Намоиши филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» бо далелҳои муътамад аз хиёнаткориҳои ҳизби наҳзат, ба ибораи яке аз аввалин аъзову ташкилкунандагони он Саид Қиёмиддини Ғозӣ «ҳизби оташнафаси хатокор» ва суханони ҳаммаслакону шоҳидони ҷинояткориҳои саркардагону аъзои он ҷузъиёти норӯшани таърихи мавҷудияти ин ҳизбро барои мо аён сохт.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти тунгароёна ва ихтилофбарангезандаи ТТЭ ҲН ин фаъолияти рӯз то рӯз қуввагирандаи аъзои он дар фазои маҷозӣ мебошад, ки аз соли 2015 баъди сарнагун шудани балвои Назарзода, ташкилоти террористию экстремистӣ эълон шудани ҳизби наҳзат ва аз қонун фирор кардану дар хориҷа паноҳ бурдани саркардагони он авҷ гирифт.Маҳз ҳамин сомонаҳои интернетӣ ва аз хориҷа таъсису маблағгузорӣ шудани он ба ин хиёнаткорони ватанфурӯш имконият додааст, то бо нашри хабару гузоришҳои ғаразнок аз ҳаёти ҳамарӯзаи халқи тоҷик бо иловаи дурӯғу буҳтон ва муболиғаи аз ҳад зиёд фитнаангезию дасисабозиҳои худро аз хориҷа амалӣ намоянд. Дурӯғ будани хабару гузоришҳои ба ном журналистон-мубаллиғони ТТЭ ҲН дар навбати аввал сарчашмаи аниқ надоштани манбаи хабарии онҳост. Қариб тамоми хабарҳои онҳо бо суханони «як нафар шахси наздик ба мақомот», «як нафаре, ки нахост номаш ошкор шавад», «шахсе аз ақрабо ва хешовандони…» ва ғайра расонаӣ мешаванд ва боре ҳам нашуда, ки ин шахсони ба гуфти онҳо ватандӯст дар саҳифаҳои интернетии худ ягон дастоварди неки давлату миллатро холисона эътироф карда бошанд. Чаро? Магар Тоҷикистон ҳеҷ пешравие ба даст наовард, ки лоиқи таҳсин ё эътирофи ин тоифа бошад? Маҳз нодида гирифтани тараққиёти рӯзафзуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузашта аз он истифодаи хурдтарин имконият баҳри паҳн кардани хабарҳои муболиғашуда исбот месозанд, ки ин сомонаҳо ва саҳифаҳои интернетӣ дастгоҳҳои мубаллиғони ТТЭ ҲН мебошанд, ки аз рӯзҳои аввали таъсис ёфтанаш барои ба даст овардани ҳокимият талош дошт. Ин ҳизби кисагии фурӯхташуда бо ҳидояти хоҷагони манфиатҷӯяшон боиси даргириҳо дар солҳои 90-уми асри гузашта, рехтани хуни 150 ҳазор тоҷик ва ҳамчун ҷанги бародаркуш унвон гирифтани он гардид. Ҳар нафаре, ки боре чеҳраи Садриддинов Муҳаммадиқболро зимни пахши «хабарҳо»-яш дар сомонаи «Ислоҳ.нет» дида бошад, эҳсос кардааст, ки пушти ин заҳрханди ҳамешагии чоплусона чӣ махлуқе пинҳон аст. Оне, ки бо намои бетағйир ҳар ҳодисаву воқеаи кӯчаки дар Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастаро ба риштаи танқид мекашад, кист? Чӣ гузаштае дошт? Садриддинов Муҳаммадиқбол писари яке аз таъсисдиҳандагон ва фаъолони ТТЭ ҲН Садриддинов Қаландар мебошад, ки солҳои нооромӣ маҳз бо ҳидояти ӯ мардуми минтақаи Қӯрғонтеппа ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамчун гуреза паноҳ бурдаанд. Чун ин усул низ пешакӣ андешида шуда, мардум маҳз ба хотири рӯёндани маблағҳои калони пулӣ барои буду боши гурезагон ва ҳам истифодаи номи «гуреза» аз рӯйи ақидаҳои сиёсӣ истифода шуданд. Бо ҳидоятҳои падар Муҳаммадиқбол солҳои 1992-1997 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳсилоти ифротгароӣ гирифта, аз шогирдони муваффақи як пойгоҳи таълимоти экстремистию ифротгароии ин кишвар гардидааст.
Бефаросатӣ ва бешармие, ки аз чеҳраи Муҳаммадиқбол пайдост, аз тарбияи нохуб ва гузаштаи шармовари падараш Мулло Қаландар сарчашма гирифтааст. Аҷоибаш он аст, ки ин мубаллиғон бо вуҷуди доштани камбудиву нуқсонҳои зиёди ҳаётӣ ва ноҷавонмардиҳо нисбат ба наздикону пайвандони худ аз камбудиҳои як давлат ва як миллат бо танз сухан мегӯянд. Шуруъ аз Кабирӣ, ки ҷанозаи модари чашм ба роҳ мондаи худро бо телефон хонд. Муҳаммадиқболи С., ки ба ҷанозаи падари дар ғарибиву ғурбат ҷондодаи худ рафтанро лозим надонист. Саидюнуси Истаравшанӣ (ба гуфти ӯ насли босмачиён, ки падару бобояш низ замони барҳаётӣ ҷиноятҳои гуногун содир кардаанд), ки муҷиби ҳамчун террорист ба даст афтодану пушти панҷараи зиндонҳои Афғонистон бо азобу уқубати зиёд фавтидани ҳамсари якум, сарсону саргардон гаштани зани дуюмаш бо як фарзанд, пушти панҷара рафтани бародару занаш бо ҷурми машғул шудан ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гашт.
Ин рӯйхатро идома додан мумкин аст, аммо суол ба ҳамаи ин якест: ҷавонмарде, ки тобути падару модарро намебардорад, нафаре, ки маблағи ночизи раҳкироро аз ҷанозаи падар боло медонад, шахсе, ки ба ҳамсар ва бародару хоҳари худ раҳме надораду ин қадар ба осонӣ аз наздикони худ даст мекашад, барои мо – мардуми оддии кишвар чӣ амали некеро анҷом медиҳад? Ҷавоб ба ин савол пушти нигоштаҳои болост.
Аз таассуроти аз филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» бори дигар ҳаминро эҳсос кардам, ки аъмоли неку бади фарзанд нахуст аз оила сарчашма ва шакл мегирад. Падар барои писар ҳамеша намунаи ибрату пайравӣ будааст. Нафароне, ки ба ҷинояткорӣ ва бадтар аз ин, ба хиёнат ба Ватану миллат даст мезананд, дар оилаҳое тарбия ёфтаанд, ки аслан мафҳумҳои ҷавонмардӣ, нанг, номус, ор барояшон бегона буда, арзишҳое ба мисли ватандорию ҳуввияти миллӣ эътиборе надоштааст. Пас, алҳазар аз чунин фарзанде, ки бо бенангӣ ба номи падару модар иснод биёрад. Алҳазар аз нафаре, ки бо тамғаи хиёнат ба Ватан аҷдоди гузашта ва ояндаи худро доғдор созад.
Ҳама гуна хиёнатро бахшидан мумкин аст, ғайр аз хиёнат ба Ватан, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш ва бахшида нахоҳад шуд. Тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» тариқи телевизион ба ёдам даҳшати солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро овард. Агарчи аз он рӯзҳои шум асаре намондаасту 28 сол паси сар шудааст, фаромӯш накардаам, ки гуруҳҳои мухолифи террористию экстремистии тундгаро чӣ корҳо карданд. Бо дастур ва роҳбаладии хоҷагони хориҷиашон мардуми тоҷики аз бозиҳои сиёсӣ бехабарро ба ду сангар ва дар муқобили ҳам қарор доданд. Падарро бо писар, бародарро бо бародар ҷанг андохтанду ҷавононро гумроҳ сохта, билохира Тоҷикистони азизи моро оғуштаи хун гардониданд. Ҳеҷ фаромӯш намекунам, ки ба сари миллати сарбаланди тоҷики мо чӣ омад. Бар асари нофаҳмиҳо беш аз 150 ҳазор тоҷик кушта шуд, ҳазорҳо кӯдак ятим монд, ҳазорон занону модарон бе шавҳар монданд, як миллион нафар гуреза гашт. Он даҳшату рӯзҳои шум бо айби носипосони хунхор сар зада, хатари парешонии миллат ва аз байн рафтани давлатро ба миён овард. Оқибати корро касе намедонист, ки чӣ мешавад. Касе умеди зинда мондан надошт, вале барои чанд соат ё лаҳзае аз ҷое ба ҷои дигар мегурехт.
Баъди нобасомониҳои зиёд бузургмарди майдон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амри тақдир зимоми роҳбарии давлати дар вартаи нестӣ қарордоштаро ба даст гирифт. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ба мардум қавл доданд, ки «ман ба шумо сулҳ меорам ва то охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, худамро озод ҳис карда наметавонам».
Дар ҳақиқат ҳамин хел ҳам шуд. Ин марди Худодод ба миллати тоҷик сулҳ оварданд, гурезагонро ба хоки Ватан баргардонданд, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш карданд, миллатро аз гуруснагию яъсу ноумедӣ ва давлатро аз буҳрони амиқи иқтисодӣ наҷот доданд. Миллатро аз вартаи нобудиву бадбахтӣ раҳониданд. Ҳар рисолате, ки доштанд, анҷом доданд. Дигар барои баъзе ношукрону носипосон чӣ ҳам мекарданд?
Кабирӣ, Саидюнуси Истаравшанӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва онҳо барин носипосон ба миллат чӣ карданд? Ҳамеша бо алфози қабеҳу хушунатомез ба сари намояндагони давлат санги маломат мезананд. Ҳатто оддитарин ва муқаддастарин чиз, ки сухан аст, бо забоне, ки барои алфози хуш офарида шудааст, гуфта наметавонанд ва қудрати гуфтан ҳам надоранд. Чунки барои кори хубу сухани хуш фаросати инсонӣ даркор. Дар лафзашон сухани бад ва дар дилу мағзашон фикри бадро ҷой додаанду миёни ҷавонон иғво меангезанд, мағзшӯӣ мекунанд. Магар ин одамгарист?
Ҳатто ин бешарафон аз бемории сироятии коронавирус, ки мардуми курраи оламро ба ташвиш овардааст, истифода карда, дар ин лаҳзаҳои ниҳоят барои миллат сангин ба манфиати худ кор гирифтанд. Боварам комил аст, ки пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» мардуми сарбаланду тоҷдори тоҷик, бори дигар аз дасисаву найрангҳои гуруҳҳои ифротӣ ва мухолиф огоҳ гардиданду рӯзҳои шум ва бадбахтиҳои гузаштаро ба бадбахтон ҳавола мекунанд. Албатта, мо имрӯз Ватан дорем ва намегузорем, ки пойи номубораки нохалафе ба хоки Ватани азизи мо расад.
Камолҷон КАРИМОВ,
омӯзгори МТМУ №10-и шаҳри Душанбе