Бахшида ба 110-солагии Абдулаҳад Қаҳҳоров

Дар бораи ин марди донишманд, ходими намоёни сиёсӣ, ҳизбӣ ва давлатӣ Қаҳҳоров Абдулаҳад Қаҳҳорович бисёр гуфтаанд, китобҳо навиштаанд ва ман ба он гуфтаҳо шарик шуда, фақат он хотираҳоро, ки нисбати устод ҳангоми дар вазифаи директори филиали архиви давлатии вилояти Ленинобод дар ш. Ӯротеппа буданд, иброз намоям. Моҳи октябри соли 1976 маро аз вазифаи дастурдиҳи комитети шаҳрии Уротепагии ҳизби коммунистӣ ба сарварии филиали архиви давлатии вилояти Ленинобод дар шаҳри Уротеппа тавсия дода буданд. Шояд ин сабабе дошт, ки ман ҳар як ҳуҷҷатҳои таърихии ба дастам афтодаро бо назари ояндабинӣ нигоҳ мекардам. Аз рӯи он мақолаҳо менавиштам ва шояд ба ҳамин хотир барои омӯхтани ҳуҷҷатҳои таърихии шаҳру ноҳияҳои Уротеппа (Истаравшан) (Ғончӣ) ҳоло Деваштич, Панҷекат, ноҳияҳои Айнӣ ва Зафаробод, ки дар бойгонии аз солҳои 1917 то имрӯз ба тариқи парванда 65000 нусхаро дарбар мегирифт, фиристонда бошанд.

Ҳамон солҳо бойгонии Уротеппа яке аз бонуфузтарин бойгониҳои ҷумҳурӣ ба шумор мерафт ва 22 нафар ба кори ҷустуҷӯ ва коркарди илмии ҳуҷҷатҳо чӣ дар бойгонӣ ва чӣ дар корхонаю муассисаҳо машғул буданд.

Пеш аз он ки ба кор оғоз кунам, ман бояд ба Душанбе рафта, аз сӯҳбати сардори саридораи бойгониҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулаҳад Қаҳҳоров мегузаштам.

Пеш аз он ки ба Душанбе равам ба ҷонишини аввали сардор Мира Ароновна Спевак занг зада, худро шиносодам ва пурсидам, ки барои сӯҳбат равам?

Он шахс гуфтанд, ки ман бо А. Қаҳҳоров гуфтугӯ мекунам ва якбора аввалҳои моҳи январ ба ҷаласа омода иштирок кунед ва ҳамон вақт бо Шумо сӯҳбат мегузаронанд.

5 ё 6-уми моҳи январи соли 1957 ҷаласаи ҷамъбастӣ мешавад, албатта, омада иштирок кунед, гуфтанд М. А. Спевак. Рӯзи муайян шуда бо ҳамроҳии сарварони архивҳои ш. Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) Морозов Н.М, Конибодом Ш.Зоҳидов бо сарварии мудири шӯъбаи бойгонии комиҷроияи вилояти Ленинобод Шарофат Ахмедова ба Душанбе парвоз кардем. Ба ҷаласа расида рафтем ва дар он бори аввал ман иштирок мекардам. Кормандони бойгонии ҷумҳурӣ ва вилоятҳоро ҳанӯз намешинохтам. Ҷаласа таҳти роҳбарии Абдулаҳад Қаҳҳоров оғоз гардид ва бо ҳисоботи солона ҷонишини аввали Сардори саридораи бойгонии ҷумҳурӣ Мира Ароновна Спевак баромад кард. Боз 3-4 нафар директорони дар вилоятҳо будаи бойгониҳо баромад карданд. Абдулаҳад Қаҳҳоров ҷаласаро ҷамъбаст карда, якчанд масъалагузориҳо карданд.

Ман дар инҷо бори аввал аз наздик Абдулаҳад Қаҳҳоровро дида, суханрониашонро шунида будам. Он шахс марди босалобат ва ҳеҷ гоҳ гапи зиёде намегуфтанд. Пас аз муддате котиба наздам омада, хабар дод, ки Қаҳҳоров шуморо интизоранд. Ҳаяҷон вуҷудамро фаро гирифт. Дар ҳайрат мондам, наздашон чӣ хел дароям, чӣ мегуфта бошанд? Оё ман ба пурсишҳои устод ҷавоби мувофиқ дода метавониста бошам?

-Ассалому алейкум, гӯён вориди ҳуҷраи кории Абдулаҳад Қаҳҳоров шудам. Маро дидан замон аз ҷой бархоста, ду се қадам пеш омада, ба саломам алейк гирифта, марҳамат шинед гуфта, курсиеро нишон доданд. Вуҷудамро ҳаяҷон пахш карда буд, сар бардошта наметавонистам.

Ба кори бойгонӣ аз наздик шинос шудед,-пурсиданд. Ҳа, пурра шинос шудам гуфтам. Шунидам, ки Шумо мақолаҳо низ менавиштед, ин кори бисёр хуб аст. Акнун метавонед дар асоси ҳуҷҷатҳои бойгонӣ даҳҳо мақолаҳо нависед-гуфтанд А.Қаҳҳоров. Дӯстони ман дар Уротеппа Байзо Қурбонов, Мӯъминҷон Ашӯров, Толиб Додобоевро мешиносед?- пурсиданд. Ҳа, ман онҳоро хеле нағз мешиносам, тез-тез вохӯрда меистем. Саломатиашон хеле хуб. Раҳмат,-гуфтанд, ҳамин ки ба Уротеппа рафтед, аз номи ман салом расонед.

Канӣ гӯед, кишоварзони Уротеппа дар соли 1976 чӣ қадар ғалла, ангур, меваҳои донакдор ҷамъоварӣ карданд. Оё нақша иҷро шуд ё не?

Ман сурх шудаму чӣ гуфтанамро надонистам, зеро ягон маълумоте надоштам. Абдулаҳад Қаҳҳоров фаҳмиданд, ки ба ин савол ҷавоб дода наметавонам, гуфтанд, Шумо яке аз роҳбарони шаҳри қадимаи Уротеппа ҳисоб мешавед. Дар оянда як дафтарча кушоед ва ҳамаи нақшаи солона чӣ дар кишоварзӣ ва чӣ дар саноатӣ ва иҷроиши онро навишта монед, ҳангоми зарурат аз он истифода мебаред. Ин аввалин дарси устод ба ман буд. Ҳамон рӯз устод пурсиданд, ки дар кор чӣ мушкилиҳо доред? Илова намудам, ки фасли зимистон, тунукаҳои болопӯши гирди бом ва трубаҳои обдавӣ он пӯсидааст. Об ба дохили бино даромада, ба нигоҳдории ҳуҷҷатҳо таҳдид карда истодааст.

Гарчанде ман ба ташкилотҳои дахлдор муроҷиат кардам. Аммо ягонтои онҳо барои таъмири трубаҳои обдав ва тунукаҳои лаби бом розӣ нашуданд ва ё маблағи калон пурсиданд, ки мо ин гуна маблағ надоштем.

Устод сухане нагуфта, гӯшаки телефонро бардошта, ба шахси он тараф буда, гуфтанд. Сангмаҳмад чӣ мешавад, ки роҳбарияти комибинати хизмати маишии Уротеппаро вазифадор намоед ҳамон тунукаҳои гирди бомпӯшро (трубаҳои обдавро) ва қисман боми онро аз нав созанд. Хуб гуфт, аз он тараф. Албатта, иҷро мешавад.

Ман 5 рӯз бо корҳои бойгони шинос шуда, баъд ба Уротеппа омадам ва бинам қисман тунукаҳои болои бому обдавҳо аллакай азнав сохта шуда буд. Ҳол он ки ба комбинати хизмати маишӣ борҳо муроҷиат карда будам, азнавсозии онро рад карда буданд.

Пас аз ду сол системаи гармидиҳӣ, ки ба системаи шаҳрӣ пайваст буд, аз кор баромад, радиатор ва трубаҳо аз хунукии сахт кафида, корношоям шуданд. Дар ин бора ба мӯҳтарам А. Қаҳҳоров гузориш карда, масъаларо фаҳмондам. Он шахс гуфтанд, ягон муттахасиси соҳаро ёбед сметаи хароҷотро тайёр кунед ва чӣ қадар труба, радиатор ва ба он вобаста банду обрезҳоро нишон диҳед ва онро худатон назди мо гирифта оред.

Дар бадали як ҳафта ҳуҷҷатҳоро тайёр карда, ба шаҳри Душанбе рафтам ва бо А. Қаҳҳоров вохӯрда, ҳамаи ҳуҷҷатҳоро нишон додам. Он шахс ба ман чизе нагуфта, гӯшаки телефонро бардошта, салом Узбакбой, як хоҳиш ҳамин директори бойгонии Уротеппа наздатон меравад, кӯмак кунед. Пагоҳи рӯзи дигар ба Хуҷанд парвоз кардам ва соатҳои 10-и пагоҳ наздашон рафтам. Он шахс ҷонишини Раиси комиҷроияи вилояти Ленинобод, оид ба таъминот буданд.

Баъди ҳолу аҳвол пурсӣ ба ҳуҷҷат нигоҳ карда, гуфтанд:

– Ин маҳсулотҳои оҳанӣ, ки барои системаи гармидиҳӣ навишта омадед, яксола нақшаи вилоят аст. Хайр, агар Абдулаҳад Қаҳҳоров намегуфтанд, ман ин қадар мавод дода наметавонистам. Аз базаи дар Қайроқум буда, дар асоси ҳуҷҷатҳо ба мошини боркашони «Шаландра» бор карда барад. Моҳи ноябр буд. Бо сардории котиби дуюми комитети шаҳрии партия Клюкин штаби таъмир созмон дода, мутахассисони соҳаро гирд оварда, ба азнавсозии системаи гармидиҳии бойгонӣ шурӯъ карданд. Расо баъди ду моҳ 31 декабри соли 1978 тамоми системаи гармидиҳиро аз нав сохта, ба истифода доданд. Хурсандии кормандони бойгонии Уротеппа ҳадду канор надошт. Онҳо акнун бо гармии доимӣ таъмин шуда буданд.

Дар бадали 17 соли роҳбарии бахши бойгонии давлатии вилояти Ленинобод дар шаҳри Уротеппа буданам 10 сол дар зери роҳбарии Абдулаҳад Қаҳҳоров кор карда, даҳҳо китоб ва мақолаҳои таърихӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои дар бойгонӣ маҳфуз буда, навиштам. Ҳатто як китобам «Кратакий справочник по фондам филиала Государственного архива Ленинобадской области в г.Ура-Тюбе» дар намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР сазовори медали биринҷии намоишгоҳ гашта буд, ки дар байни бойгониҳои ҷумҳурӣ аввалин медали Намоишгоҳ ба ҳисоб мерафт. Ҳамаи ин пешравиҳоро устод хуб медонистанд ва боз бо роҳҳои гуногун кори роҳбарони филилалҳоро зери назорати доимӣ нигоҳ медоштанд. Он солҳо кор соати 09-00 оғоз ёфта, соати 18-00 ба поён мерасид. Бинобарин, боре устод расо соати 17-55 занг зада пурсон шуданд.

-Шумо кай ба кор меоед ва аз кор меравед?

Ман ҷавоб додам, доимо нимсоат пеш, яъне 8-30 дақиқа, ба кор омада, соатҳои 18-30 ё 19-00 аз кор меравам.

-Ҳа, ҳамин хел кор кунед, гуфтанд ва моҳе нагузашта дар ҷамъбасти соли 1980 бо медали «Отличник архивного дела СССР» маро мукофотониданд. Ин бароям шарафи бузург буд.

12 феврали соли 1984 хабари аз сактаи дил фавтидани Абдулаҳад Қаҳҳоров ба мо расид. Ҳаво гарм буд. Мо аз вилояти Ленинобод кормандони давлатии вилояти Ленинобод, хешу таборон, дӯстонашон ва мо кормандони бойгониҳои вилояти Ленинобод бо як тайёр соати 8-00 пагоҳӣ парвоз карда, соати 10-30 дақиқа ба ҳавлии устод расидем. Ба ҷанозаи устод аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳазорҳо одамон омада буданд.

Дар сари мазор гуфтанд, ки Абдулаҳад Қаҳҳоров ба аёдати духтарашон Назирахон рафта, аҳволи вазнини ӯро дида, ба сактаи дил гирифтор мешавад ва дилашон аз задан мемонад. Баъди ҷаноза мо боз ба ҳавлиашон омадем ва хабар доданд, ки дили духтарашон Назирахони олима низ аз тапидан мондааст.

Назирахонро рӯзи 13 феврали соли 1984, яъне бади як рӯзи фавти падар дар қабристони Сариосиё паҳлӯи падар дафн мекунанд.

Дар Донишномаи шаҳри Конибодом дар ҳаққи Абдулаҳад Қаҳҳоров мухтасар маълумот дода шудааст. Устод 17 апрели соли 1913 дар шаҳри Конибодом таваллуд шуда, 12 феврали соли 1984 дар синни 71 солагӣ бо ҳаёт падруд гуфтанд. Аз худ фарзандони нек ва асарҳои зиёди илмию сиёсӣ боқӣ гузоштанд. А. Қаҳҳоров дар фаъолияти кории худ бо 3 ордени Ленин, ордени «Револютсияи Октябр», се ордени «Байрақи сурхи меҳнат», ордени «Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ» (дараҷаҳои 1 ва 2) даҳҳо медалу ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд. Узви Бюрои КМПК Тоҷикистон, Депутати Советии Олии СССР (даъватҳои 5 ва 8) Депутати Советии Олии РСС (даъватҳои 2 ва 9) буданд.

Ба поси хотири устод Техникуми Технологии ш. Конибодом ба номи А. Қаҳҳоров, кӯчаҳо дар шаҳрҳои Душанбе ва Конибодом ба номи Устод гузошта шуданд.

Ба тахаллуси А. Тӯробӣ шеър ва достонҳои зиёде эҷод кардаанд. Руҳашон шод бошаду ҷояшон ҷаннат гашта бошад.

Сайфулло Маҳкамов,

рӯзноманигор, аълочии бойгоншиносии СССР

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь