Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз аввали даврони истиқлолият бо минтақаи Осиёи Ҷанубӣ равобити хубу ҳасана барқарор карда, бо доштани робитаву пайвандҳои адибону донишмандон, адабу фарҳангу забону таърих, иқтидори фаровони табиӣ дар минтақа ва ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масоили гуногуни ҷаҳон нақши стратегӣ мебозанд.
Дар ин зимн, Тоҷикистон аз байни манотиқи Осиёи Миёна ягона кишваре мебошад, ки бо Покистон пайванди ҷуғрофии наздик дошта, муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон 6 июни 1992 барқарор шуданд. Аввалин маротиба соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе боз гардида, фаъолияти он аз ибтидои 1994 оғоз шуд. Сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба соли 1994 ба Покистон сафар карда, борҳо барои ширкат дар нишасту ҷаласаҳо ба ин кишвар сафар карданд, ки ахиран санаи 14-уми декабри соли ҷорӣ вориди шаҳри Исломобод гардида, аз ҷониби намояндагони воломақоми давлатӣ ва кӯдакони покистонӣ бо сафи горди фахрӣ пешвоз гирифта шуданд.
Бо даъвати Ҳукумати Покистон Президенти Тоҷикистон рӯзҳои 2 ва 3 июн 2021 ба Покистон сафар намуда, бо Сарвазир, Президент ва дигар раҳбарияти олии ин кишвар дидору мулоқот карданд, ки дар натиҷа 12 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф миёни ҳар ду давлат ба имзо расид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар 11 моҳи соли 2020 гардиши мол байни ду кишвар ба 16,2 млн. мерасид, ки аз он содирот 6,6 млн. доллар ва воридот 9,6 млн. долларро ташкил медиҳад. Тибқи омори нав дар даҳ соли охир табодули тиҷоратии ҳар ду кишвар то 100 миллион доллари амрикоӣ расидааст ва тарафҳо талош доранд, то онро афзоиш дода, ба 500 миллион доллар расонанд.
Мутобиқи сомонаи расмии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ фаъолият дорад, ки яке аз механизмҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин зимн, 2 июли соли 2019 ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва техникӣ дар Душанбе баргузор гардида, масоили муҳими ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, то нимаи 6 моҳи соли 2021 тадриҷан барқароршавии гардиши савдо миёни ду кишвар нисбат ба давраи соли гузашта 6,3 фоиз афзоиш ёфта, ба 18,9 миллион доллари амрикоӣ расид. Вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду кишвар равобити хуби дипломатиро дар чаҳорчубаи созишномаҳо тақвият ёфта, рушд меёбанд.Кишвари Покистон узви фаъоли СММ, СААРК, СҲИ (ЭКО), Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони кишварҳои исломӣ мебошад.
Аз рӯи сарчашмаҳои гуногун дар ин кишвар зиёда аз 1.2 миллион қавми тоҷиктабор умр ба сар мебаранд,ки аксари онон аз даврони ҳокимияти сулолаи муғулон инҷоро ватани доимии худ қарор доданд. Бояд қайд кард, ки бештари гузаштагони сулолаи муғулони инҷо ба касби тиҷорат, сарбозӣ, илму дониш,меъморӣ, дин ва ирфон машғулият доштанд, ки то имрӯз осорашон боқӣ мондааст.
Тоҷикистон ва Покистон якҷоя метавонанд бо ҳам масири аслии энергетики хуберо барои эҷод ҳамкорӣ ва рушди ҳамгироии минтақавӣ ба вуҷуд оваранд, ки тавассути он ҳамаи сарзаминҳо аз сарватҳои инҷо истифода хоҳанд кард. Бо эҷоди равобит байни Тоҷикистон ва Покистон метавон масири тиҷоратӣ дар байни дигар манотиқ низ тақвият ёфта, густариш ёбад.
Қобили зикр аст, ки кишвари Покистон кишоварзӣ буда, воҳиди пулиаш руппия, содироти асосии он нафт, чарм, либос, матоъ, пахта, биринҷ, хӯрокворӣ ва молҳои ороишӣ мебошанд. Воридот бошад маҳсулоти мошинсозии ва вазнин ва саноати химия, таҷҳизоти нақлия, сӯзишвориҳо ва равғанҳои молиданӣ ташкил медиҳад.
Бояд қайд кард, ки баргузории нахустин Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон дар моҳи октябри соли 2002 дар Исломобод муносибатҳо байни тарафайн рушд кард.Тоҷикистон низ талош дорад, то бо истифода аз бандари Гводари Покистон дарвозаҳои тиҷоратиашро ба тамоми кишварҳои олам густариш диҳад.
Кишварҳои минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла, Покистон аз манобеъ ва захоири табии кишвари Тоҷикистон, ки яке аз умдатарин кишварҳои дорои захоири табии ва тавлиди барқ аст, хуб истифода кунад. Дар ин кишвар 8,000 пиряхҳоест, ки истифодаи дурусти онҳо метавонанд ба аҳолии кишвар ва сайёра манфиат бирасонанд. Тоҷикистон 4% иқтидори гидроэнергетикаи ҷаҳонро доро буда, саввумин тавлидкунандаи барқ ба шумор меравад.
Яке аз дигар самтҳое ки Тоҷикистон ва Покистонро бо ҳам наздик месозад, ин амалисозии лоиҳаи КАСА-1000 мебошад, ки ҳамоҳангсозии асосии он Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон мебошанд. Бояд қайд кард, ки ҳадафи асосии лоиҳаи КАСА-1000 ин тавлид ва интиқоли барқи обӣ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Бо амалисозии ин лоиҳа кишвари Покистон 1300 мегаватт барқ дарёфт менамояд, ки бо ин васила равобити минтақавиро тақвият мебахшад.
Кишварҳои Тоҷикистон ва Покистон метавонанд дар бахши кишоварзӣ ва саноат низ ҳамкории худро низ рушд ва тақвият диҳанд. Зеро ҳар ду кишвар дорои манобеи хуби кишоварзӣ ва саноатӣ ҳастанд, ки иборат аз киштикартошка, пахта, шолӣ, меваҷот, гугирдсозӣ, семент, либосворӣ, зарфсозӣ, тубсозӣ ва ғайра мебошанд.Тоҷикистон метавонад дар бахши коркарди ғизо ва нассоҷӣ аз таҷриба ва саноати Покистон истифода намояд.Зеро ин кишвар дар тавлид ва коркарди маҳсулоти пахтагин дар ҷаҳон ҷойи саввумро ишғол мекунад.
Мавриди зикр аст, ки 20 декабри соли 2011 дар Покистон ҷаласаи якуми Шӯрои сарпарастони Бунёди Илмии СҲИ баргузор шуд. Бояд қайд кард, ки моҳи марти соли 2017 сарони давлатҳои аъзо дар Саммити 13-уми худ дар шаҳри Исломободи Покистон шиори «Дидгоҳи СҲИ 2025»-ро, мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқ карданд.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон аз моҳи сентябр то декабри соли равон барои селзадагони Покистон ду маротиба корвони кумакҳои башардӯстона равон кард, ки шомили корвони мошинҳои ҳомили маҳсулоти ғизоӣ, сохтмонӣ, беҳдоштӣ ва маводи сӯхт буданд.
Бояд зикр кард, ки дар аввалҳои солҳои Истиқлолияти Тоҷикистон парвозҳо миёни шаҳрҳои Душанбеву Карочии Покистон сурат мегирифт, ки заминаҳоро барои рушду нумуи савдову тиҷорат фароҳам меовард. Дертар нимаи моҳи майи соли 2016 Ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр» нахустин парвози хатсайри ҳавоии «Душанбе-Лоҳур»-ро ба роҳ монд, ки заминаро барои эҳёи равобит миёни ҳар ду бародаршаҳр (Душанбе ва Лоҳур аз соли 1973 бародаршаҳр эълон шудаанд) фароҳам овард. Аммо бо сабабҳои норавшану мубрами геополотикии ҷаҳон ин парвозҳо ба таври мунтазаму мултазам идома пайдо накарданд.
Бо сафари роҳбарияти олии кишвар умедворем, ки парвозҳо дубора барқарор шуда, ширкатҳои ҳавопаймоии ҳар ду кишвар аз ҷумла, Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, “Тоҷик Эйр”-Тоҷикистон ва PIA-и Покистон метавонанд ташаббусу заминаҳои хуберо баҳри шукуфоии мардумони ҳар ду кишвар фароҳам оваранд.
Набояд фаромӯш кард, ки давомнокии парвозҳо миёни Душанбе-Исломобод, Душанбе-Карочӣ ва Душанбе-Лоҳур вақти зиёдеро нагирифта, беш аз 90 дақиқа, 2 соат ва 1 соату 30 дақиқаро дарбар мегирад.
Барои хубтар ба роҳмондани ҳамкориҳо давлатҳо ва бо истифода аз формулаи зерин кор гирифта, масоилро ҳаллу фасл намоянд. Формула аз ибораи англисӣ зери унвони “PEACE” маъхаз мегирад, ки маънои сулҳро мефаҳмонад. Ҳар ҳарфи он мафҳуми хоссе дорад, ки шарҳу тавсифи ибораи мазкур бо пешниҳоди камина ба таври зайл маънидод шудааст:
Promotion – тарвиҷу тарғиби сулҳу субот
Economization – сарфаҷуии иқтисодӣ
Activation – фаъолсозии барномаву лоиҳаҳо
Cooperation – ҳамкорӣ
Elimination – маҳву бартарафсозии хатарҳои ҷомеа
Хулоса, муносибатҳои Тоҷикистону Покистон дар чаҳорчубаи созишномаҳои дуҷониба ва чандҷониба то имрӯз мавриди амал гирифта, сафари роҳбари кишвари ба онҷо қадаме неку хубест барои рушди ҳамкориҳо миёни ҳар ду кишвар ва минтақа.
Мирсаид Раҳмонов, таҳлилгар ва ходими калони илмии Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо-и АМИТ