Ё назари исломшиноси фаронсавӣ Оливер Руа дар мавриди тамоюлоти ҳизбу ҳаракатҳои муосири исломӣ

Муҳаққиқи исломшиноси фаронсавӣ Оливер Руа дар асари хеш “Фурупошии исломи сиёсӣ” (Фаронса, 2016)  бо таҳқиқ аз мушоҳидаҳои худ ба натиҷае мерасад, ки дар баробари фундаментализми ифротию ҷангӣ ва ҳизбу ҳаракатҳое, ки ба сохмони давлати исломӣ, мисли ДОИШ машғул ҳастанд, ҷараёни наве дар кишварҳои мусулмоннишин ва муҳоҷирони мусулмон дар кишварҳои Ғарбӣ ташаккул ёфтаистодааст, ки пеш аз ҳама ҳадафи ӯ на ба сохтмони давлати исломӣ, балки бештар ба татбиқи шариат дар ҷомеа мебошад. Ӯ мегӯяд: “ман иддао мекунам, ки чаҳорчӯби консептуалии аҳзоби исломӣ натавонистанд тарҳи муассир барои давлати исломӣ тавлид кунанд”.

Аз назари Ӯ ҷунбишҳои исломӣ ҳамчун як нерӯи инқилобие, ки дар садаи XX фаъол буданд, дар ҳоли тамом шудан ҳастанд ва дар як дуроҳаи бесамт қарор доранд: онҳо ё дар доираи давлати муосири миллӣ роҳи ба эътидол овардани сиёсиро метавонанд интихоб намоянд ва ё ба суи он чи ки ман неофундаментализм номидаам, тағйир ва инкишоф хоҳанд ёфт.  Гарчанде ин назар аз як ҷониб дуруст бошад, аз ҷониби дигар метавонад, ҳақиқати воқеии кишварҳои мусулмоннишинро ифода накунад, махсусан табаддулоти сиёсии Толибон дар Афғонистон, ки моҳи августи 2021 аз роҳи инқилоб ба сари қудрат омада низоми аморатии асрҳои миёнаро аз нав эҳё намуданд ва арзишҳои имрӯзаи фарҳанги аврупоиро ба паррагӣ маҳдуд карданд.

Ба назари Оливер Руа неофундаментализм ин як фаҳмиши пӯшида, таҳтуллафзӣ ва муҳофизакоронаи Ислом аст, ки ҷанбаи миллӣ ва давлатиро ба нафъи уммат ва ҷомеаи ҷаҳонии тамоми мусалмонон, ки бар асоси шариат (қонунҳои исломӣ) ташаккул ёфтааст рад мекунад.

Дар назари аввал, неофундаментализм нисбат ба ҷунбишҳои исломгароӣ камтар сиёсӣ шудааст, зеро он бештар ба татбиқи шариат машғул аст, на ба ташаккули идеали як давлати ҳақиқии исломӣ. Ӯ дар мисол даъвои ҳизбу ҳаракатҳое, ки дигар даъво аз сохтани давлати исломиро надоранд, баръакс бештар даъво аз “озодӣ” ва “демократя”-ро дорад, зикр мекунад. Дар баҳори соли 2001, даҳ сол пас аз пирӯзии амиқи интихобот дар Ҷабҳаи наҷоти исломии Алҷазоир (Front islamique du Salut ё FIS), шӯриши нави мардумӣ садҳо ҳазор тазоҳуркунандагони ҷавонро ба кӯчаҳои пойтахти Алҷазоир ва Бербер овард, ки онҳо даъво аз  “озодӣ”, “демократя”-ро мекарданд. Аз оғози ҳаракатҳои озодихоҳии дуюми Фаластин дар тирамоҳи соли 2000, фарқ кардани ҷангиёни исломии Ҳамос ва аъзои гӯё дунявии ҷунбиши Фатҳи Арафот мушкилтар шудааст. Аҳзоб, аз қабили FIS-и Алҷазоир, Ҳизби Некӯаҳволии Туркия (Рефаҳ Партиси), Наҳзати Тунис ва инчунин либералҳои Эрон агар натавонанд ба сӯи ҳаракатҳои демократӣ раванд, ҳадди ақалл ба ҳаракатҳои парлумонӣ табдил ёфтанд.  Яъне ҳаракатҳои исломии муосир дар асри XX бештар аз номи демократия ва озодӣ дар ҷомеаҳои имрӯзаи мусулмоннишин ва ғайримусалмонӣ барои сохмони демократия кушиш карда, аз роҳи осоишта ҳукуматро ба даст оваранд мехоҳанд. Дар даҳаи охири садаи 20 бо шиори озодӣ ва демократия дар Эрон инқилоб шуд, аммо дар натиҷа ҳеҷ паёмаде аз низоми демократӣ дар ин кишвар ташаккул наёфт.

Ӯ мегӯяд, ки “ин далели кофии он аст, ки бисёре аз гурӯҳҳои исломгаро ба ҳизбҳои миллии “муқаррарӣ” табдил ёфтаанд ва монеаи аслӣ дар роҳи расидан ба демократия на исломгароён, балки режимҳои худкомаи каму беш дунявии ҷаҳони ислом аст, ки аз ҷониби Ғарб дастгирӣ мешаванд.” Агар ин фарзияро мо ҳамчун ҳақиқат пазирем, лекин дар Тоҷикистон ТТЭ ҲНИ баръакс бо шиорҳои озодӣ ва демократия даст ба куштору ғорати мардум зада, раванди демократикунониро дар кишвар кунд карда ва вазъи амниятию иқтисодии кишварро даҳсолаҳо ба ақиб партофтанд ва ҳукумати Тоҷикистон бо вуҷуди гузаштҳои зиёд маҷбур шуд онро ҳамчун ҳизби экстрмистию террористӣ шиносад.

Ба ривояти Оливер Руа неофундаментализм бештар дар миёни муҳоҷирони ҷавони насли дуюм ва сеюми мусулмон, ки ба Ғарб ҳиҷрат кардаанд ташаккул ёфтааст. Ақаллияти ками мусалмонон ба он пайравӣ мекунанд, аммо ин падида ба шаклҳои нави радикализатсия, аз ҷумла пуштибонӣ аз Ал-Қоида ва инчунин як гуфтугӯи нави ҷамъиятии мазҳабӣ, ки аз бисёрфарҳангӣ (мултикултурализм) ҳамчун василаи канорагирӣ аз ҳамгироӣ (мутобиқшавӣ) ба ҷомеаи Ғарб ҳимоят мекунад, афзоиш ёфтаистодааст. Мусулмонони муҳоҷир бо ягон давлати миллӣ худро вобаста намедонанд ва бештар ба паҳн кардани меъёрҳои исломӣ дар байни ҷамоатҳо ва ақаллиятҳои мусулмонӣ, инчунин мубориза барои эҳёи ҷомеаи ҷаҳонии мусулмонӣ ё уммат машғуланд. Аз ин рӯ, онҳо баъзан ба як навъ фаъоли интернатсионалистӣ ва ҷиҳодии зидди Ғарб муроҷиат мекунанд, ки қаблан як аломати хоси исломгароён буд. Радикализатсияи сиёсии ахири исломи консервативӣ (таҷассумгари Толибон) сарҳад байни муҳофизакорон ва радикалҳои мӯътадилро норавшан мекунад. Неофундаментализми радикалӣ ва ҷанговар баробар бо ду тамоюли афзоишёбанда паҳн шудаистодааст: афзоиши шабакаҳои мадрасаҳои хусусии каму беш дар саросари ҷаҳони мусулмонӣ бо барномаҳои таълимӣ бар асоси ақидаҳои салафия ё ваҳҳобӣ ва ғайридавлатигардонии (ё тааллуқ надоштани аксари муҳоҷирони мусулмон ба ягон ҳудуд ва давлат (детерриториализации)) қисми зиёди аҳолии мусулмон тавассути муҳоҷират мебошад.

Ду мафҳуми муҳим дар шинохти тамоюлоти имрӯзаи ҳизбу ҳаракатҳо дар кишварҳои исломӣ ва дар раванди муҳоҷирати мусулмонон шакл гирифтани исломи ҷаҳонишуда, ба гуфтаи Оливер Руа баёнгари пасоисломизм ва исломи ҷаҳонишуда ё детерриториализатсияе, ки марзу ҳудуд  надорад, сохта шудааст. Ҷомеаи пасоисломӣ аз назари ӯ ҷомеаест, ки дар он интермедия (намоиши тарафайн)-и исломгароён (ба маънии озмоиши муваққатӣ) муносибати ислом ва сиёсатро амиқ тағйир дода, бартарияти сиёсӣ бар дин аз номи худи дин додааст. Аз назари ӯ “омезиши аз ҳад зиёди дин бо сиёсат аз ҷониби исломгароён ба натиҷаи ғайриоддӣ оварда расонд: эҳсосоти динии мусалмонон фазои мустақил ва роҳҳои баёни худро ё берун аз сиёсат ё дар сояи он ҷустуҷӯ мекунад.

Бо ин кор онҳо ба натиҷаи баҳсбарангез рӯ ба рӯ шуда, вале бештар диндории маъмулӣ, яъне аз даъватҳо ба густариши шариат, то эҳёи тасаввуфро мехоҳанд афзоиш диҳанд”, ки ин моҳияти неофундаментализмро ифода мекунад. Наҳзатҳои неофундаменталистии динии муосири исломӣ на ба давлат, балки ба ҷомеа нигаронида шуда, ниёзҳои маънавии фардро ҳал мекунад. Ин ба зуҳуроти гуногуни амалия ва гуфтугӯҳои динӣ оварда мерасонад, ки ҳам бо ҳаракатҳои иҷтимоӣ ва ҳам бо стратегияҳои гурӯҳӣ ва инфиродӣ алоқаманд мебошад. Дар таъбирҳои исломигароёни фундаменталист бештар дар бораи муттаҳидшавии дин бо сиёсат сухан мерафт; дар таъбирҳои пасоисломӣ, ин минтақаҳо новобаста аз хоҳишҳои певшоёни динию сиёсӣ мустақиланд. Пасоисломизм таназзули динро ҳамроҳӣ намекунад, балки бӯҳрони муносибатҳои дину сиёсат, дин ва давлат, тамоюли парокандагии ҳувият ва нуфузи динӣ, ривоҷ ёфтани шаклҳои наву гуногуни диндорие, ки баъзан ба ҳамдигар душманӣ мекунанд ва инчунин ба таври ғайриоддӣ сарҳадҳои байни диндории насронӣ ва мусулмониро коҳиш медиҳанд (аммо, на догмаҳоро) оварда мерасонад. Ин бо афзоиши нақши “ҳуввиятҳои ҷамоатҳои тасввурӣ” – аз ҷамоатҳои динӣ, то конфессияҳои нави ихтироъшудаи неоэтникӣ ё ҳатто нажодӣ мувофиқат мекунад. Пасоисломӣ маънои ҷомеаи дунявиро надорад. Вай пеш аз ҳама, мустақилияти фаъолияти сиёсӣ, мубориза барои ҳокимият, мантиқи манфиатҳои давлатию этникӣ, афзалияти сиёсатро аз дин тасдиқ мекунад. Пасоисломгароӣ ба ин маъност, ки ҳатто дар давлати “исломӣ”  нақш ва мақоми динро сиёсат муайян мекунад. Ҳамин тариқ, пасоисломгароён барои секуляризатсия шароит фароҳам меорад, аммо ба шарти он ки барои як дин минтақаи мухтор вуҷуд дошта бошад ва пеш аз ҳама соҳаи динӣ сиёсӣ нашавад.

Ба назар Оливер Руа дар Аврупо дунявият бар асари бекор кардани ҳокимияти дин бар сиёсат шакл гирифт, аммо дар шарқ бошад сиёсатмадорон динро фактори ғолиб дониста, дар муқобили сиёсат қарор дода, мехостанд онро ба ҳошия ронанд, ки натавонистанд. Баръкс сиёсат онҳоро ба ҳошия ронд. Дар Ғарб секуляризатсияро як шарти муҳими демукротикунонӣ медонанд, аммо дар Ховари Миёна бештар машруъият ба диктаторҳо алоқаманд аст. Тазоди дохилии дунявиён дар бисёре аз кишварҳои мусалмонӣ дар он аст, ки онҳо аз назорати давлат бар дин ҳимоят мекунанд ва аксар вақт зуҳуроти анъанавӣ ва маъмулии онро нодида мегиранд ё ҳатто саркӯб мекунанд – масалан, Камол Отатурк бародарони сӯфиҳоро мамнӯъ кард ва Идораи корҳои динро таъсис дод. Ин гуна сиёсат алоқаи давлат ва динро мустаҳкам мекунад ва истиқлолияти давлатро аз дин, динро аз давлат аз байн мебарад. Умуман, дар аксари кишварҳои исломӣ дунявият бо демократикунонӣ дар муқобилият мебошад.

Ба назари исломишиноси фаронсавӣ дар кишварҳои мусулмоннишин “шаклҳои нави диндорие мушоҳида мешавад, ки бештар монанд ба дигаргуние, ки охири асри XX дар дини насрониҳо ба амал омада буд, шабоҳат доранд. Яъне вақте диндории инфиродӣ (ташаккули инфиродӣ ва ифодаи эътиқоди шахсӣ) аз диндории коллективӣ бартарӣ дошта (як ниҳоди мувофиқашудаи динҳо) эътиқодҳо ва догмаҳое мебошад, ки аз ҷониби созмони нигаҳбони таълимоти қонунӣ ба таври дастаҷамъӣ назорат карда мешаванд”.

Яъне ҳар муҳаққиқро зарур аст, ки байни дин ва диндорӣ фарқ гузорад, зеро диндорӣ ба маънои фардикунонии дин буда, нуфузи авторитети иҷтимоии дин, ки боиси бозсозии ҷомеа дар заминаи динӣ мебошад аз байн мебарад.

Муҳаққиқон бояд байни дин ва диндорӣ фарқият гузошта, диндориро ҳамчун як фарҳанг донанд, ки аз роҳи руйкардҳои фарҳангӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад ва чунин маъно дорад: фарҳанг худ ба худ вуҷуд дорад, аз насл ба насл мегузарад ва намунаи ибтидоии тафсири ҳар ҷомеа мебошад.

Ӯ пешниҳод мекунад, ки шарқшиносон дар шинохти ислом, таълимоти теологии исломро канор гузошта, балки аз нав исломишавиро, ки  падидаи замони муосир мебошад ва яке аз зуҳуроти ҷаҳонишавӣ ва ғарбишавии ҷаҳони мусулмонӣ аст, мавриди омӯзиш қарор диҳанд. Азнависломишавӣ маънои онро дорад, ки ҳувияти мусулмонӣ – худ дар заминаи мероси фарҳангии худ шакл гирад ва бояд дар заминаи ғайримусулмонӣ ё ғарбӣ ба таври возеҳ баён шавад. Дар ин замина глобализатсия як фурсатест барои ҷудо кардани ислом аз ҳама фарҳангҳои мушаххас ва эҷоди моделе, ки фаротар аз онҳо кор мекунад.

Мусулмонони таҳсилкардаи насли нави ғарбӣ, ки “аз нав имон овардаанд ва боварии худро аз нав барқарор кардаанд ” намехоҳанд покистонӣ, турк ё ба ягон миллат тааллуқият дошта бошанд, онҳо пеш аз ҳама мусалмон будан мехоҳанд.

Фундаментализми исломӣ ба назари муҳаққиқ ҳам маҳсул ва ҳам воситаи ҷаҳонишавӣ аст, зеро он нест кардани фарҳангҳои суннатиро бидуни ҳасрат (насталгия) фаро мегирад ва имкони бунёди як ҳувияти динии умумибашариро, ки аз ҳар гуна фарҳанги мушаххас, аз ҷумла фарҳанги Ғарб, ки ҳамчун фосид ва таназзул дониста мешавад ва мавзуи доимии адабиёти фундаменталистӣ мебошад, мусбӣ шуморида, ҷудо месозад. Аммо шояд ин тавҷеҳ пирӯзии воқеии ғарбгароӣ бошад. Ба ҳар ҳол, ин нуқтаи назари либералӣ ва ҳам фундаменталистие, ки ба фард асос ёфтааст, на ба коллектив.

Аз ин моҳияти гуфта ба назари муҳаққиқ ду чиз бармеояд: Якум, ҳар мусулмон метавонад ба ҷаҳонишавӣ ё тавассути равиши либералӣ-ислоҳотгарӣ, ё тавассути равиши рӯҳонӣ-харизматикӣ (чун дар ҳаракати инҷилии масеҳӣ) ё тавассути равиши неофундаменталистӣ бо таваҷҷӯҳ ба шариат (қонун) ва ибодот (расмҳо) мутобиқ шавад. Фундаментализм аз назар муҳаққиқ ба ғарбгароӣ баробар аст ва пеш аз ҳама (ҳарчанд на истисноӣ) ҳамчун абзори ғарбгароӣ хизмат мекунад. Сониян барои дарки тағйроти модерни исломӣ аз назар диндорӣ ва нигариш ба хушунат зарурат ба руйкарди мақтаъӣ (муқосиавӣ) дорад, яъне бо ҳамаи динҳои дигари ғарбӣ муқоиса шавад.

Ғарбикунонии ислом ҳатман ба маънои ислоҳот ва либерализатсия аст ва ҳамаи навъҳои муҳофизакорӣ ва бунёдгароие, ки бозгашт ба гузашта ё ворид кардани фарҳангу сиёсати Ховари Миёна ба Ғарб тавассути муҳоҷирони мусалмон аст фаҳмида мешавад. Воқеан, ғарбгароӣ на танҳо бо дискурси нави фундаменталистӣ комилан мувофиқ аст, балки метавонад онро ташвиқ кунад.

Аз ин гуфтаҳои муқақиқ ба хулосае мерасем, ки фундаментализм ва ҷараёни неофундаментализм бардошт ё фаҳмиши муҳаққиқини Ғарб буда, аз ин дидгоҳ мехоҳад тамоми дигар фарҳангҳои миллии шарқи исломиро, масусан фарҳангҳои миллию қавмии ҳавзаи фарҳангии исломиро ба фарҳанги якбуъдӣ ё ҷаҳонватании глобализм тобеъ карда, онҳоро дар раванди ҷаҳонисозӣ ё ба ҳошия ронанд ё аз байн барад.

Дар идома муҳаққиқ мегуяд, ки барои бисёре аз неофундаменталистҳо, ҷаҳонишавӣ на талаф, балки як имконият аст. Он метавонад аз як ҷониб зид ё подзаҳри ғарбисозии фарҳангӣ бошад ва аз ҷониби дигар вақте ки мусалмонон аз фарҳангҳои аслии худ, ки зери таъсири урфу одатҳои ғайриисломӣ қарор гирифтаанд, дур мешаванд, пас эҳтимоли бозсозии ҷомеаи мусулмонӣ пеш меояд, ки танҳо дар асоси принсипҳои исломӣ метавон ҷамоати нав сохт.

Чунин ҷамоат маҳсули як фарҳанг ё тамаддуни мушаххас нест, балки иродаи афродест, ки тавассути декултуратсияи раванди фардшавиро аз сар мегузаронанд ва тасмими возеҳ ва ихтиёрӣ барои пайвастан ба ҷомеаи навро бар асоси принсипҳои сирф динӣ қабул мекунанд. Мазмуни ин гуфта ба он шаҳодат медиҳад, ки фарҳанги коллективии шарқиро зарур аст, ба фарҳанги фардӣ иваз шавад.

Дар идома муҳаққиқ мегуяд, ки худи лоиҳа, ҳамчун афсонаи давлати исломӣ, марги худи у мебошад, зеро барои бунёди чунин ҷамоат заминаи мушаххаси ҳудудӣ, фарҳангӣ, этникӣ ва иқтисодӣ вуҷуд надорад. Ин ба фирорҳои хаёлӣ аз бунбасти сиёсӣ оварда мерасонад, гарчанде таҳдиду даҳшати хунини Ал-Қоида вуҷуд дошта бошад.

Яъне мо аз ин гуфта чунин маъно мебардорем, ки бо ҷаҳонӣ шудани ислом, ҳудуди мушаххас, фарҳанги мушаххас иқтисоду нажоди мушаххас аз байн бардошта шуда, ислом ба як фарҳанги маргиналӣ ва инфиродӣ табдил ёфта, таҳдиду хатарҳои он низ аз байн меравад. Аммо чи тавре ки мушоҳида мешавад, таҳдид, фишор, даҳшатафкании ин падида, дар баробари ҷаҳонишавии ислом зиёд гардида, низоъҳоро аз минтақаҳои гуногун дар сатҳи ҷаҳонӣ густариш бахшида истодааст.

Чунин сурат гирифтани масъала муҳаққиқро низ нигарон сохта, изҳор мекунад, ки “мубориза барои ноил шудан ба ҳадди ақали баъзе аз ҳадафҳои зикршуда ба сиёсат ва ҷомеа таъсир мерасонад, вале аз ҷониби дигар неофундаменталистҳо бо кӯмаки маҷмӯи абзорҳои динӣ ва иҷтимоиӣ дар бозори ғарбӣ мавҷудбуда аз ҳамгироӣ ба ҷомеаҳои ғарбӣ худдорӣ мекунанд”, ки метавонад дар оянда мушкилоти ҷомеаҳои ғарбиро печидатар намояд.

Аз ҷониби дигар ба гуфтаи Оливер Руа гуфтумонҳои фундаменталистиро метавон аз нигоҳи арзишҳо, эътимод ба худ ё худшиносӣ ва бисёрфарҳангӣ бозсозӣ кард, ки ба масъалаҳои иҷтимоии муосир (масалан, ҳифзи арзишҳои оилавӣ, на татбиқи қатъии шариат) метавонад мусоидат намояд.

Ғарбикунонӣ (вестернизатсия) ба догмаҳои динӣ рабте надорад. Динро не, балки диндориро, яъне муносибати шахсии муъминро ба эътиқод ва догмаҳои худ, тарзи ташаккул ва татбиқи ин муносибатро тағйир медиҳад.

Наҳзат ё бедорӣ ё эҳёи исломӣ аксаран аз нигоҳи чандфарҳангӣ, аслият ва ҳувият, гуфтугӯҳое, ки ошкоро маҳсули Ғарб мебошанд, бозсозӣ ва аз нав арзиш мегузорад. Истилоҳоте чун “фарҳанги исломӣ” ва “ҳуввияти исломӣ” аз рӯи таъриф ба замонавӣ будани арзишҳои динӣ ишора мекунанд.

Аз назари муҳаққиқ дар фаҳмиши имрӯзаи илмҳои ҷомеашиносӣ изҳороти оммавии диндорию эътиқод ҳамчун зуҳуроти эксентрикӣ ё нишонаи узвият дар ягон созмонҳои ифротӣ қабул карда мешавад. Баёнияҳои зидди зиёӣ як хусусияти умумии тамоми ҷараёнҳои наҳзати динӣ дар ибтидои асри XXI аст.

Хулоса, суқути исломи сиёсӣ аз назари Оливер Руа ба маънои бартарии сиёсат бар динро дорад. Имрӯз дар аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ сиёсат аз дин ҷудо буда, дар баробари суннатҳои миллӣ урфу одатҳои диние, ки ба таҳдиду хатарҳои ифротишавии ҷомеаи тоҷик мусоидат намекунад ҳамчун муносибатҳои иҷтимоӣ пазируфта шуда мебошанд. Аммо исломи сиёсӣ ва неоисломизм, то ба ҳол густариши ақидаҳои худро на ба таври бевосита, балки ба воситаи шиорҳои фиребандаи “озодӣ ва демократия” паҳн карда истодааст.

Неофундаментализм дар раванди муҳоҷирати мусулмонон бо фарҳангзудоӣ ва инфиродӣ кардани ислом, баракс таҳдиду хатарҳои ифротигароиро дар ҷаҳон густариш медиҳад.

НИЁЗӢ Ёрмаҳмад,

номзади илмҳои фалсафа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь