Мубоҳисаи телевизионии пеш аз интихоботии Ҳаррис ва Трамп ба анҷом расид. Ҳаррис дар ин баҳс худро хеле хуб ва дар мавқеи устувор нишон дод ва пешорӯйи “изҳори назарҳои пурҳаяҷон” – и Трамп худро гум накард. Рақибаш дар муқоиса бо интизориҳо, худро тавонист ба даст гирад ва бо андешаҳои сардагуми таҷовузкорона камтар худро нишон дод. Бо вуҷуди ин, дар давоми посух ба пурсишҳои аввалин муттаҳамкуниҳои ҳамдигарӣ ба дурӯғгӯӣ садо доданд. Гардонандагони ин чорабинии муҳими сиёсӣ чандин бор Трампро ба дурӯғ муттаҳам карданд. Масалан, ӯ қайд кард, ки дар шаҳри Спрингфилди иёлоти Огайо, мардум гуиё шикоят кардаанд, ки ҳайвонҳои хонагиашонро мехӯранд. Бо як занги тилфонӣ зуд ба ҳукумати маҳаллии шаҳр исбот шуд, ки Трамп хато кардааст.

Дигар иттиҳомот ба он рабт дошт, ки ҳарду дар вазифаҳои ҳукуматӣ буданд – Трамп ҳамчун Президент ва Ҳаррис ҳамчун муовини Президент, аммо ҳеҷ як аз онҳо натиҷаҳои чашмрасе дар иҷрои масъулияти ба дӯш доштаашон нишон надодаанд.

Кӣ дар бораи чӣ гуфт?

Исқоти ҳамл (“аборт): Ҳаррис аз қонунигардонии исқоти ҳамл пуштибонӣ мекунад ва Трампро барои пешбарӣ кардани се нафар ба Додгоҳи Олии ИМА дар давраи президентияш ва маҳдуд кардани ҳуқуқи исқоти ҳамл муттаҳам менамояд. Трамп мегӯяд, ки мардум мехоҳанд маҳдудият барои иҷрои ин амал ҳам аз назари ҷомеа ва ҳам аз нигоҳи динӣ вуҷуд дошта бошанд.

Муҳоҷирон ва барномаи ихроҷ: Ҳаррис аз таҷрибаи васеи прокурории худ сухан гуфт ва Трампро муттаҳам кард, ки дар давраи президентӣ қабули қонун дар бораи муҳоҷиронро тавассути Конгресс рад кардааст. Трамп бошад, ваъда дод, ки муборизаи густурда бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ҷинояткорӣ ва гурӯҳҳои байналмилалиро шурӯъ мекунад. Дар ин маврид рӯзноманигорон, – гардонандагони ин маҳфили телевизионии сиёсӣ Трампро боз ҳам зери далели воқеӣ гузоштанд: Тибқи маълумоти FBI, сатҳи ҷинояткорӣ дар Амрико коҳиш ёфтааст. Дар бораи ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ сухан ронда, Трамп нагуфт, ки чӣ гуна онро амалӣ мекунад, аммо гуфт, ки онро хеле зуд иҷро мекунад.

Мавзӯи байналмилалӣ: Ҳаррис гуфт, ки роҳбарони ҷаҳон ба мавқеи Трамп ва андешаҳояш механданд. Трамп ҷавоб дод, ки на ҳама, масалан Виктор Орбан гуфтааст, ки интихоби Доналд Трамп ба Чин, Русия, Эрон ва Кореяи Шимолӣ таҳдид мекунад. Ва ҳамин тавр Трамп иддао кард, ки Ҳаррис ба яҳудиён нафрат дорад, чунки бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу мулоқот накард ва Путин мавқеи Ҳаррисро ҳафтаи гузашта пуштибонӣ кард.

Дар маҷмӯъ, Трамп ба тарс такя мекунад, аз ҷанги сеюми ҷаҳонӣ ва аз фурӯравии Амрико сухан меронад ва зарурати ҷорӣ кардани чораҳои ҳифозатӣ бар зидди Чин ва Мексикаро пайваста таъкид мекунад.

Ҳаррис бошад, ба оянда ишора мекунад ва мегӯяд, ки лозим аст дар таърихи ин кишвар саҳифаи нав кушода шавад ва бо такмил додани инфрасохтор, рушди соҳибкории хурд ва таъмини манзили дастрас мамлакат пеш равад.

Ҳар ду номзад ба мардуми одӣ, мардон ва занони коргари Амрико муроҷиат мекунанд ва ба овози онҳо дар интихобот такя мекунанд.

Таъсири умумӣ чунин аст, ки маҳаки асосии андешаҳои Ҳаррис, ки ба оянда равона шудааст, назар ба мавқеъгирии Трамп, ки ба ҳалли таҳдидҳои феълӣ равона аст, бештар ҷолиб менамояд. Аммо, нуқтаи муҳим дар мавқеи Трамп он аст, ки ба амрикоиҳои одӣ ваъдаи ҷалби сармоягузории навро намедиҳад, балки ваъда медиҳад, ки бо таҳдидҳои воқеӣ ва ҳозира мубориза мебарад.

 5 бурди Камала Ҳаррис

  1. Таърихи сиёсӣ: Ҳаррис ҳамчун сенатор ва прокурори генералӣ дар Калифорния таҷрибаи зиёде дорад, ки ба ӯ имкон дод, то замони фаъолият бо масоили муҳим ва мураккаб шинос шавад.
  2. Низоми иҷтимоӣ: Вай ба масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла баробарии нажодӣ, ҳуқуқи занон ва ҳуқуқи муҳоҷирон диққати махсус медиҳад, ки барои мавқеъгирии бисёре аз интихобкунандагон ҳангоми овоздиҳӣ муҳим аст.
  3. Намояндагии воқеӣ аз Амрико: Ҳаррис аввалин зан, аввалин зани сиёҳпӯст ва аввалин зане аст, ки аз Осиёи Ҷанубӣ намояндагӣ мекунад. Айни замон дар вазифаи нойиби Президент фаъолият дорад. Ин намунаи ҷомеаи имрӯзаи Амрико аст, ки метавонад барои бисёр интихобкунандагон ҷолиб бошад.
  4. Масъалаи вируси пандемия: Камала дар бораи сиёсати тандурустӣ ва роҳҳои мубориза бо пандемия нуқтаи назари дақиқ ва маълум дошт, ки барои интихобкунандагон аҳамияти калон дорад.
  5. Масъалаи иқтисод: Ҳаррис дар бораи баробарии иқтисодӣ ва дастгирии табақаҳои заиф сухан кард, ки ин мавзӯъ барои бисёре аз интихобкунандагон муҳим буданд.

Ин омилҳо метавонанд таъсир расонанд, ки Камала Ҳаррис дар интихобот пирӯз шавад.

5 сабаби бурди Доналд Трамп

  1. Шиори “Аввал Амрико”: Трамп шиори “Аввал Амрико”-ро интихоб кард, ки ба бисёриҳо, ки аз ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба иқтисоди маҳаллӣ норозӣ буданд, писанд омад.
  2. Иқтисоди зуд: Вай дар давраи раёсати худ иқтисоди ИМА-ро бо коҳиши бекорӣ ва афзоиши иқтисодӣ пеш бурд, ки ин барои бисёриҳо муҳим буд.
  3. Сиёсати муҳоҷират: Трамп сиёсати сахттарини муҳоҷирати ғайриқонуниро таблиғ кард, ки ба интихобкунандагони хаста муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва масоили амният хавотир буданд, маъқул гардид.
  4. Масъалаи яроқ: Вай ҳимояи ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқи доштани силоҳро таблиғ кард, ки барои бисёре аз интихобкунандагон муҳим аст.
  5. Сиёсати хориҷӣ: Трамп сиёсати хориҷии хосе дошт, ки бо кишварҳои дигар, аз ҷумла Чин ва Русия, муносибатҳои мураккабро ба вуҷуд овард. Вай бо истифода аз расонаҳои иҷтимоӣ ва роҳҳои навини таблиғот, ба таври муассир бо интихобкунандагон иртибот барқарор кард.

Агар Камала Ҳаррис президент шавад…

Камала Ҳаррис ба масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳуқуқи занон, ҳуқуқи сиёҳпӯстон ва муҳоҷират аҳамияти зиёд медиҳад. Вай метавонад сиёсати кушод ва баробарро пеш барад. Метавонад барномаҳои иқтисодии нав, ки ба дастгирии табақаи миёнаҳол ва камбизоат равона шудаанд, муаррифӣ кунад, инчунин ба кӯмаки корхонаҳои хурд таваҷҷӯҳ кунад. Эҳтимол сиёсати қавитаре дар соҳаи муҳофизати муҳити зист ва мубориза бо тағйирёбии иқлим роҳандозӣ кунад. Ҳамчунин муносибатҳои байналмилалиро бо такя ба дипломатиҳои бисёрҷониба ва ҳамкориҳои глобалӣ бозсозӣ кунад. Вай эҳтимолан кӯшиш мекунад, ки дастрасии мардум ба хизматрасониҳои тандурустӣ беҳтар шавад.

Агар Доналд Трамп Президент шавад…

Эҳтимол сиёсати иқтисодии “Аввал Амрико” – ро идома хоҳад дод, ки ба коҳиши мизони андозбандӣ ва дастгирии корхонаҳои амрикоӣ равона хоҳад шуд. Трамп метавонад сиёсати муҳоҷирати ғайриқонуниро боз ҳам шадидтар кунад, бо таъкид ба бунёди девор дар марз бо Мексика ва маҳдуд кардани вуруд ба кишвар. Вай эҳтимол муносибати худро бо кишварҳои мушаххас, ба монанди Чин ва Русия, бознигарӣ кунад ва сиёсати “амрикошави”-ро идома хоҳад дод. Метавонад кӯшиш кунад, ки барномаи тандурустии “Обама”-ро аз байн барад ва алтернативаи нави хидмати тандурустиро муаррифӣ кунад. Трамп эҳтимолан сиёсати муҳити зистро коҳиш медиҳад, бо такя ба рушди саноат ва истихроҷи энергия. Ҳамчунин метавонад сиёсати консервативиро дар масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ҳуқуқи занон ва муҳофизати ҳуқуқи динӣ пеш барад.

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь