Қудратуллоҷони дӯстрӯяк, ки ҳанӯз ба синни яксолагӣ нарасидааст, аз беморӣ ранҷ мебарад. Табибон гуфтаанд, ки ҷарроҳиву табобати ӯ танҳо дар Санкт-Петербург имкон дорад. Агарчи волидони ӯ камбуди иҷтимоӣ надоранд ва барои рӯзгузаронӣ аз чизе танқисӣ намекашанд, вале барояшон маблағи табобати фарзандашон гаронӣ мекунад. Ба ҳамин хотир, онҳо ба нафарони саховатманд муроҷиат карда, хостгори кумаканд, то тавонанд писарчаи дӯстрӯякашонро ба табобат фаро гиранд.
Блоки рекламавӣ