17 сол боз 15-уми сентябр ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии демократия, ки аз ҷониби СММ эълон гардида буд, таҷлил карда мешавад. Имрӯз зери ин мафҳум чӣ чизе дар назар дошта мешавад ва оё дар Тоҷикистон барои демократия мубориза бурдан лозим аст?

Сараввал ёдовар бояд шуд, демократия ин як режими сиёсии давлат аст, ки дар он халқ ё аксарияти мардум ҳамчун манбаи қудрат ва барандаи истиқлолият хизмат мекунанд.

Хусусиятҳои асосии ҷомеаи демократӣ ин интихоботи озод, гуногуншаклии идеологӣ ва бисёрҳизбӣ, кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии шаҳрвандон, мавҷудияти ВАО-и мустақил, қабули қарорҳои сиёсӣ бо хоҳиши аксарият  (бо назардошт ва кафолати  ҳуқуқҳои ақаллият) ва баланд бардоштани аҳамияти ахлоқ хамчун абзори танзими иҷтимоӣ аст.

Дар фазои иттилоотӣ омореро пайдо кардан мумкин аст, ки тибқи он имрӯз танҳо 24 кишварро метавон кишварҳои демократии комил арзёбӣ кард ва ба андешаи таҳлилгарон, Тоҷикистон дар қатори онҳо ҳузур надорад. Индекси демократияро ташкилоти тадқиқотии бритониёии “The Economist Intelligence Unit” ҳисоб мекунад, ки имсол Тоҷикистонро дар ин раддабандӣ дар мақоми 156-ум қарор додааст. Ба андешаи мураттибони ин раддабандӣ ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия ва 53 кишвари дигар – кишварҳои дорои режими авторитарӣ мебошанд.

Вале демократияро чӣ гуна метавон баҳо дод?  Вакили порлумон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода мегӯяд: “Меъёрҳои демократия дар ҳама миллатҳо якхела буда наметавонанд. Ҳамаи халқҳо расму оин, анъана, фарҳанг, дин ва тарзи зиндагии худро доранд, ки ин ҳам ба давлатдорӣ ва ҳам ба ҷамъият таъсир мерасонад. Асосҳои демократии кишварҳои гуногун ба ҳам монанд, вале барои он ки баъзе принсипҳои умумӣ ё оинномаи демократӣ вуҷуд дошта бошанд, ки  тамоми халқҳои ҷаҳон аз рӯйи он зиндагӣ кунанд, ба андешаи ман иҷронашаванда аст».

Бармегардем ба раддабандии дар боло зикршуда, дар садри феҳристи кишварҳои демократитарин, тавре пешбинӣ шуда буд, кишварҳои аврупоӣ – Норвегия, Зеландияи Нав, Исландия, Шветсия ва Финландия қарор доранд.

Дар охири моҳи марти соли ҷорӣ президенти ИМА Ҷо Байден “Нишасти демократия” ташкил кард, ки ба он Русия, Чин,  кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто аъзои НАТО – Маҷористон ва Туркия  даъват нашуданд. Мақсади асосии чунин чорабинӣ ташаккули идеологияи мубориза бо кишварҳои алоҳида мебошад, ки на ба демократия, балки ба ихтилоф ва ҷудоӣ байни кишварҳои ҷаҳон оварда мерасонад. Дар ҷамъбасти ин нишаст эъломияе содир шуд, ки амалиёти вижаи Русияро маҳкум карда, хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳи ин кишварро аз Донбасс талаб мекунад. Вале сарфи назар аз чунин интихоби қатъии иштирокчиён, тақрибан нисфи кишварҳо ин санадро имзо накарданд. Ин маънои онро дорад, ки  аз “нишасти демократия”- и оянда шумори боз ҳам бештари иштирокчиён хориҷ хоҳанд шуд.

«Нишаст барои демократия» ин таҳрики ошкорои ҷудоиандозиву ихтилоф ва барангехтани тақобул, ки  ба муттаҳидӣ ва ҳамкории давлатҳо зарари калон мерасонад, мебошад” – мегӯяд сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Ван Вэнбин.

Дар раддабандии навбатӣ кишвари мо дар байни кишварҳое, ки дар масъалаи озодиҳои динӣ боиси нигаронианд, пешсаф  аст. USCIRF ба Департаменти давлатӣ тавсия додааст, ки “кумаки ИМА ба Тоҷикистон  дар соҳаи амният”-ро бо ислоҳоти қонун дар бораи дин аз соли 2009 вобаста гардонад ва алайҳи ниҳодҳои давлатӣ ва мансабдороне, ки гӯё озодиҳои мазҳабиро нақз мекунанд, таҳримот ҷорӣ созад.

Чаро Амрико – кишваре, ки дар он  мусалмонон худро озурда  ҳис мекунанд ва ё Аврупо, ки дар он ҷо исломбадбинӣ  авҷ гирифтааст, ба ҷойи ислоҳи вазъ, бештар ба  озодиҳои динӣ дар дигар манотиқи ҷаҳон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад?

Ҷавоб одӣ аст.

Аз соли 2022 то соли 2024 Иёлоти Муттаҳида ният дорад, ки барои дастгирии демократия дар кишварҳои дигар 9,5 миллиард доллар ихтисос диҳад. Ба хотири он, ки тавассути таҳияи лоиҳаҳои ҷавонон ва таълим арзишҳо  ва  барномаи худро  бар сари насли наврас таҳмил кунад.

ИМА барои як барномаи панҷсола, ки ба “таҳкими истиқлолият ва фарҳанги демократии кишварҳои Осиёи Марказӣ” равона карда шудааст, 12 миллион доллар ихтисос медиҳад.

Дар ин ҳол саволе ба миён меояд, ки арзишҳои ғарбӣ барои Тоҷикистон муфиданд ё хатарнок? Ҳуқуқ ва озодиҳои демократие, ки амрикоиҳо дифоъ мекунанд, ин яъне беэҳтиромӣ ба дин ва хотираи аҷдодон, бадахлоқии ҷинсӣ ва умуман набуди ахлоқ аст. Яъне муқобили он чизе, ки асоси тафаккури тоҷикон ва арзишҳои фарҳангии кишвари моро ташкил медиҳад ё ҷомеаи моро муттаҳид мекунад.

Саидҷаъфар Усмонзода – вакили порлумон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон  мегӯяд: – «Ман фикр мекунам, ки дар ин масъала барои Тоҷикистон хатаре вуҷуд надорад, зеро мардуми мо таърихи тӯлонӣ, фарҳанги ғанӣ, анъанаҳо ва тарзи зиндагии худро доранд.  Ва баъзе асарҳои идеологӣ, филмҳо, иртиботҳо, чорабиниҳои муштарак, албатта, таъсир мерасонанд, вале на ҷиддӣ. Ин дар азхудкуниҳо, иқтибосҳо ва табодули фарҳангӣ зоҳир мегардад, вале куллан ягон чизро  тағйир намедиҳад. Системаи маориф, нигаҳдории тандурустӣ, идеологӣ, амнияти фарҳанг ва дин бояд дар зери назорати ниҳодҳои давлатӣ бошад, ки таҳдиду хатарҳоро ба ҷамъияти мо ба назар гирифта, ҳамаи дахолатҳои беруниро ба танзим дарорад. Ҳамон ҷараёнҳои мазҳабии дохилиисломӣ дар бисёр кишварҳо таҳриф карда мешаванд ва хадамотҳои махсуси кишварҳои дигар зери ниқоби дин метавонанд ба тафаккури мардум дар хоҳиши тағйири чизе дар ҷомеаи мо таъсир расонанд».

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико арзишҳои худро тавассути фарҳанг ва санъат бо истифода аз он, ки филмҳои Ҳолливуд дар тамоми ҷаҳон машҳуранд, талқин мекунад. Бо вуҷуди ин, онҳо имрӯз чиро намоиш медиҳанд? Ҳолливуд барои дарёфти ҷоизаи Оскар қоидаҳои навро ҷорӣ кард. Ин қоидаҳо аз соли 2024 пурра амалӣ карда мешаванд. Қаҳрамони асосӣ ё бозигари нақши дуюмдараҷа бояд намояндаи  гурӯҳи нажодӣ ё этникии на онқадар маъмул бошад. На кам аз 30 фоиз нақшҳои дуюмдараҷа бояд ба намояндагони ЛГБТ, гурӯҳҳои нажодӣ ё этникӣ, занҳо ё одамони дорои маълулият дода шаванд. Ғояи асосии филм бояд  мавзӯи табъизи нажодӣ ё мушкилоти ақаллиятҳоро дар бар гирад. Ҳамин тариқ, дар ояндаи наздик, дар телевизион филмҳои Ҳолливудро бо саҳнаҳои ишқи ҳамҷинсон, ки ҳамчун меъёр ё ҳатто идеал пешкаш карда мешавад, намоиш медиҳанд.

“Оила, маънавият, ватандӯстӣ – ин боқимондаҳои замони гузашта набуда, балки муҳимтарин ҷузъи ҳама гуна демократия мебошанд” – Владимир Путин, президенти Федератсияи Русия.

Русия соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эҳтиром мекунад ва ба корҳои дохилии кишвар дахолат намекунад, ки ин ба қонунҳои байналмилалӣ мувофиқат  мекунад, на ба “қоидаҳои” дар Ғарб ихтироъшуда. Халқҳои мо дар бораи демократия, ки бар пояи ҳокимияти халқ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳои анъанавии иҷтимоӣ ва динӣ асос ёфтааст, фаҳмиши умумӣ доранд.

Имрӯз Иттиҳоди Аврупо  аз иттиҳоди иқтисодӣ ба як сохтори сиёсии ба ҳукуматҳои кишварҳои аъзо  итоатнакунанда табдил ёфтааст. Қарорҳои ин Иттиҳод, масалан, ҷорӣ кардани таҳримҳои зидди Русия, боиси бад шудани вазъи шаҳрвандони тамоми кишварҳои Аврупо мегарданд, ки наметавонанд  механизмҳои демократиро барои тағйир додани вазъ истифода баранд. Ба фарқ аз Иттиҳоди Аврупо дар ИДМ ҳамаи тасмимҳо бар асоси ризоият қабул қарда мешаванд. Аз ин рӯ, онҳо манфиатҳои ҳар як кишвари узви Иттиҳод, аз ҷумла Тоҷикистонро ба инобат мегиранд.

Муборизаи Амрико барои “демократия”  аксар вақт шаклҳои хашмгинона мегирад: масалан, Иёлоти Муттаҳида ва шарикони он “режимҳои авторитарӣ”-ро дар Ироқ ва Либия несту нобуд карданд, ки боиси сар задани ҷангҳои шаҳрвандӣ ва талафоти садҳо ҳазор одамон гардид. Мубориза барои демократия дар даҳҳо кишвар боиси сар задани «инқилобҳои ранга» ва табаддулот гардид.

Дар баробари ин, дар Аврупо ва ИМА, ки худро идеалҳои демократия  меҳисобанд, ҳокимият ба халқ дода намешавад. Натоиҷи назарсанҷии ҷавонони амрикоӣ, ки аз ҷониби Донишгоҳи Ҳарвард гузаронида шуд, нишон дод, ки танҳо 7 фоизи  пурсидашудагон кишвари худро давлати дорои “демократияи солим” меҳисобанд. Дар ҳамин ҳол, 39 фоиз дорои “демократияи мушкил”  ва 13 фоиз умуман вазъи Иёлоти Муттаҳидаро “шикасти демократия” номиданд.

Дар давоми чанд соли охир  маълум гардид, ки демократияи амрикоӣ пеш аз ҳама, «демократияи» сармояҳо мебошад, яъне табақаи ҳукмрон дар ҳама корҳо афзалият дорад. Ғолибони 91 дарсади интихоботҳо ба Конгресси ИМА номзадҳое мебошанд, ки дастгирии молиявии бештаре  доранд.

Бар асоси назарсанҷиҳо 64 дарсади аврупоиҳо ва 71 дарсади амрикоиҳо бар ин боваранд, ки сиёсатмадорон танҳо дар фикри қонеъ гардонидани такаббури худ  мебошанд. 57 дарсади аҳолии кишварҳои ғарбӣ аз ҳимояи ҳукуматҳо ва дигар ниҳодҳои давлатӣ аз арзишҳои аслии демократия норозианд.

Имрӯз дар Аврупо ҳукумат фикри ҷомеаро нодида гирифта, фарҳанги ЛГБТ, адолати ноболиғон, озодии шахсони ҳамҷинс ва дигар арзишҳои “умумиинсонӣ”-ро ошкоро таҳмил мекунад ва дар кӯшиши ҳифзи ҳуқуқи ақаллият, ҳуқуқи аксариятро поймол намуда, ба анъанаҳои фарҳангӣ ва таърихии халқи худ муқобил мебарояд.

Демократия арзиши умумибашарӣ ва ҳуқуқи ҳамаи халқҳо мебошад, на имтиёзи кишварҳои алоҳида. Ва танҳо мардуми ин ё он кишвар метавонад  муайян кунад, ки давлат демократӣ аст ё не, на он кишварҳое, ки бар хилофи ақидаи мардуми худ худро демократӣ эълон кардаанд ва инро барои ҷорӣ кардани ҳукмфармоии худ истифода мебаранд.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь