Мувофиқи навиштаи Энсиклопедияи миллии тоҷик «Амнияти миллӣ маҷмӯи андешаҳои расман қабулшуда ба мақсаду стратегияи давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти шахсӣ, ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз таҳдидҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, низомӣ, техногенӣ, экологӣ, иттилоотӣ, фарҳангӣ бо дарназардошти захираҳои мавҷудаи имкониятҳо» мебошад. Аз ин таъриф маълум мегардад, ки муҳимтарин вазифаи мақомоти амнияти миллӣ ҳифз ва таъмини амнияти инсон (ҷомеа) ва  давлат мебошад. Яъне чунин ниҳод дар тамоми давлатҳои ҷаҳон, қабл аз ҳама, барои таъмин намудан ва ҳифз кардани бехатарии шахсии шаҳрвандони кишвар ва одамони дар давлат иқоматдошта амал менамояд. Аз ин ҷост, ки дар қисми аъзами давлатҳои ҷаҳон, дар таркиби номи чунин мақомот истилоҳи миллат ҷой дорад, яъне он марбут ба миллат аст! Зеро таъмини амнияти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар як корманди мақомоти мазкур буда, фарогири чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ, низомӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки ба фароҳам овардани фаъолияти ҳаёти муназзами миллат ва бартараф намудани хатароти имконпазир равон гардидаанд.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд ва инсоне, ки мехоҳад дар таъмини амнияти давлатию миллӣ саҳмгузор бошад, бояд ба мақомоти мазкур кӯмак намояд. Зеро мо агар шаҳрванди ҳамин кишварем, ҳамчун инсон дар ҷомеа мавқеи хешро медонем ва худамон барои оилаву ҷомеа масъул меҳисобем, бояд ба мақомоте, ки давлату миллати моро ҳифз менамояд ва таъмини оромию осудагии ҷомеаамон ба фаъолияти он пайванди ногусастанӣ дорад, робита дошта бошем. Ҳадди ақал кӯшише намоем, ки ба фаъолияти кормандони мақомоти мазкур ва дигар мақомоти низомии кишвар халал ва ё зарар нарасонем.

Бар хилофи ин, бархе аз афроди ҷомеа на танҳо ба ҷомеа манфиат намеоранд, балки бо амалу рафторҳои ношоиста ва кирдорҳои пасту бешарафонаи хеш ҳамеша ба ҷомеа зиён меоранд. Зиёда аз ин, худ ҷинояткоранду дар корҳои пасту зишт даст доранд ва ба ҷомеа мунтазам зарари моддию маънавӣ расонида, ба фаъолияти кормандони мақомоти низомӣ низ халал мерасонанд.

Тавре қаблан иброз доштем, тамоми мақомоти низомӣ ба хотири таъмини сулҳу субот, оромию осудагӣ ва амнияти ҷонию молии мардум фаъолият менамоянд. Бинобар ин, кормандони онҳо вазифаи ҷонию корӣ доранд, ки ҳаёти шахсию ҷамъиятии моро ҳифз намоянд.

Сарфи назар аз ҳама, бадхоҳону бадкешон ва хиёнаткорону душманони меҳану миллати тоҷик ҳамеша дар пайи ноором кардани ҷомеа, коштани тухми кинаву адоват, паҳн кардани нафрату бадбинӣ, зиддӣ ҳам шӯронидани мардум ва бад-ин васила пиёда кардани нақшаву амалӣ намудани ҳадафҳои нопоки хеш мебошанд.

Ин гумроҳону аблаҳон, ки донишу фаҳмиши дуруст надоранд, аз таълиму тарбия дур мондаанд, ба ҷойи бохабар гардидан аз асли воқеа дарҳол пайи амал мешаванд ва оқибати онро фикр намекунанд.

Маҳз ҳамин рафтору кирдори бешарафонаю беномусонаи чунин ҷинояткорон аст, ки дар баробари расонидани зарари молию ҷонӣ ба мардум ва ноором кардани ҷомеа, инчунин дар пайи ваҳшиёнаю ноҷавонмардона ба қатл расонидани афсарони мақомоти низомии кишвар мешаванд. Ҳамин палидону разилон буданд, ки шоми 21-уми июли соли 2012 Сардори Раёсати амнияти Кумитаи давлатии амнияти миллиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, генерал-майор Абдулло Назаровро ба як усули ваҳшиёна ба қатл расониданд. Ин амали террористӣ на танҳо куштори як афсари баландпояи тоҷик, балки хиёнати бузурге ба миллату меҳан ва зарари ҷуброннашаванда ба амнияти миллӣ буд. Зеро афсари маҳрум роҳбари як ниҳоди бисёр ҳам муҳиму калидӣ дар бузургтарин вилояти кишвар буд ва маҳз ҳамин мақомот масъули асосӣ барои оромию осудагии ҷомеа аст.

Тибқи навиштаи расонаҳо, генерал пайи иҷрои вазифаи хидматӣ дар ноҳияи Ишкошим буда, зимни бозгашт дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ мавриди ҳамлаи ноҷавонмардонаю ваҳшиёнаи тӯдаи ҷиноякор қарор мегирад. Бо вуҷуди он ки ин бешарафону беномусон ба мошини хидматии ӯ ҳамла мекунанд, генерал бебокона баромада бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад. Аммо аъзои ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ аз қабл амали террористии худро тарҳрезӣ карда буданд ва генерали тоҷикро бо шеваи бераҳмона ба қатл расониданд.

Вақте шахсияти қотилони сардори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ ошкор гардид, ин палидону разилон ба ҷойи иқрор шудан ба ин ҷинояти вазнини хеш, боз ба давлату ҳукумат таҳдид намуда, ба муқовимати мусаллаҳона шурӯъ карданд ва боиси марги чандин нафар гардиданд.

Имрӯз гунаҳкорони ин ҷинояти сангин, ки аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ буданд, ҳамагӣ дастгир ва тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҷозот шудаанд. Ин террористони хунхор ба нафрати халқ гирифтор шуда, ҳаргиз бахшида намешаванд.

Аммо номи неки генерал Абдулло Назаров ва хизматҳои шоёни ӯ барои таъмини амнияти кишвар дар таърихи миллат абадӣ боқӣ мемонад.

Х. РАҶАБАЛИЕВ, сиёсатшинос

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь