11-уми марти соли 1985 расонаҳои шӯравӣ эълон доштанд, ки ба вазифаи Котиби Генералии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Сергеевич Горбачёв интихоб гардид. Аслан сокинони ин кишвари абарқудрат дар маҷмуъ дар бораи роҳбари нави далвати шӯроҳо, ки шашяки курраи заминро фаро мегирифт, чандон иттилооти зиёд надоштанд.

Ҳатто барои онҳое, ки аз сиёсат каму беш бохабар буданд, Горбачёв чеҳраи шинохтанашуда буд, зеро дар бораи шахсият ва фаъолияти ӯ то замони ба сари қудрат расиданаш тақрибан чизе намедонистанд.

Ин ҳам яке аз хусусиятҳои системаи коммунистӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки мардум дар бораи роҳбари нави давлат то замони ба сари қудрат расиданаш маълумоти кофӣ пайдо карда наметавонист.

Инро мо дар мисоли роҳбарони қаблии Иттиҳоди Шӯравӣ то замони Горбачёв мушоҳида карда метавонистем, аз ҷумла дар мисоли Никита Сергеевич Хрушёв, Леонид Илич Брежнев, Юрий Андропов ва Константин Черненко.

Воқеият ин буд, ки рӯзи 11-уми марти соли 1985 аксарияти кулли мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ роҳбари нав интихоб шудани Горбачёвро бо хушнудӣ пазируфтанд, ҳарчанд ки, чунонки аллакай қабл зикр кардам, дар бораи ӯ маълумоти кофӣ надоштанд.

Сабаб ин буд, ки аз моҳи ноябри соли 1982 то моҳи марти соли 1985 се нафар роҳбари давлати абарқудрати шӯравӣ бо иллати беморӣ аз дунё гузаштанд ва ин боиси норозигии шадид гардида буд.

Гузашта аз ин, аксарияти кулли аъзо ва номзад ба аъзогии Дафтари сиёсии ҲКИШ аз 70 сола боло буданд ва чунин ба назар мерасид, ки баъди марги Черненко боз ягон мӯйсафеди дигаре ба сари қудрат меояд.

Аммо мӯйсафедони пири барҷомонда, ки ба ҳисоби миёна дар маҷмуъ умрашон 73 солро ташкил мекард, танҳо мушкилоти ҷомеаи шӯравӣ набуд.

Яке аз мушкилоти муҳим ин буд, ки ин давлати абарқудрат, ки дар ибтидои солҳои 80-ум аз лиҳози қудрати ҳарбӣ бо Амрико баробар шуда буд, мустақим ва ё ғайримустақим дар ҷангҳо ва ё низоъҳои ҳарбӣ дар беш аз 20 давлати ҷаҳон ширкат мекард.

Алалхусус ҷанги эълоннашудаи Афғонистон барои буҷаи Иттиҳоди Шӯравӣ гаронӣ мекард. Тибқи маълумоти расмии раиси Совети вазирони ИҶШС Н. И. Рижков баъди хурӯҷи Артиши Сурх аз Афғонистон эълон кард, масрафи ин низоъ 66 млрд. сӯмро ташкил кардааст.

Ҳамин тариқ, роҳбарии пирон ва ширкат дар ҷангҳову низоъҳои зиёд дар ибтидои солҳои 80-ум масъалаи таъмини аҳолӣ бо маводи хӯроквориро мушкил кард ва моҳи маи соли 1982 Барномаи озуқаворӣ қабул шуд, ки ин ҳам мушкилотро ҳал карда натавонист.

Зимни қабули ин барнома Горбачёв дар вазифаи Котиби КМ ҲКИШ дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият мекард. Аз ин рӯ, ҳадс задан мумкин аст, ки ӯ дар таҳияи ин барнома нақши муассир доштааст.

Баъди интихоби Горбачёв ба ҳайси роҳбари давлати шӯравӣ аксар сокинони кишвар оҳи сабук кашинанд, чунки шахсиятпарастӣ ҷомеаи  шӯравиро ба ҷомеаи бемор мубаддал сохта буд ва он бояд ҳарчӣ зудтар табобат мегардид.

Шахсиятпарастӣ дар даврони Ленину Сталин оғоз гардида, дар давраи Хрушёв ва алалхусус Брежнев идома пайдо кард. Брежнев, ки соли 1974 ба марги клиникӣ гирифтор шуда, солҳои охири роҳбарияш аз ҳама чорчӯбаҳои сиёсиву ахлоқӣ баромад.

Чунин ба назар мерасид, ки ӯ баъзан эҳсос намекард, ки дар куҷосту бояд чӣ кор кунад, аз ин рӯ, ҳар сол тобеонаш ӯро бо ордену медалҳо ва ҷоизаҳои гуногун сарфароз мекарданд.

Баъди марги Брежнев ворисони ӯ Андропов ва Черненко, ки гирифтори бемориҳои ҷиддӣ буданд, ҳозир нашуданд, ки аз ин вазифаи муҳиму пурмасъулият даст кашанд ва дар натиҷа, чунон ки гуфтем, дар тӯли  камтар аз 3 сол 3 роҳбари ИҶШС иваз шуд.

Баъди интихоби Горбачёв яке аз латифаҳои машҳур ин буд, ки роҳбари нави давлати шӯравӣ бо пойҳои худаш роҳ мегардад ва бидуни назар кардан ба коғаз суханронӣ карда метавонад.

Ҳамин ду омил, мустақилона роҳ гаштан ва суханронӣ карда тавонистан ва ҳамчунин нисбатан ҷавон будани Горбачёв, ки моҳи марти соли 1985 ҳамагӣ 53 сол дошт, нақши асосиро дар интихоби ӯ ба ҳайси роҳбари давлати шӯравӣ бозӣ карданд.

Албатта, гуруҳбозиро дар миёни кохнишинони Кремл низ набояд истисно кард. Андрей Громико ва чанд нафари дигар, ки мухолифи интихоб шудани Гришини пир, ки аз командаи Брежнев буд, бо сароҳат эълон карданд, ки бояд роҳбари давлати шӯравӣ кадри нисбатан ҷавонтар интихоб шавад.

Горбачёв як рақиби ҷиддӣ дошт. Ӯ котиби якуми вилояти Лениград Романов буд, аммо ӯро КГБ-и Иттиҳоди Шӯравӣ бо паҳн кардани ҳар гуна овозаҳо дар миёни коммунистон ва шаҳрвандони оддӣ беобрӯ карда буданд.

Сабаб ин буд, ки Горбачёв одами Андропов, раиси КГБ буд. Маҳз ба шарофати шиносоӣ бо Андропов соли 1978 ба Москва ба ҳайси котиби  КМ ИШҶС оид ба кишоварзӣ даъват гардида буд.

Бархеҳо ҳадс мезаданд, ки баъди марги Андропов роҳбари давлати шӯравӣ Горбачёв мешавад, аммо ин ҳадс хато баромад. Барои он ки ҳамсафони Брежнев тавонистанд моҳи феврали соли 1984 Черненкоро ба сари қудрат оваранд.

Мубориза барои вазифаи Котиби генералии КМ ҲКИШ дар моҳи марти соли 1985 аз нав авҷ гирифт ва аммо чунонки гуфтем, як қатор аъзоёни Политбюро қотеъона аз номзадии Горбачёв ҳимоят карданд. Дуруст аст, ки баъдан онҳо низ аз ин интихоби худ пушаймон гардиданд, аммо дигар ин пушаймонӣ суд надошт, зеро тир аз камон ҷаҳида буд.

Нахустин бор мардуми шӯравӣ ҳангоми эълони ҳайати комиссияи дафни ҷасади Черненко дарк кард, ки роҳбари нави шӯравӣ Горбачёв мешавад. Сабаб ин буд, ки тибқи анъана ҳар касе, ки раиси комиссияи дафн таъин мегардид, ҳамон нафар роҳбари давлати шӯравӣ интихоб мегардид.

Ин даъфа навбати Горбачёв буд, ки ҳоло мардум аз ӯ шинохти дуруст  надоштанд ва намедонист, ки ӯ кисту барои рушди давлати абарқудрат ва ҷомеаи шӯравиву кишварҳои муттаҳиди шӯравӣ дар гӯшаву канори олам чӣ кор карда метавонад.

Аз нахустин амалҳои роҳбари нави далвати шӯравӣ яке ин буд, ки ӯ муборизаро ба муқобили машрубот шуруъ кард. Бидуни шак, масъалаи машрубот дар Русия масъалаи хеле ҷиддӣ буд, аммо на дар ҳама ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ин проблема мисли Русия ба хатари бузург мубаддал гардида буд.

Аммо азбаски қарор дар Маскав қабул шуда буд, мубориза дар тамоми қаламрави паҳновари Иттиҳоди Шӯравӣ шуруъ шуд. Кор то ҷое расид, ки арақ аз фурӯшгоҳҳо гум шуд ва ё бо лимит фурӯхта мешуд.

Дар шаҳрҳои бузург онҳое, ки майзада буданд, алтернатива пайдо карда, ба ҷои арақ одеколон менӯшиданд, дихлофосро, ки барои нобуд кардани нонхӯракҳо истеҳсол мешуд, бӯ мекашиданд ва дар натиҷа, токсикомания рӯ ба афзоши ёфт.

Роҳбарони тамоми зинаҳо аз боло то поён дар маъракаҳо кӯшиш мекарданд, ки арақхӯриашонро касе набинад. Дар Тоҷикистон дар маъракаҳо арақро дар чойник меоварданд, то ки ягон нафар ба органҳои ҳизбӣ ва ё ҳифзи ҳуқуқ хабар накашад.

Ин мубориза дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳадди ифрот расид ва барои фаъолияти босамари “Ҷомеаи орӣ аз шароб” дар Тоҷикистон аз ҳамаи касоне, ки ҳатто наменӯшиданд, ба шумули кампирҳову мӯйсафедони тоҷик, аз ҳисоби нафақаашон пул мегирифтанд.

Дар ҷумҳуриҳои Молдавия, Арманистон ва Гурҷистон, ки ба ангурпарварӣ ва шаробпазӣ, ки соҳаҳои хеле муҳим ҳисоб меёфтанд, зарбаи ҷиддӣ зада шуд.

Аммо аз миёни роҳбарони радаи аввали ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ танҳо Котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон Раҳмон Набиев барои майзадагӣ аз мансаб барканор гардид.

Мубориза бо маршрубот дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ на танҳо самар надод, балки ба буҷаи давлат, ки 10-15 дарсади даромадро аз ҳисоби нӯшикоҳои спиртӣ дарёфт мекард, хисорот ворид намуд.

Баъдан барномаи мубориза бар зидди даромади муфт шуруъ шуд, ки ин ҳам ба дараҷаи ифрот расид. Мисоли мушаххасро аз зиндагии худам меорам.

То ин вақт ба самти вилояти Кӯлоб як автобус субҳ аз Душанбе ҳаракат мекарду як автобус аз ноҳияҳои минтақаи мазкур. Азбаски як автобус тамоми эҳтиёҷонро ба Душанбе оварда наметавонист, мошинҳои майдаи шахсӣ бо маблағи қариб дуюним баробар зиёд мусофиронро ба пойтахт меоварданд ё аз инҷо мебурданд.

Аммо тибқи қарор дар бораи мубориза алайҳи даромади муфт ронандаҳои мошинҳои шахсӣ мусофиркаширо то як муддат бас карданд ва ё мисли дузд эҳтиёҷмандонро мебурданду меоварданд.

Баъди дарки зарарнок будани ин тарзи бархӯрд ба ронандагони мошинҳои майда иҷоза доданд, ки мусофиркашии худро идома диҳанд, чунки масъалаи нақлиёт дар Иттиҳоди Шӯравӣ масъалаи ҳалнашаванда боқӣ монда буд.

Ба дунболи мубориза алайҳи машрубот Горбачёв эълон кард, ки бояд Иттиҳоди Шӯравӣ дар соҳаи мошинсозӣ ба ҷои аввал барояд. Аз барномаҳои хотирмони замони ин роҳбари шӯравӣ Барномаи “Манзил- 2000” буд.

Тибқи ваъдаи Горбачёв, бояд тамоми сокинони давлати абарқудрат то соли 2000-ум соҳиби манзил мешуданд. Тибқи ин барнома, ҳар як шаҳрванд 12 метри мураббаъ хона дар ихтиёр медошт.

Тасмим дар бораи интихоби роҳбарони зинаҳои миёнаву поёнӣ мардумро руҳбаланд кард, аммо дар ин кор ҳам омилҳои дигаре аз қабили маҳалгароӣ, гуруҳбозӣ, ғаразҳои шахсӣ ва ғ. таъсир расонданд ва на ҳама афроди лоиқ соҳиби ин курсиҳо шуданд.

Бо сипарӣ шудани камтар аз 2 сол маълум гардид, ки тамоми барномаҳои иқтисодии Горбачёв бар ҳован об кӯфтанро мемонад. Гузашта аз ин, Амрико ва Арабистони саудӣ ба хотири коҳиш додани иқтидори ҳарбии Артиши Сурх дар Афғонистон нархи нафтро 3-4 баробар камтар карданд ва зарбаи ҷиддиеро ба буҷаи Иттиҳоди Шӯравӣ  заданд.

Нокомии иқтисодӣ боис гардид, ки Горбачёв тасмим гирифт ислоҳоти сиёсиро дар амал татбиқ кунад. Ба ин хотир, дар Конфронси 19-уми ҲКИШ қарор қабул шуд, ки ҳокимияти сиёсӣ ба ихтиёри шӯроҳо дода шавад.

Ин боиси рахна дар миёни коммунистон гардид, зеро ҳамаи котибони ҳизбӣ кӯшиш мекарданд дар интихоботи раисони шӯроҳо пирӯз шаванд, аммо раисони комитетҳои иҷроия, ки мақоми иҷрокунандаи шӯроҳо буданду то ин вақт мутеъи роҳбарони ҳизбӣ, мехостанд ин курсиро худ соҳиб шаванд.

Ахиран, ислоҳоти сиёсӣ низ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба нокомӣ мувоҷеҳ гардид ва дар баҳори соли 1990 Горбачёв тасмим  гирифт, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ институти президентиро ҷорӣ кунад.

Сабаби аслӣ ин буд, ки роҳбари давлати шӯравӣ аз ояндаи худ нигарон гардида буд ва ин тарсро дошт, ки шояд тақдири Н.С. Хрушёвро ҳамсафонаш ба сари ӯ биоранд. Никита Сергеевич, ки дар ибтидои солҳои 60-ум иқтисоди Иттиҳоди Шӯравиро ба вашикастагӣ мувоҷеҳ сохта буд, дар натиҷаи як табаддулоти осоишта аз вазифа барканор гардида буд.

Горбачёв хуб дарк мекард, ки агар институти президентиро ҷорӣ накунад, ҳамсафонаш метавонанд ӯро дар ягон Пленуми КМ ҲКИШ аз вазифа барканор намоянд.

Дар натиҷа, ибтидои соли 1990 моддаи 6 дар бораи нақши Ҳизби коммунист дар ҷомеаи шӯравӣ аз конститутсия бардошта шуд ва институти президентӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҷорӣ гардид.

Аммо Горбачёв ҳамзамон Котиби генералии ҲКИШ боқӣ монда, ин вазифаро ба дигар нафар вогузор накард. Вале чунон ки интизор мерафт, дар моҳи августи соли 1991 роҳбарони олирутбаи ИШҶС кудато ташкил карда, хостанд Горбачёвро аз сари қудрат барканор кунанд.

Ин кудато номуваффақ анҷом ёфт, кудатогарон ҳабс гардиданд, аммо Горбачёв ҳам дигар натавонист қудрати сиёсиро дар дасти худ нигоҳ дорад. Ҳамагӣ баъди 3 моҳ дар натиҷаи роҳбарии ноуҳдабароёнаи Михаил Сергеевич, империяи абарқудрати русии дар давоми 6 аср сохта шуда, дар давоми 6 сол аз харитаи сиёсии ҷаҳон барои ҳамеша гум шуд.

 

Нуралӣ ДАВЛАТОВ

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Мухтарам муаллифи ин макола. Б. Горбачев рохбари ноухдабаро нест ва набуд. Новобаста аз он, ки ман ва ё каси дигар уро бад мебинанд, наметавонанд гуянд, ки у ноухдабаро буд, зеро ба сари кудрат омадаги М. Горбачев ва гузаронидани реформахо у (Перестройка, гласность ва хоказо) ин кадамхои зарури буд. Иттифоки Совети, ки иктисодиёташ коста шуда буд бе гузаронидани ин реформахо аз ин хам тезтар шикаст хурданаш мумкин буд, Ва хуб хам шуд, ки ин давлати, аниктараш империяи бад (империя зла), дар зери вазни харчхои ахмаконааш шикаст хурд.
    Бовари дорам, ки носталгияхои одамон аз СССР аз он сабаб аст, ки онхо он вактхо чавон буданд, ва аз рафти чавониашон ед карда, ССР тариф мекунанд, дар асл бошад, СССР-ро бояд руи об баровард, зеро СССР хеле муттахамиро кардааст, ки он зери когазхои бойгони (архиви) вакти баромади хуро интизор аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь