Барои ба ин савол ҷавоб додан мо пеш аз ҳама бояд ба таърихи пайдоиш, қудратҳое, ки ин гурӯҳро ташкил карданд, манбаъҳои таъминотии онҳо бо пул, яроқу аслиҳа, муҳиммот ва дигар асбоб-абзорҳои ҷангӣ, ҳадаф ва вазифаҳои ин гурӯҳ ошно шавем.
Ба ҳамагон маълум аст, ки таъсисдиҳандаи асосии ин гурӯҳи террористии байналмилалӣ, ки имрӯзҳо соҳибдавлат буда, ба дунё таҳдид карда истодааст ва номи Толибонро дорад, амрикоиҳо ва англисҳо буда, сарпаноҳдиҳандаи онҳо Покистон ба шумор меравад. Дар ин бора Сарвазири собиқ ва шаҳиди Покистон, сиёсатмадори шинохта, марҳума-Беназир Буҳутто дар яке аз мусоҳибаҳояш бо рӯзноманигори Би Би Си иброз дошта буд, ки “Фарзи дигари мо дар мавриди низоми сиёсии Толибон он буд, ки Толибон дастнишондаи қудратҳои бузурги ҷаҳон ва минтақа ҳастанд.
Покистон танҳо ҳомии Толибон нест. Балки муҷрими сиёсатҳои Амрико ва Инглистон аст. Инглистон мубтакир ва тарроҳи аслии ҷунбиши Толибон аст ва Покистон бо таслиҳот ва дуллорҳои Амрико ва Арабистони Саудӣ онҳоро созмондеҳӣ ва басиҷ менамояд». Ба ҳамагон маълум аст, ки созмонҳои байналмилалии террористӣ аз ҷониби Америка ва ҳампаймонҳояш аз ҳама ҷиҳат: бо сару либос, пул, хӯрока, яроқу аслиҳа, техникаву дастгоҳҳои ҳозиразамони алоқа ва ҷангӣ таъмин ва мусаллаҳ гардонида мешаванд.
Гурӯҳи мазкур тайи бештар аз 20 соли ахир 2 маротиба Афғонистонро забт кард. Бори аввал соли 1994 бо роҳи фиреб, яъне бо ваъдаи дурӯғини ҷангидан бо Гулбиддини Ҳикматёр ва ворид нашудан ба пойтахти кишвар-шаҳри Кобул аз президенти вақти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ кӯмакҳои низомӣ ва маблағ дарёфт карда, яроку аслиҳаро ба муқобили президент Раббонӣ истифода намуда, баръакс ба Гулбиддин имконият фароҳам овард, ки вай Кобулро ракетаборони шадид намояд. Вобаста ба ҳамин ҳодиса мардум ба ӯ лақаби Гулбиддини «рокетёр»-ро доданд. Ногуфта намонад, ки яке аз чеҳраҳои бад, хатарзо ва тоҷикбадбин ва дурӯғгӯю ҳилагар ҳамин Гулбиддин мебошад, ки солҳои 80-ум мардуми Афғонистон ба ӯ лақаби «Шайтонёр»-ро дода буданд. Ҳамзамон,Толибон ваъдахилофӣ намуда, қувваҳояшонро вориди Кобул намуданд.
«Толибон ё Ҳаракати Толибон» созмони милалатгарои паштунӣ буда, исломро чун як василае барои табдили Афғонистон ба«Паштунистони бузург» мавриди истифода қарор додааст. Он чанд тан толибони ӯзбектабор ва ё тоҷиктабор, ки ба ҳайати ҳукумати таъсисодаи онҳо шомил гардидаанд, аз фиреби назари ҷомеаи ҷаҳон беш нест. Инҳо ба ном мансабдоранд, зеро аз онҳо чизе вобаста нест». Вале, дар иҷрои амри кумондонони худ ва ба хотири аз даст надодни ҳамон «вазифаҳак»-и хурдашон аз ҳеҷ балое рӯй нагардонида, аз Толибони аслӣ садҳо бор бадтару хатарноктаранд.
Нуктаи дигаре, ки аз суханронии амири Толибон бар меояд, ин ба мақоми вижаи сиёсии ҳуд дар «низоми исломӣ»-и Афғонистон бахшида шуда буд ва ӯ таъкид кард, ки «ман сиёсатмадор ё раҳбари фиребгар нестам, ки бояд дурӯғ гӯям то шӯҳрат пайдо кунам. Пас, агар маро раҳбари худ хонед, ба гуфтаҳоям итоат мекунед ва агар аз шумо рафтанро талаб кунам, пас меравед».
Ин гуфтаҳо ҳамчун паёме бештар аз ҳама ба вазирони шӯҳратпараст ва гарданшахи ҳукумати Толибон- сарпарасти вазорати дифоъ Мулло Яъқуб ва сарпарасти вазорати умури дохила Сироҷиддин Хаққонӣ дахл дорад, зеро ин вазирон бо истифода аз қувваҳои зердасти худ, на ҳамеша аз тасмимҳои амири худ пуштибонӣ мекунанд.
Раҳбари имрӯзаи Толибон Ҳайбатулло Охунд дар аввалҳои соли 2024 зимни яке аз суханрониҳояш дар назди уламои ислом изҳор дошт, ки «ҷиҳоди ҷангҷӯёнаш танҳо дар қаламрави Афғонистон хотима нахоҳад ёфт ва истиқрори шариат дар Афғонистон танҳо марҳалаи аввали ҷиҳоди муваффақи Толибон аст». Ба гуфтаи вай, дар оянда Толибон ва уламои афғон муваззафанд, ки тамоми ҷаҳонро ба сӯи мудирияти шариат раҳнамоӣ кунанд.
Изҳороти Ҳайбатулло Охунд-амири Толибон, даъвои бисёре аз коршиносон, сиёсатмадорон, дипломатҳо ва мутасаддиёнро, ки муддатҳо ҷомеаро бо он бовар кунониданӣ мешуданд, ки гӯё Толибон танҳо ба Афғонистон сару кор доранд ва ба ҳамсояҳои худ, аз он ҷумла, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ коре надоранд ва гӯё ҳадафҳои ҷаҳонии ҷиҳодӣ низ надоранд, ботил сохт.
Нуктаи дигари муҳими суханронии Мавлавӣ Ҳайбатулло ин буд, ки вай таъсиси «ҳукумати фарогир»-ро тамоман рад намуда, ба таври рӯшану возеҳ гуфт, ки ҳамаи ин умедҳо беҳудаанд. Ӯ ҳушдор дод, ки набояд интизори ташкили ҳукумати фарогир тибқи хостаҳои худ бошед. Ҳамин хукумате, ки мо дорем, онро фарогир медонем ва шумо бояд бо ин созиш намоед».
Толибон борҳо эълом дошта буданд, ки онҳо равобитро бо ҳамаи созмонҳои терористии муқими Афғонистон мекананд ва намегузоранд, ки ҳеҷ созмоне хоки Афғонистонро барои ҳамла ба кишвари дигаре истифода намояд. Коршиносон ба ин боваранд, ки чун дурӯғ ва дурӯғгӯӣ дар мағзу ҷони Толибон ҷойгир шудааст, дар сурати лозим онҳо ҳар лахза метавонанд, бо онҳо ҳамфикр ва ҳамсангар гарданд.
Ҳадафи асосии Толибон эҷоди «Хилофат» дар ҷаҳон аст ва амири Толибон модели идораи Афғонистонро пешниҳод карда, иброз дошт, ки «шариати ҳақиқӣ» танҳо бо гирди ҳам овардани уламои дин ва «ҳокимон», яъне маъмурони толибон амалӣ мешавад. «Ҳокимияти шаръӣ аз ду гурӯҳ: ҳокимон-онҳое, ки ҳоло сари қудрат қарор доранд ва гурӯҳи дигар аз «олимон» иборат хоҳад буд.
Ба қавли ӯ, олимон бояд дар додгоҳҳо, вазоратхонаҳо, маъмурияти вилояту навоҳӣ ҳузур дошта бошанд, зеро бидуни иштироки уламои ислом Толибон наметавонанд дар Афғонистон «низоми исломӣ»-и комилро ба вуҷуд оранд.
Имрӯзҳо барои Толибон аз дигар ҳадафҳо дида, ба расмият шинохтани ҳукуматашон дар мадди аввал меистад. Онҳо талош доранд, ки сатҳи таомул ва ҳамкориашонро бо дунё беҳтар намоянд ва ҳатто умедвор ҳастанд, ки курсии намояндагии Афғонистон дар СММ-ро барқарор намоянд. Сӯҳбату овозаҳое ҳам ҳаст, ки онҳо паси парда тавофуқоте ҳам дар ҷараёни дарёфт кардан доранд. Бинобар он, паёмҳое ҳам дарёфт карда истодаанд, ки барояшон умедворкунанда буда, бо идома додани сиёсати пешгирифтаашон оқибат ҷомеаи ҷаҳониро водор ба ҳамкорӣ бо худ хоҳанд кард.
Коршиноси тоҷик Қосими Бекмуҳаммад бар ин назар аст, ки «кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумла, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ин паёми Толибонро бояд ҷиддӣ бигиранд, зеро он собит сохт, ки онҳо дар сурати расидан ба барномаву аҳдофи хеш дар Афғонистон, нигоҳи худро ба аҳдофи баландтару бузургтар савқ хоҳанд дод, ки номаш ҷиҳод ва эҷоди Хилофати исломии ҷаҳонист».
Кишварҳои Осиёи Марказӣ (ғайр аз Тоҷикистон) кайҳо боз бо Толибон ҳамкорӣ доранд ва ин ҳамкориҳо ба хотири паст кардани шиддати таҳдидҳо ва хатарҳое мебошад, ки аз даҳлези Афғонистон ё низоми Толибон ба таври ҳамешагӣ бархезанда мебошанд.
Аз қудратҳои ҷаҳонӣ Чин ва Русия солҳост, ки бо Толибон равобити мустаҳкаме барқарор кардаанд. Дар миёни тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷумҳурии мардумии Чин бо дарназардошти манофеи иқтисодии хеш аз дигар давлатҳо дида, фаъолтар мебошад. Чин агар расман ин давлатро нашинохта бошад ҳам, вале тамоми шароитҳоро барои шинохти расмии Афғонистон фароҳам кардааст. Имрӯзҳо дар Афғонистон намояндагии Чин ва дар Чин намояндагии Афғонистон фаъолият доранд.
Кишвари дигари абарқудрат, ки бо Толибон муносиботи хуб барқарор карда, ҳамкориҳои мухталифро роҳандозӣ намудааст Русия мебошад. Русия ҳануз чанд соле пештар аз ба сари қудрат омадани Толибон бо онҳо чандин мулоқот анҷом дода, ҳамкориҳо дар самтҳои гуногунро ба роҳ мондааст. Дар Русия низ барои намояндагии Толибон ҷой ва шароити корӣ муҳайё карда шудааст. Хабарҳое ҳам пахш шуда истодааст, ки гӯё Русия дар ояндаи наздик Толибонро аз рӯйхати созмону ташкилотҳои террористӣ мебарорад. Ҳамчунин, вақтҳои охир эҳтимоли ба расмият шинохтани Толибон аз ҷониби Русия бештар шуда истодааст. Дар умқи ин ҳамкориҳо асосан кам кардани нуфузи ИМА дар Афғонистон ва минтақа нуҳуфтааст, яъне мубориза барои ҳифзи нуфуз ва манфиатҳо миёни ИМА ва ҷонибдоронаш аз як тараф ва Чину Русия аз тарафи дигар идома доранд.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин масоил Ӯзбекистон хеле фаъол буда, чи тавре ки президенти ин ҷумҳурӣ, Шавкат Мирзиёев моҳи декабри соли гузашта (2023) эълом дошт, “Ӯзбекистон барои ҳамкорӣ бо Толибон омода аст”.
Ӯзбекистон мисли ду кишвари абадқудрат, ки дар боло номашон рафт, ҳамкорӣ ва диду боздидро бо Толибон ҳануз чанд сол пеш аз ба қудрат расидани онҳо оғаз карда буд. Тайи соли сипаришудаи 2023 ва се моҳаи аввали имсол (2024) миёни Ӯзбекистон ва Афғонистон чандин диду боздидҳо ва табдили ҳайатҳои расмӣ ва давлатӣ сурат гирифтааст.
12.03.2024 Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов ба Кобул рафта, бо раҳбарияти Толибон ва дигар мақомдорони баландпояи Афғонистон гуфтгӯ ва мулоқотҳо анҷом дод.
Як сол пеш вазири собиқи корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов низ бо намояндагони Толибон мулоқот ва гуфтугӯ намуда буд.
Моҳи октябри соли 2023 як хайати бонуфузи Ӯзбекистон таҳти сарварии муовини сарвазири Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев ба Афғонистон рафта, бо мақомоти Толибон мулоқоту вохуриҳо анҷом дода буд.
Моҳи феврали имсол бошад, раиси Хадамоти Амнияти Ӯзбекистон Абдусалом Азизов ба Кобул рафта, бо мақомдорони Афғонистон, аз ҷумла, бо вазири дифоъи Афғонистон Муҳаммад Яъқуб мулоқот намуда, оид ба масоили таъмини амният дар кишварҳояшон сӯҳбату вохӯриҳо анҷом доданд.
Аз ҷониби роҳбарияти Ҷумҳурии Қирғизистон низ саъю талошҳо барои наздик шудан бо Толибон ба мушоҳида мерасад. Дар замони сари қудрат будани Алмазбек Атамбоев (пеш аз Толибон) як ҳайати корӣ ба Афғонистон рафта, бо мақомдорони афғон оид ба вазъи зиндагонии қирғизҳои муқими Афғонистон гуфтугӯҳо анҷом дода буд. Қирғизҳо дар Афғонистон дар кӯҳистони шароиташ сахт зиндагӣ мекунанд. Аксаран бесавод буда, ҳатто чӣ будани пулро намедонанд. Муомилоти хешро онҳо ба шакли «бартер» ба роҳ мондаанд, ягон намуд санади тасдиқкуандаи шахсияти онҳо вуҷуд надорад. Ягон нуқтаи тиббӣ сохта нашудааст. Роҳбарияти Қирғизистон онҳоро тибқи нақша аз Афғонистон кӯчонида ба Қирғизистон оварда, дар ноҳияҳои сарҳадии вилояти Бодканд ҷо ба ҷо карданӣ буд ва ин нақша то ҳанӯз амалӣ нашудааст. Соли гузашта як ҳайати омехта аз сохторҳои гуногун ба Афғонистон сафар карда, бо мақомдорони Толибон мулоқотҳо анҷом доданд.
Ҳамчунин президети собиқи давраи гузариши Қирғизистон Роза Отунбоева аз 03 09.2022 ҳамчун намояндаи махсуси котиби Генералии СММ дар Афғонистон ва раҳбари Миссияи СММ оид ба ҳамкорӣ бо Афғонистон таъйин гардида, фаъолият намуда истодааст.
Дар ин часбу талошҳо барои ҷалби назари Толибон Қазоқистон ҳам як зумра корҳоеро анҷом додааст. Қазоқистон Толибонро ҳатто аз рӯйхати созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ хат задааст. Гӯё Толибон ҳеҷ вақт террорист ва ифротгаро набудаанд.
Кишвари дигаре, ки дар минтақа бо Афғонистон сарҳади тулонии муштарак (баъд аз Тоҷикистон) дорад ва аз аввал ҳам дар корҳои дохилии Афғонистон таъсиргузор буд- ин Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад. Эрон ҳамеша дар масъалаи ҳимояи ҳазораҳои муқими Афғонистон дар мадди аввал қарор доштааст. ҶИЭ низ барои ҷалби ҳусни нияти Толибон дар Теҳрон шароит муҳайё сохта, барояшон як биное барои фаъолият ба намояндагии онҳо додааст.
Тоҷикистон ҷун давраи аввали ба қудрат роҳ ёфтани Толибон ҳануз ҳам мавқеи худро ҳифз намуда, барои дар Афғонистон ташкил намудани як Хукумати фарогири тамоми миллиятҳову халқиятҳо, ба хусус тоҷикон, ки ними аҳолии кишварро ташкил менамоянд, мубориза намуда истодааст.
Дар охир, қайд карданӣ хастам, ки агар баъди забти Кобул аз ҷониби Толибон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як баёнияи пурмуҳтавое баромад карда, мавқеи Тоҷикистонро оид ба масъалаи ба расмият шинохтани Толибон аз ҷониби Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ баён намекарданд, имкон дошт, ки Толибон кайҳо боз аз тарафи кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба расмият шинохта мешуд. Ба назари банда ҳамин баёния сабаб гардид, то кишвархое, ки моил ба шинохти расмии Толибон буданд, ба андеша раванд ва имрӯз иддае аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон омодаи ба расмият шинохтани Толибон ҳастанд, вале интизоранд, ки кӣ ё кадом давлат аввалин шуда, онҳоро ба расмият мешиносад. Вақт инро нишон хоҳад дод.
Холназаров Н.М.,
ходими калони илмии ИОМДОА-и АМИТ