Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзҳо, соату дақиқаҳо лаҳза ба лаҳза моро торафт ба ҷашни пуршукӯҳи дарпешистода – 30-солагии Иҷлосияи сарнавиштсоз ва ба қавли шоираи боистеъдодамон Фарзонабону “Иҷлосияи муждарасони наҷот” наздиктар месозад. Баъди чанде дар қасри пурфайзу баракати Арбоб онҳое, ки сӣ сол муқаддам ҷамъ омада, тақдири халқу кишварро ҳаллу фасл намуданд, ҳамчунин меҳмонони зиёде ҷамъ омада, ҷашни тақдирсозро бо шукӯҳу шаҳомат қайд менамоянд.

Имрӯз бо гузашти солҳо, мо бояд як чизро фаромӯш накунем, ки Иҷлосияи XVI барҳақ иҷлосияи сарнавиштсоз, миллатсоз ва наҷотбахши халқу миллати мо буд ва ҳамин тавр то абад аз хотираҳо фаромӯш нахоҳад шуд. Ин иҷлосия моро аз маргу фаношавӣ, парокандагиву парешонӣ, бадномиву бародаркушӣ наҷот дод. Яке аз иштирокчиёни фаъоли иҷлосия Абдулмаҷид Достиев барҳақ навиштааст, ки “бояд як чизро фаромӯш накунем ва доимо ба онҳое, ки сабабгори даъвати ин иҷлосия шуда буданд, сипосгузор бошем, зеро ки маҳз ҳамин иҷлосия кишвари моро аз нестшавӣ наҷот додааст”.

Имрӯз дар бораи моҳияту аҳамияти иҷлосия андеша ронда, мо пеши назар меорем, ки он замон мардуми азияткашидаи мо рӯзҳои пуртаҳлукаи заволоту камолотро бар тарозуи андеша мегузоштанду гардиши нави айёмро интизорӣ мекашиданд. Ва ниҳоят, 16 ноябри соли 1992 он гардиши айём рӯйи кор омад. Дар минтақаи нисбатан амни шаҳри Хуҷанди бостонӣ, дар қасри Арбоб Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Вакилони мардумӣ, намояндагони баркамоли илму фарҳанг, собиқадорони меҳнат барои он ба ин ҷо ҷамъ омада буданд, ки тақдири миллати куҳанбёнди тоҷикро, ки ба тозагӣ соҳиби истиқлолияти воқеӣ шуда буд, ҳаллу фасл намоянд. Бо таъбири Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд “Ё вартаи ҳалокат ё соҳили наҷот” – чунин буд дуроҳаи тақдири миллати тоҷик он рӯзҳо”.

Дар хотир дорам, он айём як нафар шоири эронинажоди сокини Париж бо як дилсӯзии бародарона аз бародарҷангии тоҷикон афсӯс хӯрда, навишта буд:

Магар дилҳои рӯшан гашт торик,

Ки бо тоҷик дар ҷанг аст тоҷик…

Ки ин нанг асту ин нанг асту ин нанг,

Бародар бо бародар кай кунад ҷанг?…

Миллати мо, ки аз қадимтарин миллат дар қаламрави Осиёи Миёна маҳсуб меёфт, дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ бо шоҳкориҳо ва ёдгориҳои беназири давлатдорӣ, сиёсӣ, илмӣ ва адабиву фарҳангии офаридааш шӯҳратёр буд. Давлатдории Каюниён, Ҳахоманишиён, Кушониён, Сосониён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва боз даҳҳо давлатҳои асримиёнагии дар ватани таърихии мо арзи вуҷуд карда, сохтор ва низоми идораи онҳо мавриди бархӯрдории давлатҳои дигар қарор гирифтааст. Мисоли равшани онро мо дар усули давлатдории вазири бохираду дурандеши Салҷуқиён Низомулмулк дида метавонем, ки дар асараш “Сиёсатнома” тарзи мулкдории хешро инъикос кардааст, ки бо шарофати ақлу хирад мамлакатро ба як низом ҳидоят карда буд. Муаррихони барҷастаи мо аз қабили Табарӣ, Балъамӣ, Наршахӣ, Бақҳақӣ, Гардезӣ, Мирхонду Хондамир, Восифию Дониш дар сарчашмаҳои мӯътабири илмӣ-адабӣ, таърихи сиёсат, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии моро ҳақбинона ва одилона нишон додаанд.

Мутаасифона, дар охири асри XX, вақте ки тоҷикон баъди ҳазор соли пош хӯрдани давлати Сомониён соҳиби Истиқлолияти давлати хеш гардид, кишвари моро ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифт. Тобистони соли 1992 аллакай дар қисми ҷанбуби мамлакат ҷанг лаҳза ба лаҳза доман мегирифт. Президент ва Ҳукумати муросои миллӣ, ки дар ин вақт таъсис ёфта буд, аз ӯҳдаи ором сохтани авзои мақомоти салоҳиятманде, ки метавонист ба ин корҳо дахолат намуда, ба қарори муайян ва қотеона ояд, вуҷуд надошт. Ҳама медиданд, ки дар як муддат ҳокимият фалаҷ гардида, ҷомеа бесаробон ва бепуштибони воқеӣ мондааст. Дар ҳамин гуна як ҳолати сахт қарор дода шуд, ки Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардад.

Имрӯз, баъди сӣ соли сипарӣ шудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо гуфта метавонем, ки иҷлосияи тақдирсозу миллатсози миллат ва сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули минбаъдаи давлатдории тоҷикон заминаи устувор гузошт. Таърих худ ҳаками бузург аст ва месазад, ки имрӯз бо гузашти вақт он Иҷлосияи шонздаҳуми таърихиро Иҷлосияи фараҳбахш номем. Аз диди илми таърихнигорӣ саҳифаҳои фараҳбахшу дурахшони онро омӯзем ва дастраси умум гардонем. Ба ёд овардани ин санаи муҳими хотирмони таърихӣ, ки воқеан оғози аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфтан ва тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар фарди солимфикри ҷомеа мебошад. Дар суханронии хеш ба муносибати яксолагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 ноябри соли 1993 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин мазмун гуфта буданд: “Дар таърихи халқи тоҷик Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ба унвони санаи сарнавиштсози миллат асрҳои аср ёдоварӣ хоҳад шуд, чунки дар ҳаёти кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард. Солгарди ҳар воқеаи таърихӣ фурсатест, ки ба гузашти хеш назар карда, бурду бохтро мавриди таҳлил қарор бидиҳем”.

Агарчанде то кунун аз тарафи сиёсатмадорон, муаррихон, файласуфон, публисистону адибон ва рӯзноманигорон оиди таъриху мақоми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ асару мақолаҳои зиёде таълиф шуда бошанд ҳам, аммо бисёр саҳифаҳои он ҳоло ҳам пурра омӯхта нашудааст.

Аз ин хотир, омӯзиш ва таҳлили мӯшикофонаи ҳам Истиқлолияти давлатӣ ва ҳам Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ кори имрӯзу фардо ва аз рӯйи адолату талаботи қадршиносӣ гӯем, амали аввалиндараҷаи якумрии мо – тоҷикон маҳсуб меёбад: ба шарте, ки ҳар тоҷики соҳибватан, ҳар тоҷики банангу номус пойдорӣ, шукуфоӣ ва пешравии меҳани азизамон – Тоҷикистонро хостор бошанд!

Моҳияти баланди ин андеша дар он зоҳир мегардад, ки ҳам Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳам солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон аз чорабиниҳои муқаррарӣ ва ҷашну тантанаҳои мавсимӣ набуда, балки мартабаи ин санаи таърихи фараҳбахш ончунон баланд аст, ки таҷлили онро ба ягон иду чорабиниҳои дигар набояд қиёс кард.

Дар воқеъ, ин Иҷлосияи таърихӣ дар он солҳои муташанниҷи 1991-1992 ва бесарусомонию фалаҷшудаи давлати нав ба Истиқлолият соҳибшудаи тоҷикон саҳми бузург бозид. Ин иҷлосия нафақат ба Ватани азизи мо умри дубора бахшид, балки гузашта аз ин, марҳами ҷароҳатҳои кишвари абгоршуда гардид.

Иҷлосияи сарнавиштсози миллат дар бадали рӯзҳои кории худ беш аз 23 масъалаи мубрами рӯзро дида баромад ва ҳаллу фасл намуд. Яке аз масъалаҳои муҳим ин интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки вакилон ба ин вазифа Эмомалӣ Раҳмонро пешниҳод намуда, хато накарданд. Таърих ҳакам, омӯзгор, довар ва ҳақгӯи давру замон аст. Имрӯз мо аз диди таърих баҳо диҳем, 30 сол ин барояш ҳеҷ аст, аммо он корҳои бузурге, ки дар ин муддати сипаришудаи Президенти мӯҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон анҷом додаанд, беандоза калон аст. Аз рӯзи аввали ба сари қудрат омадан он кас баҳри он кӯшиданд, ки ҷумҳурии азияткашидаашро аз бӯҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ раҳо диҳад. Яке аз равандҳои асосиро Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаи доғи рӯз: ташкили ҷараёни музокироти байни тоҷикон бо масъалаи доғи рӯз: ташкили ҷараёни музокироти байни тоҷикон бо мақсади фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, ба вуҷуд овардани фазои эътимод, якдигарфаҳмӣ ва заминаҳои оштии миллӣ дар ҷомеа; ташкили раванди бозгашти фирориёни иҷборӣ чӣ аз хориҷи кишвар ва чӣ дар дохили кишвар; гузоштани пояҳои нави низоми давлатдорӣ; ислоҳот дар сиёсати молия ва қарзи кишвар; таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ медиданд. Дар давраи дар сари қудрат будани Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи он нақшаҳои азим амалӣ шуданд. Маҳз худшиносӣ ва бедории миллати халқи тоҷик имкон дод, ки бо сарварии Президенти мамлакат ва мусоидати давлатҳои кафил ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расад, ки ин сана тантанаи орзую умед ва мақсадҳои наҷиби Сарвари давлатамон дар роҳи душвори истиқрори сулҳ буд.

Ман ҳамчун олим ва педагог ба хулосаҳои доктори илми таърих Усмонҷон Ғаффоров пурра мувофиқам, ки чор омили асосии равандҳоро ин тавр ба қалам додааст:

Якум, Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1991 ба Истиқлолияти миллӣ соҳиб шуд. Онро ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва чун гавҳараки чашм ҳифз кардан лозим буд. Маҳз аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ҷомеа ба таври ҷиддӣ моҳияти баланди онро дарк намуд.

Дуюм, соҳибистиқлол будан бахти бузург аст. Дар олам курдҳо, уйғурҳо, тибетиён барин миллатҳои сернуфус ҳастанд, ки онҳо, мутаассифона, соҳиби давлати хеш нестанд. Шукр, ки тоҷикон соҳиби давлати худ бо номи Тоҷикистон буда, алҳол ба шарофати соҳибистиқлол будан, тамоми тоҷиконро бо ҳам пайвастанд. Ташкил шудани Анҷумани тоҷикон ва гузаронидани форумҳои тоҷикони дунё дар равнақи худшиносии миллӣ воқеаи фараҳбахш буд.

Сеюм, маҳз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар рӯ овардан ба таърихи хеш, эҳёи он, тадқиқу таҳқиқи он мақоми калон бозид. Ба шарофати эътибори махсуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун сарвари фарҳангдӯст қадами аввалини хешро дар арсаи сиёсат дар қасри Арбоб ниҳода буд, ба мо муяссар шуд, ки таърих ва адабиёти қадимаи хешро эҳёву зинда намоем, зеро Эмомалӣ Раҳмон мегӯяд: “Ҳар миллате, ки бедор нест ё дар роҳи худшиносӣ фориғболиву ҷоҳилиро пеша мекунад, аз бузургтарин неъмати яздонӣ – Истиқлолу ваҳдат, ки ғояи пойдориву пирӯзиҳо дар пешрафти ҳар гуна ҷомеа мешавад, бенасиб мемонад”.

Ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки бо ҳидояти Президенти кишвар нашри 50 – ҷилдаи осори классикон ва муосирон аз силсилаи “Ахтарони адаб” ба роҳ монда шуд. Ҷилди якуми он ба ифтихори 1150-солагии поягузори адабиёти форсу тоҷик устод Рӯдакӣ бароварда шуд. Дар пешгуфтори китоби “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ “Ганҷинаи бегазанд”, ки ба қалами Президенти кишвар, ташбабускори ин силсила Эмомалӣ Раҳмон таалуқ дорад, чунин оварда мешавад: “Нашри ин осорро аз мероси гаронбаҳои Одамушшуаро ба ҳукми фотиҳаи неки ин кори хайр оғоз кардем, то рӯҳи поки гузаштагон ба ҳаводорон ва посдорони адабиёти форсу тоҷик мададгор бошад. Ва чӣ хуб гуфтааст устоди бузургвор Рӯдакӣ:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ!”.

Боиси хушбахтӣ ва шодмонии мост, ки нашри 50-ҷилдаи “Ахтарони адаб” пурра ба анҷом расид ва он беҳтарин тӯфа ба ҷашни Иҷлосияи сарнавиштсоз мебошад.

Чорум, Истиқлолияти Тоҷикистон ба марҳилаи комилан шинохтаи ҷаҳонии ҷумҳурӣ оғоз бахшида бошад, пас аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ кишвари мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нуфузу эътибори комил пайдо кард ва дар давраи хеле кӯтоҳ Тоҷикистон бо беш аз 130 давлати дунё муносибати дипломатӣ барқарор намуд. Дар ҷаласаи 18-уми сессиси 54-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид раисии Эмомалӣ Раҳмон аз сиёсати фаъолонаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медод.

Комёбиҳои назарраси баъди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ба даст овардаи ҷумҳурии азияткашидаи мо кори саҳл набуд. Охир, ҳамагон огоҳанд, ки ҷанги бародаркуш оқибат ба чӣ оварда расонд: иқтисодиёти миллӣ беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарар дид, зиёда аз 100 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро талаф дод, 55 ҳазор кӯдак ятиму 25 ҳазор зан бесаробон монд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати даҳумин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2002 гуфта буданд:

“Он чӣ буд, гузашт ва ҳадафи мо маломати касе ҳам нест. Мо бояд аз гузашта, алалхусус, аз гузаштаи пурфоҷиа, сабақҳои пандомез гирем, то ин ки ба такрори хатоҳои пешина роҳ надиҳем. Фаромӯш набояд кард: он захмҳое, ки бо дастони худ расонида мешаванд, одатан дер шифо меёбанд”.

Мо дар арафаи таҷлили сисолагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ лаҳзаҳои ҳассос ва пурошӯби таърихи навтарини кишварамонро барои он ёдовар шудем, ки роҳи душвор ва пурфоҷиаи истиқлолияти Тоҷикистонро бори дигари пеши назар оварем.

Дар баррасии таърихи даъват, рафт ва баёни аҳамияти таърихии иҷлосия саҳми Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҳамин Иҷлосия қадами мубораки хешро ба арсаи сиёсат гузоштаанд, калон аст. Дар рисолаю мақолаҳо, нутқу маърӯзаҳои эшон моҳияту масъалаҳои давраи гузариш, мазмуну маҳсули 30 соли истиқлолият ва бахусус, аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI тақдирсози миллат баён карда шудааст. Дар ин ҷода ба мо асари Эмомалӣ Раҳмон “Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат” (иборат аз нӯҳ ҷилд. – Душанбе: Ирфон, солҳои 2002-2010) чун манбаи мӯътамади назариявӣ хизмат кард. Дар гузоришҳои Сарвари давлат “Гардиши куллӣ дар ҳаёти кишвар” ба муносибати яксолагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ (15 ноябри соли 1993) ва суханронӣ ба муносибати даҳумин солгарди Иҷлосияи сарнавиштсоз (15 ноябри соли 2002), бахшида ба 15-солагии Иҷлосия (15 ноябри соли 2007), мазмун ва моҳияти баланди он анҷумани таърихӣ таҷассум ёфтааст.

Дар интиҳои навиштаҳоям бори дигар аз суханронии пурмӯҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли 2011 дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иқтибос меорам:

“Имрӯз аз ин минбари баланд бо сарфарозӣ ба мардуми Тоҷикистон изҳор менамоям: мо ҳама якҷо аз имтиҳони сангини таърих бо матонату сарбаландӣ гузаштем. Яъне вазифаҳои асосиеро, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат муайян гардида буданд, бо вуҷуди ҳама монеаву мушкилот дар амал татбиқ намудем: як миллион гурезаҳои иҷбориро ба Ватан баргардонидем, созишномаи сулҳро ба имзо расонидем, фаъолияти тамоми шохаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонунро барқарор намудем ва роҳи бунёдкориву созандагиро пеш гирифтем.

Маҳз дар заминаи қарорҳои қабулкардаи иҷлосияи мазкур вазифаҳои муҳими ояндасоз, пеш аз ҳама, барқарор кардани харобаҳои ҷанг, баррасӣ ва қабули рамзҳои давлати соҳибистиқлол, ҷорӣ намудани муносибатҳои нави сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ зина ба зина ҳаллу фасл гардидааст”.

Қозиён Шариф Қозӣ,

Муовини ректор оид ба илм ва татбиқоти Донишгоҳи давлатии Данғара

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь