Абдумаҷид Достиев, собиқ раиси Комиссияи оштии миллӣ ва сафири пешини Тоҷикистон дар Руссия дар мусоҳиба бо радиои “Озодӣ” дар арафаи ҷашнгирии иди “Ваҳдати миллӣ” изҳороти осебзада ва бемантиқи хешро баён доштааст.
Ӯ дар мусоҳибаи худ таъкид менамояд, ки ”касе чи коре кард, барои худаш кард. Барои ҷамъияту зану фарзандаш кард. Ҳеҷ кас миннат накунад. Рӯшан мегӯям, қишри ба балоғат расидаи давраи ҷанг ҳама гунаҳкоранд. Ҳеҷ кас бегуноҳ нест. Мо дар Теҳрон музокироти сулҳро оғоз карда, ба мусолиҳа расида будем”.
Аз матни суханронии А. Достиев бармеояд, ки мавсуф нисбат ба мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла фармондеҳони Гвардияи миллӣ ва собиқадорони Гвардияи миллии вилояти Кулоб туҳмати ошкоро баста, дар ин замина тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро дар ҷанги шаҳрвандӣ муҷрим ва гунаҳгор меҳисобад.
Чунин носипосӣ ва бешарафона мардуми шарифи Тоҷикистонро ба таври саросарӣ муҷрими ҷанги шаҳрвандӣ ҳисобидан аз рӯи инсоф ва адолати инсонӣ нест. Зеро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ беҳтарин фарзандони миллати тоҷик, сиёсатмадорҳои маъруф, мардони ватандӯст, ҷавонони бедордил, занону модарон, хоҳарону бародарон дар канори ҳам истода, пеши ин ҷанги хонумонсӯзро гирифтанд, онҳо дар ин ҷанг ягон саҳм надоштанд. Балки ин қишри ҷомеа барои ваҳдати миллӣ ва хомӯш намудани оташи ҷанги хонумонсӯз ҷони худро дар ин ҷода сипар намуданд.
Чигуна метавонад Абдумаҷид Достиев фатво диҳад, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ гунаҳгор мебошанд? Оё ин аз рӯи мантиқ аст ё аз рӯи ғараз? Дар пушти ин дасисакорӣ кадом мақсадҳо нуҳуфтаанд? А. Достиев чунин афкори ғаразолудро ба кадом хотир дар фазои иттилоотии байналмилалӣ интишор намудааст?
А. Достиев бо шарофати амнияти саросарии кишвар ва сулҳу субот беҳтарин хонаи истиқоматӣ ва шояд миллионҳо доллар захираи молӣ дорад. Чаро чунин афроди носипос гузаштаи наздики худро фаромӯш месозанд ва дар ин замина ба сӯи Ҳукумат ва давлату миллати худ санг мезананд?
А. Достиев ба ҷои сипосгузорӣ ва шукр намудан аз оромии ҷомеа ва пешрафту тараққиёти миллӣ, изҳори норозигӣ намуда, барои эҷоди ихтилофи дастаҷамъона ва нафратэҷодкунӣ нисбати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, ки “касе чӣ коре карда буд, барои худаш кард… Ҳеҷ кас миннат накунад”.
А. Достиев аз музокироти сулҳ дар шаҳри Теҳрон ёд намуда, аммо оид ба дигар нукоте, ки дар он кишварҳо раванди музокироти сулҳ шакл гирифта буд, аслан лаб накушодааст. Магар дар раванди музокироти сулҳ дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Федератсияи Россия ҷаласаҳои худро баргузор накарда буданд?
Бояд тазаккур дод, ки оғози сулҳи Тоҷикистон аз Афғонистон бо ташаббуси Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифтааст. Зеро дар давраи ҷанги хунини Афғонистон эшон наҳаросида тавассути чархбол сафар карда, дар зери тиру тӯпи аъзои гуруҳҳои моҷароҷӯ хишти сулҳро гузошта буд.
Ба мисли Достиев даҳҳо ҷавонмардони баору номуси миллат дар Комиссияи оштии миллӣ иштирок намудаанд, локин дар ягон ҷой онҳо худнамоӣ накарда, ҳатто ҳарфе нагуфтаанд. Достиев, ҷавонмардиро аз онҳо бояд омӯхт!
Ӯ дар идомаи мусоҳибаи хеш бо санги ҷаҳолат бар сари худ кӯфта, иқрор мешавад, ки “мо рӯзҳоеро дидем, ки беҳад талх буд. Фарзандон дар ҳар куҷо пинҳон мешуданд. Аз оғози нооромиҳо дар соли 1992 то охирин лаҳзаи мусолиҳаро нуқта ба нуқта дар ёд дорам ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад”.
Аз гуфтаҳои А. Достиев бармеояд, ки ӯ дар мавриди ҷанги шаҳрвандӣ ҳама ҳодиса ва воқеаҳои даҳшатборро фаромӯш насохтааст. Пас ӯ дар кадом асос дидаву дониста дурӯғ мегӯяд, чеҳраи пинҳон намудаи худро назди мардуми шарифи Тоҷикистон фош месозад?
Ӯ барои пуштибонии ИНОТ, аз ҷумла ТЭТ ҲНИТ изҳор доштааст, ки “ҳама сулҳ мехост, ҳама заҳмат мекашид. Комиссион дар асоси муҳлати муайян фаъолият дошт. Мо кӯшиш кардем, зуд масъалаҳоро ҳал кунем… Ҳама бо азми қавӣ хостори оромию субот буд”.
Аз ин гуфтори А. Достиев бармеояд, ки ӯ нисбат ба ИНОТ ва ТЭТ ҲНИТ муҳаббат ва самимияти худро ба таври пӯшида изҳор доштааст. Аммо ин дурӯягӣ ва макру фиреби муҳтарам А. Достиев назди оқилон ва фарзонагони илму дониш пӯшида нест. Агар А. Достиев мардонавор аз ТЭТ ҲНИТ бидуни пасипарда сухан гуфтан ҳимоят мекард, мо ба сафсатаҳои ӯ посух намегуфтем.
Абдумаҷид Достиев гуфтааст, ки “ин ҷашн (Ваҳдати миллӣ) якҷониба нест. Мо низ хидмат кардем, вале вақте даъват намекунанд, хафа намешавем. Чунки ҳамон рӯзҳо бо ҳамон даҳшатҳояш ҳарчи зудтар аз ёдҳо равад, беҳтар аст”.
Муҳтарам А. Достиев аз ҳасад ва бухли зиёд таъкид намудааст, ки ҷашни ваҳдати миллие, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ва роҳбарияти сиёсии кишвар онро ҷашн мегиранд, бояд ҳама қишрҳои ҷомеаро дар бар гирад, вале мутаассифона маро фаромӯш кардаанд.
А. Достиев дар охири мусоҳибааш худро бечораҳол ва ноумед аз зиндагӣ нишон дода, мегӯяд, ки “аз баҳри шеърнависӣ ҳам гузаштам. Дар замин гандум, пиёз ва бодиринг коридаам. Замини наздиҳавлигӣ ва ҷойи лимупарварӣ ҳам дорам…”.
Саволе ба миён меояд, ки чаро А. Достиев фаромӯш намудааст, ки бо шарофати қадрдонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои роҳбарикунандаи баланди давлатӣ ва сиёсии кишвар адои вазифа намуда, соҳиби беҳтарин зиндагӣ дар ин замонаи пур аз фитна гаштааст? Аммо дар пушти панҷараи пирӣ нишаста, ба сӯи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон санги маломат задан аз рӯи ҷавонмардӣ ва адолати иҷтимоӣ нест. Ӯ ишорат намудааст, ки аз баҳри шерънависӣ ҳам гузаштам. Ин эътирозоти ӯ чӣ маънӣ дошта бошад? Магар ӯ шоир ва нависанда буд? Магар девони шеъру ғазалиёти ӯро дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ягон хонанда медонад ё хондааст?
Мувофиқи таҳлилҳои донишмандон ва хулосабарориҳои аҳли қалам ҳар шоире, ки дар қалби худ муҳаббат ба сухан ва ғазал дорад, ҳаргиз аз навиштани шеър ва таҷассуми зебоиҳои зиндагӣ ва зинати табиат дар шеъру тарона даст намекашад. Шеър ҷон ва қудрати зиндагии ҳар як шоири банангу номус аст.
Мо собиқадорони Горди миллӣ чунин дурӯягӣ ва носипосии А. Достиевро нисбат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври қатъӣ маҳкум мекунем. Шоиста ва сазовор нест, ки нону намаки кишвари Тоҷикистонро хӯрда, ба дастархони миллат оби даҳон афшонем.
Полковник Иброҳим Исмоилов, командири Гвардияи миллии вилояти Кӯлоб ва як гуруҳ аз собиқадорони Гвардияи миллӣ