Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, мо гуруҳе аз саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Муминобод»-и ҷамоати деҳоти Хурмӣ, деҳаи Озодагони шаҳри Панҷакент ҳастем ва мехохем дарди диламонро ба Шумо аз беадолатӣ, фасодкорӣ ва бе ору номусии бархеҳо, ки ба қадру қиммати тинҷӣ, осудагӣ, шукуфоии Ватан ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат намерасанду ба хотири ором кардани нафсашон ору номусро зери по кардаанд, бирасонем.
Мо соли 2005 боғи куҳнаи аз байн рафтаистодаро, ки аз соли 1991 ба номи Муъминов Қамбарқул ҳамчун иҷора гирифта буданд, дар асоси муроҷиат ба Ҳукумати шаҳри Панҷакент дар моҳи октябри соли 2004, хоҷагии деҳқонии «Муминобод» таъсис додем. Хоҷагии деҳқониро ташкил карда, саҳмдорони хешу таборро барои аз байн нарафтани боғ, ки баъди солҳои 2000 дар талу теппаҳо ва заминҳои чарогоҳ боғҳои ҷавон бунёд карда истода будем, ҷалб кардем. Аз рӯи тақсимоти ҳамонвақта дар истифодаи мо 4,55 га замин қарор дода шуд, ки аз он 2,5 га токзор (дар дохили 2,5 га токзор – 1250 ниҳоли ток, дарахтони мевадор ва сояафкан – 42 дона, 0,12 га боғ ва 0,15 га корами обӣ) ва 1,80 га заминҳои лалмии гирду атрофи боғ вобаста шуда буд. То ин дам бисёр боғҳо, тутзорҳо ва токзорҳои гирду атроф барҳам хӯрда истода буданд ва барои пешгирии аз байн рафтани онҳо дар маҷлиси ғайринавбатӣ раиси ҳамонвақтаи Раёсати кишварзии шаҳр шодравон Иноятов У. пешниҳод карданд, ки бояд боғҳо ба шахсони дилсӯзу масъулиятшинос вобаста карда шаванд.
Суханони Иноятов У. сабаб шуду роҳбарияти хоҷагии деҳқонии Ш. Назаров ба аризаи мо розигӣ дода, аз 10.11.2004 сол қарори худро барои ҷудо кардани қитъаи замин баровард ва мо дар асоси ин қарор барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ ба ҷойхои лозима ҳуҷҷат пешниҳод кардем. Баъди ҳисобу китоб ва тақсимоти амвол амволи дар мавзеи боғи «Давроҷарӣ» буда дар вақти ҳисоббаробарикунӣ бояд ҳамчун ҳиссаи амвол ба хоҷагии деҳқонии “Муминобод” дохил карда мешуд. Мо ба санаи 1-уми январи соли 2005 қарздор набудем. Баъди гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин сармуҳосиби хоҷагии деҳқонии ба номи Ш. Назаров дарахтони аз ҳиссаи амвол ба мо расидаро бо бригадирон ва дигар аъзои раёсат канда мебурданд. Мо аз болои ин амал ба мақомот шикоят кардем ва пеши роҳи вайронкориро гирифтем.
Солҳои 2006-2007 бо маблағгузории шахсии Муъминов Қамбарқул мо фарзандон Муъминовҳо – Маҳбуб, Саноқул, Зулфера ва Наима ба боғ ба масофаи зиёда аз 1500 метр хати барқ кашида, трансформатор, таҷҳизоти барқӣ, 2 адад насоси обкаши «глубиний» ЭЦВ-8 насб кардем ва ҳамчунин, тариқи қубурҳои филизӣ (оҳанӣ) ва полиэтилении диаметрашон 76-90 ба масофаи 300 метр аз чуқурии 70-80 метр об баровардем. Барои иҷрои ин корҳо, ки маблағи хеле калон сарф шуд, аз баъзе шиносҳо ва дӯстони падар қарз гирифтем. Барои соф кардани маблағҳои қарзгирифтаамон бародарамон Маҳбубҷонро ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия равон кардем ва тӯли 2 сол он маблағҳоро баргардонидем.
Соли 2016 се нафар саҳмдори хоҷагӣ хостанд, ки мувофиқи саҳми қитъаи замини худ хоҷагии алоҳидаи деҳқонӣ ташкил диҳанд. Мутахассиси Кумитаи замини шаҳри Панҷакент Тошев Нарзулло вазифадор гардид, ки ҳуҷҷатҳои хоҷагиҳои навташкилро таҳия кунад.
Баъди 6-7 маротибаи ба маҳал омадани мутахассис ба қатори 3 нафар саҳмдор – Муъминов А., Муъминов Р., ва Ҷалолова М., ки хоҳиши ташкили хоҷагии нави деҳқониро доштанд, Тошев Нарзулло ва боз ду нафар собиқ аъзои хоҷагии деҳқониро, ки соли 2010 бо қарори маҷлиси умумии саҳмдорон аз узвият хориҷ карда шуда буданд, ба рӯйхати аъзои хоҷагии навтаъсиси «Зархез» ворид карда, саҳми заминашонро ҷудо карда доданд.
Баъди қариб як сол аз тақсими замин аз ҷониби мутахассиси заминсоз Тошев Н. аъзои хоҷагии деҳқонии навтаъсиси «Зархез» аз тақсимот норозӣ шуда, ба Кумитаи замин, раиси шаҳр, вилоят ва Дастгоҳи иҷроияи Президент шикоят карданд.
Аввалҳои моҳи январи соли 2018 мутахассиси Кумитаи заминсозӣ Хӯҷаев Ғайбулло, муовини ин ниҳод Ёров Фузайл ва роҳбари кооперативи истеҳсолии ба номи Ш. Назаров Халилов Пирим зиёда аз 4 га заминҳои ободкардаи хоҷагии деҳқонии “Муминобод”-ро, ки тибқи нақшаи сертификат ба хоҷагии мазкур мутааллиқанд, бо шартномаи сохтакоришуда ба муҳлати 20 сол ба Ҳайдаров А. ҳуҷҷат карда доданд. Ҳамчунин, бо роҳи пинҳонӣ мутахассиси Кумитаи замин Икромов Азим бе розигии аъзои хоҷагии деҳқонии “Муминобод” аз ҳисоби заминҳои корами обӣ ва токзор ба аъзои хоҷагии деҳқонии “Зархез” аз ҳиссаашон зиёдтар ҳуҷҷатгузорӣ карда додааст.
Мо барои гузаронидани тақсимоти ноадолатонаи масъулини болозикр ба Кумитаи замини шаҳри Панҷакент ва вилояти Суғд бо ариза муроҷиат кардем, аммо бенатиҷа. Раиси Кумитаи замини шаҳри Панҷакент Ғайрат Низомӣ, муовинаш Ёров Фузайл ва мутахассисони Кумитаи замини шаҳр Худойқулов Д. ва Муҳиддинов Ш., ҳамчунин, мутахассиси вилоятӣ Шамсиддинов Б. аз утоқи корӣ берун нашуда, аз макони баҳсӣ дидан накарда, ба ҷонибдорӣ аз аъзои хоҷагии деҳқонии “Зархез”, кооперативи истеҳсолии Ш. Назаров ба мо ҷавобҳои хушку холӣ мефиристанд. Ба гуфтаи онҳо, сертификати заминистифодабарии хоҷагии “Муминобод”, ки 15 сол қабл аз ҷониби худи Кумитаи замини шаҳри Панҷакент таҳия шудааст, хато будааст. Аммо эшон ҳеҷ исбот карда наметавонанд, ки дар куҷои ҳуҷҷати мо камбудию хатоӣ рафтааст. Пас, агар ҳуҷҷати заминро худи Кумитаи замини шаҳри Панҷакент таҳия карда бошаду дар он худашон хато карда бошанд, айбу гуноҳи деҳқон дар чист? Чаро онҳо айби ҳуҷҷати замини моро пас аз 15 сол, баъди он ки замин обод шуду дарахтони мевадиҳанда боровар гардиданд ва ниҳолони сояафкан бузург шуданд, пайдо карданд? Ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки дар ин миён шиносу ошнобозӣ ва фасоду коррупсия ҷой дорад.
Инро чӣ хел фаҳмем, ки хоҷагии деҳқонии «Зархез» ва шартномаи Ҳайдаров Абдуҳалим, ки аз заминхои хоҷагии деҳқонии “Муминобод” сохта шудааст ва буриши дарахтон ғайриконунӣ анҷом шудааст, қонунӣ ва дуруст будаасту ҳуҷҷати замини мо, ки соли 2005 таҳия шудаасту тӯли ин муддат аз масоҳати 0,31 га боғ ба масоҳати беш аз 3 га боғ дар талу теппаҳо расидааст, хато будааст!?
Хароҷоти насосу нигоҳубини онро, ки аз тарафи Муъминов ва фарзандонаш барои ободии хоҷагӣ насб карда шуда буд ва эшон ба зимистони сарду гармои тобистон нигоҳ накарда, беш аз 20 соли умри азизи худро дар пушти ин талу теппаҳо гузаронидаанд, кӣ пардохт мекарда бошад?
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, ман барои барқарор кардани замини корами обиям борҳо ба мақомоти иҷроия ва Кумитаи замини шаҳри Панҷакент муроҷиат кардам. Хостам дар доираи қонун амал намуда, ҳуқуқҳои маро вобаста ба заминам барқарор кунанд, аммо аъзои хоҷагии деҳқонии “Зархез” маро туҳмат карданд, ки гӯё як сол пеш ман онҳоро латукӯб карда бошам. Ҷои тааассуф аст, ки бе далелҳои асоснокгардида намояндагони ҳифзи ҳуқуқ бо тарафи муқобил ёру ҷӯрабозӣ карда, нисбати ман бо моддаи 237, қисми 1 парвандаи ҷиноятӣ кушоданд ва маро ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд. Ин амали кормандони ҳифзи ҳуқуқ мақоли халқии “болои шаллоқ калтак”-ро бори дигар тасдиқ кард. Судя Таҳмина Пӯлодӣ ҳолати воқеии корро сарфаҳм нарафта, ба туҳмату нишондодҳои бардурӯғи “шоҳидон” бовар карда, нисбат ба ман ҳукм содир кард. Баъдан фикри ӯро бе ягон санҷишу таҳлил суди вилоятӣ, суди кассатсионӣ низ тарафдорӣ намуданд. Ҳамин тавр, ҳукми Суди шаҳри Панҷакент бетағйир мононда шуд. Ҳарчанд борҳо дар мурофиаҳои судӣ гуфтам, ки сабабгори ҳама камбудию қонунвайронкуниҳо дар соҳаи замин Халилов Пирим, Хӯҷаев Ғайбулло, Ғайрат Низомӣ, Ёров Фузайл, Икромов А. ва дигар ашхосанд, аммо судяҳо ба сухани ман умуман гӯш намедоданд ва маълум буд, ки ҳамаи онҳо дар якҷоягӣ як мақсад доранд: он ҳам гунаҳгор кардани банда. Аммо чаро нисбат ба роҳбари кооперативи истеҳсолии Ш. Назаров Халилов Пиримқул ва сокини деҳаи Озодагон Ҳайдаров Абдуҳалим, ки санаи 31-уми январ ва 5-уми феврал зиёда аз 47 дарахти сафедори кабуду нодир ва дигар намуди ниҳолони мевадиҳандаву сояафканро бурида, ба манфиати худашон истифода карданд, ягон мақомот чора намеандешад? Зарари ба хоҷагии мо расонидашударо кӣ ҷуброн хоҳад кард?
Имрӯз чун мо даҳҳо нафар, ки дар дари суду прокуратура ва кумитаҳои замин аз беадолатиҳо шикоят мекунем, боварӣ ба Президент дорем, ки ба додамон хоҳанд расид. Зеро, поёни шаби сиёҳ сафед аст.
Ман ва дигар бародарону хоҳароне, ки нисбатамон ноадолатиҳо сурат гирифта истодааст, умедворем, ки бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ ва ба хотири роҳ надодан ба фасоду қонуншиканӣ ба мурод хоҳем расид ва боварӣ ба фардои нек дорем. Бояд ба ин сарсонию саргардониҳои мардуми бечора хотима дода шавад.
Хулоса, мехоҳем деҳқон, соҳибкор ва кулли мардуми меҳнаткашу шарафманди диёр бозичаи дасти баъзеҳо нашудаву дар ба дари мақомоту идораҳо надаванд. Ҳар кас вазифаи худро софдилона, аз рӯи виҷдон иҷро кунад. Агар гуфтаҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, ҳалол меҳнат кунем, зиндагии аз ин ҳам беҳтар насибамон хоҳад шуд.
Бо эҳтиром,
Саноқул Муминов, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Муминобод”-и ҷамоати деҳоти Озодагони шаҳри Панҷакент