Агар хоҳӣ, ки озод бошӣ, ғуломи   қонун бош!

(Ситсерон)

 Дар таърихи давлатдориҳои ҷаҳон  санадҳои муҳим, қонунгузориҳои муҳиме дар рафти инкишофи ҷомеа вобаста ба заруриятҳои объективӣ  ва субъективии ба амал омада қабул гаштаанд, ки баъдан қабули чунин ҳуҷҷатҳо, санадҳои муҳими қонунгузорӣ боиси рушду нумӯъи давлатдориҳо, дигаргун гаштани рафти тараққиёти ҷамъият, тағир ёфтани савияи фикрронии бани одамизод ва  муносибати инсонҳо бо ҳам ва муносибати одам бо ҷамъият ва давлат ва баръакс  гашта, боиси тағироти куллӣ дар ҳаёти инсон ва бо ибораи дигар боиси рӯйдодҳои муҳим бо оқибатҳои тамадунсоз гаштанд.

Чунин санади муҳим дар таърихи давлатдориҳо ва дар таърихи инсоният бешубҳа қабули конститутсияҳо – қонунҳои асосии кишварҳои мухталиф буда, қабули чунин санадҳои муҳим баъдан маҷрои инкишофу тамадуни  кишварҳои ҷаҳон  ва фарзанди одамизодро билкул тағир дода, онро  ба маҷрои нави рушду инкишоф, ақлгароӣ ва волоияти қадру қиммати инсон  дохил  намудааст. Калимаи конститутсия решаи худро аз ибораи лотинии «конститутсио» гирифта, маънои  сохторро  дошта,  қонуни асосии  кишварҳо маҳсуб меёбад. Ин санади муҳим асосҳои сохти ҷамъиятӣ  ва давлатӣ, системаи сохторҳои давлатӣ, макомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, фаъолият ва ҳуқуқии шаҳрвандонро ба низом медарорад. Таъсиси «институти конститутсия»- ҳо ба  охири асрҳои 17 ва ибтидои асри 18 рафта мерасад. Аввалин  чунин санадҳои монанд ба конститутсияҳо баъди инкилобҳои буржуазии  Ҳоландия ва Англия дар Аврупои ғарбӣ пайдо гашта , соли 1787 конститутсияи аввалини ИМА қабул гашт, ки он бо чанде аз тағироту иловаҳо то имрӯз амал менамояд. Такомули минбаъда ва нисбатан бузурги инкишофи конститутсия ба   инқилоби бузурги буржуазии Фаронса дар охирҳои асри 18(солҳои 1789-1794 ) рост омада, баъди қабули конститутсия дар ин кишвар, қабули конститутсияҳо дар дигар кишварҳои пешрафтаи Аврупо, Америка  ва баъдан  Осиё ва Африқо ба вуқӯъ пайваста, қабули конститутсияҳо ва инкишофи давлатдориҳо дар ин асос ҷузъи ҷудонашавандаи ин кишварҳо гаштааст.

Халқи тоҷик низ дар давраи  ташаккули  худ зинаҳои гуногуни қабули конститутсияҳоро аз сар гузаронидааст. Қабули аввалин конститутсия дар ҳаёти собиқ кишвари шӯроҳо баъди Инқилоби бузурги Ӯктабрӣ   ба вуқӯъ пайваста, соли 1918 Конститутсияи РСФСР қабул гашт. Хотиррасон бояд намуд, ки он давра як қисми сарзаминҳои  Точикистони оянда аз қабили округҳои Хуҷанд ва Помир  аввалан  ба ҳайати Руссияи подшоҳӣ, баъди таъсиси  ҶМШСС-и Туркистон, ки ҷузъи таркибии Руссияи шӯравӣ буд ба ҳайати он   шомил буданд ва гуфтан мумкин ҳаст, ки  як қисми мардуми тоҷик аз амалҳои ин санади муҳими тамадунсоз  ҳамон давра баҳравар гашта буданд. Баъдан вобаста ба рафти тараққиёти ҷамъият  соли 1924 баъди таъсисёбии СССР (соли 1922)  конститутсияи ин кишвари бузург қабул гашта, халқи точик бевосита аз он  баҳравар гардид. Ин конститутсия баъдан вобаста ба раванди тараққиёти ҷамъият солҳои 1936 ва 1977 аз нав қабул гашт. Қайд бояд намуд, ки ин конститутсияҳои СССР дар роҳи инкишофи давлатдории тоҷикон (аввал ҷумҳурии мухтор ва баъдан ҷумҳурии иттифоқӣ) нақши муҳими худро гузоштаанд. Халқи тоҷик низ дар ҳайати собиқ  Иттиҳоди Шӯравӣ   якчанд конститутсияҳои худро қабул намуда, дар ин асоси онҳо рушди давлатдории худро таъмин намудаанд. Аз ҷумла вобаста ба раванди тараққиёти ҷомеа солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 чунин конститутсияҳо қабул гаштаанд, ки ҳамаи онҳо дар роҳи инкишофи давлатдории тоҷикон то соли 1991 саҳми боризи худро ба ҷой  гузоштаанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки конститутсияи кишвари  мо рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи референдум, яъне раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида буд. Дар давоми 28 соли баъди қабули  Қонуни Асосӣ вобаста ба воқеаҳои муҳими сиёсӣ, ки дар мамлакатамон ба вуқӯъ пайвастанд, ба он  3  маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд: Бори аввал бинобар сабаби ба имзо расидани шартномаи Истиқрори Сулҳ санаи  26-уми сентябри соли 1999,  маротибаи дуввум вобаста ба рафти тараққиёти ҷомеа рӯзи 22-июни соли 2003 ва маротибаи сеюм бошад санаи 22-юми майи соли 2016 бо райъпурсии умумихалқӣ ба он  тағироту иловаҳо ворид карда шудаанд.  Дар ҳар се  ҳолат ҳам тағйироту иловаҳо ба конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ  ворид карда шудаанд. Қабл аз қабули конститутсия лоиҳаи матни он дар матбуоти даврӣ ба чоп расида буд ва муддати тулонӣ дар муҳокимаи умумихалқӣ  қарор дошт.Ҳамчунин ҳамарӯза ба воситаи садо ва симо шаҳрвандони касбу кори гуногун, фикру ақидаҳои худро дар бораи матни ва  мазмуну мундариҷаи он             баён карда буданд,  ки ҳангоми таҳияи  матни  ниҳоии он ба инобат гирифта шуда буданд. Ҳамин тариқ мо гуфта метавонем, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон   иродаи халқи Тоҷикистон пурра таҷассум ёфтааст.

Хусусияти демократии конститутсияи  мамлакати мо аз тарафи аксари кулли институтҳои  ҳуқуқии  башарият  эътироф гардидааст ва дар байни конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳон яке аз конститутсияҳои демократитарин шинохта шудааст. Моҳияти демократии   конститутсия  дар моддаи 1-уми он таҷассум ёфтааст, ки дар он чунин омадааст: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Шакли идории Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.

Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад…»

Чи тавре дар моддаи 10-и конститутсияи  мамлакат омадааст: «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ  надоранд…»

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ ба мисли дигар давлатҳо, Конститутсия ба сифати Қонуни Асосӣ амал мекунад ва ҳамаи дигар қонунҳо маҳз аз  Конститутсия сарчашма мегиранд. Аз ҳамин лиҳоз  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарчашмаи асосии қонуният дар кишвар аст.

Ҷумҳурии моро тавассути  конститутсияи  демократию сиёсати сулҳҷӯёнаи пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон, аксари кулли давлатҳои дунё эътироф кардаанд ва ҳамкориҳои самаранокро ба роҳ мондаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҷаҳони имрӯза ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Миллали Муттаҳид шинохта шудааст. Ба ин пеш аз ҳама ҷавҳари демократии қонститутсияи мамлакатамон мусоидат кардааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар худ тамоми меъёрҳои ҳуқуқи башарро таҷассум намудааст ва ба ҳамаи меъёрҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ мувофиқат мекунад. Дар Қонуни Асосии кишвари мо озодӣ ва ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд  муқаддас шуморида шудаанд. Дар моддаи 5-уми   конститусия  омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ доранд.  Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фикрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».

Қонуни Асосӣ  баробарҳуқуқии ҳамаро дар назди қонун ва суд  эътироф намудааст.Мутобиқи моддаи 17 «ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон эътиқоди динӣ, мавқеъи сиёсӣ,  вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд».

Ин меъёҳои  конститутсияи  кишварро мо дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ эҳсос мекунем. Дар Тоҷикистон ҳамаи халқу миллатҳо дар фазои озод кору зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи халқҳои сокини Тоҷикистон аз тарафи давлат ҳифз карда шуда ва кафолати қонунии он таъмин карда мешавад. Дар шароити имрӯза  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳизби сиёсӣ дар фазои озод кору амал карда истодаанд. Ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи ҳизбҳо аз тарафи давлат ҳимоя ва ҳифз карда мешавад.

Яке аз присипҳои асосии ҳуқуқи башар ин далели бегуноҳӣ мебошад, ки дар Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҷассуми худро дар моддаи 20 ёфтааст. «Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят, гунаҳгор дониста намешавад. Ҳеҷ кас баъди гузаштани мӯҳлати таъқиби ҷиноӣ, инчунин барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт ба ҷавобгарӣ  кашида намешавад. Барои як ҷиноят ҳеҷ кас такроран ҷазо намебинад. Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад. Агар баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунӣ  барои он ҷазо пешбинӣ  нашуда бошад ва ё ҷазои сабук пешбинӣ  шуда бошад, қонуни нав амал мекунад. Мусодираи молу мулки шахси маҳкумшуда манъ аст».

Меъёри дигари ҳуқуқи  шахрвандон ин дахлнопазирии манзил мебошад.  Меъёри мазкур низ аз ҷониби конститутсия кафолат дода шудааст. Вобаста ба ин меъёри ҳуқуқӣ дар моддаи 22 омадааст: «Манзили шахс дахлнопазир аст. Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст».

Дар моддаи 26  озодии виҷдон кафолат дода шудааст. «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ  намояд ва ё пайравӣ  накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд». Ин меъёрҳои конститутсионӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои  динӣ» ба таври пурра ва муфассал баён ёфтаанд.

Дар баробари ин конститутсия  ҳамчунин дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандонро аз қабили маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефонӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, ширкат дар маҷлис ва гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта, озодии сухан, нашр, ҳуқуқу истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқӣ ба моликият ва мерос, ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби  касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба истироҳат ва ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқ  ба таҳсил ва дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ башарро кафолат додааст.

Дар баробари ҳуқуқҳо конститусияи кишвар ҳамчунин вазифаҳои шаҳрвандонро низ муқаррар  намудааст. Чунончӣ, дар моддаи 42 Қонуни Асосӣ дарҷ гардидааст, ки «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки  конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад».

Ин ҳолат ҳамчунин дар қисми 2-юми моддаи 10-и конститутсия ба таври пурра дарҷ гардидааст: «Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд».

Ин чунин маъно дорад, ки ҳар як шахс новобаста аз он, ки дар кадом мансабу вазифа кор мекунад, вазифадор аст, ки қонунҳои давлатро донад ва онҳоро риоя намояд. Дар ҳоле, ки шахс қонунҳоро намедонад, албатта ҳар гуна қонуншиканиро аз ӯ интизор шудан мумкин аст. Вале ин ҳолат шахсро аз ҷавобгарӣ (ин ҷо дар назар дошта шудааст: ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ, маъмурӣ ва ниҳоят ҷавобгарии ҷиноӣ) озод намекунад. Ҳамин  мавқеъи конститутсия  хар як шахсро вазифадор менамояд, ки бахри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии худ пайваста кӯшиш намояд. То вақте ки, дар доираи қонунҳои амалкунандаи мамлакати худ кору зиндагӣ карданро наомӯзем, худро озод ҳис карда наметавонем. Дар ҳамин ҷо суханҳои ҳикматомези Ситсерони бузургро овардан ба маврид аст: «Агар хоҳӣ, ки озод бошӣ  ғуломи қонун бош!»

Дар моддаи 43-и конститутсия  бошад, ҳифзи ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд эътироф гардидааст. Конститутсия ҳамчунин ҳамаи мо шаҳрвандонро вазифадор намудааст, ки ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихию фарҳангиро ба ҷо оварем, пардохти андозҳоро, ки қонун муқаррар кардааст, таъмин намоем.

Ҳамин тариқ, Қонуни Асосии кишвар, ки аз 10 боб ва 100 модда инчунин «муқаррароти интиқолӣ»  иборат аст, ҳамаи паҳлӯҳҳои сиёсӣ,  иқтисодӣ ва фарҳангии ҳаёти моро фаро гирифта,  ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин салоҳияти мақомотҳои асосии давлат ва ҳокимиятро муқаррар намудааст. Агар боби аввали конститутсия асосҳои сохтори конститутсиониро дар бар гирад, боби дуюм, ки аз 34 модда иборат аст пурра ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст.

Бобҳои сеюм, ҷаҳорум, панҷум, шашуми  конститутсия дар бораи мақомоти давлатӣ (Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ) – ро  дар бар гирифтааст. Дар бобҳои зикршуда мақом ва салоҳияти мақомотҳои дахлдор дарҷ ёфтаанд. Масалан, дар боби сеюм, ки дар бораи Маҷлиси Олӣ мебошад, дар моддаи 48-ум чунин омадааст: «Маҷлиси Олӣ- парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  – мақоми олии намояндагӣ  ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад. Маҷлиси Олӣ  аз ду Маҷлис – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст…» Ин чунин маъно дорад, ки парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ  аз ду палата иборат аст. Ин меъёрҳои конститутсионӣ аввалин маротиба дар Қонуни Асосии кишвари мо ҳанӯз соли 1999 ҳангоми бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ  қабул намудани тағйироту иловаҳо ба конститутсия ворид карда шуда буданд. Ин падидаи нав дар таърихи навини давлатдории мо тоҷикон аст, ки аз қадаме ба пеш дар ҷодаи қонунгузорӣ шаҳодат медиҳад.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 64-и Конститутсия «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.

Президент ҳомии қонститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ  ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти макомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмиллалии Тоҷикистон мебошад.

Ҳокимияти судӣ мутобиқи моддаи 84-и конститутсия мустақил буда, аз номи давлат аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Адолати судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия, Суди иктисодии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд. Мувофиқи талаботи ҳамин моддаи конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташкили суди фавқулодда манъ аст.

Ҳамин тариқ конститутсия сарчашмаи ҳамаи қонунҳо буда, риояи он барои ҳар як шаҳрванд ҳатмист.

Хулоса бародарони азиз конститутсия – қонуни зиндагӣ ва асоси давлату давлатдорӣ  буда, ҳамагонро ба муносибати 28 солагии қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллату давлат табрику муборакбод намуда, ба ҳама саодату хушбахтиро орзумандам.

 Зайниддинов В.Д, ёрдамчии калони   прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи  дараҷаи 1

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь