Ин имкониятро имрӯз коршиносон дар мизи мудаввар таҳти унвони “Низоъ дар Украина» баррасӣ карданд: оё бо кӯмаки Туркия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барқарории сулҳ имконпазир аст”. Коршиносони минтақавӣ имконияти иштироки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли муноқишаи Русияву Украинаро таҳлил карданд.
Аксари коршиносон аз Осиёи Марказӣ қайд мекунанд, ки кишварҳои минтақаро метавон ҳамчун як майдони умедбахш барои музокиротҳо арзёбӣ кард, зеро маҳз ба туфайли муттаҳидшавии нерӯҳои минтақавӣ дар солҳои 90-ум имконпазир гардид, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима бахшида, сулҳ барқарор кунем.
“Пеш аз интихоби макони баргузории музокирот, ба назари ман, аввал бояд дарк кард, ки ҳоло моҳияти дархост дар чист – пайдо кардани кишваре, ки имкони пешбурди рӯзномаи худро дошта бошад ва ба он дар Маскав, Киев ва Вашингтон гӯш диҳанд, ё ба мо як миёнарави ростқавл лозим аст, ки интизор нест, ки ба вай гӯш медиҳанд, балки танҳо мехоҳад худро ба ҳайси майдоне пешниҳод кунад, ки дар он ҷо ҷонибҳо ҷамъ омада, ба тавофуқ бирасанд”, -мегӯяд коршиноси ӯзбек Бахтиёр Эргашев. «Ман фикр мекунам, ки ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ дар ин масъала бартарӣ дорад ва метавонад ҳамчун як майдони муассир барои гуфтушунидҳо баромад кунад».
Дар мавриди Туркия ва музокироти эҳтимолӣ бо номи шартии “Истамбул-2”, ки вақтҳои охир мавриди баҳси ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, бояд гуфт, ки бисёре аз коршиносон аз байни тамоми лоиҳаҳои пешниҳодшуда, лоиҳаи Туркияро бештар воқеъбинона арзёбӣ мекунанд.
“Мо медонем, ки Туркия сеюмин бозингари муҳим, пас аз Русия ва Украина, дар ҳавзаи бузурги Баҳри Сиёҳ мебошад”, – қайд намуд зимни суханронии худ дар мизи мудаввар коршиноси турк Окай Депрем. «Туркия аз ин ҷанг сахт зарар дид, махсусан аз ҷиҳати иқтисодӣ. Мақомоти Туркия, агар мехоҳад манфиатҳои худро дифоъ кунад, ҳатман бояд нақши минтақавии худро иҷро кунад, зеро саволе ба миён меояд, ки агар Туркия ин корро накунад, пас кӣ карда метавонад? Ба мо маълум аст, ки на мамлакатҳои Аврупо ва на кишварҳои соҳили Баҳри Сиёҳ ин корро карда наметавонанд. Ва бо назардошти он, ки Туркия бо Русия равобити дӯстона ва стратегӣ дорад, ва бо Украина низ робитаҳои гуногунро пеш мебарад, мақомоти Туркия метавонад дар ин масъала ба роҳбарияти Украина фишор оварад. Ҳоло Туркия узви НАТО ва бисёр созмонҳои ғарбӣ мебошад ва нисбат ба дигар кишварҳо мақоми хоса дорад – ин Туркияро водор месозад, ки масъулиятро ба дӯш гирифта, кӯшишҳои худро барои хотима бахшидан ба ин низоъ равона кунад.”