Осиёи Марказӣ бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ, тавонмандиҳои иқтисодӣ ва гузаштаи таърихӣ дар авлавияти сиёсати хориҷии Русия қарор дорад.

Русия ин минтақаро як ҳавзаи муҳими манфиатҳои вижаи худ қаламдод қарда, таъмини амният, пешрафти иқтисодӣ ва эътибори байналмилалии худро ба он вобаста медонад. Аз ин рӯ, дар муҳити коршиносии Русия ба пажӯҳиши Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи вижа дорад. Дар зер ба таври фишурда перомуни самтҳои асосии осиёимарказишиносӣ дар Русия чанд ҳарфе хоҳем гуфт:

Якум, мавзуи таъмини амният. Коршиносони рус дар пажӯҳишҳои худ кӯшиш мекунанд, ки аҳамияти амнияти минтақаӣ дар Осиёи Марказиро барои таъмини амнияти худи Русия нишон диҳанд. Аз дидгоҳи онҳо дар минтақа тавонмандиҳои бузурги бесуботӣ ба мушоҳида мерасанд, ки ба силсилаи омилҳои дохилиминтақаӣ ва ба чолишҳои беруна алоқаманданд.

Аз дидгоҳи коршиносони Русия ба номгӯйи таҳдидҳои эҳтимолии дохилӣ пеш аз ҳама мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсӣ, мавзуи ба тундравӣ гароидани ҷомеа, ихтилофҳои байникишварӣ перомуни мавзуъҳои гуногун ворид мешаванд. Коршиносони рус бар он назаранд, ки тавонмандиҳои бесуботӣ дар минтақа масъалаи таъмини амният дар Осиёи Марказиро ба мавзуи таъмини амнияти худи Русия мубаддал кардааст. Ба гумони онҳо, агар дар Осиёи Марказӣ бесуботӣ ба амал ояд, он дар қаламрави Русия низ метавонад доман паҳн кунад.

Ба унвони таҳдиди берунаи амниятӣ ба Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, масъалаи Афғонистонро ворид мекунанд, ки тӯли чанд даҳсола дар ҳолати бесуботӣ қарор дорад. Коршиносон бар ин назаранд, ки бесарусомонӣ дар Афғонистон ё ҳузури нерӯҳои террористӣ дар ин кишвар имкони паҳншавӣ дар Осиёи Марказиро низ дорад. Аз дидгоҳи коршиносони рус омили дигари нооромсозии суботи минтақа ба фаъолияти бозингарони дигари ҷаҳонӣ вобаста аст. Коршиносони Русия бар ин назаранд, ки аз бозингарони ҷаҳонӣ аз абзорҳои гуногуни муборизаи геополитикӣ: аз кӯшиши нооромсозии субот тариқи “инқилобҳои ранга” то ҳимоят аз терроризму ифротгароӣ (чунин дидгоҳҳо ҳам ҳастанд) истифода мекунанд. Аз ин рӯ, Русия бояд ҳузури худро бо истифода аз механизмҳои ҳамкории бисёрҷониба (СПАД, СҲШ) ва дуҷониба дар минтақа дар соҳаи таъмини амният тақвият бахшад.

Дуюм, мавзуи иқтисод. Ба соҳаи мазкур коршиносони Русия таваҷҷуҳи хоса дошта, масъалаҳои муҳоҷират, тавонмандиҳои транзитию логистикии минтақа, бозори Осиёи Марказӣ, захираҳову канданиҳои фоиданокро муҳим медонанд. Ба андешаи онҳо ҷойгоҳи минтақа барои кишварашон дар ду соли охир дар пайи эълони таҳримҳо аҳамияти хоса дошта, мавзуи муттаҳидсозии иқтисоди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Русияро баррасӣ мекунанд. Дар ин замина коршиносон мекӯшанд манфиатнок будани чунин муттаҳидсозиро дар меҳвари Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё барои ҳамаи ҷонибҳо асоснок созанд.

Сеюм, мавзуи фазои расонаӣ. Коршиносони Русия аз коҳиши нуфузи идеологии Русия дар Осиёи Марказӣ нигаронӣ доранд. Ба андешаашон бо сабаби тағйири наслҳо, ташаккули ҳувияти миллӣ ва ҳамчунин фаъолияти Ғарб дар кишварҳои минтақа нуфузи фарҳангиву идеологии Русия поин меравад. Ҳарчанд Русия нуфузи худро дар минтақа аз даст медиҳад, аммо дар фазои расонаӣ мавқеи устувор дорад. Аз ин рӯ, коршиносон пешниҳод мекунанд, ки дар ин самт фаъолияти боз ҳам фаъол гардад.

Чорум, перомуни нуфузи бозигарони дигар ғайриминтақаӣ. Дар пажӯҳишҳои сиёсатшиносони Русия нуфуз ва фаъолияти бозигарони дигари ғайриминтақаӣ дар Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи вижа дорад. Чун фаъолияти ин бозингаронро чолиш ба ҷойгоҳи худ дар минтақа ва ҳамчунин, таҳдид ба амнияти Русия медонанд. Ин гуна тафсир перомуни ҳам рақибони геополитикӣ ва ҳам шарикони стратегии Русия, аз он ҷумла Чин низ ба назар мерасад. Бисёре аз коршиносон тавонмандиҳои ҳамкории муштараки Русия ва Чин дар минтақаро дар бахши иқтисод (андешаи пайвастани Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва “Камарбанд ва роҳ”), сиёсат ва амният (дар доираи СҲШ ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё) мебинанд. Сарфи назар аз ин, нигарониҳо аз ҳузури Чин дар минтақа дида мешавад. Чун тарси муайяне вуҷуд дорад, ки Чин тадриҷан Русияро аз арсаи иқтисоди минтақа метавонад берун кунад ва ҳузури худро дар самти таъмини амният густариш бахшад. Тавре маълум аст, Маскав дар соҳаи таъмини амният дар минтақа мақоми пешсаф дорад. Перомуни бозингарони ғарбӣ бошад, коршиносони рус аз афзоиши нуфузи онҳо дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин болоравии таваҷҷуҳашон ба минтақа нигаронанд. Лоиҳаҳои гуногуни геополитикии ИМА, аз қабили “Осиёи Марказии Бузург”, мусоидат ба таҳкими давлатдорӣ ва истиқлоли кишварҳо ва ҳимояти равандҳои ҳамгироӣ дар минтақа васеъ пажӯҳиш мекунанд. Чун бар он назаранд, ки ин иқдомҳо барои дурсозии минтақа аз Русия аст ва даъват ба амал меоранд, ки чораҳои ҷавобӣ андешида шаванд.

Як нуқтаи муҳим дар он аст, ки коршиносони рус эътироф мекунанд, ки Русия ба ҳамкории кишварҳои минтақа бо дигар бозингарон наметавонад монеа созад.

Панҷум, андешаҳои ҳошияӣ (маргиналӣ). Дар муҳити коршиносии Русия ақидаҳои ҳошиявӣ ба мушоҳида мерасанд. Касоне ҳастанд, ки нисбат ба гузаштаи Шӯравӣ ҳасрат доранд ва дар орзуи эҳёи онро дар сар мепарваранд. Ҳамчунин, касоне ба назар мерасанд, ки аз коҳиши ҳаддиақали ҳузури Русия дар минтақа даст кашидан аз ҷоҳталабиҳои императорӣ ва равонасозии тамоми захираҳо ба рушди худи кишварашон тарафдорию ҳимоят мекунанд.

Осиёимарказишиносӣ дар Русия ва дигар кишварҳо. Мактаби русии осиёимарказишиносӣ бо назардошти гузаштаи начандон дури таърихии дар ҳайати як кишвар будан, нуфузи фарҳангиву таърихӣ ва таваҷҷуҳи баланди Русия нисбат ба минтақа яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб меравад. Ба назар мерасад, ки дар солҳои охир касбияти ин мактаб поён рафта, ба чанд омил вобаста аст: афзоиши худогоҳии қудратбузургӣ ва ҷоҳталабии байналмилалӣ, ки пажӯҳишро муғризона мекунад; омили тағйири наслҳо, ки таҷрибаи ҳамзистӣ дар як кишварро надоранд ва мутаносибан ба фосилаи фарҳангию сиёсии байни Русия ва Осиёи Марказӣ оварда мерасонад. Ин ду омил ба хусусиятҳои дарки минтақа таъсир мерасонад.

Дар мавриди дигар мактабҳои осиёимарказишиносӣ метавон гуфт, ки афзоиши тавонмандиҳо ва сифати онҳо ба мушоҳида мерасанд. Ҳолати мазкур, пеш аз ҳама, ба афзоиши таваҷҷуҳи бозингарони беруна ба минтақа ҳам аз дидгоҳи геополитикӣ ва ҳам иқтисодӣ вобаста аст. Минтақа барои сармоягузории хориҷӣ бештар ҷолиб мегардад, ки ин ҳолат ба омӯзишҳои амиқро такон медиҳад. Дар ин самт мактабҳои чинӣ, амрикоӣ, эронӣ, аврупоӣ, ҷопонӣ, туркӣ хеле пешрафт кардаанд.

Дурнамои осиёимарказишиносӣ дар Русия. Дар Русия таваҷҷуҳ ба Осиёи Марказӣ коҳиш нахоҳад ёфт, зеро минтақа то ҳол бо ин кишвар дар бахшҳои мухталиф робитаи зич дорад. Як нуктаи муҳиме ҳаст, ки ояндаи ин мактаб дар Русия аз он вобаста хоҳад буд. Агар коршиносони Русия ба ҳасрат ва хотираи ҳамзистии гузашта дар як кишвар такя кунанд, ки ба онҳо тасаввури наздикии эҳтимолии фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро медиҳад ва ҳамчунин, аз мавқеи ҷоҳталабиҳои бузургқудратӣ назар кунанд, пас мактаби осиёимарказишиносии русӣ сифат ва самаранокии худро гум мекунад. Мактаби русӣ ба навсозӣ эҳтиёҷ дорад, чун воқеияти мавҷуда комилан дигар аст ва минтақаи Осиёи Марказӣ аллакай ҷуғрофиёи кишварҳои собит мебошад.

Бардоштҳо аз мавзуъ. Дар натиҷаи тавсифи мухтасари пажӯҳишҳои Осиёи Марказӣ дар илми сиёсии Русия чунин хулосаҳоро баён мекунем:

  1. Пажӯҳиши Осиёи Марказӣ дар муҳити коршиносии Русия то ҳол мубрамияти худро ҳифз кардааст.
  2. Коршиносони Русия минтақаро аз паҳлӯҳои гуногуни геополитикӣ, аз ҷумла амният, иқтисод, фарҳанг ва мақоми байналмилалии кишвари худ баррасӣ мекунанд.
  3. Дар пасманзари коҳиши нуфузи Русия дар минтақа ва таваҷҷуҳи афзояндаи бозигарони дигари ғайриминтақаӣ дар Осиёи Марказӣ даъватҳо ба фаъолияти густарда ба назар мерасанд.
  4. Нигарониҳо перомуни раванди худсолории минтақа ва рафтори озоди кишварҳо афзоиш меёбанд.
  5. Кайфияти мактаби осиёимарказишиносии Русия коҳиш ёфта, сифати мактабҳои дигар боло меравад ва самаранок мегардад.
  6. Дар муҳити коршиносии Русия андешаҳои ҳошияӣ (маргиналӣ) ва радикалӣ перомуни рӯйкарди ин кишвар, аз эҳёи комили Иттиҳоди Шӯравӣ, то ба ҳаддиақал коҳиш додани ҳузур дар минтақа садо медиҳанд.

Муҳаммадҷон ШАМСУДДИНОВ,

пажӯҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь