Намедонам, ин касро ҷаноб гӯям, ё устод, ё муаллим, ё… Гоҳ мегӯямаш бародари азиз, гоҳе дӯсти арҷманд…
Ҷаноби Раҳнамо хулқу рафтори хоси ашрофия дорад ва беҳтарин сифоти ҳамидаи одамӣ… Ва ин хӯю хислатҳо дар гуфтугузор ва суҳбатҳояш барҷаста падидор мешаванд. Беҳуда Декарт нагуфта, ки хоҳӣ одамро хуб бишиносӣ, аввалтар аз рафтораш дар суҳбатҳояш бинишин, бипурсу бишунав, то он даме, ки хаста нагардад… Маҳз замоне, ки хаста шуд, ё изҳори хастагӣ кард, охирин андешаву хулосаҳояшро бишунав ва натиҷагирӣ бикун…
Ин усули Декарт аз ҷониби мо дар муносибат ба ҷаноби Абдуллоҳи Раҳнамо ба кор нарафт, ки нарафт: ӯ чӣ будани хастагиро намедонад, аслан хаста намешавад, ягон масъалае нест, ки перомуни он масъала андешаи худашро, маҳсули фикри худашро, таҳлилу баррасиҳои худашро надошта бошад…
Ӯ ба маънои томаш суханвар аст, суханвари воқеӣ: борҳову борҳо суханрониҳояшро, ки дар ҳама кунҷу канори интернет ҳаст, дар саҳифаи шахсиаш ҳаст, дидааму шунидаам ва итминон ҳосил кардаам, ки ӯ аз ҳар мавзуе сухан мегӯяд, дониста мегӯяд ва санҷида хулоса мекунад…
Дар замонаш Арастуи ҳаким ҳунари суханвариро ба илми алоҳида табдил дод: то даврони ин ҳаким суханварӣ ҳунаре аз ҷумлаи ҳунарҳо буд, мисли наққошӣ ё овозхониву рақсу рассомӣ. Ҳадафи суханварӣ бовар бахшидан ё эътимод бахшидан ба шунавандаҳо буд, бад-ин маъно, ки ҳар чизе сухангӯй мегӯяд, хоҳ рост бошаду хоҳ дурӯғ, шунаванда бояд ҷалбу ҷазб шавад, бовар кунад, ки гӯянда дуруст мегӯяд… Дигар муҳим набуд, ки дар таркиби он суханронӣ ҳақиқат ҳаст ё хайр…
Арасту ҳамин навъи суханвариро аз миён бурд ва эълом кард, ки агар дар таркиби сухан далелҳои эътимодбахш (дар пояи дониши илмӣ) набошад, он суханварӣ ҳеч аст, қурбе надорад…
Зиёда аз ин, Арастуи бузург суханвариро навъе аз қобилияти инсон гуфт, қобилияти дарёфти воситаҳо ва ҳамон воситаҳое, ки барои ба даст овардани дили шунавандаҳо муҳим ҳастанд ва онҳоро ба дурустиву ҳаққонияти гуфтори гӯянда моил мекунанд…
Хуб, сухан дар ин маврид зиёд аст ва кофист, он чӣ гуфтем.
Ошкоро аз ҷаноби Раҳнамо напурсидам (шармидам, ки мабодо имтиҳон гумон накунанд, ҳамон гуна, ки устод донишҷӯро мепурсад), аммо дилам, зеҳну шуурам гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ аз ҳама асосҳову аслҳои улуми суханварии Ғарбу Шарқ огаҳии комил дорад: агар огоҳ намебуд, ҳеч имкон надошт, ки наздики 70 ҳазор бинанда фақат як барномаи ӯро бубинад… Ё танҳо дар шарҳи ба қавли худашон, осонбаёни Суруди миллӣ беш аз панҷоҳ дақиқаро сарф кунад…
Ӯ гоҳ дар Ҳисор ҳасту гоҳе дар Сари Хосор, гоҳ дар Суғд ва гоҳе дар Бохтар, гоҳ дар Рашту гаҳе дар Бадахшон… Ва дар ҳама ҷо дар сари минбар аст ва дар ҳама ҷо суҳбаташ дар мавзуоти гуногун…
Дар масъалаи марзҳои воқеиву таърихии тоҷику қирғиз беҳтару боэтимодтар аз ӯ касе нагуфту нанавишт. Билохира, ӯ китобе ҳам чоп кард… Дар масоили беҳад муҳимми арзишҳои миллӣ ва торихи фарҳанги миллӣ силсилаи гуфторҳоро дар ҳар кунҷу канори кишвар ба мардум пешкаш кард ва гумон аст, ки захираи суханаш дар ин масъалаҳо ба поин расида бошад…
Фикр мекунам, ки банда тавону имкони ба мавзуъҳо ҷудо кардани гуфторҳои ин марди суханро, ё ба қавли дигар, таснифи он силсилагуфторҳоро надорам. Муҳаққиқи борикназару донишманде лозим, ки ин ҳамаро ҷобаҷо кунад ва осорномае таҳия созад…
Ҳоло суханро ба дигар сӯ мебарам, ба ҳодисаи ногаҳ рӯ ба рӯ шуданамон дар Иттифоқи нависандагон ва баъдан тақрибан ду соат суҳбате, ки ҳарду дар шароити орому осудаи пушти мизи ғизои нимарӯзӣ доштем…
Тасодуфан дар ошёнаи дуюми Иттифоқи адибон бо Абдуллоҳ вохӯрдам, баъд даромадем ба кабинаи Толиби Луқмон, сардабири ҳафтавори “Адабиёт ва санъат”. Толиб дар андешаи он буд, ки чӣ гуна адибонро водор кунад, то ба маҳалҳо, ноҳияву шаҳрҳо бираванд…
Пештар ин гуна ибтикорот вазифаи Бюрои тарғиби адабиёт (баъдан Маркази тарғиби адабиёт) буд… Ҳоло тамоми давуғеҷ ва такопӯйи ин марказ ба уҳдаи Абдуллоҳи Раҳнамост: як тани танҳо (ва гоҳ-гоҳе бо гурӯҳи адибон) дар ҳама гӯшаву канори мамлакат мегардад ва на фақат роҷеъ ба адабиёт, балки дар ҳама мавзуоти муҳимми рӯзгори кунунӣ минбардорӣ мекунад…
Вақте ки аз бинои Иттифоқ мебаромадем, Абдуллоҳи Раҳнамо навиди тозае гуфт: масъалаи ҳамчун ҷузъи таркибии Иттифоқи нависандагон эътироф шудани Маркази тарғиби адабиёт дар арафаи ҳал шудан аст, ҳама асноди лозим таҳия шудааст ва он рӯз дур нест, ки ин пешниҳод пазируфта шавад. Банда эҳсос кардам, ки дар ин гирудорҳо саҳми худи ҷаноби Раҳнамо бисёр аст, ҳарчанд аз ин хусус чизе намегӯяд…
…Суҳбатамон авҷ мегирад ва аввалтар аз мавзуе, ки банда сахт дӯсташ медорам, яъне аз озмуни “Фурӯғ” … Имсол дар озмуни шаҳрӣ (яъне чаҳор навоҳии пойтахт) ҷаноби Раҳнаморо раиси комисиюни баррасии арзу шикоятҳо таъйин карда будаанд ва он кас аз ҳамин кораш батафсил ҳикоят кард. Имсол беш аз 30 довталаб аз ҳар номинае шикоят кардаанд…
– Ба хулосае омадам, ки сабти ҳамаи он пурсупосҳоро бубинам ва бо ҳама норозиён суҳбат кунам, – гуфт ӯ.
– Ин қадар вақтро аз куҷо пайдо кардед?
– Дигар илоҷ набуд, гоҳе то соати 10-и шаб менишастам, гоҳе то соати 11… Хубии кор ҳамин, ки хонаам дар наздикӣ буд… Ахиран, ба натиҷае расидам, ки аз 30 каси норозӣ 12 нафараш бояд ба даври ниҳоӣ роҳхат бигиранд…
Ҳам ба раиси кулли озмун ва ҳам ба масъулини шаҳр ин хулосаамро гуфтам. Гуфтам, ки тартиби баргузории озмун, тарзи пурсидану муайян кардани натиҷаҳо дар баъзе ҳолатҳо вайрон шудааст… Шукр, ки гапам гузашт ва масъулин маро дастгирӣ карданд…
Мавзуи дигарамон ахлоқ ва ҳувияти миллӣ буд. Ин пораи суҳбат хеле тӯл кашид: ҳар чизе, ки мегуфтам, ӯ иловаҳо мекард ва ба ҳукми тасдиқ пораҳо аз шеърҳо мехонд… Банда мегуфтам аз Ғарб, ӯ ҳикоят мекард аз Шарқ… Ҳоло маҷолу тавони овардани он ҳама гуфтугӯҳоро надорам… Сухан дароз хоҳад шуд…
Абдуллоҳи Раҳнаморо кайҳо надида будам… Бори ахир, ҳамроҳ бо ӯву дӯсти дигари донишмандамон – Шералии Ризоён зимистон буд, ба фикрам, нишасте доштем… Баъди он мулоқот ҷаноби Раҳнамо аз сабаби набудани ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлабе навишта буданд…
Ҷаноби Раҳнамо аз сафарҳову гуфторҳову бардоштҳояш хеле кам мегӯяд, гӯиё ин ҳама корҳо барояш корҳои одиву муқаррарӣ бошанд… Шояд ҳамин тавр бошад? Бале, аммо муқаррариву одӣ танҳо барои шахсияти донишманд аст, зеро меъёри аввали суханварӣ дониш аст ва дувум, тарзи истифодаи дониш… Мисли он ки бисёриҳо ақл доранд, аммо дар истифодаи он оҷиз мемонанд…
Сирри барори корҳои ҷаноби Раҳнамо маҳз ҳамин аст: ҳам дониши фаровон дорад ва ҳам дар корбурди он дониш маҳорате мунҳасир ба фардаш…
Ҳамин фазилаташ ҳаст, ки ӯро дам ба дам ба ҳар ҷонибе даъват мекунанд… Гоҳ ба Суғду гоҳе ба Хатлон, гоҳ ба Ҳисору гоҳе ба Раштон… Дар ҳамин ду соате, ки якҷо суҳбат мекардем, ӯро ба коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд даъват карданд… Барои суҳбат дар Рӯзи забон… Бовар дорам, ки то сафар ба Хуҷанд боз ба чанд макони дигар сафар хоҳад кард…
…Афлотуни бузург мегуфт, ки умр кам асту корҳо бисёр. Хуш ба ҳоли он касе, ки умри азизро ба корҳои зарур сарф кунад…
Фикр мекунам, ки ҳамин гуфтори Афлотуни донишманд ба Раҳнамои донишманд бевосита дахл дорад.
Аз ин хулосаи беҳтаре ба ин навишторам наёфтам…
Ҳафиз РАҲМОН
„Всякий писатель, который становится под партийные знамёна, рано или поздно оказывается перед выбором — либо подчиниться, либо заткнуться.“ — Джордж Оруэлл