(ё то кай судяҳо “шаблон” – тайёрашонро мепартоянд)
Ба таваҷҷуҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён!
Муҳтарам раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, боиси таассуф аст, ки аксар вақт судяҳои СО аз беҳавсалагӣ ва бепарвоӣ шикоятҳои шаҳрвандонро дар хусуси қарору ҳалномаҳои сарсарӣ ва ғайриқонунии судяҳои судҳои зинаи аввалу кассатсионӣ дуруст насанҷида, баҳои ҳуқуқӣ намедиҳанд. Бо ин амалашон чунин судяҳо эътимоди шаҳрвандонро ба адолати судӣ, ки пойдевори давлати ҳуқуқбунёд дониста мешавад, қоҳиш медиҳанд ва теша ба решаи дарахти умеду орзуҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кулли шаҳрвандонамон мезананд. Эшон ҳамчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҳти №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» дуруст иҷро намекунанд.
Ман дар шумораи №30, ҳафтаномаи “Фараж”, аз 25-уми июли соли равон зери сарлавҳаи “Парвандаи фармоишӣ: Пойи кӣ боз мелағжад?(ё дасти дарози Бобоазизов боз ба гиребони кӣ мерасад?) ба унвони раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод муроҷиатнома нашр карда будам.
Пас аз 48 рӯзи нашри муроҷиат, санаи 12. 09. 2024, дар ҳафтаномаи “Фараж” бо имзои муовини якуми раиси Суди Олӣ ҶТ Лутфуллозода, санаи 12.09.2024, вокуниши Суди Олӣ чоп шуд. Дар вокуниш Лутфуллозода қайд кардааст, ки шикояти назоратии ман гӯё дар Суди шаҳри Душанбе мавриди омӯзиш қарор дорад. Чунин бепарвоӣ нисбат ба ҳаёти инсон дар як давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ ба ақл рост намеояд. Наход муовини раиси Суди Олӣ, ки Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳалли тақдири шаҳрвандонашро ба ин ниҳод бовар кардааст, дидаву дониста дурӯғ гӯяд? Гап сари он меравад, ки шикояти назоратии ман аллакай рӯзи 16. 08. 2024 бо қарори Суди шаҳри Душанбе, 27 рӯз қабл аз вокуниши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беқаноат мононда шудааст. Ин ба он маъно аст, ки тамоми муроҷиатҳои ман дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯякӣ дида баромада шуда, ҳама ваҷҳу далелҳои ман дар бораи қонуншиканӣ ва беадолатии судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шафо Беҳрӯз мавриди санҷиши холисона қарор дода нашудааст. Аз ин мебарояд, ки масъулин дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияту тақдирсозашон дасту дили пок надошта, сазовори боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нестанд.
Банда дар ариза ва шикоятҳоям далелҳои раднашаванда овардам, ки то бекор нагардани шартномаҳои саҳмгузорӣ аз тарафи суд дар чорчӯби парвандаи маданӣ оид ба ҷиноят сухан рондан ғайриқонунист.
Муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён! Аз маводҳои парвандаи ҷиноятӣ ба назар мерасад, ки дар қисмати асосноккунии Қарори оғози парвандаи ҷиноятӣ аз 30 июни соли 2023, муфаттиш далел овардааст, ки гӯё Ҳусайнзода Ш. Х. баъди ба даст овардани ҳуқуқи сохтмон даст ба қаллобӣ зада, пинҳонӣ аз Бобоазизов С. Ҳ. бо директори ҶДММ «Истиқлолият 2017» Азимов Саймурод Абдулбоқиевич барои бунёди бинои истиқоматӣ шартномаи ҳамкорӣ баста, аз Азимов С. А. 200 000 доллари ИМА гирифта, тасарруф кардааст. Маҳз ҳамин далели мазкур асос барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ гардидааст. Аммо лозим ба ёдоварист, ки ҳуҷҷатҳои расмии тасдиқкунанда баръакси далели муфаттишанд. Яъне ҳолат ва далели зикргардида 7 моҳ қабл аз оғози парвандаи ҷиноятӣ, яъне аз 04 феврали соли 2023, бо созишномаи сетарафа байни роҳбари ҶДММ «Ҳамол-транс» Ҳусайнзода Ш. Х., роҳбари ҶДММ «Истиқлолият 2017» Азимов С. А. ва роҳбари ҶДММ «Бодома» Бобоазизов С. Ҳ. ба тариқи маданӣ ҳаллу фасл гардидааст. Дар шартномаи мазкур тасдиқ шудааст, ки маблағи 200 000 доллари ИМА-ро худи Бобоазизов С. Ҳ. гирифтааст, на Ҳусайнзода Ш. Х.
Маҳкумшуда Ҳусайнзода Ш. Х. аз лаҳзаи аввали санҷиш то ҳанӯз иброз медорад, ки маблағи зикргардидаро Бобоазизов С. Ҳ. гирифтааст ва нишондоди худро бо ҳуҷҷати расмӣ, яъне созишномаи сетарафа, ки дар асоси шартномаи ҳамкорӣ ҷиҳати бунёди биноҳои истиқоматӣ, ки яке аз тарафҳои фаъоли он Бобоазизов С. аст, ба тафтишот ва суд пешниҳод карда буд. Созишномаи мазкур дар мурофиаи судии марҳилаи аввал, кассатсионӣ ва назоратӣ пешкаш гардид, аммо судҳо дар ҳукм, таъинот ва қарори судӣ ба ин ҳуҷҷати расмӣ баҳои ҳуқуқӣ надода, ҳатто аз он ки Бобоазизов С. Ҳ., дидаву дониста, ба мақомоти прокуратура хабари бардурӯғ расонидааст ва ё чи гуна аз “ҷабрдида” ба шоҳид табдил ёфтааст, чашм пӯшидаанд.
Бо эҳтиром Ҳусайнов Хайрулло, падари маҳкумшуда
Тел: 918 81 15 77