Интихоботи ҷанҷолбарангези Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба охир расид. Ҷо Байден бо дарёфти аксари овозҳо пирӯз элон шуд ва Доналд Тромп-президенти амалкунандаи Амрико, ки низ умед дошт бори дигар пирӯз мешавад ва ин кишвари абарқудрати оламро боз 4 соли дигар сарварӣ мекунад, ноком шуд. Ҷо Байден саргарми ташкили ҳукумати худ аст ва ба назар мерасад дигар парвои арзу шикояти трампиён надорад. Аммо Тромп рӯзи душанбе аввалин шикояти худро ба додгоҳ супурд. Президенти амалкунанда мегӯяд интихобот бо тақаллубҳои эҳсосшаванда доир шудааст ва ӯ натиҷаҳои онро намепазирад. Шикваҳои дигар дар роҳанд ва умуман Тромп ва ҷонибдоронаш мехоҳанд натиҷаҳои интихоботро аз тариқи додгоҳи олии ин кишвар лағв намоянд. Корест, ки дар гузашта собиқа надоштааст ва ҳоло Тромп мехоҳад бо эътироф накардани натиҷаҳои он масъаларо билохира додгоҳӣ кунад. Оё метавонад? Роҳи расидан ба ҳадаф барои Тромп осону содаву наздик аст ва ё дуру мушкилу печида?

Аввалан то ҳоло дақиқан маълум нест, ки Тромп аз кадом тақаллуб сухан меронад ва далелаш то куҷо мантиқист. Вай мегӯяд натиҷаҳоро дар ҳамаи иёлотҳо бекор хоҳад хонд, чун дар ҳамаи иёлотҳо аз назари ӯ тақаллуб сурат гирифтааст. Вале ҳоло далелҳои худро расонаӣ накардааст. Рӯзи аввале, ки Тромп эълон кард масъаларо додгоҳӣ мекунад, расонаҳо иттило доданд, ки ҷонибдоронаш дар ҷустуҷӯи ҳуқуқшиносони беҳтарине ҳастанд, ки қазияро тавонанд то додгоҳ расонанд. Ва ин аввалин мушкили Тромп аст. Тибқи риволи кор ва қонунҳои роиҷ онҳо метавнанд аввал шумориши овозҳо дар кулли иёлотро дубора ташкил кунанд ва баъдан натиҷаро ба Додгоҳи олӣ кашанд. Аммо таҳлилгарон мегӯянд маъмулан ин гуна даъвоҳо наметавонанд натиҷаи овоздиҳиро тағйир диҳанд. Ҳатто агар овозҳо бозшуморӣ шаванд. Тромп танҳо барои рафъи шубаҳоташ дар тақаллуб ҳангоми шумориши овозҳо метавонад ба додгоҳ муроҷиат кунад, вале ҳатто ин низ чандон боварибахшу умедворкунанда нест.

 Ҷо Байден кист?

78 сол дорад, зодаи шаҳри Скрантони иёлоти Пансилвания. Таҳсилкардаи мактаби Сент Елена дар Вилмингтон, дар Донишгоҳи Делавар дараҷаи бакалавриро дар соҳаи таърих ва илмҳои сиёсӣ ба даст овардааст. Соли  1968 Мактаби ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Сиракузаро дар иёлоти Ню – Йорк хатм карда, худи ҳамон сол доктори илм шудааст. Дар синни 30 – солагӣ Байден аз иёлоти Делавэр сенатор интихоб шуд. Аммо оғози фаъолияти сиёсии ӯ бо фоҷиаи хонаводагӣ оғоз шудааст. Дар арафаи Соли нави 1972, вақте ки Байден бори аввал ба Сенат интихоб шуд, зани аввалаш Нелия ва духтари яксолааш дар садамаи нақлиётие ҷон бохтанд. Пас аз чанд сол, Байден бо профессори англис Ҷилл Трейси Ҷейкобс издивоҷ кард, ки то ҳол бо ҳаманд.

36 соли сенаторӣ Байденро ба сиёсатмадори муваффақ табдил дод. Ҳатто замоне маҷаллаи машҳури “Time” ӯро ба рӯйхати 200 чеҳраи ояндасози ҷаҳон шомил карда буд.

Узви ҳизби демократ аст ва миёни  мардум бо хоксориву фурӯтанӣ оборӯ ёфтааст. Ҳамчун як сенатор, Байден муддати тӯлонӣ тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла бо қатораи барқӣ ба кор мерафтааст.

Байден ва Иттиҳоди Шӯравӣ

Моро чун собиқ шӯравиҳо бештар иртиботи ин сиёсатмадор бо Иттиҳоди Шӯравӣ ҷалб мекунад. Ҷо Байден аз нодир сенаторҳои амрикоист, ки даҳсолаҳо бо ҳукумати коммунистмаоби Иттиҳоди Шӯравӣ равуо доштаву дар таҳкими ҳамкориҳо миёни Москав ва Вашингтон нақш бозидааст. Ва чун имрӯз муносибат миёни Амрико ва Русия чун замони побарҷо будани Иттиҳоди Шӯравӣ бад асту беҳ нест, боз ҳам сайри таърихии ҳузури Байден дар ин гирудорҳои сиёсӣ мароқангез аст.

Чуноне ишора рафт, муддати чиҳил соли охир Ҷо Байден борҳо ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русияи имрӯза сафар кардаву дар таҳкими равобити Москаву Вашингтон дар давраҳои мухталиф нақши шоиста бозидааст.  Баъди пирӯзии вай дар интихобот ВВС таҳлили ҷолибе интишор дод ва саҳфаҳои алоқаманд ба Иттиҳоди Шӯравӣ ва Русияи Байденро мурур кард. Маълум шуд, ки ин сиёсатмадор борҳо вориди Москав шудаву бо шинохтатарин чеҳраҳои таърихии Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдан Русияи имрӯза дидору мулоқотҳо доштааст.

Аввалин сафараш ба Москав дар оғози солҳои 70-и асри гузашта иттифоқ уфтодааст. Тобистони соли 1979 бошад дар як ҳайати сенаторони амрикоӣ барои гуфтушунид сари коҳиши дуҷонибаи силоҳи ҳастаӣ дар доираи муоҳадаи ОСВ-2 ба СССР омадааст. Вай дар суҳбаташ бо New York Times 30 августи соли 1979 зикр намуда буд, ки намояндагони Иттиҳоди Шӯравӣ эҳтимолан бори аввал омодагии худ барои коҳиши силоҳи атомии худ ба истиқболи ташаббуси Амрико шитофтанд ва Кремл майл дорад, ки ин муоҳада амал кунад.

Моҳи марти соли 2011 Байден дар ҷараёни сафараш ба Москав дар мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Москав аз ҳамон сафараш ёд овард ва гуфт:

” Бори аввал ман ба Москав соли 1973 омада будам, вале тобистони соли 1979 президенти ИМА Ҷимми Картер аз ман хост, то сарпарастии ҳайати сенаторони кишварро дар муколама сари барномаи ОСВ-2 ба уҳда бигирам. Ман худ аз ҷонибдорони сарсахти ин муоҳада будам, вале баъзе сенаторон бо ин ҳуҷҷат ошно набуданд ва табиист, ки ба он нобоварона менигаристанд. Нуҳ нафари онҳо ҳамроҳи ман ба Русия омаданд. Мо дар рӯ ба рӯ бо худи Леонид Брежнев сари мизи музокарот нишастем. Аз тарафи рости вай вазири мудофиа Дмитрий Устинов ва аз тарафи чапи ӯ Раиси Шӯрои Вазирон Алексей Косигин менишастанд.

Бояд гуфт, ки он як давраи комилан дигар буд. Ман фикр мекунам раис Брежнев хеле ҷиддитар аз он буд, ки мо фикр мекардем. Вай бо узрхоҳӣ нишастро қабл аз вақт тарк кард ва раёсати ҷаласаро ба Косигин супурд, ки гуфт (ман ҳеч вақте ин суханонро фаромӯш намекунам): “Ҳоло ки  мо гуфтушуниди худро оғоз накардаем, сенатор, пас биёед якбора бигӯям, ки мо ба шумо ва шумо ба мо бовар намекунед. Ва ҳар кадоми мо сабабе ба ин нобоварӣ дорем”. Вай айнан чунин гуфт”.

Ҳатто дар расме, ки поинтар мебинед, Вазири корҳои хориҷии Иттиҳоди Шӯравӣ дар суҳбат бо ҳайати амрикоӣ бо як ҳисси нобоварона менигарад.

Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд. Ҷанг дар Чеченистон

Солҳо гузаштанд, Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд, дар харитаи олам ба ҷойи он абарқудрат 15 кишвари соҳибистиқлоли дигар пайдо шуд, ки қудратмандтарини онҳо Русия буд. Чун меросбари Шӯравӣ кулли сарватҳои асосӣ, аз ҷумла, силоҳҳои ҳастаӣ асосан ба ихтиёри Москав гузашт. Сиёсати Амрико боз ҳам ба Москав мутамарказ шуд, аммо ин бор ин кишвар на Иттиҳоди Шӯравӣ, балки Русия номида мешуд. Ва то кунун Москав барои Амрико ҳамоно як бурҷест, ки метавонад аз он гоҳ душман тарошад ва гоҳ дӯст. Душмании ин ду қудрати атомии олам возеҳтар аст, чун онҳо ҳамдигарро дар воқеъ чашми дид надоранд.

Соли 2001 Байден сарпарасти кумитаи сенат дар умури байналмилалӣ буд ва дар як ҷаласаи Сенат вай масъалаи ақалиятҳои миллӣ дар Русияро баррасӣ намуд ва ба назар мерасид таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷанги Чечен равона шуда буд. Дар ҳамин ҷаласа вай гуфт: “Ман муддати 29 сол аст, ки дар Сенати Амрико ҷаласа мегузаронам ва борҳо таъкид кардаам, ки барои ИМА доштани муносибати хуб бо Русия хеле муҳим аст. Дар Русия баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ хеле чизҳо тағйир карданд. Вале ба гумонам ҳамон муҳимияти равобити дуҷониба боқӣ мондааст”.

Байден дар як муколама аз дидораш ва суҳбаташ бо генерал Александр Лебед ин гуна ҳикоят кардааст: “Соли 1997 дар Москав бо генерал Лебед мулоқот доштам, генерале, ки ба миз мушт мезад ва хеле ҷиддӣ буд. Ман ҳеч гоҳе фаромӯш намекунам, ки дар бораи Чеченистон, ки анҷоми ҷанг дар ин кишвари кӯчакро ба вай супурда буданд, чӣ гуфта буд (айнан нест, вале тақрибан чунин буд ҳарфи генерал): “Барои ман фарқе намекунад, ки оё Чеченистон мустақил мешавад ва ё на. Ин бароям чандон муҳим нест”. Ӯ таҷрибаи ҷанг дар Афғонистонро дошт, марди ҳарбӣ буд, вале самимияти вай маро зери таъсир гирифта буд. Вақте аз назди ӯ мерафтам, дар ҳамин андеша будам: Барои ин генерал дар ҳақиқат фарқе надорад, ки оё Чеченистон мустақил мешавад ва ё на”.

 Идомаи равобит бо Русия. Тағйири тадриҷии дигоҳҳо

Байден муддате дар замони Барак Обама ноиби президент буд ва дар аввалин суханрониҳояш боз ҳам ба одӣ сохтани муносибатҳояш бо Русия таъкид карда буд. Як муддате, ки дар равобити байни ду кишвар истилоҳи “перезагрузка” (бозроҳандозӣ) истифода мешуд, дар як ҳамоиш Байден гуфта буд: “ИМА даъвоҳо дар бораи он, ки муваффақиятҳои НАТО бар зарари Русия мебошанд ва қудрати Русия боиси заъфи НАТО-ро, рад мекунад. Дар тӯли чанд соли охир мо тағйироти хатарнок дар муносибатҳои байни Русия ва аъзои иттифоқи худро мушоҳида кардем. Замоне расид, ки даст ба тугмаи перезагрузка барем ва ба самтҳое таваҷҷуҳ кунем, ки ду кишвар метавонанд робитаҳои мутақобилаи судманд дошта бошад. Ҳамкорони мо аз Русия борҳо дар бораи афзоиши хатари Толибон ва Ал-Қоида дар Афғонистон мегӯянд. Имрӯз НАТО ва Русия метавонанд дар ин самт бештар ҳамкорӣ кунанд”.

Аммо солҳои охир Байден яке аз мунтақидони сарсахти сиёсатҳои президенти Русия Владимир Путин буд. Соли 2014 вай дар суҳбаташ дар маҷаллаи New Yorker ба Путин ҳамлаи лафзӣ бурд ва аз сафараш ба Москав дар соли 2011 ёд кард, ки он замон Путин сарвазири ин кишвар буд. Вай гуфт: “Ман тарҷумоне доштам ва вақте вай (Путин) утоқи кории худро ба ман нишон медод, ман гуфтам: “Шигифтовар аст, капитализм чӣ коре метавонад анҷом диҳад, магар на? Утоқи басо зебост!” Вай хандид. Ман рӯямро ба сӯи вай гардондам ва гуфтам: “Ҷаноби Сарвазир, ман ба чашмони шумо менигарам ва фикр намекунам, ки шумо руҳ дошта бошед”. Вай ба ман нигарист, табассум кард ва гуфт: “Мо ҳамдигарро мефаҳмем”. Ана. Вай чи инсонест”.

Бо ин суханон Байден эҳтимолан мехост ба гуфтаи президенти 43-уми ИМА Ҷорҷ Уокер Буш посух диҳад, ки баъди мулоқоташ бо Путин дар Словения, ки ба чашмони сарвари Русия нигаристааст ва эҳсосашро ба хабаргузориҳо ин гуна иброз дошта буд: “тавонистам руҳи ӯро дарк кунам”.

Аммо Байден муносибаташро бо Русия баъди тағйири ҳукумат дар Украина ва ишғоли Қрим аз ҷониби Русия дигар кард ва дар чанд суханронӣ ва чанд мавриди ҷудогона ин иқдоми Москавро шадидан маҳкум намуд. Ҳамзамон бо ин вай пайваста ҷонибдориашро аз ҳукумати нав дар Украина эълон мекард ва ваъдаҳои кумакҳои молӣ медод. Дар мулоқоташ бо президенти Лаҳистон Доналд Туск, ки моҳи марти соли 2014 дар Варшава сурат гирифт, изҳор дошт: “13 кишвар аз 15 кишвари узви Шӯрои амнияти СММ ҳамапурсӣ дар Қримро ғайриқонунӣ эълон карданд. Ҳатто Чин ҳам ба қароре омад, ки аз он пуштибонӣ накунад ва дар ибрози назар ҳам худдорӣ намуд. Дар миён Русия танҳо монд. Ва ин баёнгари он аст, ки инзивоъи сиёсӣ ва иқтисодии Русия шиддат хоҳад гирифт, албатта, агар вай бо ҳамин роҳ меравад. Ва дар ҳақиқат ҳоло он дучори  таҳримҳои нав аз ҷониби ИМА ва Иттиҳоди Аврупо хоҳад шуд”.

Аммо мавзеъгирии Байден дар иртибот ба Русия торафт шадидтар мешуд. Моҳи декабри соли 2015 вай дар Радаи Украина суханронӣ кард ва гуфт:

“Дар асри XXI мо ба кишварҳо иҷозат нахоҳем дод зӯран марзҳоро тағйир диҳанд. Ин як қонуни асосӣ аст. Ва агар аз ин қонунҳо ақибнишинӣ кунем, пушаймон хоҳем шуд. Русия ин қонуни асосиро нақз кард ва ба нақзи онҳо идома медиҳад. Имрӯз Русия қаламрави Украинаро ишғол кардааст. Иҷозат диҳед комилан возеҳ бигӯям: Иёлоти Муттаҳида талоши Русия дар мавриди ба хоки худаш ҳамроҳ кардани Қримро эътироф намекунад ва ҳеч гоҳ эътироф нахоҳад кард. Дарки ин осон аст, ҳеч гоҳ наметавон ин рафторро ҳақ донист”.

Русия чун таҳдиди асосӣ барои ИМА

Дигар аз замони буҳрони Украина Байден оҳанги гуфторашро дар мавриди Русия нарм накард, ҳатто аз сол ба соли дигар ба таҳримҳои шадидтари Русия ишора мекард ва Маскавро таҳдиди ошкоре барои ИМА медонист. Ҳатто моҳи январи соли 2017 дар ҳамоиши Давос вай Маскавро ошкоро ба дахолат дар интихоботи ИМА муттаҳам намуд.

“Дар замони раёсати ҷумҳурии Путин Русия аз ҳар абзоре, ки муносиб бошад истифода мекунад, то тамоми дастовардҳои тарҳҳои Аврупоро тазъиф кунад. Бисёре аз кишварҳои аврупоӣ имсол интихобот мегузаронанд ва бояд талошҳои нави Русияро барои дахолат дар раванди густариши демократия интизор шавем. Ин бори дигар рух хоҳад дод, қавл медиҳам, ки чунин хоҳад шуд. Бори дигар далели он рушан хоҳад шуд: суқути назми байналмилалии либералӣ”.

Дар суҳбат бо Си-би-эс моҳи октябри соли 2020, ки Амрико дар авҷи талошҳои интихоботӣ ба сар мебурд, Байден бори дигар Русияро як хатари асосӣ барои кишвараш донист. Вай гуфт:

“Мане фикр мекунам таҳдиди асосӣ барои Амрико ва муттаҳидонаш ин Русия аст. Гузашта аз ин, ман гумон мекунам рақиби аслии мо Чин аст”.

Ба ҷойи хулоса

Албатта, пешбинии сиёсатҳо дар арсаи байналмилалӣ на ҳамеша дуруст мебароянд. Баъзан мухолифон баъди расидан ба қудрат масъулиятҳои бештаре барои сарнавишти кишварашон ҳисс мекунанд. Кӣ медонад, Байдене, ки ин муддатҳо ҷонибдори сиёсатҳои сахтгирона нисбат ба Русия буд, баъди расидан ба қудрат аз сиёсати нарм кор мегирад ё сахт. Ба ҳар ҳол ин яқин аст, ки дар ин чор соли оянда ҳам рақобату душманӣ миёни ин ду кишвар ба поён намерасад ва агар ҳатто сахттар нашавад ҳам, нармтар нахоҳад шуд.

Аммо ваъдаҳои Байден барои ояндаи ҳам кишвараш ва ҳам сиёсатҳои ҷаҳонӣ то ҷойе умедворкунандаанд. Вай ҳатто мегӯяд Амрико ба гуфтушунидҳои ҳастаӣ бо Эрон низ бармегардад.

Вақте мехостам ба ин гузориш нуқта гузорам, чашмам ба матлаби кутоҳе расид аз боби ваъдаҳои дохиливу хориҷии Ҷо Байден, ки боз ҳам фишурдатар ин ҷо меорам.

Ваъдаҳои Ҷо Байден дар сиёсати дохилӣ:

  • Бозгардонидани ИМА ба муоҳадаи Порис оид ба тағйири иқлим;
  • Татбиқи нақшаи мубориза бо тағйири иқлим ба ивази 2 трилион доллар, ки сабабгори он хоҳад шуд, ки Амрико то соли 2035 аз бахши азими партови газҳои гулхонаӣ раҳо ёбад;
  • Танҳо дар муҳлати аввал 700 миллиард доллар бояд барои харидории маҳсулоти амрикоӣ ва корҳои таҳқиқоти илмӣ бояд ҷудо карда шавад;
  • Мубориза бо нажодпарастӣ;
  • Афзоиш додани барномаи қабули муҳоҷирон.

 Ваъдаҳои Байден дар сиёсати хориҷӣ:

  • Коҳиши вобастагӣ аз воридоти коло аз Русия ва Чин.
  • Тамдиди муоҳадаи ИМА ва Русия – CHB-3.
  • Бозгашт ба муоҳадаи ҳастаии Эрон, агар Теҳрон ба ин майл розӣ бошад.
  • Кор бо ИА барои пуштибонӣ аз Белорусияи “комилан мустақил”.

Ф. Муҳаммад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь