КАТИБАИ АВВАЛ
Душвортарин мавзуъ
Расо се сол мешавад, ки нияти бо устод Мирзоҳусайни Бадалипур, фарҳангшинос, файласуф, шоир, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва нафаре, ки чӣ маънову мазмун доштани калимаҳои “фарҳанг”, “тамаддун”, “худшиносӣ”, “ватандӯстӣ”, “урф”, “одат”, “танҳоӣ”…-ро равону сода ба ман шарҳ дода буд, суҳбат кардан доштам. Офаридгор он рӯзро имрӯз бароям ҳадя кард. Мо ҳоло дар боғи “Дӯстии халқҳо”-и пойтахт болои сабзаҳои сабз курсиҳои кабудро мондаву нишастаем.
– Дар ин рӯзҳои гарми тобистон хастагиро набинед…
– Саломат бош, Ҳафизуллоҳ!
– Дар кадом мавзуъ суҳбат кардан душвор аст бароятон?
– Дар дилхоҳ мавзуе, ки дар он калимаи “модар” гуфта шавад.
– Чаро?
– Барои он ки баробари шунидани калимаи “модар” модари худам ба хотирам меоянд.
– То андозае Шуморо дарк кардам, аммо инҷо гап гапи дигар аст…
– Чӣ гап будааст?
– Шумо 19-уми июл зодрӯз доред ва оё мешавад, ки дар омад-омади зодрӯз модарро ёд накард?
– Акнун мо пир шудем, бигзор ҷавонҳо зодрӯз гӯянду хурсандӣ кунанд. Агарчи дар бораи модари худам бисёр душвор аст сухан гуфтан, аммо кӯшиш мекунам, ки ба саволҳоят ҷавоб диҳам.
КАТИБАИ ДУВУМ
«Марги ту оғози пирии ман аст»
Бубахш, эй Модар, ки ҳамагӣ баъди як шаби дурӣ аз ман умрбод ҷудо гаштӣ. Эй хок бар сарам! Охир, донишҷӯ будам ва бегоҳии рӯзи якшанбе барои аз дарс намондан ба шаҳр омадам. Аз куҷо медонистам, ки ин охирин дидорам бо туст. Бале, чанд мактабу донишгоҳ ва академияро то ба имрӯз хатм кардам, вале ҳеҷ кадоме аз мактаби тарбияти ту боло нест, ҳеҷ кадоме ҳикмати мактаби туро надорад.
(М. Бадалипур)
– Устод, оё аз шири сафеду беолоиши модар дида чизе бомаззатару болаззаттар ҳаст?
– Ба Худо, ки не! Ҳама сафедиҳои рӯзгори ман аз шири сафеди модарам сарчашма гирифтаанд. Шири сафеди модар нишонаи бахти сафед ва роҳи сафед хостанаш барои фарзанд аст. Қудрат, таъсир ва нерӯи шири модарам буд, ки сиёҳиҳои рӯзгор дар чашмонам нанамуданд ва ҳамеша фикру зикри сафед маро ҳамроҳ аст.
– Баъзан мешавад, ки кӯдак дар вақти ширхӯрӣ ҳам мегиряд, яъне вай алла мехоҳад. Алла хостану хоб кардан дар он оғӯши пур аз меҳр бароятон арзонӣ буд?
– Ҳама тору пуди зиндагиам фидои суруди аллаи модарам бод! Фикр мекунам аз дигар бародаронам дида, модарам дар сари гаҳвораи ман зиёд алла гуфтаанд. Аллаи модарам суруди зиндагӣ, суруди дӯстдорӣ, суруди ватандорӣ ва суруди вафодорию ҳушёрӣ буд.
– Дар чанд ҷое ба мисраҳои назмии Шумо вохӯрдам, ки ба духтур ё табиб будани модаратон ишора кардаед. Оё тахминам дуруст аст?
– Албатта, дуруст аст. Модарам дасти шифобахше доштанд, ки садҳо мардуми дардманду маризро даво мебахшид, яъне табиби халқӣ буданд. Аз ҳама бештар бо ҳунари доғсӯзӣ, ки маҳорату назокати хоси пизишкиро талаб менамояд, дар байни мардуми диёрамон шуҳрат пайдо карда буданд. Бо ин амал ашхоси зиёдеро давову дармон бахшиданд, вале баъди маргашон доғе дар дили ман монд, ки то қиёмат сӯзон аст…
– Душвор ҳам бошад, он доғи дилро инҷо қисса кунед барои доғдорон…
– Чӣ гӯям, ки аз суханонам ҳама ғамгин мешаванд. Модари азизамро хеле барвақт аз даст додам. Марг ӯро дар ҳоле аз ман рабуд, ки донишҷӯи курси дуюм будам. Дунёи равшан ба назарам торик гашт. Ҳавову ҳавасам мурд, зиндагӣ бароям якранг шуд. Дигар ҳар бор, ки рӯзҳои шанбе ба хона мерафтам, модари чашминтизорам дами дар набуд. Аз он рӯз то ба имрӯз ҳар бор, ки ба ҳавлии падар меравам, раҳораҳ хаёли ширине маро фаро мегирад: «Модарам пушти дар аст!». Вале, дареғ, ин ҳама ба ҷуз хобу хаёл чизи дигаре нест. Ба гуфти устод Лоиқ:
Ту дигар ба пешвозам дами дар намебароӣ,
Ту дигар ба лаҳҷаи худ бари ман намесароӣ.
Писари азизам омад…
– Устод, ин чандумин сол аст, ки бо доғу дарди модар нафас гирифта истодаед?
– Ба қавли устод Лоиқ: «Марги ту оғози пирии ман аст». Ба Худо, ки рост аст. Ҳарчанд, ки умр рафт, дарду ғами модар нарафт, баръакс зиёд шуд. Аз марги модарам сию шаш сол гузашт, вале то ба ҳол, ба назарам, ман ҳамон донишҷӯйи курси дуюмам ва модари азизам дар рӯи ҳавлиямон чашм ба интизори роҳи ман… Аҷоибот он аст, ки баъди як соли вафоташ дар сари мазораш дарахти дулонаяке сабз шуд. Атрофи мазорашро панҷара гирифтем, то он дарахт сабзиш ёбад ва аз газанди рӯзгор эмин монад. Имрӯзҳо он дулонаяк дарахти азиме шудааст. Дарахте, ки аз оби чашмам руст ва аз дарду андуҳам реша давонд, аз орзуву ормонам шоху панҷа намуд ва мева ҳам бор овард.
– Дар ин солҳои тӯлонӣ оё касеро ба модаратон монанд ёфтед?
– Аниқ намедонам чанд сол пеш буд, аммо дар як барномаи телевизионӣ занеро намоиш доданд, ки аз танӯр нони гарм мебаровард. Оҳ! Чӣ қадар монанд ба модари азизам, чеҳрааш, ҳаракатҳояш, шишту хезаш, суханонаш, ҳатто нонҳои пухтааш. Дар ҳоле, ки гиря гулӯгирам карда буд ва оби чашмонам шашқатор мерехт, ин рубоиро эҷод кардам:
Ёдам омад нони танӯри модар,
Он фотиҳаву рӯйи ба нури модар.
Не нони танӯр монду не модари ҷон,
Ман фотиҳахон шудам ба гӯри модар.
– Нони танӯри модаратон ягон хосияти фарқкунандае доштагист, ки мисраи аввал аз он оғоз гардидааст…
– Бале, азизи ҷонам. Модарам ҳар вақте ки дар танӯр нон мепухт, ҳатман дар ҳамон ҷо шакароб мекард бароям. Ман шакароб мехӯрдаму вай сари маро дастмол мекард…
КАТИБАИ САВУМ
Ширинкунандаи комҳо
– Устод, модарамро ёд карда будам қариб, ки хастагиамро рафъ кардед. Оё имкон доред, ки аз зиндагии падаратон чанде бигӯед?
– Ба фикрам ҳозир падарат ба ёдат омад…
– Бале, магар мешавад, ки падарро ёд накард?
– Не, имкон надорад. Зиндагии хотирмони падарам чун лентаи ҷиҳози киное, ки дар давраи шӯравӣ ба қишлоқ меоварданд, ҳамеша дар хаёлам гирдгардон аст. Падарам марди сахт заҳматкаш ва покизарӯзгоре буданд. Нисбати мо фарзандон бениҳоят сахтгир буданд ва фикр мекунам, ҳамон сахтгириҳояшон буд, ки мо ҳама маълумоти олидору номзади илм шудем.
– Чанде пеш як шеъратон ба дастам афтид, ки дар сӯги собиқ Президенти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ навиштаед ва шарҳ ҳам додаед, ки симои падаратон ба симои Бурҳониддин Раббонӣ монандии зиёд доштааст…
– Дуруст гуфтед. Падарам ба устод Раббонӣ зиёд монанд буданд ва ин буд, ки дар деҳа ҳамагон падарамро “Рабонӣ” мегуфтанд.
– Падаратон чӣ касбу коре доштанд?
– Солҳои зиёд дар маркази ноҳия ба сифати мудири мағозаи китоб кор карданд. Бо дастрасӣ ва мутолиаи китобҳои зиёд дониши фароху ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии аҷибе доштанд ва фарди соҳибмаърифату соҳибандеша буданд.
– Хотирмонтарин коре, ки бароятон кардаанд, чӣ аст?
– Хуб дар ёдам мондааст, ки соли 1981 ман унвони дунишҷӯйиро соҳиб шудам. Ҳамон сол падарам 4 гусфанди фарбеҳкардаашро ба бозор бурда фурӯхт ва ҳама лавозимоти маро таъмин кард. Фикр мекунам дар он вақт кори бузургтаринро як падар барои фарзандаш кард.
– Қиблагоҳатон ягон хислат ё кори аҷибе доштанд?
– Бале ҳам гӯем, мешавад. Як хислати ҳамешагии падарам то ба рӯзи вопасини ҳаёташон чунин буд, ки дар вақти дардмандиву беморӣ ҳеҷ гоҳ ба духтур намерафтанд ва худашонро фақат бо гӯшту равғани гӯсфанд табобат мекарданд. Баъзе вақт ва дар ҳолати бемориамон моро маҷбуран як пиёла ё як коса рағани гӯсфанд мехӯронданд.
– Агар ёдатон бошад, рӯзе дар аудиторияи мо гуфта будед, ки падаратон боғдори калоне ҳам буданд…
– Гапи се сол пеш гуфтаам ба ёдат мондааст?
– Дар ёдам набуд, аммо дар дафтарам бо ранги ғафс навишта будамаш…
– Падарам дарахтшинонӣ, дарахтпарварӣ ва дарахтсабзониро хеле дӯст медоштанд ва аслан пешаи зиндагӣ ва рӯзгорашон ҳамин кору амали савоб буд. Боз ҳунари пайвандгарӣ доштанд ва ҳар баҳор дарахти тут, себ ва ё гелос пайванд менамуданд.
– Ширинкунандаи комҳо бигӯемашон, хато намешавад?
– Фикр мекунам ибораи мувофиқ ёфтед. Зеро аз моҳи май, аз вақти пухта расидани меваҳои пешпазак то ба фасли дай корамон мевахӯрӣ буд. Меваҳои ширину хуштаъм ва лазизи боғамон коми ҳазорҳо нафарро ширин мекард.
КАТИБАИ ЧАҲОРУМ
Гӯшаи беғамӣ
Танҳоӣ партобгоҳи мушакҳои эҷодист.
(Акбари Турсун)
– Василаи эҷоду эъҷози Шумо чист?
– Танҳоӣ.
– Чӣ гуна танҳоӣ?
– Албатта, ки ман узлатнишинию гурез аз одамонро дар назар надорам. Танҳоиеро дар назар ва дӯст дорам, ки вақте моломоли андешаҳо мешавам, танҳо ба худам гуфта метавонамашон.
– Шумо танҳоиро кай меёбед ва банди кадом корҳо сипарӣ мешавад танҳоиҳоятон?
– Ман танҳоиро дӯст медорам, аммо мутаассифона ба он мерасам, зеро дар донишгоҳ бо шогирдон ва дар хона бо пайвандон ҳамеша дар суҳбату иртибот ҳастам. Метавонам бигӯям, ки танҳоиро ман бисёр вақт дар дили шаб меёбам. Дар танҳоӣ фикр мекунам, эҷод мекунам, нақша мекашам…
– Зиёдтар фикри чӣ ё киро мекунед?
– Аввал фикри Худо ва пасон фикрҳои дигар, ба монанди модарамро ёд мекунам, туту гелосҳои падарам ба хотирам меоянд, чизи наве эҷод мекунам, барои ояндагон меандешам…
– Ба ҷуз ин фоидаҳо, танҳоӣ ба Шумо боз чӣ медиҳад?
– Фоидаи аввали танҳоӣ бароям он аст, ки маро метавонад аз мушкилиҳои рӯзгор раҳоӣ бахшад. Баъдан, ба ман имкон медиҳад, ки ҳодисоту воқеотро маърифат кунам ва аз онҳо барои худ суде бигирам.
КАТИБАИ ПАНҶУМ
“Дар оғӯши ту мемирам…”
Дар оғӯши ту мемирам,
Дар оғӯше, ки аз гармии ҷонсӯзи танат сӯзам,
Дар оғӯше, ки аз лабҳои нармат бодаҳо нӯшам.
(М. Бадалипур)
– Илҳоми ду эҷодкор метавонад як хел ояд?
– Ҳарчанд фарёдкунандаи илҳом дар ботини эҷодкорон гуногун аст, аммо наметавонем бигӯем, ки наметавонанд ду эҷодкор дар як вақт ё соат эҷод намоянд.
– Нақши шеърро дар ҳаёти маънавии мо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– То ба имрӯз шеър ва эҷод мавзуи калидии фарҳангу тамаддуни мост. Миллати мо аз ибтидо то имрӯз бо шеър зинда аст. Мо бомбаи атомӣ ихтироъ накардем, аммо ҳамеша бомбаи маънавӣ доштему дорем. Шеър буд, ки миллати мо дар таърих зинда монд. Бузургони мо дар дигар самтҳо ҳам шоҳкориҳо кардаанд, аммо дар шеър саҳми зиёдтар доштанд.
– Ба фикри Шумо, то ҳол мондааст шеърдӯстию шеърхонии мо?
– Бале, мо чунон шеърдӯсту шеърхон ҳастем, ки аз дилхоҳ пирамарду пиразан хоҳиш кунем, бароямон соатҳо шеър мехонанд. Ва ман бисёр мехоҳам ин анъанаи тоҷикона намирад, балки давом ёбад.
– Ҳоло унвони шоирӣ “арзон” шудагӣ барин, касе чизе хоҳад, менигорад ва “шоирам” мегӯяд…
– Ба фикрам мақсадатонро фаҳмидам. Муҳаммад Иқбол нигошта:
Фитрати шоир саропо ҷустуҷуст,
Холиқу парвардигори орзуст.
Шоир андар синаи миллат чу дил,
Миллати бешоирӣ анбори гил.
Шеърро мақсуд агар одамгарист,
Шоирӣ ҳам вориси пайғамбарист.
Рисолати шоир чашми мардумро кушодан ва завқ бахшидан аст. Шоир бояд бо шеъраш, бо суханаш тарбият кунад хонандаи худро. Шоир уҳдадор аст чашме дошта бошад, ки аз чашми дигарон тезтар ва хубтар бинад…
– Устод, чун инҷо аз шеъру шоирӣ гуфтед, як шеър мехондед, хуб мешуд…
– Боз фаҳмидам мақсадатонро. Шумо маро санҷиданиед, ки оё шеърҳои худамро аз ёд медонам ё не? Ман се маҷмуаи шеър дорам ва ҳамаашро аз ёд медонам. Кадом шеърамро бихонам?
– “Дар оғӯши ту мемирам”-ро.
– Дар оғӯши ту мемирам,
Дар оғӯше, ки аз гармии ҷонсӯзи танат сӯзам,
Дар оғӯше, ки аз лабҳои нармат бодаҳо нӯшам,
Дар оғӯше, ки бар рағми хазонҳо сабзу гулпӯшам,
Дар оғӯше, ки аз эҳсоси ларзишҳои руъёи-ш мадҳушам,
Дар оғӯше, ки бори зиндагӣ меафтад аз дӯшам,
Дар оғуше, ки мегардад ҳама олам фаромӯшам,
Дар оғӯше, ки ҷои дарду фарёд асту хомӯшам,
Маро ин дам чӣ давлат ҳаст, ки бо ту ҳамоғӯшам.
Ҳама дунёи ман нур аст,
Ғами ҳиҷрон, ғами олам зи ман дур аст.
Ва ин дам Шаҳрзоди қиссагӯи ту ба паҳлӯям,
Ки ман афсонаҳои умрбодам бо ту мегӯям.
Роҳи фардои тақдир аз фурӯғи чашми ту ҷӯям.
Зи андоми сапеди ғарқи гулҳоят фараҳ бӯям,
Зи оби рӯю мӯи ту вуҷудамро ҳамешӯям.
Замину осмон механдад он соат, ки ту механдӣ бар рӯям
Ва ин дам ман адои нозҳои беғашат ҳастам,
Дилам масту сарам масту танам масту худам мастам…
Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ