21 ноябри соли равон дар ҷаласаи Думаи давлатии Русия тасмим гирифта шуд, ки дар арафаи 30-солагии хурӯҷи Артиши Шӯравӣ аз Афғонистон, ки ба 15 феврали соли 2019 рост меояд, қарори Шӯрои Олии ИҶШС дар мавриди маҳкум намудани ворид шудани Артиши Шӯравӣ ба ин кишвар таҷдиди назар карда шавад.

Депутати Думаи давлатӣ аз Ҳизби коммунисти Русия Николай Харитонов зимни суханронии худ зикр кард, ки дар моҳи декабри соли 1989 Шӯрои Олии ИҶШС дар мавриди ворид шудани Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон қарори нодуруст қабул кард, аз ин рӯ, бояд он аз нав дида баромада шавад.

Депутат Н.Харитонов дар зери садои қарсаки пурмавҷи вакилон лоиҳаи қарори Думаи давлатиро дар мавриди баҳои сиёсӣ ба ворид шудани Артиши Шӯравӣ ба Афғонистонро пешниҳод карда, изҳор дошт, ки дар арафаи 30-солагии хурӯҷи артиш аз он кишвар қабул мешавад.

Чунон ки хабаргузории Русия иттилоъ медиҳанд, дар лоиҳаи мазкур чанд нуктаи муҳим тазаккур дода шудааст, аз ҷумла, дар қарори Шӯрои Олии ИҶШС принсипи адолати таърихӣ сарфи назар шуда, вуруди Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон аз лиҳози маънавӣ ва сиёсӣ маҳкум гардида буд.

Дар ин иртибот, Н.Харитонов изҳор дошт, ки вакилони Думаи давлатӣ бояд ин қарори Шӯрои Олиро ҳамчун қарори эътибори қонуниашро гум карда эътироф намоянд, зеро вуруди Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон дар охири моҳи декабри соли 1979 тибқи меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифта буд.

Гузашта аз ин, ба қавли ин депутат, барои вуруди Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон роҳбарони қонунии он кишвар чандин бор муроҷиат карда буданд, ҳамчунин, Артиши Шӯравӣ тибқи Созишнома дар бораи дӯстиву ҳамкорӣ, ки дар моҳи декабри соли 1978 ба имзо расида буд, марзи давлатиро гузашт.

Аммо коршиносон дар тӯли чор даҳае, ки сипарӣ гашт, тасмими ворид кардани артиши Шӯравиро ба Афғонистон дар охири соли 1979 таҷовузи ошкор ҳисоб мекунанд, зеро он яке тасмимҳои фоҳиштарини кохнишинони Кремл буд.

Барои дуруст дарк кардани ин воқеа зарур аст, ки ба ин савол посух гӯем, ки чаро ба кишваре, ки дар тӯли даҳсолаҳо бо Иттиҳоди Шӯравӣ равобити хуб дошт, таҷовуз сурат бигирад?

Барои посух гуфтан ба ин суол бояд каме ба ақиб баргардем, аммо қабл аз ҳама, бояд зикр кунем, ки дар тӯли се қарни охир императорони Русия ва роҳбарони давлати шӯравӣ ин орзуро доштанд, ки рӯзе Афғонистонро ба ҳайати императории худ дохил кунанд.

Ҳанӯз дар соли 1929 вақте ки дар Афғонистон нахустин бор дар тӯли 180 соли охир тоҷикон бо сардории амир Ҳабибуллохон, ки бо номи Бачаи Сақо машҳур аст, ба сари қудрат омад, Сталин, роҳбари давлати шӯравӣ ба Афғонистон артиши худро ворид кард.

Азбаски Амонуллохон фирор кард, Артиши сурх ба Иттиҳоди Шӯравӣ баргашт, аммо барои сарнагун кардани давлати тоҷикон империяи Британия тасмим гирифт ва дар натиҷа Нодирхон, собиқ вазири дифои Афғонистон дар тахти Кобул нишаст.

Вазъият баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон тағийр ёфт ва империяҳои аврупоӣ, аз ҷумла Британияи Кабир пош хӯрданд ва ду абарқудрати дигар-Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар ҷанги фашизм иттифоқчӣ буданд, зуҳур карданд.

То охири солҳои 70-уми асри гузашта Афғонистон равобити хубе бо Иттиҳоди Шӯравӣ дошт, аз ин рӯ, ин марзи оромтарини Иттиҳоди Шӯравӣ дар тамоми қисмати ҷанубии он ба шумор мерафт ва то ҷое роли буферро низ иҷро мекард.

Аммо дар соли 1973 собиқ сарвазири Афғонистон Муҳаммад Довуд бо ёрии афсарони афғон, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил карда буданд, аз сафари тӯлонии амакбачааш Муҳаммад Зоҳиршоҳ ба хориҷа истифода бурда, табаддулоти ҳарбиро пиёда карданд.

Дар натиҷа, Муҳаммад Зоҳиршоҳ, ки қариб 40 сол зимоми қудратро дар даст дошт, истеъфои худро эълон кард ва Довуд монархияро ё подшоҳигариро барҳам дода, ба ҷои он низоми ҷумҳуриро дар Афғонистон эълон намуд ва худаш ба зудӣ президент шуд.

Дар ҳукумати нав 4 нафар коммунист буданд ва Довуд ҳузури онҳоро дар равобит бо Кремл хуб истифода мебурд, аммо дар моҳи апрели соли 1977 воқеае рух дод, ки он на танҳо ба равобити Афғонистону шӯравӣ, балки ба раванди таърихи ҷаҳон таъсир расонд.

Ҳангоми мулоқот ба ҳайати шӯравӣ Брежнев, котиби генералии ҲКИШ ба Довуд мегӯяд, ки дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, ки бо Иттиҳоди Шӯравӣ  ҳаммарз буданд, дар зери пӯшиши коршиносони ғарбӣ ҷосусҳои созмонҳои ҷосусии Амрико пайдо шудаанд.

Ӯ дар идомаи суханронии худ қотеона талаб мекунанд, ки Довуд онҳоро аз кишвараш ронад, аммо азбаски ин ултиматуми Брежнев ба Довуд сахт мерасад, бинобар ин, аз паси миз бархоста мегӯяд:

– Афғонистон кишвари қашшоқ аст, аммо сарфи назар аз ин, мо ба ҳеҷ кас имконият намедиҳем, ки ба корҳои дохилии мо дахолат кунад, ҳатто ба роҳбари давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ Брежнев.

Баъди изҳори ин эътирози кӯтоҳи худ Довуд гуфтушунидро тарк мекунад ва аз толор берун мешавад.

Ин воқеаро то чанд соли пеш русҳо тайид намекарданд, ҳарчанд ки дар Афғонистон барои хосу ом маълум буд. Ахиран яке аз муаллифони русӣ ин воқеаро зикр карда, гуфтаасст, ки Брежнев фақат хоҳиш мекунад, аммо Довуд хоҳишро аз ултиматум фарқ намекунад.

Ин воқеа сабаб гардид, ки бо тасмими Кремл ба зудӣ ду ҷиноҳи Ҳизби халқии демократии Афонистон-Халқ ва Парчам баъди 13 соли парокандагӣ муттаҳид шуданд ва баъди 1 сол табаддулоти дигари ҳарбиро ба роҳ монда, Довудро сарнагун карданд.

Роҳбарони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳукумати нави марксистиро эътироф намуда, дар баробари ин зикр карданд, ки ба пирӯзии кудатои савр (моҳи апрел дар Афғонистон) дахл надоранд, вале огоҳон дар саросари  ҷаҳон ба ин иддао бовар накарданд.

Ҳамин тариқ, дар моҳи апрели соли 1978 пешвои ҷиноҳи Халқ Нурмуҳаммад Таракӣ-роҳбари давлат, Бабрак Кормал-сарвазир ва Ҳафизулло Амин-муовини сарвазир ва вазири хориҷа шуданд.

Аммо ба зудӣ ҷиноҳи Халқ тарафдорони ҷиноҳи Парчамро зери фишору тазйиқ қарор дода, онҳоро ба зиндонҳо партофтанд ва чеҳраҳои намоёнашро, аз ҷумла худи Барак Кормалро ба сифати сафир ба кишварҳои хориҷӣ фиристоданд.

Баъди саркӯби ҷиноҳи Парчам мухолифат миёни Таракӣ ва Амин шуруъ гардид ва ахиран Амин Таракиро на танҳо сарнагун кард, балки ӯро гаравгон гирифт. Ҳамин тариқ, Амин худро котиби генералии ҲХДА эълон намуд.

Ӯ ба намояндагони Иттиҳоди Шӯравӣ расман эълон кард, ки Таракӣ мариз аст, аз ин рӯ имкони идомаи фаъолиятро надорад, аммо баъди се ҳафта бо супориши Амин ӯро куштанд.

Худсарии Амин Брежневро, ки чанд рӯз пеш Таракиро ба ҳузур пазируфта, ваъда дода буд, ки ӯро ҳаматарафа ҷонибдорӣ мекунад, чиддан нороҳат карда буд, аз ин рӯ, ӯ аз раиси КГБ Ю.Андропов мепурсад, кӣ чаро кормандонаш Таракиро ҳифз карда натавонистанд?

Хулоса, пинҳонӣ ба Афғонистон ворид кардани қӯшунҳои шӯравӣ 12 декабри соли 1979 аз ҷониби ба қавле Бюрои сиёсии хурд қабул карда шуд, ки ба ҳайъати он пиронсолоне чун – Котиби генералии КМ ҲКИШ, роҳбари Президиуми Шӯрои Олӣ Брежнев Л.И., вазири мудофиа, маршал Устинов Д.Ф., вазири корҳои хориҷӣ Громико А.А., роҳбари КГБ-и СССР Андропов Ю.В., котиби КМ ҲКИШ Пономарев Б.Н шомил мешуданд.

Аъзоён ва номзадҳои боқимондаи Бюрои сиёсӣ ва ҳамчунин, аъзоёни Шӯрои Олии СССР танҳо пас аз қабули қарор аз он огоҳ шуданд.

Роҳбари Шӯрои вазирони СССР Косигин А., сардори Ситоди генералӣ маршал Огарков, мушовири калони ҳарбӣ дар назди армияи Афғонистон генерал Заплатин, мушовири ҳизбӣ дар назди ҳизби ҳукмрони Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон қатъиян муқобили ворид кардани неруҳои ҳарбӣ буданд.

Сардори дастаи зудамали КГБ-и СССР дар Афғонистон генерал Иванов Б.С. ягона мушовири тарафдори воридшавии армия буд.

Ҳамаи мушовироне, ки муқобили воридшавии Армияи СССР ба Афғонистон буданд, ба зудӣ ба СССР бозхонд шуданд. Мушовирони нав, бо шумули генерал-полковники армия Магомедов С.К. бо вазъи Афғонистон ҳоло шинос набуданд.

Неруҳои ҳарбии Иттиҳоди Шӯравӣ бо хоҳиши Котиби генералии КМ ҲХДА, сарвазири Афғонистон Ҳафизуллоҳ Амин ворид карда шуданд. Новобаста ба он ки ӯ дар ҷараёни мубориза барои қудрат тирамоҳи соли 1979 Котиби генералии КМ ҲХДА, роҳбари Шӯрои инқилоби ҳарбии Афғонистон Нурмуҳаммади Таракиро маҳв карда буд, мушовирон ӯро ҷонибдорӣ мекарданд.

Рафиқи хунхор Амин пас аз ба қудрат расидан дар амал собит намуд, ки ӯ бозичаи дасти КГБ-и СССР намешавад. Аз ин сабаб, барои маҳви ӯ генерал Иванов нақшаи агенти ЦРУ муаррифӣ кардани ӯро тарҳрезӣ намуд.

Нуктаи дигар ин аст, ки пеш аз қатл Таракиро дар Маскав Брежнев қабул карда буд. Роҳбари шӯравӣ ба ӯ дастгирии ҳамаҷонибаро ваъда карда буд, аз ин сабаб, қатли Таракиро «Леонид Илич» як навъ даъват ба ҷанг аз ҷониби Амин қабул намуд.

Дар ин байн роҳбари тавонои КГБ-и СССР Андропов дар ҳолати ногувор қарор дошт, зеро кормандони ӯ на фақат сарнагун кардани Таракӣ, балки қатли ӯро натавонист пешгӯӣ кунанд.

Дар натиҷаи ин ҷанг, ки қариб 10 сол идома ёфт, беш аз якуним миллион шаҳрванди Афғонистон кушта шуд, чанд миллиони дигар ба муҳоҷират, алалхусус ба Эрону Покистон рӯ оварданд.

Ҳамчунин шаҳрвандони ин кишвар ба Аврупову Амрико ва дигар давлатҳои осиёӣ кӯч бастанд.

Беш аз 15 ҳазор аскарони Артиши Шӯравӣ ҷони худро дар Афғонистон бохтанд. Ин ҷанг ба буҷаи Иттиҳоди Шӯравӣ низ хисороти калон расонд ва бархе коршиносон ба ин назар ҳастанд, ки дар суқути давлати абарқудрати шӯравӣ ҷанги Афғонистон саҳми зиёд дошт.

Замоне ки неруҳои ҳарбии шӯравӣ ба он кишвар ворид шуд, мақсад наҷот додани ҳукумати марксистии он кишвар буд, ки дар муқобилаш на танҳо муҷоҳиддин, балки аксарияти мардум бархоста буданд.

Замоне ки Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон ворид шуд, дар дар раъси қудрат Ҳафизулло Амин қарор дошт. Аммо масъалаи куштани Амин ҳанӯз қабл аз ворид шудани Артиши Шӯравӣ матраҳ гардида буд.

Муроҷиатҳои Таракӣ аз ҷониби Маскав ҳанӯз замони зинда буданаш аз ҷониби Маскав рад шуда буданд, аз ин рӯ, истинод кардан ба даъватҳои Таракӣ аз лиҳози таърихӣ дуруст ба назар намерасад.

Аммо Бабрак Кормал, ки баъди қатли Амин аз ҷониби спетнази КГБ-и ИҶШС ба сари қудрат омада буд, ҳеҷ гоҳ ҳозир нашуд эътироф кунад, ки Артиши шӯравиро ӯ ба Афғонистон даъват намуда буд.

Баъди хурӯҷи Артиши Шӯравӣ ва пош хӯрдани ин давлати абарқудрат Русия ҳамкориро на танҳо бо ҳукумати муҷоҳиддин зери роҳбарии профессор Бурҳониддин Раббонӣ, балки бо ҳаракати Толибон низ ба роҳ монд.

Кремл, ки муҷоҳиддинро омили аслии шикасти худ дар ҷанги ин кишвар ҳисоб мекард, дар нимаи дуюми солҳои 90-ум гуфтушуниди махфиро бо Толибон ба роҳ монд, аммо баъди расман эътироф кардани Ҷумҳурии Чечен аз ҷониби Аморати исломии Афғонистон зери роҳбарии мулло Умар музокирот қатъ гардид.

Ворид шудани эътилофи неруҳои ғарбӣ дар тирамоҳи соли 2001 ба ин кишвар, ки дар раъсашон Амрико қарор дошт, то ҷое вазъияти геополитикии минтақаро тағйир дод.

Чанд сол қабл маълум гардид, Русия, ки мушкилоти Чеченистонро ҳал карда буд, музокиротро бо Толибон аз нав шуруъ кардааст.

Аҷиб аст, ки баъди чор даҳа Думаи давлатии Русия тасмим мегирад, ки дар мавриди қарори Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ роҷеъ ба иштибоҳ эътироф намудани вуруди Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон таҷдиди назар кунад, ҳарчанд маълум аст, ки баъди вуруди неруҳои ҳарбии ИҶШС президент Ҳафизуллоҳ Амин, ки шӯравиҳоро даъват карда буд, аввал заҳролуд карда шуд ва сипас дар рафти ҳамлаи хунин қатл гардид.

Ҳамин тариқ, ҷанги шармандавори Артиши Шӯравӣ, ки то он замон «мағлубнопазир ва афсонавӣ» шумурда мешуд, оғоз гардид ва беш аз 100 давлати аъзои СММ, ки байни онҳо дӯстони СССР низ кам набуданд, онро таҷовуз номида, маҳкум карда буданд.

Нуралӣ ДАВЛАТОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь