Солҳои 90-и асри ХХ Қирғисистонро дар Осиёи Миёна «ҷазираи демократия» ном мебурданд. Баъди аз сари қудрат рафтани Аскар Акаев (соли 2005) унсурҳои ҷиноӣ дар демократияи қирғизӣ ба миён омад. Ҳеҷ кас бовар надошт, ки замоне мерасад, ки як тоҷири дар аввал ноком ё як сардори ширкати захиракунии маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷануби кишвар демократияи қирғизиро ба унсурҳои ҷиноӣ табдил медиҳад. Яъне сухан дар бораи Камчибек Ташиев -асосгузори унсурҳои ҷиноӣ дар демократияи қирғизӣ меравад.
Унсурҳои ҷиноӣ дар ниҳоди Камчибек ҳанӯз аз даврони кӯдакияш ба миён омад. Вазъи ногувории иқтисодӣ, серфарзандӣ дар хонаи падараш- Кыдырша дар деҳаи Барпии ноҳияи Сузаки вилояти Ҷалолобод ӯро маҷбур намуд, ки ба олами ҷиноят рӯ биорад. Дар мактаби варзишӣ муштзаниро омӯхт. Баъди хатми Донишгоҳи техникии Томск (Русия) соли 1992 ба зодгоҳаш баргашт. Корро аз тиҷорати хурд оғоз кард ва дар тиҷорат муаваффақ нагардид ва ширкатии хусусии «Мээрим-Ай»-ро дар ноҳияи Сузак таъсис дод. Соли 1998 ба кӯмаки доираҳои ҷиноӣ вазифаи директори генералии департаменти соҳибкорӣ ва сармоягузории Мақомоти давлатии вилояти Ҷалолободро соҳиб гардид. Баъди ду соли фаъолият ва васеъ намудани доираи ҷиноятиаш дар ҷануби кишвар вазифаи директори генералии ширкати нафтистеҳсолкунии «Томас»-ро соҳиб гардид, аммо дар ин ҷода муваффақ ҳам нашуд.
Ба зодгоҳаш ба деҳаи Барпы баргашт ва кооперативи кишоварзии «Элет-Кенч»-ро таъсис дод. Баъди дохил шудан ба шуъбаи ғоибонаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлати Бишкек ва шиносоӣ ба доираи васеи олами ҷиноӣ дар Бишкек ба демократия ва ба сиёсат роҳ ёфт. Барои роҳ ёфтан ба сиёсат аз тамоми роҳу восита истифода бурд. Барои «чеҳраи сиёсӣ» шудан ба муноқишаи қирғизону ӯзбекон дар ноҳияи Сузак як лидери ғайрирасмӣ ҳам шуд ва орзӯи деринааш ба сари қудрат расидан аз ҳисоби кланҳои ҷануби кишвар буд. Барои расидан ба ҳадафҳои худ бо кӯмаки Белболот Талгирбеков ёрдамчии роҳбари дастгоҳи сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон гардид. Ба василаи дастгоҳи сарвазир дар аввал ҷонишин, баъд ҷонишини якуми раиси ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек интихоб гардид. Дар ҳама вазифаҳои ишғолкардааш то соли 2005 на зиёд аз яксол фаъолият намудааст.
Баъд аз сари қудрат рафтани Асакар Акаев дар соли 2005 тамоми роҳҳо барои расидан ба орзуҳояш барои Камчибек хеле осон гардид. Барои ворид гардидан ба парламент(Жогорку Кенеш) ду бор номуваффақ гардид ва аз ҳарифаш-Марат Бақоиев, писари Қурмонбек Боқиев шикаст хурд, зеро Камчибек бо он ҳама ворид гардинаш ба олами ҷиноӣ дар пойтахт-шаҳри Бишкек чеҳраи шинохта набуд.
Баъди «инқилоби лолагӣ» фурсати муносиб барояш пайдо гашт ва ба кӯмаки хонводаи Боқиевҳо аз ҷануби кишвар депутати парламент (Жогорку Кенеш) интихоб гардид. Дар парламент ба фраксияи ҳизбии ҳизби «Эл Менен» пайваст ва раиси кумитаи рушди соҳаи иқтисод, энергетика вазахираҳои об интихоб гардид. Дар парламент Камчибек барои расидан ба ҳадафҳои ояндааш яке аз мунаққидони сарвазири кишвар-Фелекс Қулов. Аммо дар асл ӯ фармудаҳои Боқиевро барои аз сари қудрат дур кардани Фелекс Қулов иҷро мекард ва ба ҳамин васила ба клани Боқиевҳо наздик шуд.
Барои содиқ буданаш ба клани Боқиевҳо ӯ бо фармони Боқиев вазири ҳолатҳои фавқуллода таъйин гардид. Баъди яксоли фаъолият яку якбора рутбаи генерал-майориро аз рӯи вазифаи ишғолнамудааш дарёфт, ба ҳамин васила бо кӯмак ва дастгирии президент Боқиев ба Шӯрои амният ва вазифаи раиси Шӯрои координатии оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи созмони ОДБК роҳ ёфт.
Аммо Камчибек ба клани Боқиевҳо содиқ намонд, балки аввалин шуда ба клани Боқиевҳо ӯ хиёнат кард, зеро дар соли охири қудрати Боқиев ӯ барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ ва даст задан ба ҳолатҳои коррупсионӣ бо фишори Данияр Усенов аз тамоми вазифаҳои ишғол намудааш, ронда шуд. Аз унсурҳои ҷиноӣ дар демократияи қирғизӣ моҳирона истифода бурд, истеъфои Данияр Усановро талаб кард.
Баъди табодулоти давлатӣ ва фирори Боқиев аз кишвар дар соли 2010 Камчибек аз аввалинҳо шуда ҳукумати вақти Боқиевро ҷинояткор номид, ҳоло он, ки дар ҳукумати вақти Боқиев ӯ ба тамоми мансабҳои калидӣ дар сатҳи ҳукумат расида буд.
Барои расидан ба ҳадафҳои аслиаш аз унсурҳои ҷиноӣ дар демократияи қирғизӣ домони Роза Отунбоеваро гирифт, тарафдоронашро ба хиёбонҳои Бишкек кашид. Барои пок кардани «изи ҷиноятҳояш» хост аз пойтахт рахти сафар бандад ва губернатори вилояти Ҷалолобод шавад, аммо бо ин муваффақ нагардид.
Барои роҳ ёфтан ба қалби Роза Отунбоева ӯ мубаллиғи ҳизби «Ата-Журт» (Ватан) гардид, ки асосгузораш Роза Отунбоева буд. Ҳоло он, ки яке аз чеҳраҳои калидии ҳизби Боқиев, ҳизби «Ак-Жол» буд. Ҳизби «Ата-Журт» барои расидан ба ҳадафҳои ояндааш ба Камчибек роҳ гузошт, ҳарчанд расман дар ягон вазифае амал намекард, аммо дар рӯйхати ҳизб барои ворид шудан ба парламент нафари дуюм буд ва Садыр Жапаров, президенти ҳозираи Қирғизистон дар рӯйхати ҳизбӣ аз Камичбек дар поён қарор дошт.
Камичбек барои «чеҳраи сиёсӣ» шудан натанҳо аз олами ҷиноӣ ё унсурҳои ҷиноӣ дар демократияи қирғизӣ истифода бурд, балки барои шуҳрат пайдо карданаш аз шовинизми миллӣ истифода бурд ва дар мавқеи бадбинии ғарбгароӣ гирифт. Бо тарафдоронаш зиди пайвастани қувваи полиси созмони ОБСЕ дар Қирғизистон ва пойгоҳи ҳарбии ИМА дар кишвараш гардид. Дар ҳама мусоҳиба, гузоришҳои сиёсиаш изҳор медошт, ки ҳизби «Ата-Журт» дар мустаҳкам намудани равобити дӯстии гурӯҳҳои этникӣ дар Қирғизистон ва таҳкиму равобити дӯстии кишвараш бо Русия нақши калидӣ дорад.
Дар муноқишаи миллии миёни қирғизҳо ва ӯзбекҳо дар тобистони соли 2010 дар зодгоҳаш ӯ худро лидери гурӯҳҳои этникӣ муаррифӣ кард, гӯё ҷонашро дар хатар гузошт, розӣ буд ҷонашро қурбонӣ ҳам намояд, то 20 ҳазор нафар сокинони ӯзбектабор ноҳияи Сузакро тарк накунанд. Бо ин амалаш қариб буд, ки мақоми лидериашро дар ҷануби кишвар аз даст диҳад, аммо рӯзноманигоронро гунаҳгор намуд, ба суханҳояш тобиши дигаре додаанд.
Як ҳафта аз баргузории интихоботи парламент Камичбек хост дар Бишкек нооромиро ба миён орад, тарафдоронашро ба хиёбонҳои Бишкек ба зидди Алмазе Атамбаев, Омурбек Текебаев ва сарвазири муваққатии кишвар Азимбек Бекназаров фаро хонад. Прокуратураи генералии Қирғисистон аз унсурҳои ҷиноӣ дар демократияи қирғизӣ дар фаъолияти ҳизби «Ата Журт» огоҳ гардид. Бо ин ҳама унсурҳои ҷиноӣ дар демократияи қирғизӣ, ҳизби «Ата Журт» танҳо 8,8 фоизи интихобкунандагонро соҳиб гашт.
Камчибек аз аввал то ҳол як мақсади ниҳоӣ дорад, ин ҳам расидан ба курсии президентӣ. Барои ҳамин яке аз ташабускорони баргузории референдум барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Қиғизистон ва истеъфои Роза Отунбоева аз сари қудрат буд, ҳамин усулро дар ҳоли ҳозир нисбати президенти кунунии кишвараш бо усули дигар роҳандозӣ дорад. Ба ин ҳам расид, номзадиашро барои дарёфти курсии президентӣ дар баробари Алмазбек Атамбоев гузошт, аммо муваффақ нагардид.
Камчибек дар майдони сиёсат муваффақ нагардид. Баъди номуваффақ гардиданаш дар интихоботи президентӣ, роҳи расидан ба қудратро дар ғасби ҳокимият, пурқувват гардонидани унсурҳои ҷиноӣ дар демократияи қирғизӣ дид. Бар асари рӯхдодани бетартибиҳо Камичбек ва Садыр Жапаров барои хиёнат ба ватан ва халалдор намудани сохти конститутсионӣ барои ғасби ҳокимият ба ҳабс гирифта шуд.
Дар бораи фаъолияти минбаъдаи Камичбек дигар чизе нахоҳем гуфт, зеро ин таърихи ду сола дорад, ки мардуми қирғиз инро медонанд ва ба сари қудрат расиданаш ба вазифаи раиси Кумитаи амнияти миллӣ танҳо як ҳадаф ҳаст, роҳандозии нооромӣ дар кишвар, марз, пурқувват намудани унсурҳои ҷиноӣ дар демократияи қирғизӣ, нобаварии мардум ба президент, суст кардани мавқеи Садыр Жапаров дар минтақа ва билохира расидан ба орзуи аслиаш, яъне мақоми курсии президентӣ.
Ҳамаи ин роҳро барояш Курмонбек Бақиев кушод. Дидем, ки ӯ ба ҳама хиёнат кард, ба дили Роза Отунбоева роҳ наёфт, ба қавли дигар дар сиёсат қабрашро Алмазбек Атамбоев канд. Аммо ӯ аз унсурҳои ҷиноӣ дар демократияи қирғизӣ моҳирона истифода бурд ва он рӯз ҳам дур нест, ки Садыр содиқ намемонад. Аммо инро дарк намекунад, ки халқи қирғиз дар оянда ӯро қабул надорад.
Аммо муноқишаҳои марзӣ дар ду соли охир, таҳлили коршиносон нишон дод, ки Камичбек дигар аз усули унсурҳои ҷиноӣ дар демократияи қирғизӣ дар ояндаи торикаш дигар рӯйи кор намегирад. Холо ӯ, мардуми қирғизро бо ҳамин «шиораш» бовар мекунонанд: «Қириғизистон барои қирғизҳои ҳақиқӣ», яъне барои қирғизҳои олудаи дигар миллатҳо дар сари қудрат ҷой нест.
PS:Мавод дар асоси маводҳои ВАО дар солҳои гуногун дар бораи Камичбек Ташиев нашргардида, омода гардидааст.
Беҳзод МУҲАММАДӢ