Бахши аввал
Пешгуфтори мавзуъ.Пеш аз оғози шарҳи мавзуъ тасмим дорам, ба гуфти устод Рӯдакӣ, аз як “таҷрибаи рӯзгор” (лайфҳак) ёдовар шавам, ки ҳадафи аслии ин бахши ёддошт ва баъзе андешаҳои дар зер меовардаамро равшан мекунад.
Тавре дар боло навиштам, ҳамаи мо- иштирокдорони IVLP аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бегоҳ ба пойтахти Амрико расидем. Баъди дар меҳмонхона ҷо ба ҷо шудану як бурда нон хӯрдан, бо дӯстам Руслан Изимов, ки яке аз чиншиносони хуби Қазоқистон аст, ба сайри шабона баромадем. Руслан соле пеш ба Вошингтон омода буд ва ҷойҳои дидании шаҳрро нағз медонист. Аз меҳмонхона берун шуда, ба самти чапи хиёбони Пенсилвания равон шудем. Вақте дар шаҳри бегона ду дӯсту ҳамкасб қадам мезананад, табиист, ки атрофи мавзуҳои пажуҳишӣ суҳбат мекунанд. Сабаби ёдоварии ин гаштугузор дар он аст, ки каме дуртар аз меҳмонхона дукони китобфурӯшиеро дидем ва дар пеши тирезаи он китобҳоро ба намоиш гузошта буданд. Ҳарду ба тамошои китобҳо пардохтем. Руслан яке аз китобҳоро дид ва тасмим гирифт, ки рӯзона омода онро мехарад. Ба гуфтаи Руслан китоби “Бозии тӯлонӣ: роҳбурди бузурги Чин барои тангкунии назми амрикоӣ (The Long Game: China’s Grand Strategy to Displace American Order)” чанд сол пеш аз ҷониби чиншиноси амрикоӣ Раш Дошӣ (Rush Doshi) навишта шудааст ва аксари андешаҳое, ки муаллиф дар асари худ меорад, баъдан ба рӯйкарди амалии Амрико нисбат ба Чин табдил меёбад. Руслан боз таъкид ҳам кард, ки навиштаҳои пажуҳишгарону таҳлилгарони амрикоиро бояд ҷиддӣ гирифт, чун эҳтимол дорад, баъди гузашти фурсате аз андеша ба сиёсати барҳол табдил ёбанд…
***
Вақти будубош дар Амрико ва дидору мубодилаи афкор бо пажуҳишгарони амрикоӣ фурсат фароҳам омад, ки перомуни сиёсати Вошингтон дар самти кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ривоятҳои нав ошно шавам. Гӯяндаҳо бештар аз рӯйи дидгоҳу хостаҳои кишвари худ ҳарф мезаданд. Агар касе аз пажуҳишгарону таҳлилгарони Осиёи Марказӣ ҳарфҳои онҳоро, ҳамчун андешаи коршиносони амрикоӣ ба забон меовард, шояд бисёриҳо дар ҷойҳои мо бовар намекарданд. Дар он сӯйи уқёнус мо бо се гурӯҳи ҳамсуҳбатон рӯ ба рӯ шудем, ки перомуни сиёсат ва рӯйкарди Амрико дар самти Осиёи Марказӣ ҳарф заданд. Ногуфта намонад, ки чунин гурӯҳбандии ҳамсуҳбатонро метавонистам дар мавриди муносибати Амрико нисбат ба Чин низ истифода кунам. Ин корро накардам, чун ба назарам бозкушойии рӯйкарди муосири Амрико перомуни минтақаи мо бароямон муҳимтар аст (дар идома назарамро равшан навиштаам). Чун ворид гардидани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба баҳсу рақобати калони геополитикии Амрикою Чин ба ғайр аз зарар чизеро ба бор намеорад. Инак, ҳамсуҳбатони амрикоиро тафсир мекунам:
Гурӯҳи якум, кормандони расмии ниҳодҳои ҳукуматии Амрико, ки танҳо перомуни рӯзномаи мавҷуда, масъалаҳо ва дурнамои ҳамкориҳо суҳбат карданд. Вижагии гуфтори онҳо дар он буд, ки каме пардапӯшона бо риояи назокатҳои дипломатӣ ҳарф мезаданд ва бештар ба ривоятҳои мусбат, дурнамо ва интизориҳои эҳтимолии некбинона таъкид мекарданд.
Гурӯҳи дуюм, кормандони донишгоҳҳо ва андешакадаҳо, ки аслан мавзуи корашон ба Осиёи Марказӣ рабти мустақим надошт. Перомуни сиёсати Амрико дар самти минтақаи мо аз рӯйи соҳаи пажуҳиши худ менигаристанд ё танҳо ишораҳое мекарданд. Вижагии ин гурӯҳ дар он буд, ки иттилои лозимаро дар бораи минтақа надоштанд ва саволҳои хеле одиро ба мо медоданд (мисли “Дар кишварҳои Шумо омӯзиши забонӣ чинӣ ба роҳ монда шудааст?” ва ғайра).
Гурӯҳи сеюм, кормандони андешакадаҳои ниҳодҳои ҳукуматӣ ва донишгоҳҳо, ки мавзуи пажуҳишу таҳлилашон фазои пасошӯравӣ, аз он ҷумла Осиёи Марказиро дар бар мегирифт. Онҳо перомуни вазъи минтақа, авлавияти Амрико дар он, рӯйкардҳои қудратҳои дигар ва равандҳои барҳол иттилои васеъ доштанд. Масъалагузории онҳо ниҳоят мубрам ва фарогири паҳлуҳои равшану норавшани вазъи атрофи минтақа буд ва муҳимтар аз ҳама ба саволҳо посухи ошкоро медоданд.
Аз таҷрибаи гуфтугӯ бо пажуҳишгарону таҳлилгарони қудратҳои хурду бузурги дигар гуфта метавонам, ки суҳбат бо кормандони андешакадаҳои амрикоӣ гуворо аст, бузургманишӣ ва нисбатан ҳиллагариву пардапӯшӣ надоранд. Инро барои он менависам, ки пажуҳишгарону таҳлилгарони қудратҳои дигар аксар вақт каме мағрур ва худро аз ҳамсуҳбатон донотар мегиранд, ё чизеро мегӯянд, ки ҳам ба “Алию Валӣ” ва ҳам “Исою Мӯсо” мувофиқат мекунад. Масалан, вақте дар бораи рӯйкарди кишвари худ ҳарф мезананд, агар Шумо ҷойи Утришро бо Бурундӣ ва Урдунро бо Мекзик иваз кунед, чизе тағйир намеёбад. Яъне як рӯйкарди хоси эъломиявие, ки эҳтимол ҳатто худи гӯянда ба он бовар надорад.
Ба андешаи ман омезиши дидгоҳҳои гурӯҳи якум ва сеюм барои дарки ривоятҳои Амрико ва руйкарди ин кишвар дар самти Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад. Барои “аҳли фаҳм” ишора ё як нуктаи онҳо кофӣ буд, то бифаҳмед, ки чиро дар назар доранд ва дар оянда бо назардошти тағйири вазъи ҷаҳону минтақа сиёсати Амрико дар Осиёи Марказӣ чӣ гуна мешавад. Дар идома мекӯшам андешаҳои ин се гурӯҳро аз рӯйи рӯйкарди Чатемҳаус бе зикри ному насаб биёрам. Ҳоло лозим медонам, баъзе андешаҳои худро перомуни шинохти роҳбурди Амрико ва ҳампаймононаш дар Осиёи Марказӣ баён кунам. Баъдан ба тафсири дидгоҳҳои таҳлилгарони Амрико мепардозам.
Вуруд ба шинохти роҳбурди Амрико дар Осиёи Марказӣ
Баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ таваҷҷуҳи Амрико ба Осиёи Марказӣ афзуд, чун минтақа ҳудуди 140 сол дар сиёсати ҷаҳонӣ ҳузур надошт. Баъди гузашти андак вақт “моҳи асал” ба поён расид ва сиёсату рӯйкард бо таъсири омилҳои гуногун ниҳодина гардиданд. Кутоҳи гап, аҳамияти минтақаи Осиёи Марказӣ ва кишварҳои он барои сиёсати Амрико ба се омил вобаста будааст (манфиату интизориҳои дигари Амрикоро дар доираи ҳамин се омил дидану арзёбӣ кардан аз аҳамият холӣ нест), ки ҳар кадоме имрӯз низ дар шаклу сатҳи гуногун ба назар мерасанд ё якдигарро пурра мекунанд:
Омили аввал, ба тадриҷ коҳиш додани нуфузи Русия дар Осиёи Марказӣ аст, ки дар рӯзномаи Амрико дар чор даҳаи охир ба назар мерасад. Имрӯз бо назардошти ҷанг дар Укройн, таҳримҳои бесобиқа нисбат ба Русия ва назорати ҷиддии риояи режими таҳримҳо дар шакли урён мушоҳида мегардад (намунаи барҷаста гуфтаҳои котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен зимни боздид аз Осиёи Марказӣ дар охири феврал ва аввали марти соли 2023; ҳамчунин, ривоятҳои мақомдорони масъули амрикоӣ замони боздид ба минтақа мебошанд). Инҷо лозим медонам, як нуктаи зарифро бо Шумо шарик созам: дар тамоми давраи сафар, пажуҳишгарон ва маъмурони амрикоӣ зимни дидору гуфтугӯҳо асосан перомуни Чин суҳбат мекарданд. Умуман, ишорае ба Русия ва сиёсати ин кишвар дар самти минтақа набуд. Чунин рӯйкард ба воқеияти геополитикии минтақаи Осиёи Марказӣ то андозае мувофиқат намекунад ва ҷойгоҳи Русияро аз будааш пасттар намоиш медиҳад (Тавре дар пешгуфтори ёддошт зикр гардид, яквақт бо мо дар Вошингтон гурӯҳи дигари олимону пажуҳишгарон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор доштанд. Азбаски бо чанд нафари онҳо ошно ҳастам, бо ҳам вохӯрдем ва гуфтугӯҳое доштем. Вақте дар дидорамон сухан перомуни сарфи назар шудани омили Русия дар суҳбатҳои пажуҳишгарону ходимони амрикоӣ рафт, яке аз ҳамкасбон гуфт, ки онҳо ҳам бо чунин муносибат рӯ ба рӯ шуданд). Аз чунин рафтор метавон ду хулоса кард: якум, перомуни зермавзуи аслии барномаи сафари мо суҳбат мекарданд ва сухан асосан аз Чин мерафт; дуюм, имрӯзҳо воқеан дигар Русияро дар Осиёи Марказӣ рақиби худ намепиндоранд ва нигарониҳои бештарро аз Чин доранд. Ба ҳар сурат, Худо худаш подшоҳ аст ва ояндаи наздик нишон медиҳад, ки кадоме аз ин тахминҳо дуруст мебошанд.
Омили дуюм, мубориза бо даҳшатафкании байналмилалӣ ва ҳузури низомии Амрико дар Афғонистон. Ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 боиси чархиши усулӣ дар сиёсати Амрико дар самти мубориза бо даҳшатафкании байналмилалӣ гардид. Барои саркӯби Толибон неруҳои артиши Амрико ва ҳампаймонҳои он дар моҳи ноябри соли 2001 ба Афғонистон ворид шуданд. Амрико роҳбарии эътилофи байналмилалии мубориза бо даҳшатафканиро ба дӯш гирифт. Дар қаламрави Афғонистон ва берун аз он мубориза бо созмонҳои даҳшатафкани Толибон ва Ал-Қоида оғоз гардид. Ҳамин шароит сабаб шуд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳошияи сиёсати ҷаҳонӣ якбора ба меҳвари он наздик шавад. Инҷо бояд як нуктаро зикр кард, ки маҳз сиёсату рӯйкарди Амрико ва шариконаш дар марҳилаи аввали воридсозии неруҳои ҳарбӣ ба Афғонистон такони ҷиддие барои тағйири мақому арзиши геополитикии Осиёи Марказӣ гардид. Бори аввал қудратҳои боварманд ба “ҷойи рафтан” надоштани кишварҳои минтақа диданд, ки кадом вазъ дар ҳоли шаклгирӣ аст; рӯйкарди худро дар самти Осиёи Марказӣ ба таври фавқуллода тағйир доданд; ваъдаҳои зиёди сарозери сармоягузорӣ карданд ва бастаи созишномаҳои нав имзо шуданд; умуман роҳбурдро дигар ва ҳамкориҳои худро ба сатҳи сифатан нав расонданд. Кишварҳои минтақа шанси таърихии худро барои густариш бахшидани ҳамкориҳо бо қудратҳои гуногун истифода карданд, ки худ як фаргашти муҳими сиёсати хориҷӣ ва марҳилаи такомули он арзёбӣ мешавад. Кутоҳи гап, зерсохти нақлиётию иртиботӣ, ба вижа фурудгоҳҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби неруҳои байналмилалӣ барои роҳандозии амалиёти ҳарбии Амрико ва ҳампаймонҳои он истифода гардид; бо маблағгузории Амрико ва қудратҳои узви эътилофи байналмилалӣ зерсохтҳои нави нақлиётию иртиботӣ бунёд шуданд. Ҳамчунин, лоиҳаҳои фароминтақаии пайвастан ба Осиёи Ҷанубӣ тариқи қаламрави Афғонистон руҳи тоза гирифтанд ва то имрӯз дар рӯзномаи роҳбурдии кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми худро дигар накардаанд.
Баъди саркӯби ҳукумати аввали Толибон дар Афғонистон нахуст маъмурияти гузор бо сарпарастии Ҳамид Карзай, баъдан низоми ҷумҳурият бо роҳбарии Ҳамид Карзай ва Ашраф Ғанӣ рӯйи кор омад, ки гароиш ба Амрико ва кишварҳои узви НАТО доштанд. Раисҷумҳур Барак Обама пас аз оғози маъмурияташ эълом кард, ки соли 2014 Амрико неруҳои худро аз Афғонистон берун мекашад. Дар марҳилаи иҷрои ин роҳбурд созишномаи шарикии роҳбурдӣ бо ҳукумати Афғонистон ба имзо расид ва гуфтушунид бо гурӯҳи Толибон оғоз гардид (дар ҳамон вақт Толибон дафтари сиёсии худро дар Қатар кушоданд). Дар марҳилаҳои баъдӣ гузинаҳои гуногуни ҳукумати “ваҳдати миллӣ” ё “гузор” барои Афғонистон матраҳ мешуд. Ниҳоят моҳи феврали соли 2020 дар Давҳа созишномаи сулҳ миёни Амрико ба гурӯҳи Толибон ба имзо расид ва баъди якуним сол низоми ҷумҳурият дар Афғонистон фурӯ пошид. Толибон дубора ба қудрат баргаштанд ва неруҳои артиши Амрико аз ин кишвар берун шуданд. Бо ҳамин ҷанги бистсола бо Толибон ва гурӯҳҳои дигари даҳшатафкак ба поён расид. Замони ҳузури Амрико дар Афғонистон минтақаи Осиёи Марказӣ дар роҳбурди Вошингтон ба унвони ҷуғрофиёи ҳаммарз ва тронзитӣ аҳамият дошт ва баъдан чунин мақомро аз даст дод. Сарфи назар аз ин, Амрико аз сӯйи Ал-қоида ва шохаи Доиши Хуросон нигарониҳои муайян дорад ва мубориза бо созмонҳои даҳшатафкан ба пуррагӣ аз рӯзномаи кории ин кишвар берун нашудааст.
Омили сеюм, ҳаммарзии минтақаи Осиёи Марказӣ бо Чин, ки тафсилоташ дар бахши пешина рафт. Ин омил бинобар рақобату садгузории ҷаҳонии Чин аз ҷониби Амрико дар дурнамои наздик боз ҳам барҷаста мешавад.
Вуруд ба шинохти рӯйкарди ҳампаймонони Амрико дар Осиёи Марказӣ
Арзёбии мавзуъ нишон медиҳад, ки дар чор даҳаи охир Амрико аз тавонмандиҳои худу кишварҳои шарику ҳампаймонаш, ба монанди Туркия, Иттиҳоди Аврупо, Ҷопону Куриёи Ҷанубӣ ва кишварҳои арабии Халиҷи Форс дар роҳандозии сиёсати худ, бо иртибот ба се омили боло васеъ истифода кардааст. Ҳампаймонҳои Амрико аз фурсати муносиб, ҳимоят ва “чароғи сабз”-и ин кишвар истифода карда, сиёсату рӯйкарди худро дар самти Осиёи Марказӣ поягузорӣ ва амалӣ месозанд.
Таҳлили равандҳои барҳоли Осиёи Марказӣ нишон медиҳанд, ки қудратҳои манфиатдор аз унсури ба истилоҳ “эътилофӣ” истифода мекунанд. Агар Амрико ва дигар кишварҳои ҳайпаймонаш як навъ сиёсати созиширо дар самти минтақа дошта бошанд, пас рақибонаш низ аз ин рӯйкард истифода мекунанд. Мисоли ин гуфтаҳо эъломияҳои якҷояи Чину Русия дар мавриди Осиёи Марказӣ аст, ки дар изҳороти муштараки сарони ин кишварҳо вақтҳои охир борҳо ба назар расид (азбаски ин мавзуи дигар аст, шарҳи бештарро ба вақти дигар мегузорам).
Имрӯзҳо сиёсати созишии қудратҳои алоҳидаи ҳампаймони Амрико дар самти Осиёи Марказӣ “бе айнак” дида мешавад ва ҳатто умумияти зиёде дар рӯзномаи мавриди таваҷҷуҳи онҳо ба назар мерасад. Инҷо мехоҳам аз ҳодисаи 12-13 сол пеш дар конфронси илмии байналмилалии яке аз донишгоҳҳои Душанбе ба вуқуъ омода ёдоварӣ кунам. Он замон сафирону кордорҳои сафоратҳои муқими пойтахт дар чунин ҳамоишҳо якҷо ширкат мекарданд ва мисли имрӯза тақсимшавӣ ба ҷиноҳҳо мушоҳида намерасид. Хулоса, як дипломати кишвари ғарбӣ дар он конфронс гузориши худро хонд ва аз дипломати дигаре, ки дар барнома номнавис буду, лекин иштироку суханронӣ надошт – иқтибос овард (мазмунан: “тавре пештар ҳамкасбам аз фалон кишвар гуфт: “ва андешаи ӯро овард”). Ба ҳамаи иштирокдорон маълум гардид, ки ду гузоришгар суханронии худро аз пеш мувофиқа кардаанд. Ин ҳолат аз сабаби камсобиқа будани суханрон ба вуҷуд омад, чун матни гузоришро аз варақ мехонд.
Агар ба асли матлаб баргардем, бояд гуфт, ки Туркия аз ҳама бештар аз миёни ҳампаймонҳои Амрико аз чароғи сабзи ин кишвар истифода карда, ба даствардҳои назаррас ноил ҳам шудааст. Ҳузури густардаи Туркия дар Осиёи Марказӣ бо назардошти омилҳои якум ва сеюм барои Амрико муҳим буда метавонад, чун он фазоро пур мекунад, ки пештар ва ё ҳоло ҳавзаи манфиатҳои Русия ва Чин аст. Яъне, ба ҳам мувофиқ омадани манфиатҳои Амрикою Туркия дар ҷуғрофиёи Осиёи Марказӣ бо назардошти бархӯрд бо Маскаву Пекин ба мушоҳида мерасад. Хулосаи гап, ҳанӯз аввали солҳои 1990-ум роҳбарони Туркия кишвари худро ҳамчун пул миёни ҷаҳони Ғарб ва Шарқ (асосан ҷумҳуриҳои собиқи қафқозию осиёимарказии Иттиҳоди Шӯравиро дар назар доштанд) муаррифӣ мекарданд. Бар ин назар буданд, ки ҳар қадаре нуфузи Анқара дар Шарқ, ба вижа дар Осиёи Марказӣ густариш ёбад, ҳамон миқдор вазнашон дар Ғарб меафзояд. Нахустин саммити кишварҳои туркзабон моҳи октябри соли 1992 дар Анқара баргузор мегардад ва бинобар сабабу омилҳои гуногун тавсеаталабии Туркия ба нокомӣ дучор мешавад. Солҳои охир Туркия бо назардошти вижагиҳои равандҳои дохилию рӯйкарди байналмилалиаш кушиш дорад, сиёсати солорро дар Осиёи Марказӣ роҳандозӣ кунад ва минтақаро ҷузъи умқи роҳбурдии худ медонад. Дар 15 соли охир бо рӯйи кор омадани Шӯрои туркӣ ва фаргашти он ба Созмони кишварҳои туркиро ҳамчун сиёсати солори ин кишвар тафсиру дарк кардан мумкин аст (азбаски ин мавзуи дигар аст, дигар шарҳ намедиҳам, то аз мавзуъ дур наравем).
Иттиҳоди Аврупо сиёсати вижаи худро дар самти Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мекунад. Соли 2007 роҳбурди аввалини худро дар самти минтақа қабул кард ва ҳамон сол қолаби муколамавии Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо рӯйи кор омад. Баъдан, соли 2019 роҳбурд дар таҳрири нав қабул гардид ва имрӯзҳо Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳои худро бо минтақа густариш медиҳад. Кишварҳои арабии Халиҷи Форс, ба вижа Қатар ва Арабистони Саъдӣ вақтҳои охир фурсатҳои бештареро дар минтақа ба даст оварданд. Имрӯзҳо Қатар ба бозигари фаъолу барҳоли минтақаӣ табдил ёфтааст. Кишварҳои Осиёи Шарқӣ, ба вижа Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ низ бинобар сатҳи хоси муносибату рақобат бо Чин ва Русия дар рӯзномаи сиёсати хориҷии худ ҳадафҳои муайянеро дар самти Осиёи Марказӣ рӯйи даст доранд…
Дар ҷамъбасти бахшҳои боло перомуни шинохти роҳбурди Амрико ва ҳампаймононаш дар Осиёи Марказӣ як нуктаи дигарро бояд зикр созам. Таблиғоти вижаи қудратҳои рақиби Амрико перомуни аҳамияти хос ва ниҳоят бузург доштани минтақаи Осиёи Марказӣ барои Вошингтон то андозае ба воқеият мувофиқат намекунад. Мушкили асосӣ дар он аст, ки баъзе пажуҳишгарону олимони минтақа ба ривоятсозии “аз буда бештар нишон додан” ва рӯйкарди идеологии рақибони Амрико бовар карда, ҷойгоҳи Осиёи Марказиро барои ин кишвар ниҳоят бузург мешуморанд. Ин ҳолат, яъне назар кардан ба худ бо “айнаки дигарон” сабаб гардидааст, ки “кафкҳои ҳубобӣ” перомуни ҷойгоҳу мақоми минтақа шакл гирад ва дар ривоятсозии ниматаҳлилию таблиғотӣ, таҳлилҳои таблиғмонанду таблиғҳои таҳлилмонанд васеъ истифода гарданд.
Поёни бахши аввал.
Шералӣ РИЗОЁН,
сиёсатшинос