5 декабри соли 1991 дар шаҳри Маскав дар арафаи суқути империяи Иттиҳоди Шӯравӣ воқеае рух дод, ки дар таърихи башар назир надошт.
Дар ин рӯз раиси Шӯрои байниҷумҳуриявии амният (то чанд муддат пеш Комитети бехатарии давлатӣ ё КГБ) Вадим Бакатин ба сафири Амрико дар Иттиҳоди Шӯравӣ Страусс Тэлбот дар ҳаҷми 70 саҳифа нақшаи дастгоҳҳои махфиро, ки дар сафорати Амрико дар Маскав насб шуда буданд, супорид.
Солҳо баъд Бакатин барои сафед кардани худ борҳо расман изҳор дошт, ки системаи гӯшкунии сафорати Амрико дар Иттиҳоди Шӯравӣ кайҳо куҳна ва ифшо шуда буд, аз ин рӯ, зарурати махфӣ нигоҳ доштани нақшаи он вуҷуд надошт.
Ҳамчунин, ӯ зикр мекунад, ки ин кор ба хотири ба эътидол овардани вазъият миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сурат гирифта буд, аз ин рӯ президентони ИҶШС М.Горбачёв ва Русия Б. Елтсин ба ӯ супориш дода буданд, ки ба ин кор даст занад.
Хиёнати бесобиқа
Аммо туҳфа воқеан ҳам туҳфаи беназир буд, зеро Вашингтон ҳанӯз дар миёнаҳои солҳои 80-уми асри гузашта иттилоъ ёфта буд, ки бинои сафораташ, ки ҳоло анҷом наёфта буд, аз ҷониби кормандони КГБ-и Иттиҳоди Шӯравӣ тавассути дастгоҳҳои махсуси дар деворҳо насбшуда гӯш мешавад.
Ҳукумати Амрико 17 августи соли 1985 тасмим гирифт, ки сохтмони бинои мазкурро қатъ кунад. Баъдан, рӯзи 28-уми октябри соли 1988 президент Роналд Рейган фармон баровард, ки ин бино тахриб карда шавад, аммо ин фармон бо сабабҳои номаълум татбиқ нагардид.
Ба дунболи фармони Рейган Конгресс қарор кард, ки барои сохтмони нави бинои сафорат дар Иттиҳоди Шӯравӣ 300 миллион доллар ҷудо шавад.
Қарори мазкури Конгресси Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба истифодаи бинои сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар минтақаи Маунт-Алтои шаҳри Вашингтон акнун ба анҷом расида буд, иҷоза намедод.
Ҳамин тариқ, ҷониби Амрико тасмим гирифт, ки ҷосусии технологии Иттиҳоди Шӯравиро дар сафораташ дар Маскав истифода бурда, ҳангома барпо намуда, сипас онро ба суди худ истифода барад.
Ба иборати дигар, Кохи сафед бо роҳҳои дипломатӣ ба Кремл паём дод, ки ният дорад аз болои Иттиҳоди Шӯравӣ ба додгоҳи байналмилалӣ муроҷиат намуда, ҳамчун ҷуброн 300 миллион доллар талаб кунад.
Ин ҳамон маблағе буд, ки барои сохтмони бинои нави сафорати Амрико дар Иттиҳоди Шӯравӣ зарур буд, аммо Кремл низ ишора кард, ки агар Вашингтон ба додгоҳи байналмилалӣ муроҷиат кунад, Маскав аз болои Амрико ба ин додгоҳ шикоят мебарад.
Аммо ҷуброне, ки Кремл талаб мекард, хеле зиёдтар аз товоне буд, ки амрикоиҳо талаб доштанд. То ин замон дар Кохи сафед, ки КГБ кайҳо боз аз насби дастгоҳҳои махфии гӯшкунӣ ва нақби дар зери сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Вашингтон кандаи FBI ё чунон ки ба забони русӣ мегӯянд -ФБР бохабар аст.
Хабари кандани нақб ва дар он насб кардани системаи гӯшкуниро дар зери бинои сафорат корманди Созмони ҷосусии Амрико Хансен, ки чанд сол боз ба нафъи КГБ кор мекард, иттилоъ дода буд.
Яке аз масъулони Раёсати техникии КГБ –и Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 80-уми асри ХХ генерал Красовский дар ин иртибот мегӯяд, ки Амрико ба ҳеҷ ваҷҳ ҳозир набуд, ки ба додгоҳи байналмилалӣ муроҷиат кунад, зеро ба нафъи худаш набуд ва сабабаш ин буд, ки амрикоиҳо фақат иттилоъ доштанд, ки дар сафораташон дастгоҳҳои гӯшкунӣ насб шудааст, аммо ҳеҷ далеле барои исботи ин даъво надоштанд.
Ба қавли номбурда, ҳама чизе, ки амрикоиҳо ба додгоҳ ба ҳайси далели шаъйӣ пешниҳод карда метавонистанд, чанд оҳанчаеро, ки дар натиҷаи шикастани деворҳои сафорат пайдо карда буданд, пешниҳод мекарданд, аммо барои чӣ гуна истифода бурдани ин оҳанчаҳо ягон далели дурусте надоштанд
Пешниҳод кардани ин оҳанчаҳои номаълум ба додгоҳи байналмилалӣ боиси он мегардид, ки тамоми расонаҳои Иёлоти муттаҳида ба ҳоли FBI ва Созмони ҷосусии Амрико механдиданд.
Аммо шӯравиҳо баракси рақибони худ тамоми далелҳои шаъйиро доштанд, зеро кормандони бахши амнияти бинои нави сафорат дар Вашингтон садҳо элементҳои системаи гӯшкуниро пайдо карда буданд.
Биноҳои сухангӯ
Масъалаи сохтмони бинои нави сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Вашингтон ва сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Маскав нахустин бор дар соли 1969 баррасӣ гардид, аммо амалан ҷонибҳо дар соли 1976 ба мувофиқа расиданд.
Ҳукумати Амрико 192 миллион доллар ҷудо кард ва баъди анҷоми корҳои лоиҳавӣ дар соли 1979 сохтмони бинои нави сафорат дар Маскав шуруъ шуд. Дар ҳамин давра сохтмони бинои нави Иттиҳоди Шӯравӣ дар Вашингтон сар шуд, аммо Маскав маблағи умумии ихтисосдодаи худро барои ин иншоот эълон накард.
Тиқби мувофиқа, тамоми маводи сохтмонӣ, дару тирезаҳо, лифтҳо ва ғайраро ҷонибҳо метавонистанд аз дилхоҳ кишвар харанд. Аз ин истифода бурда, кормандони КГБ финҳоро, ки барои бинои сафорати Амрико дар Маскав хишт мепӯхтанд, истифода бурданд.
То ҳол маълум нест, ки барои “харидан”-и финҳо Маскав чӣ қадар маблағ масраф карда буд. Танҳо ҳамин маълум аст, ки финҳо аз уҳдаи ин кор бо муваффақият баромада, дар даруни хиштҳо асбобҳои гӯшкуниро ҷо дода, ба онҳо осебе нарасонданд.
Ихтироъкори асосии ин система фориғ-ут-таҳсили Институти электротехникии шаҳри Ленинград ба номи В.И.Ленин Вячеслав Асташин буд.
В.Асташинро баъди хатми институти мазкур соли 1969 ҳамчун донишҷӯи боистеъдод дар институт монданд ва ӯ фаъолияти кори худро аз кафедраи акустика шуруъ намуд. Кори илмии ӯ таҳқиқи нурҳои ултрабунафш ва инфрасурх буд.
Аммо фаъолияти В.Асташин дар Институти электротехникии шаҳри Ленинград зиёд давом накард, зеро ӯро ба зудӣ барои идомаи фаъолияти меҳнатӣ ба КГБ даъват карданд.
Мавсуф ҳанӯз замони таҳсил ҳамчун донишҷӯи ихтироъкор таваҷҷуҳи кормандони ин созмонро ба худ ҷалб карда буд, ҳарчанд худаш дар ин маврид иттилоъ надошт.
Чунон ки Вадим Асташин дар китоби хотироташ роҷеъ ба бародараш менависад, Вячеславро дар системаи КГБ ба гуруҳи таҳқиқотие шомил карданд, ки ба такмили системаи махфии гӯшкунӣ сарукор дошт.
Азбаски В.Асташин дар муддати кӯтоҳ ба дастовардҳои ҷиддӣ ноил шуд, 2 сол баъд ӯро роҳбари ҳамин шуъба таъин карданд. Соли 1979 вақте ки сохтмони бинои сафорати Амрико дар Маскав шуруъ гардид, системаи гӯшкунии В.Асташин аллакай тайёр шуда буд.
Муҳимтарин дастовард ва ё навгонии системаи В.Асташин дар он буд, ки нақши дастгоҳи гӯшкуниро худи маводи сохтмонӣ ва конструксияи бино иҷро мекарданд, аз ин рӯ, муайян кардани ҷои интиқоли иттиллоот номумкин буд.
Дастгоҳҳои хурди гӯшкунӣ дар панелҳои бетонӣ ҷой дода шуда буданд ва хусусияти асосии онҳо ин буд, ки ба андозаи сари сӯзан андоза доштанд, бинобар ин, кормандони бахши амнияти бинои сафорати Амрико, ки чандтои онро дар натиҷаи шикастани хиштҳо пайдо карда буданд, партов ё чизи бекорае ҳисоб намуданд.
Чунин «партов»-ҳои ба шакли пуфакча, кубикча, чӯбча ва ғ. дар даруни хиштҳои дар Финляндия тайёркардашуда ба ҳазорҳо мерасид.
Ин дастгоҳҳо зарядро аз вибратсия, сиркулятсия ва буғи оби гарм мегирифтанд ва ин беҳтарин ва такмилёфтатарин системаи гӯшкунӣ дар солҳои 80-ум дар тамоми ҷаҳон ҳисоб меёфт.
Ҷолиб ин буд, ки барои истифода бурдани системаи нави гӯшкунии сафорати Амрико, ки рақиби асосии Иттиҳоди Шӯравӣ дар даврони ҷанги сард ҳисоб меёфт, Бюрои сиёсии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ иҷоза медиҳад.
Ҳамин тариқ, сафорати нави Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар дили империяи шӯравӣ ба як микрофони бузург мубаддал мешавад, зеро кормандони КГБ тамоми гапҳоро бидуни кадом монеае гӯш мекарданд.
Ҳатто вақте ки томографияи компютерӣ пайдо шуд, амрикоиҳо кӯшиш карданд, ки тавассути он дастгоҳҳои гӯшкунии сафораташонро дар Маскав, ки аз ҷониби кормандони КГБ насб шуда буд, пайдо кунанд, аммо ин ҳам фоида накард.
Томографияи компютерӣ фақат баъзе элементҳои системаи гӯшкуниро ёфт, аммо тамоми схемаро амрикоиҳо на пайдо карда тавонистанд на кашф карда. Ба онҳо ҳатто муяссар нашуд тарзи кори ин системаро фаҳманд.
Технологияҳои нав ва рушди ҷосусӣ
Дар арафаи супурдани схемаи системаи гӯшкунии сафорати Амрико дар Маскав подполковник В.Асташин ба истеъфо баромад. Вақте ки ӯ аз хиёнати В.Бакатин иттилоъ ёфт, ба ҳолати шок афтид.
Ба ҳолати бади саломатии худ нигоҳ накарда, ҳозир нашуд, ки ба духтурҳо муроҷиат кунад, ӯ дору ҳам намехӯрд. Ва нафақае, ки В. Асташини 50 сола мегирифт, ӯро ба як нафари қашшоқ мубаддал карда буд.
Аз ин ҳолати бади равонӣ ва «падари системаи гӯшкунӣ» -и» сафорати Иёлоти Муттаҳида иттилоъ ёфта, охири соли 1992 ду нафар корманди консулгарии ин ниҳоди дипломатӣ, ки бешак афсарони Созмони ҷосусии Амрико буданд, ба хонаи В.Асташин омаданд.
Дар рафти суҳбат онҳо пешниҳод карданд, ки собиқ подполковники КГБ ба Амрико кӯч бандад, зеро дар яке аз донишгоҳҳо ӯро ба кор мегиранд ва Асташин кафедра таъсис дода, мудир мешаваду 50 фоизи кормандонро худаш интихоб мекунаду 50 фоизи дигарашро ҷониби мизбон.
Ӯ хуб дарк мекард, ки барои амрикоиҳо дигар схемаи системаи гӯшкунии сафораташон дар Маскав муҳим нест, зеро баъди хиёнати В.Бакатин ҳама чизро медонистанд. Аз ин рӯ, онҳо мехоҳанд барои ӯ тамоми шароит муҳайё намуда, потенсиали зеҳнии ӯро барои ихтироъҳои нав, ки бидуни шак алайҳи Русия истифода мебаранд, истифода баранд.
В.Асташин меҳмонҳои нохондаро аз дар берун карда, гуфт, ки «ӯ ватанро намефурӯшад».
Баъди марги подпоклвник Асташин Кремл ва Кохи сафед дар мавриди истифодаи сафоратҳояшон ба мувофиқа расиданд ва Амрико бинои ба анҷомнарасидаи худро тамом карду кормандонаш ба онҷо кӯчиданд.
Кормандони сафорати Русия дар соли 1999 бинои нави сафораташонро мавриди истифода қарор доданд.
Ҷолиб ин аст, ки дар ибтидои асри наву ҳазорсолаи нав дигар технологияҳои иттилоотӣ он қадар рушд карда буданд, ки гӯшкунии на танҳо сафоратҳо, балки сарони давлатҳо ба як кори муқаррарӣ мубаддал мегардид.
Аммо сарфи назар аз рушди технологияҳо барои истифодаи босамари онҳо дар фаъолияти ҷосусӣ боз ҳам халлоқияти инсон омили асосии будааст ва кореро, ки дар даҳаи дуюми асри 21 хитоиҳо карданд, дар таърихи башар назир надошт.
Нуралӣ ДАВЛАТОВ