Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.
А.Рӯдакӣ
Озод, раҳо, вораста, халос, касе, ки бандӣ ва асир нест. Озодӣ, озод будан, озод зистан бо бахту иқбол тавъманд. Яъне шунидани ин мафҳум пеши назар хушбахтиву комронӣ ва мустақилияту ободиро меорад. Махсусан барои инсон озодӣ шарафу виҷдон ва давлати ноёб аст. Инсон дар фазои сабзи озодӣ хешро болида ва хушбахт эҳсос мекунад. Озодӣ барои миллатҳои мухталифи дунё ба баҳои ҷон баробар аст. Миллионҳо нафар дар орзуи озодӣ ба шаҳодат мерасанду ҳасратро ба хок месупоранд.
Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озоданд. Ҳар шахс ҳуқуқи ҷустуҷӯ кардан ва дастрасӣ ба иттилооти навро дорад ва метавонад онҳоро бе мамониат паҳн кунад. Яъне озодии матбуот вуҷуд дорад. Матбуот бояд ҳамаи хабарҳоро сари вақт ва бе ягон ҳиллаву найранг ба аудиторияи хеш расонад ва бояд дар ин кор ба он халал расонида нашавад. Аммо матолиби матбуот бояд ба оромию субот роҳ кушоянд, на ба парешонӣ ва нооромӣ. Матбуот бояд тавре сухан гӯяд, ки касеро наранҷонад, балки бовар кунонад.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии матбуот ҳаст, вале матбуоти озод нест. Яъне зери ин мафҳум чӣ ниҳон аст? Ба назари коршиносон, матбуоти озод ҳамонест, ки дар тамоми ҷанбаҳои фаъолият мустақил ва номаҳдуд бошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин расонаҳо танҳо орзу буда метавонанду бас…
Фикр мекунам, барои расидан ба матбуоти озод дар кишварамон бисёр корҳоро ба сомон расонидан лозим аст ва ин корҳо метавонанд гуногун бошанд.
Мо матбуоти пешин ва имрӯзро муқоиса мекунем. Ба фикри банда, 10 сол қабл матбуоти тоҷик дар ҳоли рушд буд. Аудиторияи бештари хешро дошт. Аммо бо гузашти авқот баъзе нашрияҳои хуби он давр аз нашр бозмонданд. Мо мисол оварда метавонем ҳафтаномаи “Нигоҳ”-ро, ки имрӯз ба табъ намерасад.
Бори аввал “Рӯзи байналмилалии матбуоти озод” 3-юми майи соли 1991 дар пойтахти Намибия – шаҳри Виндҳук таҷлил ва 20-уми декабри соли 1993 бо қарори Созмони Милали Муттаҳид ин рӯз расман “Рӯзи байналмилалии матбуоти озод“ эълон гардид. Пешниҳоди натиҷаҳои конфронси калонтарини ЮНЕСКО, ки соли 1991 бо номи «Мадад ва таъмин намудани озодии матбуот дар ҷаҳон» баргузор гардида буд, барои таҷлили ин рӯз, густариш додани гуногунандешиву озодбаёнӣ дар ҷаҳон мебошад. Ҳамасола “Рӯзи байналмилалии матбуоти озод” таҳти шиорҳои гуногун таҷлил карда шуда, дар ин рӯз бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон конфронсу семинарҳо ва дарсҳои кушод гузаронида мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯз аз соли 2001 инҷониб ҷашн гирифта мешавад.
Дар робита ба вазъи қонунузории миллӣ ва озодии матбуоти даврӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Салимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар суҳбат бо мухбири АМИТ “Ховар“ Шукуҳи Далер гуфтааст: “Ба таври кулл метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон барои озодии мабуот ва баёни андеша тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳаманд. Озодии матбуот ва сухан аз моддаи 30-юми Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад”.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 371 рӯзнома, аз ҷумла 109 ҳукуматӣ ва 262 ғайриҳукуматӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Ёдовар мешавем, ки ҳар сол дар кишвари азизамон 11-уми март ҳамчун “Рӯзи матбуот” таҷлил мегардад.
Фаридун САФАРЗОДА
Сабаб ва омилхои махдуд намудани рузномаи ,нигох,озодагон, ва имруз нюс дар чи аст?