Ҳукумати Тоҷикистон як хушбахтии калони калон дорад: оппозитсияи имрӯзааш. То ҳамин оппозитсия ҳаст, дунё ҳама оромист.

Бо ҳамин ҷумла метавон суханро хотима дод. Аммо довар далел мехоҳад, мисол, намуна, баақлтаракҳо – исбот, муфассирон – фактчекинг…

Носеҳон (пешаи дӯстдоштаи рӯшанфикрони тоҷик) шӯр мебардоранд: ин чӣ гуна мешавад, ки оппозитсия бар зидди оппозитсия бархезад!?

Борҳо гуфтааму аз гуфтаи худ ношодам: хар ҳамону ресмон ҳамону харбон ҳамон. Маркаби ин оппозитсия ҷавмаст ва сахт нозук аст. Бори танқидро намебардорад. Ҳамин қадар нозук аст, ки пишакашро пишт гӯӣ, зуд ба ООН, ОБСЕ, ПАСЕ, МАССЕ, ҒАССЕ нома менависад ё флешмоб ба роҳ меандозад: “Вай дадом”, “Оҳ, ача”, “Эҳ, отааа”.

Маросими азо бо фотиҳахониву дуогӯӣ чун хотима ёфт, баъд фасли ҳамҳама сар мешавад. Роҳбари муаззам ва муҳтарами мухолифин ба мавъиза мепардозад: “Моро ҷаҳон мешиносад, моро сиёсатмадорони ҷаҳон на танҳо “бачаҳакои хуб” медонанд, балки бо мо даст ба даст салом мекунанд. Бовар намекунед, дастонамонро бӯ кунед, агар бӯи дастони Трамп, Хоманаӣ, Путин, Эрдуғон, Натаняҳу накунад, ҳарчӣ хоҳед, бигӯед. Агар боз бовар накунед, занталоқ мехӯрам».

Оппозитсия ба Аврупо кӯч баст, аммо ба гуфти худаш “урупоӣ” нагашт. Ҳамоне ки буд. Бо ҳамон ҷалу ҷул. Куртаю эзор нав шуду халос. Ҷои шакаробу қурутобро шаурма гирифт. Ба гуфти як Анҷела Девиси навруста, “о майн год”!

Як мисолак. Манзили ман дар Берлин дар сари як шоҳроҳ аст. Дар як ҳафта камаш 2-3 бор ин кӯча користон мешавад, ба дод меояд. Курдҳо бар зидди Эрдуғон, туркҳо ба тарафдории Эрдуғон, яҳудиҳо зидди Фаластин, фаластиниҳо зидди Исроил, тарафдорони никоҳи (номашро намедонам) мард бо мард ва зан бо зан, ҳомиёни ахта кардани гурбаҳои бомж…

Аз ҳама бештар мавзуи ин роҳпаймоиҳо ва гирдиҳамоиҳо бар зидди садри аъзами Олмон бону Меркел аст. Чиҳое дар борааш намегӯянд. Гоҳо дилам барояш месӯзад…

Мисолаке дигар: роҳбари ягон кишвар аз президенти Амрико то як вазири Эрон, аз сарвазири Британияи Кабир то шоҳи ягон кишваре дигар ба Берлин биёяд, ҳатман мухолифинаш сари ҷода ё назди бундестаг се-чор плакат ба даст меистанд ва “истеъфо” гӯён садо сар медиҳанд.

На ягон телевизион хабар месозад, на ягон рӯзнома репортаж менависад, на ҳатто ягон роҳгузаре аҳамият медиҳад. Барои мардуми Аврупо ин як амри маъмул аст, мисли қаҳваи бомдодӣ.

Аммо уштулуми мухолифини тоҷикро бубинед. Раис: “Аз ман дипломатҳои аврупоӣ пурсиданд, иҷозат медиҳед, ки президенти шумо ба кишвари мо биёяд?” (Воҳимая бинед!!! ). Аскарону афсарон: “Мо сюрпрайз дорем!”, “истиқболи гармро интизор бошед!”, “роҳҳоро мебандем!”, шиорҳо омода!”…

Абулвоҳимаҳои оппозитсия миллатро гӯл заданӣ мешаванд, гӯё Аврупо пуштибони онҳост. Дар боби муносибати аврупоиён ба мухолифини тоҷик бисёр намегӯям. Дар он рӯзҳое, ки тамоми “шаҳсаворон”-и оппозитсия дар Варшава дар конфронси ОБСЕ саҳнасозӣ ва худнамоӣ мекарданд, ҳукумати Полша як намояндаи мухолифинро бо ду дасти адаб ба Тоҷикистон депорт кард.

… Ҳукумати Эрон як оппозитсия дорад: созмони муҷоҳиддини халқ. Баъзе нишастҳояш бо иштироки вазирон, президентҳои собиқи кишварҳои ба истилоҳ мутамаддин, сенатору конгерессменҳо дар гаронтарин толорҳои Амрикову Аврупо мегузарад, ки дар он то 10 ҳазор мухолифон ҳозир мешаванд. Буҷаи якмоҳаи ин созмон шояд то 15 миллион доллар бошад. Аммо чил сол аст, ки ҳукумати Эрон барҷост ва он оппозитсия марсияи ғурбат месарояду айбнома мебофад.

Ҳол он ки, оппозитсияи Ҷумҳурии исломии Эрон шоҳ ва шоҳзодагон, аҳли дарбор, сарватмандон, нухбагон, ситорахои ҳунар ва илму адаб буданд. Аз они мо кӣ?

Илтимос, шумо напурседу ман нагӯям.

Шояд ҳазор кас ҳазор сабаби нокомии муҷоҳиддинро пеш меоварад. Аммо ман як сабабро мебинам: онҳо натавонистанд МУҲАББАТИ МАРДУМро ба даст оваранд. Худширинкунӣ ба амрикоиву аврупоӣ суде надорад, агар аспат аспи чӯбине бошад.

Ман, як нафаре, ки тамоми умр дар мухолифат будам, аз чунин оппозитсия гурезон бошам, аз халқ чӣ гила?

Ҳатман як нафар хоҳад пурсид: ҳазрати Додоҷон, агар шумо, ин қадар доно бошед, чаро муборизаи худатон ба ҷое нарасид?!

Посухи ман: ба гуфти бародарони масчоӣ, пеши потон садқа тақсири олам, ман дар тӯли ин ҳама солҳо панҷ ҳамсӯе дигар ба мисли Додоҷон Атовуллоев наёфтам. Дар ин сӣ сол ҳар касе меомад, аз генерал то сарвазирони собиқ, аз руҳониёни номвар то олигархҳо, аз як авбош то як муҷоҳид, аз як донишманд то бонуфузтарин муҳраҳои норозии ҳукумат, ду-се рӯз дар саф меистоду фирор мекард ё ба бозии худ мепардохт.

Худо ба ҳамроҳ!

Д. А.

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Тасаддуқат шавам Додо, ноёфтарафиқ дар ин ҷаҳон кист, бигӯ, Он кас ки рафиқёфта чун зист, бигӯ. Ту бад куниву бадон мукофот диҳанд, Пас фарқ миёни туву бад чист, бигӯ?!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь