Ҳафтаи гузашта дар пойтахти Литва нишасти Иттиҳоди Атлантикаи Шимолии НАТО баргузор гардид, аммо бар асоси натоиҷи ин нишаст посух ба суоли асосӣ – кай Украина ба узвияти НАТО пазируфта мешавад, дарёфт нашуд. Дар ин нишаст, умуман, изҳоротҳои баланд садо надоданд ва ягон тасмими ғайричашмдошт қабул карда нашуд. Аммо аз рӯи натиҷаҳои он ва стратегияи қабулшуда қатъиян маълум гардид, ки НАТО бо роҳи ҳарбӣ барои ҳукмронии ҷаҳонӣ мубориза бурда, ба «ҷанги сард» шурӯъ мекунад.
Муқовимати глобалӣ
Русия, дар баробари терроризм, ҳамчун таҳдиди асосӣ ба амнияти минтақаи Евроатлантикӣ эълон шудааст. Маҳз бо ҳамин далел НАТО стратегияи афзоиши ҳузури низомии худ дар наздикии марзҳои Русияро шарҳ медиҳад – 300 ҳазор низомии ин созмон дар марзҳои шарқӣ мустақар хоҳанд шуд. Ҳамзамон иштирокчиёни ин нишаст имконияти аз ҷониби аъзоёни созмон истифода шудани силоҳи ҳастаиро ҳамчун “аз эҳтимол хеле дур” арзёбӣ карданд.
Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва сармуҳаррири маҷаллаи тиҷоратии тоҷикии “Иқтисодчӣ” Фаридун Усмонов мегӯяд: “Воқеаҳое, ки имрӯз рух медиҳанд, аз эҳёи Иттиҳоди Атлантикии Шимолии НАТО шаҳодат медиҳанд. То ба наздикӣ дар бораи он, ки ба минтақаи Аврупо ягон чиз таҳдид намекунад ва дигар ба ин блоки ҳарбӣ зарурате нест, ва умуман мамлакатҳои аврупоӣ кайҳо боз хоҳиши тарки ин созмонро доранд, сару садоҳо ҷой доштанд. Дар ин бора матлабҳои зиёде ба нашр расида буданд. Аммо Русия дар тӯли 30 соли пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи худро бо кишварҳои аврупоӣ фаъолона густариш медиҳад. Байни Русия ва Олмон, ки як навъ давлати пешво дар Иттиҳоди Аврупо мебошад, ҳамкориҳо дар сатҳи баланд ташаккул ёфтаанд. Вале маҳз наздикшавии Русия бо Олмон ва Иттиҳоди Аврупо барои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сабаб гардид, ки вазъи муноқишавӣ эҷод кунад, то ин кишварҳо, бахусус Олмон, барои даҳсолаҳо дар бораи ҳамкорӣ бо Русия фаромӯш кунанд.
Ин мавқеъ ба таъмини амнияти минтақаи Евроатлантикӣ мусоидат намекунад, балки баръакс, сабаби мусаллаҳшавии иловагӣ гардида, ҷамъ шудани қувваҳои мусаллаҳ дар сарҳадҳо боиси ташаннуҷи вазъият мегардад.
Ҳамзамон маълум аст, ки ин қарорҳо дар Вашингтон қабул карда мешаванд ва мамлакатҳои Аврупо бояд аз рӯи ин дастурҳо амал кунанд. Ёдовар мешавем, ки ба НАТО дар қатори кишварҳои Америкаи Шимолӣ ва Иттиҳодияи Аврупо Туркия низ шомил аст, ки тайи 20 соли охир самти махсуси худро бо дарназардошти манфиатҳои миллии худ пеш гирифта, на ҳамаи қарорҳои НАТО-ро дастгирӣ мекунад. Дар натиҷа чунин вазъияти дугона ба назар мерасад: аз як тараф Туркия ҳамчун кишвари узви НАТО бояд қарорҳои қабулкардаи роҳбарияти ин созмонро риоя кунад, вале аз тарафи дигар Туркия бо дигар узви НАТО – Юнон ихтилоф ва муносибатҳои тезутунд дорад.
Иёлоти Муттаҳида ба таври якҷониба, қатъи назар аз тамоми механизмҳо ва ниҳодҳои дар дохили НАТО мавҷудбуда, ҳузури худро дар Сурия тақвият бахшида, ташкилотҳои алоҳидаи курдиро бо силоҳ таъмин мекунад, ки ин боиси нигаронии Туркия гардидааст.
Инчунин боз як далели муҳим: тӯли даҳсолаҳо барои кишварҳои узви НАТО меъёри махсус вуҷуд дорад – ҷудо кардани 2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳо ба буҷаи ин созмон, аммо дар асл аз 31 кишвари узви НАТО танҳо 11 кишвар ин меъёрро иҷро мекунанд.
Нақшаи “дифои НАТО аз Русия” шумораи нерӯҳои заминии ин созмонро дар саросари марзи Русия ва НАТО тақрибан 8 маротиба афзоиш медиҳад.
Дар асл асоси қувваҳои мусаллаҳи НАТО-ро низомиёни амрикоӣ ташкил медиҳанд, ва ин бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки кишварҳои аврупоӣ имрӯз қувваҳои мусаллаҳи ИМА-ро маблағгузорӣ мекунанд. Ин нуқта аксар вақт боиси норозигӣ мегардад, бинобар ин чандин маротиба изҳорот дар бораи зарурати таъсис додани як ташкилоти мусаллаҳи давлатҳои Аврупо садо додаанд. Ҷонибдори ашаддии ин ташаббус Фаронса аст, Олмон низ ба ин равиш муқобил нест, вале тавре мушоҳида мекунем, Амрико тавассути механизмҳои танзими дохилии НАТО талош дорад, то ягон ташкилоти ягонаи низомӣ дар дохили Иттиҳоди Аврупо бе иштироки ИМА ба вуҷуд наояд. Дар ин масъала ба ҷонибдории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кишварҳои начандон қудратманд баромад мекунанд, яъне кишварҳое, ки тоза аъзои Иттиҳоди Аврупо гардидаанд, ба монанди мамлакатҳои назди Балтика ва Полша, ки бо ҳар роҳ ба қарорҳои ташкил намудани қувваҳои мусаллаҳи мустақили Иттиҳоди Аврупо халал мерасонанд. Аз ин рӯ, айни ҳол ҳамчун таҳдиди асосӣ эълон шудани Русия дар нишасти НАТО танҳо аз оғози ҷанги сарди тӯлонии миёни Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дарак медиҳад, ки майдони асосии ин ҷанг минтақаи Аврупо гардида истодааст”.
Дар ҳамаи ин муқовиматҳо барои Украина нақши маводи масрафшаванда дар ҷанги гибридӣ бо Русия ҷудо карда шудааст. Дар ҷараёни нишаст кишварҳои НАТО ваъда доданд, ки ба Украина аслиҳа дастрас мекунанд, то “ғалабаи Украинаро дар майдони ҷанг” таъмин кунанд ва ба ин васила нияти мубориза бурдан бо Русияро “то охирин украинӣ” таъйид карданд. Чунин тасмими НАТО аллакай ба имкони ҳалли дипломатии низоъ мухолифат мекунад ва баръакс ба авҷ гирифтани он мусоидат мекунад.
Ба ақидаи коршиносон, Ғарб саъй хоҳад кард, то низоъ дар Украина тӯл кашад, то ин ки аввалан, Русияро заъиф созад ва дуввум, НАТО-ро аз абзори амалиётҳои низомии маҳаллӣ ба як механизми ҳукмронии умумиҷаҳонӣ – аввал дар Аврупо бар зидди Русия, ва баъдан дар Осиё бар зидди Хитой табдил диҳад.
«Кишварҳои НАТО вонамуд мекунанд, ки якҷоя амал мекунанд, вале дар айни замон дар байни онҳо ихтилофҳо ва номувофиқиҳои мухталиф, инчунин мавқеъҳои гуногун оид ба бисьёр масъалаҳо ҷой доранд». Коршинос Фаридун Усмонов
Манбаъҳо дар сарҳадҳои ҷанубии Русия
Дар мавриди Тоҷикистон бошад, дар шароити кунунӣ бояд дарк кард, ки чӣ тавре ки Украина дар марзҳои ғарбии Русия ба як нуқтаи доғ табдил ёфт, айнан ҳамин тавр кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар ҷануб метавонанд дар чунин ҳолат қарор гиранд. Зеро Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва иттифоқчиёнаш ба минтақаи мо пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ба ин тартиб, чархболҳои ҳамлагари артиши собиқ режими Ашраф Ғании Афғонистон ба ихтиёри мақомоти Душанбе дода шуда, таъминоти моддию техникии дигар низ расонида мешавад. Охири моҳи августи соли 2022 дар қаламрави Тоҷикистон машқҳои муштараки «Ҳамкории минтақавӣ-2022» таҳти фармондеҳии низомиёни амрикоӣ бо иштироки низомиёни Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Муғулистон ва Покистон гузаронида шуданд. Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар ин маврид ҳушдор дод: Кишварҳои ИДМ ба машқҳое, ки ИМА дар қаламрави онҳо мегузаронад, бояд эҳтиёткорона муносибат кунанд.
Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Мусаллам аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вазъияти Осиёи Марказиро пешакӣ фаъолона санҷида, пеш аз ҳама, саъй дорад бо Қазоқистон ва Қирғизистон чунин робитаҳои низомӣ барқарор кунад. Бахуссус дар Қирғизистон намояндагони низомиву ғайринизомии кишварҳои НАТО хеле зиёданд, ва тавассути ҳузури худ кишварҳои НАТО имрӯз кӯшиш доранд, ки Қирғизистонро ба баъзе барномаҳо ва сохторҳои худ ҷалб кунанд. Ин ҳамкории Қирғизистон бо кишварҳои НАТО ва Амрико, бешубҳа, метавонад ба вазъи амниятии Осиёи Марказӣ, бахусус дар робита бо ташаннуҷи вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таъсир расонад. Албатта, чунин ҳузур ва чунин робитаҳо номатлубанд. Мо борҳо изҳороти роҳбарияти Қирғизистонро шунидаем, ки ин кишвар бо Ҷумҳурии Туркия ҳамкориҳои низомиро густариш медиҳад. Ҳарчанд Туркия дар ин робита ҳамчун кишвари ҷаҳони туркӣ ном бурда мешавад, вале набояд фаромӯш кард, ки Туркия узви НАТО мебошад ва ин ҳамкориҳои ҳарбиро метавон ҳамчун ҳамкорӣ бо НАТО арзёбӣ кард.
Бо дарназардошти он, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ асосан аъзоёни ИДМ, СҲШ ва СПАД мебошанд, маълум аст, ки робитаҳои низомии кишварҳои мо бо НАТО номатлубанд, зеро имрӯз блоки НАТО ҳамчун хатари асосӣ ба ҳамаи кишварҳои узви иттиҳодияҳое, ки дар он Федератсияи Русия нақши фаъол дорад, маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар ин ҷо метавон бо боварии комил гуфт, ки ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ, новобаста аз он, ки кадом кишвар аст, дар масъалаи ҳамкории низомӣ бо кишварҳои НАТО бояд бодиққат бошад».
Дар мавриди таъмини амният дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бояд ёдовар шуд, ки имрӯз масъалаи Афғонистон низ ҳамчун таҳдиди асосӣ барои минтақа боқӣ мемонад. Аммо имрӯз Русия, бо дарназардошти амнияти минтақа, аз ҷумла дар доираи СПАД ва ҳамчун кафили амният, воқеан дастгирӣ мекунад. Дар шароити бесуботӣ ва таҳдидҳо ба марзи Тоҷикистону Афғонистон, пойгоҳи низомии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар аст, муҳимтарин василаи таъмини амнияти ин кишвар маҳсуб меёбад. Зиёда аз ин, Русия дар омода кардани мутахассисон барои нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон саҳм мегузорад, дар 7 соли охир таҳти роҳбарии низомиёни рус аллакай беш аз 6 ҳазор низомиёни тоҷик омода карда шуданд.
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО дар нишасти Вилнюс изҳор дошт, ки созмон аз соли 2014 инҷониб артиши Украинаро ба ҷанг бо Русия омода мекунад. Қаблан роҳбарони ғарбӣ (А.Меркел, Ф.Олланд ва дигарон) иқрор шуданд, ки созишномаҳои Минскро иҷро карданӣ набуданд ва онро танҳо барои таҳкими қувваҳои мусаллаҳи Украина ва таъмин кардани ин қувваҳо бо аслиҳаи Ғарб истифода мебурданд.
Бо вуҷуди он, ки Русия имрӯз маҷбур аст барои ҳалли масъалаи Украина маблағҳои ҳангуфт сарф кунад, ин кишвар ӯҳдадориҳои худро дар соҳаи низомӣ дар назди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳампаймон иҷро мекунад. Ҳамин тариқ, моҳи апрели соли ҷорӣ дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон дар наздикии марзи Афғонистон машқҳои муштараки низомиёни Русия ва Тоҷикистон баргузор гардиданд. Онҳо масъалаҳои гузаронидани амалиётҳои ҷангӣ оид ба муҳосира ва нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин гузаронидани амалиётҳои ҷангӣ оид ба барқарорсозии сарҳади давлатиро баррасӣ намуданд.
Коршинос Фаридун Усмонов мегӯяд: “Афғонистон имрӯз мабдаи асосии бесуботӣ барои минтақаи мост ва аз ин рӯ, ҳар гуна ташдид дар ин кишвар бешубҳа ба амнияти Тоҷикистон низ асар хоҳад гузошт. Пас аз он ки ИМА ва НАТО 2 сол пеш Афғонистонро тарк карданд, кишварҳои ғарбӣ дигар ба сарнавишти ин кишвар чандон таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд – онро фаромӯш карданд, яъне дар минтақа чунин омили бесуботӣ эҷод карда, онро оромона тарк карданд.
Имрӯз маълум аст, ки Афғонистон, ки дар иҳотаи кишварҳои СҲШ қарор дорад, ба як мушкили дохилии ин созмон табдил ёфтааст – дар даҳсолаи наздик онҳо бояд масъалаи амният дар Афғонистонро ҳал кунанд ва гузариши ҳамвори онро аз як кишвари париаҳӣ, ки як макони бесуботӣ дар минтақа аст, ба як кишвари муътадиле, ки дар он мақомот ва ниҳодҳои сиёсии зарурӣ амал мекунанд, даргириҳои низомӣ ва амалҳои террористӣ пурра қатъ гардида, мушкилотҳои иҷтимоии ҷомеа ҳалли худро ёфтаанд, ва халқи афғон ба ҳаёти осоишта оғоз кардааст, анҷом диҳанд.
Коршиносон: дар 70% кишварҳои ҷаҳон ҳузури низомии ИМА ба назар мерасад, акнун Амрико мехоҳад қувваҳои худро дар Осиёи Марказӣ низ ҷойгир кунад.
Бале, ин гузариш барои миллионҳо шаҳрвандони Афғонистон осон нахоҳад буд, аммо мутаассифона, ин раванд ногузир аст. Барои зудтар ба он гузаштан, кишварҳои СҲШ бояд якҷоя бо дастгирии ҳамдигар нақшаи гузариши тадриҷии Афғонистонро таҳия кунанд, ки тавассути он ҳама кишварҳо аз ҳамкорӣ бо Афғонистон, ҳам ба таври якҷониба ва ҳам дар доираи СҲШ, баҳра бардошта, тавонанд дар ин кишвар тартиботу оромӣ ҷорӣ кунанд, то дигар ҳеҷ гоҳ дар ин кишвар ва тамоми минтақа садои тир баланд нашавад ва ҷангу низоъҳо ба вуқӯъ наоянд, то дар сарҳадҳои мо ҳеҷ гоҳ қувваҳои мусаллаҳи ҳарбии ба мо душман ҷойгир набошанд. Аз ин рӯ, ҳамаи кишварҳои моро зарур аст, ки дар ин масъала ҳамкорӣ кунанд».