи фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳримҳоро барои назорати кишварҳои дигар дар масоили канорагирӣ аз таҳримҳои зидди Русия таъсис дод ва ин вазифа ба ӯҳдаи Дэвид О’Салливан вогузор карда шуд. Дар ин масъала ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар соли 2022 ҳаҷми муомилоти мол бо Русияро афзоиш додаанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Санаи 28-уми март О’Салливан бо мақсади муайян кардани он, ки оё канорагирӣ аз таҳримҳо  ҷой дорад ё не ва агар ҷой дошта бошад,  онро чӣ гуна бояд боздошт, инчунин, барои “ҳушдор додан аз оқибатҳои он”  ба шаҳри Бишкек  ташриф овард.

Илова бар ин, ба хотири дарёфти маълумоти муфассал дар бораи роҳҳои тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва назорати амалиётҳои тиҷоратӣ, Иттиҳоди Аврупо нақша дорад ба кишварҳое, ки ба таҳримҳои зидди Русия напайвастанд  як ҳайати махсус равон кунад. Ва ин гуна амалҳо, албатта, ба соҳибихтиёрии ин давлатҳо чандон мувофиқ нест, зеро ин амалҳо маънои ба даст овардани маълумоти махфии дохилии тиҷоратиро доранд. Ғайр аз  ин, чунин назорат бар хилофи озодии фаъолияти соҳибкорӣ – яке аз арзишҳои демократӣ, ки Ғарб гӯё барои он фаъолона мубориза мебарад, аст. Зеро пас аз фурӯхтани мол, фурӯшанда ҳуқуқи худро ба ин мол гум мекунад ва харидор метавонад онро бо салоҳдиди худ истифода барад, аз ҷумла ба каси дигар фурӯшад. Ва бо мақсади боздоштани воридоти мувозӣ ба Федератсияи Русия тавассути кишварҳои сеюм, Иттиҳоди Аврупо бояд нисбати фурӯшандагони мол бевосита дар дохили Иттиҳод чораҳои маҳдудкунанда татбиқ кунад. Аз ин рӯ, чунин назорати сахт аз болои тиҷорати дигар давлатҳо танҳо як баҳонаи расмӣ барои бурдани таҳқиқ ва густариши нуфузи  худ ба равандҳои дохилии онҳо мебошад.

«Кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, метавонанд худашон интихоб кунанд, ки ин таҳримҳо алайҳи онҳо ҷорӣ карда мешаванд ё не» – сафири ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер.

Коршинос Фаридун Усмонов дар ин бора чунин мегӯяд: “Ғарб кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамчун шарикони Федератсияи Русия медонад ва дарк мекунад, ки дар ин вазъият Русия ҳам аз ҷиҳати таърихӣ, ҳам сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ ба кишварҳои минтақа хеле наздиктар аст. Бо ин роҳ онҳо, аз тамоми доираи одоби дипломатӣ берун баромада,  кӯшиш мекунанд ба ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ фишор оваранд. Вале ҳукумати ИМА ягон маълумоти мушаххас дар бораи дахлдор будани ин ё он ширкат ба нақшаи канорагирӣ аз таҳримҳо надорад”.

«Афзоиши гардиши мол байни Тоҷикистон ва  Русия дар соли гузашта маънои онро надорад, ки ширкатҳои тоҷикӣ аз таҳримҳо канорагирӣ мекунанд, балки аз он шаҳодат медиҳад, ки ширкатҳои русӣ барои тиҷорат бо Тоҷикистон бештар майл пайдо кардаанд, алалхусус, вақтҳои охир дар бозорҳои Тоҷикистон  молҳои Русияро бештар мебинем», – мегӯяд коршинос Фаридун Усмонов. – «Аз рӯи анъана дар бозорҳои Тоҷикистон ҳиссаи маҳсулоти кишварҳои Аврупо ва ИМА хеле кам аст ва агар ин нишондиҳандаҳоро таҳлил кунем, мебинем, ки дар муомилоти мол байни Тоҷикистону кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва ИМА ягон афзоиши назаррасе мушоҳида намешавад. Изҳороти сафир ва мақомдорони аврупоӣ комилан беасосанд».

Сафир Мануэл Микаллер дар нишасти матбуотии худ ба муносибати ба кор шурӯъ карданаш, дар баробари эъломи ғайри қобили қабул будани шаклҳои муайяни тиҷорат байни Тоҷикистону Русия барои Амрико, инчунин, аз ҳаҷми кумакҳои моддии аз ҷониби ҳукумати Амрико расонидашуда ёдовар шуд.

Дар мавриди кумаки молиявӣ: Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар ҷараёни сафараш ба Осиёи Марказӣ ба кишварҳои минтақа ваъда дод, ки барои қатъ намудани робитаҳо бо Маскав ҳамчун ҷуброн 25 миллион доллар  хоҳад дод. Бо назардошти он, ки ин маблағ барои ҳамаи кишварҳои минтақа ҷудо карда мешавад, гуфтан мумкин аст, ки на он қадар маблағи калон аст ва муҳимтар аз ҳама он аст, ки иқтисодиёти ин кишварҳо дар пайи иҷрои хоҳишҳои Амрико чӣ хисорот хоҳанд дид.

Дар пайи иҷрои талабҳои Амрико, на танҳо  муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо Русия зарар мебинанд, балки  иқтисодиёти ҷумҳурӣ низ  зарбаи калон хоҳад дид. Қатъ гардидани робитаҳои иқтисодӣ ногузир ба дигар соҳаҳои ҳамкорӣ таъсир мерасонад. Ёдовар мешавем, ки  ҳамкорӣ дар самти захираҳои меҳнатӣ ва ҷойҳои корӣ, ки Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон фароҳам меорад, ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ маблағи калон меорад, ки тақрибан сеяки маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад. Илова бар ин, имрӯз қариб чоряки тамоми асъори Тоҷикистон, ки аз содироти мол ва сармоягузорӣ ба даст меояд, аз Русия ворид мешавад.

“Русия ба шариконаш густариши равобит бо дигар кишварҳоро манъ намекунад – кифоя аст, ки онҳо ба таҳримҳои зидди Русия ҳамроҳ нашаванд.” Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров.

Ҳамкории иқтисодии Русия ва Тоҷикистон фаъолона густариш меёбад. Ҳамин тариқ, дар рафти конфронси 10-уми ҳамкориҳои байниминтақавӣ таҳти унвони «Шарикии тиҷорат ва сармоягузории Русия ва Тоҷикистон» даҳҳо ширкати тоҷикӣ ба соҳибкорони рус пешниҳоди таъсиси  корхонаҳои муштарак доданд. Корҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун, аз қабили гидрометаллургия, коркарди металлҳои нодир, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли автобусҳо, присепҳои мошинҳо ва хизматрасонии таъмир, воридоти гандум ва маҳсулоти нафтӣ, инчунин сохтмон, истеҳсоли маҳсулоти мебел, маснуоти пластмасса ва молҳои истеъмоли халқ пешбинӣ шудаанд.

Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Албатта, Тоҷикистон дар бад шудани равобит бо кишварҳои ғарбӣ манфиатдор нест, вале ҳамзамон ба бад шудани равобит бо Федератсияи Русия ва кишварҳои ҳамсоя аз Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё низ манфиатдор нест. Боварӣ дорам, ки Ғарб низ ба хубӣ дарк мекунад, ки ҳадафи онҳо оянда надорад, бинобар ин, изҳороти онҳо ягон пайомад нахоҳад дошт. Тоҷикистон, ба мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бозигари муҳим дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ нест ва  кӯшишҳои миёнарав шудани ширкатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ  барои тиҷорати бузург комёб нахоҳанд шуд, зеро барои анҷом додани ҷараёни содироти молҳое, ки бозори Русия ниёз дорад, захираҳои бузург лозиманд  ва аксари ширкатҳои Осиёи Марказӣ ин захираҳоро надоранд.

Танҳо дар соли 2022 гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон 1,4 миллиард долларро ташкил додааст. Дар нақша аст, ки ин нишондиҳанда 3 баробар зиёд карда шавад.

Аз ин рӯ, маълум аст, ки суханронии дипломатҳо ҳамчун нутқ боқӣ мемонад. Онҳо саъй хоҳанд кард, ки пресс-релизҳоро паҳн карда, заминаи иттилоотӣ барои ташрифи мақомдорони ИА ва ИМА эҷод кунанд. Онҳо метавонанд бо истифода аз ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, ба монанди Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР)  ба ҳукумати Тоҷикистон фишор оваранд, вале ман фикр мекунам, ки ин барои Тоҷикистон ягон паёмадҳои ҷиддии иқтисодӣ нахоҳад дошт”.

Бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки ҷорӣ кардани таҳримҳои дуввум алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ хилофи манфиатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст ва на танҳо ба қатъи  равобити байни ин кишварҳо, балки ба милликунонии моликияти ширкатҳои ғарбӣ дар онҷо оварда мерасонад ва фазои холии бавуҷудомадаро соҳибкорони Русия ва Чин пур мекунанд. Албатта, дар чунин шароит шарикии Тоҷикистон бо Русия боз ҳам бештару зичтар гардида, ҳамкориҳо бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ИДМ ва СҲШ ҷиҳати кам кардани талафоти эҳтимолӣ густариш хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, таҳдидҳои ИМА барои Тоҷикистон чизе бештар аз кӯшиши идора кардан (ҳукмфармоӣ  кардан)  нест.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь