Номаи кушод ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал -лейтенант  Шералӣ Мирзо

Ин дафъаи дуюм аст, ки унвонии вазирони собиқ ва имрӯзаи вазорати мудофиаи бо мазмуни зайл нома ирсол медорам.

Ба хонаам касе “облава” наомадааст. Зеро фарзанди синни даъватиам соли 2017 ихтиёран ба хизмат рафта, баъди адои қарзи ҷавонмардиаш бо сари баланд ба хона баргашт ва имрӯзҳо дар яке аз донишгоҳҳои кишвар идомаи таҳсил дорад. Писари калониамро бошад, хонондам. Шояд аз ин ҷост, ки тибқи таҳлилҳояшон ҳеҷ масъуле ё “наёмнике” ба дари ҳавлиям намеояд. Сониян, ғайрат ҳам намекунанд, ки дари ман барин “қонундон”-ҳоро кӯбанд. Ман-ку, ҷойи гузаронидагӣ дорам, лек сад дар сад бар он боварам, ки ба ғайр аз дари бечораву бепушту паноҳ онҳо дари на ҳамаро мекӯбанд.

Аз ин ҳама бигзарем. Бо тақозои вазифа бо 6 нафар комиссарҳои Комиссариати ҳарбии ноҳия кор кардам. Ҳеҷ кадоме аз онҳо ба Қубодиён на барои гирифтани обрӯ, гарчанде рутбадору соҳибтаҷриба буданд, балки бо мақсади “обро лой кардану моҳӣ доштан” сари кор омада, нафси саркаши худро лаҷом зада натавониста, дар андак муддат беобрӯву шарманда шуда, аз вазифаҳояшон барканор гаштаанд.

Вазири муҳтарам Шералӣ Мирзо!

2 феврали соли 2018 ба хотири ба табобат фаро гирифтани писари  сарбозам, ки дар қисми низомии №06870-и Қӯшунҳои зудамал адои хизмат менамуд, ба қабулатон омада будам. Ва суҳбати мо зери навиштаҷоти “Аз вазир сипосгузорам” дар шумораи №8, аз 22.02.2018 дар рӯзномаи “СССР” чоп шуд. Он вақт як сухани падаронаатон писандам омада буд, ки бо табассум гуфтед: “Писари Шумо дар қатори ҳамаи сарбозони дигар фарзандони мананд ва ба ҳар тори мӯӣи сари онҳо ҷавобгарам”. Ва фардои он рӯз, ки  якшанбеи ҳафта буд, писарам дар Госпитали ҳарбӣ бистарӣ ва то чанд муддат табобат гирифт. Аммо ба ҳама ин дилсӯзиву ғамхориҳоятон нигоҳ накарда, атрофи комиссару нозирони мизҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо гапҳое мешунавем, ки ҳуш аз сарамон мепарад.

Зуҳури амалиёти “облава” бошад, то ҳанӯз ҷой дорад. Вагарна бо ҷалби тамоми мақомоту роҳбарони бахшу соҳаҳо, имомхатибону директорони мактабҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳатто то сатҳи вилоят вазифадор  шудаанд ва хобу хӯрро гум карда, шиорашон “ҳама ба сафарбаркунии ҷавонон ба хизмат” аст, боз масъулони Қубодиён бо бемасъулиятӣ муттаҳаму дар иҷро нагаштани нақша дар рӯйхат аз ҳама охиранд. Ба кӣ мефорад, ҷойи гармашро сарду сари бедардашро ба ғавғо гузорад?

Таърифу тавсиф ва обрӯи баландро намегӯед? Сари касро ба осмон мерасонад, ба ҳама мефорад, ки аз болонишинҳо марҳамате бинаду аҳсант шунавад. Гарчанде сарпечӣ аз хизмати аскарӣ амали ноҷавонмардона ва муҷиби ҷазо аст, бисёр падару модарон ихтиёран ба хизмат рафтани фарзандонашонро ба таъхир меандозанд. Баъзеашон ошкоро иқрор мешаванд, ки фарзандонашонро ба хизмати аскарӣ рафтан намегузоранд.

Муҳтарам вазир!

Мегӯянд, об аз боло лой аст. Байни бою камбағал тафриқа гузоштанҳо, аз хизмат сарпечӣ намудани эркатулфорони чиновникҳои давлатӣ дар Қубодиён ба гурезон намудани ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ оварда расонидааст. Бобати хомӯшии парлумон ҳукме бароварда наметавонам. Лек “дил назаргоҳи ҳақ аст” гуфтагӣ барин, агар вазъ чунин идома ёбад, ахиран дар сатҳи болоӣ ба қароре хоҳанд  омад.

То санаи 20 апрел нақшаи Қубодиён нав 35 фоиз шудааст. Воҳимаи “наёмник” ва “облавчик”-ҳо ин мавсими даъват ҳам ҳеҷ коргар нашуд. Зеро ҷавонон хеле барвақт, то оғози мавсим ба кишвари Русия фирор карданд. Аниқтараш, онҳоро баъди гирифтани то 600 сомонӣ маблағҳояшон аз тарафи мутахассис-нозири мизи ҳарбӣ ва мусоидати волидонашон фирор доданд. Дар кӯчаву бозор касе наменамояд. Танҳо яккаписарон, 2 фарзанд доштаҳо ва “негодний”-ю гирифторони бемории бавосир (геморой) -ҳо мондаанду халос. Ин аҳволро дида, ба худ меандешам, магар мешудааст, ки аз як оила ду-се бародар бо ин бешарафӣ “геморрой” гуфта, бо маблағ билети ҳарбӣ харида бошанд?

Вазири муҳтарам!

Магар нозирони мизҳои ҳарбӣ, ки назди сардорони комиссариатҳо ҳисоботдиҳандаанд, намедонанд, чӣ қадар захираҳои даъвативу эҳтиётӣ доранд? Онҳо ба киҳо даъватнома мефиристанд? Ба ҳар каси пешомадаву хушомада? Дар сурате, ки дар маҷмуъ 10345 нафар ҷавонони синни даъватӣ (солҳои 1995-2004) дар ноҳия ба қайд гирифта шудаанд.

Бо як бародари ҳамкасбам – корманди воломақоми ҳизфи ҳуқуқ, чун ин ҳама мушкилиҳои ҷойдоштаро, ки сол то сол печидатар шуда истодааст, дар миён гузоштаву матраҳ менамудем, гуфт: – Дар даврони шӯравӣ Тоҷикистон 5 млн. аҳолӣ дошт ва дар ду даъват 60 ҳазор нафарӣ 120 ҳазор бо забҳи чорвову додани тӯйи сурх шодиву бозикунон “аз ҷӯраҳоям қафо намонам” гуфта, тавассути тайёраву бештар поезд ба тамоми гӯшаву канори ҷамоҳири Иттифоқи Шӯравӣ рафта, хизмат мекарданд. Дар ҳаёташон самолёту поездро, шояд ҳам бори аввал медиданду савор мешуданд. Аммо ҳоло бошад, аз 10 млн. аҳолӣ, чаро 20 ҳазор ҷавонро наметавонем сафарбар кардан?! Дар ҳоле аз телевизион он барномаҳои тарғиботиро мебинем ва огаҳ мегардем, ки дар қисмҳои ҳарбӣ дигар зуҳуроти номатлуб – лату кӯб, маҳалгароӣ, истеъмоли хӯрокҳои пастсифат ва ё “дедовшина” ҷой надорад.

Вазири муҳтарам!

Қонун догма нест! Дар робита ба хизмати алтернативӣ мегӯям. Бо пардохти 25 ё 27 ҳазор сомонӣ кадом падару модар дар ин солу замон, ки гаронии нарху навои маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозор ба осмони ҳафтум дакка мехӯрад, хостгори хизмат рафтани фарзандонаш мешавад! Аммо, кам нестанд чунин ашхос. Қудратманд ҳамонҳоеанд, ки манбаи даромади муфт доранд, ҷинояткоранд ё заминфурӯши ашаддӣ дар Қубодиён, ки хеле барвақт барои рӯзи мабодо гуфта, бо роҳҳои ғайриқонунӣ бо даҳҳо ному дар даҳҳо ҳолат даҳҳо гектар заминро гирифтаанд. Яъне, Қонуни хизмати алтернативӣ, ки мақсад пардохти маблағ аст, 10 ҷинояти дигарро дар ҷомеа афзудааст. Мебояд онро бармаҳал бекор намуд.

Ба андешаи инҷониб, оне, ки ин маблағро дорад, чаро тавассути бонки давлат супорад, дар ҳоле ки имкон дорад, бо комиссарҳо ба мувофиқа расида, нисфи онро пардозад. Нозукии дигари ин масъала: оилае, ки бо пардохти маблағи муайяншуда дар муддати як моҳ ба писараш билети ҳарбӣ мегирад, тибқи тартиб на ба нақшаи ҷамоат изофа мегардад, на обрӯи комиссарҳоро дар иҷрои нақшаи саривақтӣ боло мебардорад. Пас, оё онҳо имкон медиҳанд, ки пулдориашонро писанд карда, худро  “реклама” кунанд.

Дар мавриди дигар. Дар даъвати тирамоҳии соли 2021, дар авҷи бидав, пешгардон кун, биқап ва шӯру валвалаҳо корманди шуъбаи 2 -юми Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Қубодиён, прапоршик Маликов ва корманди калонтарин ҷамоат “20 – солагии Истиқлол” -и ноҳия, муовини раис, ҳамзамон шахси масъул нозири мизи ҳарбӣ Илёр Холиёров аз тарафи Прокуратураи ҳарбӣ бо ҷурми пораситонӣ аз даъватшаванда (ба иттилои як манбаъи муътамад бо 15 ҳазор сомонӣ) ба даст афтода, нисбаташон  парвандаи маъмурӣ боз гардида, бо супоридани ҷарима ва аз мақом барканор шудан муҷозо гаштанд.

Ҳоло бошад, бо гузашти 4 моҳ аз ин ҷиноят фаромӯш намудаву Маликов ҳамчун кормандон “фахрӣ” ё “хизматнишондода” дар комиссариат даробаро мекунад. Маълум мегардад, ӯ, ки аз қабл даҳонмазза аст, дар ин мавсим ҳам “сайдеро” ба даст оварданист. Ин даъват бошад, ба гуфти ҳолдонҳо, боз чунин як амалиёт, дар ҷамоати Навобод ба вуқӯъ пайвастааст. Бо маслиҳати пешакӣ ва миёнаравии нозири мизи ҳарбии ин ҷамоат, ки мебоист ба андозаи 6 ҳазор сомонӣ маблағро ба дасти ронандае ба сардори Комиссариати ноҳия, Комиссари ҳарбӣ полковник Раҳмонзода Муҳаммад расонад, бо ҳушёриву зиракии кормандони Агентии зидди корупсия, ки  гӯйё “чақ-чақ”- и телефонияшро гӯш мекардаанд, аз миён барҳам зада шудааст.

“То шамол нашавад, барги дарахт намеҷунбад” –  гуфтаанд дар урфият. То чи андоза ҳақиқат доштани ин ҳодисаро ҳаволаи виҷдони порахӯру порадеҳу масъулияти амалиётро ба дӯш доштаҳо мекунам.

Аммо дар саҳни ҳавлии Комиссарият машғули телефонбозӣ нишастани комиссари ноҳия, полковник Раҳмонзода Муҳаммадро дар ин рӯзҳои ҳассос, ки як қатор ноҳияҳо аллакай нақшаи даъватро иҷро кардаанд, мардуми сарбаланду бо ору нанги Қубодиён намебахшад.

Дар хусуси вазни комиссар, ба иззати нафсаш намерасам ва чизе ҳам намегӯям. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳим дар ниҳоди зертобеаш фаъолияти ашхоси беш аз 100 кило вазндоштаро ғайри қобили қабул дониста буд. Ва имрӯз вақти он расидааст, ки тамоми вазоратхонаҳои дигар низ ба ин масъала, сиккаву сумоти коргаронашон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Шумо ба ин чӣ мегӯед, муҳтарам Вазир!?

Айни замон Қубодиён  миёни 25 шаҳру ноҳияи миқёси вилоят дар ҷадвал аз охир дар зинаи 2-юм ҷой гирифтааст. Ва ин аҳвол то кай давом мекунад, номаълум.

Адолат Сайфуллозода,

сармуҳаррири рӯзномаи “Тахти Қубод”-и ноҳияи Қубодиён.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь