Дар хабарномаи Ҷабҳаи озодӣ гуфта шудааст, ки фармондеҳ Басири Андаробӣ ва ҳамразмонаш Фаҳим Солангӣ, Бурҳонуддин Андаробӣ, Қурбоналӣ Бомиёнӣ, Сабури Форёбӣ ва Ҳусайни Самангонӣ дар набарди ду рӯзи гузашта бо Толибон дар Солангӣ Ҷанубӣ ба шаҳодат расидаанд.

“Шумори зиёде аз муборизин ба нуқоти масун расидаанд, аммо аз сарнавишти шуморе аз онон, ба шумули генерал Акмал Амир дар ҳоли ҳозир иттилоъи дақиқе дар даст нест”, – омадааст дар эъломияи Ҷабҳаи Озодӣ.

Чи тавре, ки пойгоҳи иттилоотии мазкур иттилоъ медиҳад, нахуст Ҳамид Хуросонӣ, фармондеҳи панҷшерии Толибон, ҳоло вулусволи Аҳмадободи вилояти Пактиё, даъво кард, ки генерал Акмал Амир ва ҳафт ҳамразмаш ба шаҳодат расидаанд. То ба ҳол аксҳои аҷсоди панҷ нафар аз размандагони Ҷабҳаи Озодӣ, аз ҷумла фармондеҳ Абдулбасир Андаробӣ, расонаӣ ва шиносоӣ шудаанд, аммо шавоҳиде мувассақ аз шаҳодати фармондеҳ Амир вуҷуд надорад.

Муҳаммад Ҳорис Аҷмал, бародари Акмал Амир низ ба манобеъи “Сангар” гуфт, ки бародараш зинда аст, аммо аз маҳалли ҳузури вай иттилое дар даст нест.

“Ҳаволии соати 7 баъд аз зӯҳр, Толибон хонаи хоҳари моро дар вулусволии Кӯҳистони вилояти Кописо муҳосира ва аз ӯ бозҷӯӣ карданд”, – гуфт вай.

Иддаои Толибон, ки фармондеҳ Амирро нобуд кардаанд, бепоя хонда мешавад ва чи тавре, ки гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол, Абдусаттор Ҳусайнӣ, узви парлумони пешин ва аз раҳбарони Ҷабҳаи Озодӣ ба “Сангар” гуфт, ки як қатор аксҳои аз сӯи Толибон нашршуда, аз ҷумла акси Акмал Амир ҷаълӣ ҳастанд ва ба муборизони Ҷабҳаи Озодӣ рабте надоранд. Вай дар ин маврид тавзеҳи бештар надод, аммо гуфт, шаҳодати муборизони Ҷабҳаи Озодӣ мардуми Афғонистонро барои “як муборизаи муқаддас бо гуруҳи ҷаҳл” руҳия додааст.

Дар ин росто, сиёсатмадор Латифи Пидром низ дар саҳифаи Фейсбукии худ хабари марги фармондеҳ Акмал Амириро рад карда, навиштааст:

Тазаккур: Як дақиқа баъд аз нашри ин навишта Муҳаммад Ҳорис Аҷмал – бародари Акмали азизи мо дар Фейсбукам занг зад, ки хабари мувассақ нест. Иншоаллоҳ, ки саломат бошанд. Пас ҳамаи мо бесаброна мунтазир хабари саломаташон ҳастем.

Вале Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки Акмал Амирӣ ва Басираҳмад Андаробӣ бо баъзе аз ҳамроҳонашон пас аз як набарди чандсоата бо Толибон кушта шудаанд.

Салоҳиддин Раббонӣ, раҳбари як шохаи Ҳизби ҷамъияти исломӣ, низ хабари марги Акмал Амириро нашр кард. Раҳматуллоҳ Набил, раиси амнияти ҳукумати пешини Афғонистон, дар Твиттер кушта шудани Акмал Амирӣ ва ҳамроҳонашро маҳкум намуд.

Фарҳоди Дарё, овозони маъруф, дар Фейсбук навишт, “дилам мешиканад, вақте хабари марги чунин инсонеро мешунавам. Чунин инсонҳои хокӣ, ки хок аз қадамҳояшон кимиё мешавад”.

Пойгоҳи иттилоотии “Сангар” бо такя ба манбаи худ мегӯяд, ба нақл аз фармондеҳии Толибон дар Панҷшер размандагони Ҷабҳаи Озодиро дар як минтақаи кӯҳистонӣ миёни вулусволиҳои Шутули вилояти Панҷшер ва Солангу Ҷабалуссироҷи вилояти Парвон, ки бо як нӯги куҳ ҷамъбаст мешавад ва онро кӯҳи Ҷабалусироҷ низ мегӯянд, ба шаҳодат расондаанд.

“Ин минтақаи марбути вулусволии Шутули вилояти Панҷшер мешавад. Қароргоҳи муқовиматгарон дар ҳамин минтақа буд. Шаби гузашта, 10 апрел, нерӯҳои Толибон аз ду самт ба маҳалли онҳо ҳамла оварда, шаш танро шаҳид ва шаш нафари дигарро асир гирифтаанд”, – гуфт манбаъ.

Бино ба иттилоъи ӯ, аз миёни нерӯҳои Толибон дар ин даргирӣ се тан кушта ва 8 нафари дигар захмӣ шудаанд, аммо Ҷабҳаи Озодӣ мегӯяд, дар ин набардҳо 30 толиб кушта шудааст.

Аз феҳристи шуҳадои Ҷабҳаи Озодӣ дида мешавад, ки як ҳастаи муҳими он вориди Афғонистон шуда, то ҷангро алайҳи Толибон ба роҳ монад.

Яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки дӯсти бачагии Басири Андаробӣ аст ва дар сангарҳои Ҳиндукуш қарор дорад, ба “Сангар” гуфт, шаш рӯзи қабл фармондеҳ бо ӯ тамос гирифта, хабар дод, ки қабл аз Наврӯз бо фармондеҳ Акмал Амир вориди Афғонистон шуда, тоза худро ба Ҳиндукуш расондаанд.

“Субҳи имрӯз чун бо ӯ тамос гирифтам, телефонаш хомӯш буд. Вақте аз расонаҳо хабар шудам, ки Акмал Амирро шаҳид кардаанд, дилам дур рафт, чун ҳарду ҳамроҳ буданд”, – гуфт ӯ.

Ғофилгир шудани муборизони Ҷабҳаи озодиро ҳар гуна шарҳу тавсир медиҳанд ва ба қавли манбаи “Сангар” миёни размандагони Ҷабҳаи озодӣ ҷосусе будаасту макони буду боши размандагонро ба гуруҳи тундгароии толиб хабар додааст.

“Ин фард Насриддини Солангӣ ном дорад, ки дар гузашта дар сипоҳи “Шоҳин” – вазорати дифоъ вазифа дошт ва шаби 6 апрел аз сӯи Толибон бори дуввум боздошт шуда, таҳти шиканҷаи зиёд мавқеияти размандагони Ҷабҳаи Озодиро ошкор кардааст”, – гуфт ӯ.

Аммо аз нигоҳи нозирони вазъ, ки бо “Сангар” суҳбат доштанд, ин далел то ҷое машкук аст ва эҳтимол дорад мавқеияти фармондеҳони Ҷабҳаи Озодӣ дар пайи як тавтиаи бузургтаре фош шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Агентии иттилоотии Азия плюс дар ин хусус менависад, “манобеъи мӯътамад дар сӯҳбат бо рӯзномаи “8-субҳ” мегӯянд, ки Амирӣ шаби душанбеи 10-уми апрел дар ноҳияи Шатели Панҷшер ҳамроҳ бо чанд нафар афродаш кушта шудааст”, – навиштааст рӯзнома.

Дар ҳамин ҳол, Абдулҳамид Хуросонӣ, волии Толибон дар Аҳмадободи Пактиё, дар сӯҳбат бо рӯзномаи “8-и субҳ” гуфтааст, ки афроди ӯ Акмал Амирӣ ва ҳашт сарбозашро дар вулусволии Шател куштаанд.

Алим Майсам Назарӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ низ хабари кушта шудани Акмал Амириро тасдиқ карда, дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки “мубориз ва қаҳрамони орзуи адолату озодии халқи мо, фармондеҳ Акмал Амирӣ ҳамроҳи ҳамсафонаш ҷоми шаҳодатро дар роҳи шаъну шараф ва озодии Ватан нӯшиданд”.

Назарӣ ба мардуми кишвараш ҳамдардӣ баён карда, навиштааст, ки ҳар қатраи хуни шаҳидони муқобилати халқи афғон ба решаҳои ҳаққонии талаби озодӣ, шаъну шараф ва адолат об дода, моро ба ғалаба наздик мекунад.

Пойгоҳи хабарии “Сангар” дар идома хабараш менависад, манобеъи хос хабар доданд, ки фармондеҳ Акмал Амири захмӣ аст ва дар ҷойи амн интиқол дода шудааст ва вазъияти сиҳиаш низ хуб гузориш шуд.

Пойгоҳи иттилоотии “Сангар” ҳамчунин хабар медиҳад, ки аз ҳузури чанд фармондеҳи матраҳи Ҷабҳаи Озодӣ дар ҷамъе, ки аз Эрон тоза вориди Афғонистон шуда буданд, иттилоъ дарёфт кардааст ва пахши онро ба салоҳи кор намедонад. Ҳамзамон, ба асорат афтодани размандагонашро Ҷабҳаи Озодӣ таъйид намекунад.

Акмал Амирӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои вижаи ҳукумати қаблии Афғонистон буд, ки пас аз суқути он ба Панҷшер рафт ва ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ пайваст.

Ҷабҳаи озодии Афғонистон яке дигар аз ҷабаҳоти зиддитолибонӣ аст, ки гуфта мешавад, фармондеҳиашро Муҳаммад Ёсин Зиё, собиқ сардори ситоди кулли вазорати дифоъи Афғонистон ба зимма дорад, аммо худи ӯ расман инро таъйид накардааст.

Дар мавриди фавтаи Амирӣ шубҳаву гумонҳо зиёд аст, ба вижа фаъолону сиёсатмадрони ҷомеаи тоҷик нахуст аз хабари марги Акмал Амирӣ ангушти ҳайрату афсус хӯрданд ва пас аз он ки хабари марги ин размандаи шаҳир рад карду шуд, фаъолони ҷомеаи тоҷик дар шабакаҳои интернетӣ, бахусус дар Фейсбук табли шодӣ заданду орзуи воқеан саломат будани Амириро карданд.

Зоҳири САЙФУЛЛЛО

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь