Муддати 13 сол аст, ки баъди тариқи маҷбӯрӣ маскун гардиданам ба имрӯза манзили зистам азоби рӯҳӣ мекашам. Зеро масъулини ҶДММ КМ “Зарафшон”, ки муддати 30 сол дар ин корхона заҳмат кашидаам, ҷиҳати бо тариқи сохтакорона омода кардани ҳуҷҷати манзили зист “Ордер”, яъне “Кафолати манзил” имрӯз ҷинояти содирнамудаашонро ба сари ман бор намудаанд. Аз ин рӯ, таҳти фишор ва таҳқир қарор дорам. Аз навиштаҳои ҳуқуқшиноси корхона Шӯҳрат Мавлонзода бо имзои сарвари кулл Чжан Яомин: “… бинобар бо сабабаби ғайриқонунӣ ва бо ордери қалбакӣ истиқомат намуданатон дар бинои ҶДММ КМ “Зарафшон” воқеъ дар суроғаи шаҳраки Суғдиён, шаҳри Панҷакент ба Шумо тавсия дода мешавад, ки ҳарчи зудтар ҳуҷраҳои ғайриқонунӣ ғасбнамудаатонро холӣ намоед”.

Санаи 24.08.2022 ба Прокуратураи шаҳри Панҷакент дар хусуси аз ҷониби масъулини КМ “Зарафшон” ғайриқонунӣ ҳисобидани “Ордер”-и манзили зистам, ки воқеъ дар шаҳраки Суғдиён, ҷ/д Косатароши шаҳри Панҷакент (собиқ “Корхонаи заргарӣ”) ариза пешниҳод намуда будам. Ариза барои баррасӣ ба ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ирсол карда шуда буд. Гарчанде муфаттиши мақомоти номбурда Нозиров Ш. барои сӯҳбат маро даъват намуда буд, мутаассифона, ба аризаам дар муддати як сол ҷавоб надоданд. Дар ин хусус 21-уми октябри соли 2023 ба Прокурори генералии ҶТ мӯҳтарам Юсуф Раҳмон муроҷиат намудам. Бо дастгирии Прокурори генералӣ аз ҷониби Прокурори шаҳри Панҷакент таҳти рақами 8/с 496 аз 29.11.2023 ба мактубам ҷавоб доданд. Ҷавоби ариза хеле шигифтангез буд.

Дар ҷавоби ариза аз номи Прокурори шаҳри Панҷакент чунин гуфта шуда буд; “… дар ҳақиқат ба номи Шумо аз тарафи собиқ сардори хоҷагии манзилию коммуналии ҶДММ КМ “Зарафшон” Тағозода Ш. Ордери манзили истиқоматӣ бо роҳи сохтакорӣ омода ва ба Шумо дода шудааст”.

Дар ШВКДи ҶТ шаҳри Панҷакент

Ҳангоме ки муфаттиши мӯҳтарам маро барои сӯҳбат даъват намуда буд, чанд варақро сӯям дароз намуду гуфт, ки баёнот нависам. Ҳамчунин таъкид намуд, ки барои сӯҳбат вақт надорад. Ҳамин тавр бе ягон саволу ҷавоб баромада рафт. Навиштаҳоямро ба шахсе, ки дар он ҳуҷра менишаст, супоридам.

Муфаттиш маро дигар суроғ накард. Ба зангҳои беохирам боре ҷавоб намедод. Баъди гузаштани мӯҳлати муайян ба мақомоти милитсия ба суроғи муфаттиш рафтам. Мутаассифона, ӯро пайдо карда натавонистам. Барои ҷавоби аризаам ба шуъбаи ҳуҷҷатгузории мақомот муроҷиат намудам. Ҷавоб доданд, ки аризаам ба КМ “Зарафшон” фиристода шудаасту онҳо худашон дида мебароянд. Баъди гузаштани боз як моҳи дигар ба суроғи ҷавоби аризаам ба мақомоти номбурда рафтам. Бо муфаттиш дар роҳрав вохӯрдам. Пурсидам, ки аризаамро кай дида мебарояд. Ӯ ҷавоб дод, ки ҷавоби аризаамро ба мақомоти прокуратура фиристодааст. Гарчанде дар мақомоти прокуратура ҳам ҷавоби аризаамро пайдо карда натавонистам, вале ин ҷавоби муфаттиш, ки аризаамро бе ягон пурсиш тафтиш намудааст, маро ба ҳайрат оварда буд. Зеро муфаттиш барои ҷинояти содиршуда боре аз ман чизе напурсидааст. Боре бо “қаҳрамонон”-и дар ариза зикршуда маро рӯбарӯ накардааст.

Масъулин баъзан ба хотири ба даст овардани маблағ аз ваколати хизматӣ ё мансабиашон истифода бурда, даст ба ҷиноят мезананд. Аҷиб аст, ки ин “қаҳрамон” танҳо ба хотири “дилсӯзӣ” ҷиноят содир намудааст.

Чи тавре ки муфаттиш навиштааст, “барои он ки Тағозода ба худ ягон фоида ба даст наовардааст, танҳо аз ҷиҳати дилсӯзӣ ордерро сохта ба ӯ додааст”, дар кирдори Тағозода Ш.М, аломати таркиби ҷинояти моддаи 340 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дида намешавад. Аз ин сабаб рад намудани маводҳои ҷамъгардида аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати Тағозода Ш.М. мувофиқи мақсад мебошад”. Бар хилофи гуфтаҳои муфаттиш дар моддаи 340 КҶ ҶТ барои “Сохтакории шиноснома, ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда, корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад”.

Гарчанде ки мувофиқи моддаи 27-и Кодекси мурофиаи ҷиноятии ҶТ – “Ҳолатҳое, ки пешбурди парвандаи ҷиноятиро истисно мекунад”, ҳангоми гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ҳангоми қабули санади авф барои аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад намудан ба муфаттиш имконият дода бошанд ҳам, вале дидаю дониста ҷиноятро рӯйпӯш намудани муфат-тиш низ ҷиноят аст!

Шояд муфаттиш бо Тағозода вохӯрда бошад ва навиштаҳои муфаттиш суханони Тағозода бошад, вале чаро муфаттиш аз ман чизе напурсида суханони Тағозодаро тасдиқ намудааст. Дар кадом асос?

Ба гуфти танҳо як нафар гумонбаршуда қонеъ шудан ва хулоса баровардан аз натиҷаи тафтиш куллан нодуруст аст. Дар банди 3-и моддаи 21-и КМҶ ҶТ гуфта шудааст: “Ҳамаи ҳолатҳои исботшаванда бояд ҳамаҷониба пурра ва холисона санҷида шаванд.”

Муфаттиш бояд ба ҳар пурсише, ки байни ӯ ва шахси гумонбаршудаи ҷиноят ва ҳамчунин шахси даъвогар воқеъ мегардад, ҷавоби онҳоро ба ҳамдигар муқоиса намояд.

Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ дар банди 1-и моддаи 21 пешниҳод менамояд, ки “Прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда вазифадоранд, ки барои ҳамаҷониба, пурра ва холисона тафтиш кардани ҳолатҳои кор тамоми чораҳои пешбининамудаи қонунро андешанд.”

Ҳар ҷинояте, ки аз ҷониби шахс содир карда мешавад, сарчашмаи содир шудани худро дорад. Ҷинояте, ки аз ҷониби Тағозода содир карда шудааст, сохтакорӣ буда, сарчашмаи он, яъне ба ҷиноят раҳнамун карда шудани ӯ шахсе мебошад, ки ба амал омадани сохтакорӣ, яъне сохтани “Ордер”-и манзилро аз ӯ талаб намудааст. Мутаассифона, муфаттиш дуруст муайян карда натавонистааст, ки сохтакориро аз Тағозода кӣ талаб намудааст. Дар гуфтаҳои Тағозода ва таҳ- лили муфаттиш ибораи “фалонӣ хоҳиш намудааст” ё “фалонӣ маҷбур кардааст” дида намешавад.

Аз натиҷаи тафтиш муфаттиш навиштааст, ки “Дар рафти санҷиш Тағозода Ш.М чунин нишон дод, ки ӯ санаи 16.07.2011 бо истифодаи ваколатҳои хизматиаш ба номи шаҳрванд Сангинова С.Д ин ҳуҷҷати баръало бардурӯғро пешниҳод кардааст”.

Чи тавре ки аз навиштаҳои муфаттиш бармеояд, Тағозода ҳуҷҷати қалбакӣ – “Ордер”-и манзили зистро ба номи ман пешниҳод кардааст. Вале аз навиштаҳои ӯ маълум нест, ки навишта додани “Ордер”-ро ба ман аз ҷониби Тағозода кӣ хоҳиш намудааст. Муфаттиш исбот карда натавонистааст, ки сохтани “Ордер”-и қалбакиро аз Тағозода ман хоҳиш намудаам ё шахси дигар.

Чи тавре ки аз натиҷаи тафтиш маълум аст, Тағозода “Ордер”-и қалбакиро ба ман сохта додааст. Вале дар асоси хоҳиши кӣ?

Бо сабаби иҷоранишин буданам, баъди рух додани ҳодисаи нангин аз ҷониби соҳибхона сокини деҳаи Косатарош Ҳоҷиев Т 22-юми апрели соли 1995, ки дар ин бора ҳукми суд мавҷуд аст (Замима: Ҳукм аз номи Ҷ.Т. суди ш. Панҷакент аз 14-сен- тябри с. 1995 иқтибоси бойгонии ш. Панҷакент № 22, аз 18.01.2024), дигар хоҳиши дар шаҳрак зиндагӣ карданро надоштам. Ҷойи кор ва ҳам зиндагиям ҳудуди фабрикаи заршӯйӣ буд.

Тағозода ягон вақт ҳамкори ман набуд. Ӯ бо ман хешигарӣ надорад. Пештар аз ба ин бино кӯчонида шуданам бо ӯ вонахӯрдаам. Бо ӯ муносибати дӯстона ё душманона низ надорам, вале ба гуфти муфаттиш Тағозода “қасдона” бо роҳи сохтакории хизматӣ чунин “Ордер”-ро сохта додааст.

Муфаттиш ҳамчунин дар давоми ҳамин ҷумла менависад, ки “аз рӯи дилсӯзӣ” ин ҳуҷҷати баръало бардурӯғро ба шаҳрванд пешниҳод кардааст.

Як калима ва як ибораи мазмунан мухталифро муфаттиш дар иҷрои кори худ дар як ҷумла ҷой дода, натиҷаи тафтиши худро ба охир мерасонад. Ӯ бо ин тарзи баёни фикр ҳатто ба мазмуни гуфтаҳои худ сарфаҳм нарафтааст.

Бояд қайд намуд, ки ба гуфти муфаттиш Нозиров Ш. “Тағозода “Ордер”-ро ба ман сохта додааст”. Вале чӣ тавре ки ман дар аризаам навишта будам, “Ордер”-и номбурдаро ман аз дасти ҳуқуқшиноси корхона Туйғунов М гирифта будам. Агар чунин сохтакорӣ дар ҳақиқат аз ҷониби Тағозода ба амал омада бошад, Тағозода на бо дархости ман, балки бо дархости роҳбарони собиқи КМ “Зарафшон” сохтакорӣ кардааст.

Соли 2011 ҳангоми сафари Президенти ҶТ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон масъулин мехостанд ҳарчи зудтар оилаи маро аз муҳити корхона дур намоянд. Зеро гуфта будам: “То ташрифи Ҷаноби Олӣ аз сарҳади корхона берун намеравам.”  Зеро бисёр мехостам, ки Ҷаноби Олӣ бубинанд, ки масъулини корхонаи мазкур, ки намояндаи ҳукумат ҳастанд, нисбати оилае, ки кӯдакони бепарастор ба тарбия фаро гирифта шудаанд, чӣ тавр муносибат мекунанд, онҳо дар кадом ҳолат зиндагӣ доранд. Чӣ тавр ҳуқуқи инсон аз ҷониби мансабдорон поймол карда мешавад?! Чаро манзили зисте, ки қаблан ба коргарон бояд тақсим карда дода мешуд, қисман фурӯхта шуд?!

Агар ин натиҷаи тафтиш сохтакорона ва дар асоси маслиҳати ҳуқуқшиноси ҳозираи корхона Ш. Мавлонзода набошад, пас чаро муфаттиш ба шубҳа наомад, аз ман напурсид, дар ҳолате, ки “Ордер”-и манзиламро агар Тағозода сохта дода бошад, пас чаро дар аризаам дарҷ намудаам, ки “Ордер”-и манзиламро аз дасти ҳуқуқшиноси корхона Тӯйғунов М гирифтаам.

Ҳуқуқшиноси собиқи корхона Тӯйғунов М дар мақомотҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқ адои вазифа намудааст. Танҳо баъди аз ҳисоби вазифаи хизматӣ ба нафақа баромаданаш ба КМ “Зарафшон” ба кор омада буд. Дар давоми собиқаи кориам мушоҳида намудам, ки якчанд ҳуқуқшиносе, ки дар ин корхона ба кор омаданд, бо хиёнат ба қонун ва ҳуқуқи инсон худро муаррифӣ намуданд. Ҳамаи он замимаҳое, ки ба аризаам илова карда шудаанд, аз он шаҳодат медиҳанд, ки таври қалбакӣ омода шудани “Ордер”, яъне “Кафолати манзил” ба ман вобаста нест. Омода кардани “Ордер”-ро на аз Тағозода ва на аз роҳбарони корхона талаб накардаам.

Бисёр бароям дардовар аст, ки баъди мутолиаи қарори номбурда ман худро дар симои чунин маҳкумшудагони бегуноҳ дарёфтам.

Ҳангоме ки муфаттиш ба тафтиши ҷиноят оғоз мекунад, бояд дар хотир дошта бошад, ки ӯ пеш аз ҳама бояд барои ҳуқуқу озодиҳои инсон мубориза барад.

Ба ҷойи баёнот

Ҳангоме ки манзили имрӯзаамро таъмир менамуданд, собиқ роҳбари корхона шодравон М. Мӯсоев, ки он вақт роҳбари “Фабрикаи заршӯйӣ” буд, маро ба назди манзили имрӯзаам овард, ки то имрӯз дар ҳамон ҳолат қарор дорад. Баъдтар аз ноилоҷӣ қисми роҳрави хонаи хобамро аз роҳрави умумӣ ҷудо кардам. Баъди дидани он ки ҳамаи ҳуҷраҳои ман ба роҳрави умумӣ вобастаанд, ба роҳбари фабрика фаҳмонидам, ки дар чунин шароит зиндагӣ кардан ва тарбияи фарзандоне, ки онҳоро ба парасторӣ гирифтаам, душвор аст. Агар манзили зистамро аз роҳрави умумӣ ҷудо карда надиҳанд, ба ин бино кӯчидан намехоҳам. Зеро ин ҷо барои осуда зиндагӣ кардан мувофиқат намекунад.

Дар хусуси он ки ман ба ин манзил кӯчидан намехоҳам масъулин ба Мақомоти прокуратура шикоят намуданд.

Ҷонишини якуми Прокурори ш. Панҷакент мӯҳтарам Абдуқаюмов Ф маро қабул намуд. Ӯ дар давоми сӯҳбат ба ман фаҳмонид, ки бо хоҳиши худам ба ин бино кӯчида равам. Баъд аз чанд рӯз ба наздам сарвари кулли корхонаи мазкур ҷаноби Ли Фен бо як нафар тарҷумон ва менеҷери сохтмон мӯҳтарам Наҷмиддинов Абдунозир омаданд. Сабаби накӯчиданамро пурсон шуданд. Баъди он ки вазъияти оилавиамро фаҳмонидам, сарвари кулл изҳор дошт, ки албатта ба ман кӯмак мерасонад. Агар зарур шавад, ҳатто аз ҳисоби худаш маро дастгирӣ мекунад.

Ӯ ба роҳбари сохтмон фаҳмонид, ки мувофиқи хоҳиши ман ба зудӣ манзиламро дигаргун намояд. Чӣ қадаре, ки маблағ зарур шавад, барои таъмир ҷудо мекунад. Ҳангоме ки ҷаноби Ли Фен барои беҳтар намудани шароити манзили зистам хоҳишамро пурсон шуд, ба ӯ гуфтам, ки манзили ҷудошуда барои зиндагии осоиштаи аъзоёни оила мутобиқ нест. Зеро барои мо ҳамагӣ ду ҳуҷра: як хонаи хоб ва як хонаи истироҳати ҷудо карда шудааст. Ин тарзи андешаронӣ ва муносибати шахсони масъул на ба Кодекси манзил рост меояду на ба одоби инсонӣ мутобиқат мекунад. Зеро дар як ҳуҷра хобидани фарзандони гуногунҷинси аз 7-сола боло дар кодекси оила манъ карда шудааст.

Гарчанд қисми асосии манзил ошхона аст, ин нуқтаи муҳими талаботи манзил ҳам инкор карда шудааст. Як тарафи фурӯрафтаистодаи хонаи хобро ба ҷойи пурра барқарор намудани сохтмончиён бо масолеҳои камхарҷ аз нисф ҷудо намуданд. Масъулин тавсия доданд, ки ин ҳиссаи ниҳоят хатарнок ва ҳаҷман хурди биноро ба ҷойи ошхона истифода барам.

Мувофиқи Фармоиши ҷаноби Ли Фен – сарвари сохтмон худи ҳамон рӯз бо ҳамроҳии ман ба назди бино омад ва барои бачаҳо як ҳуҷраи хоб ҷудо намуд. Аммо барои ошхона ҳанӯз ҳуҷраи мувофиқ интихоб нагардида буд. Мутаассифона, пагоҳии рӯзи дигар ба суроғам касе наомад. Ҳангоме ки ба ҷонишини дуюми сарвари кулл занг задам, ӯ ҷавоб дод, ки аввал кӯчида равам, баъд манзиламро дигаргун хоҳанд кард.

Роҳбари фабрика шодравон М.Мӯсоев худи ҳамон рӯз маро огоҳ намуд, ки ба назди ҷонишини якуми сарвари кулл рафтанам зарур аст. Аз ин даъват хело шод будам. Вале афсӯс, ки ҷонишини сарвари кулл маро дар назди ҷаноби Ли Фен чунон таҳқир намуд, ки то ҳол фаромӯш карда наметавонам. Ҳамаи он дастгириҳоеро, ки ҷаноби Ли Фен ваъда дода буд, аз байн бурд.

Рӯзи 14-уми июли соли 2011 ба таври таъҷилӣ ба мақомоти прокуратура маро даъват намуданд. Ҷонишини аввали прокурор мӯҳтарам Абдуқаюмов Ф сабаби накӯчиданамро пурсид. Ба ӯ фаҳмонидам, ки аз як корхона ба корхонаи дигар кӯчиданам гарави пурра ба манзил таъмин гардидани оилаи ман нест. Агар бо хоҳиши худам бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба он манзил кӯчида равам, баъди гузаштани чанд сол вақте ки бино ба корхона зарур шавад, маро албатта аз он ҷо меронанд. Истиқомати маро дар ҳудуди “Фабрикаи заршӯйӣ” то сохта шудани манзили нави истиқоматӣ иҷозат дода буданд. Азбаски аз онҳо ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда талаб накарда будам, имрӯз маро айбдор намуданд, ки худсарона он ҷоро ишғол намудаам.

Намояндаи прокурор фикри маро дастгирӣ намуд. Ҳамон лаҳза ба корхона занг зада гуфт, ки танҳо бо гирифтани “Ордер”-и манзили зист шаҳрванд Сангинова ба он бино кӯчида меравад. Дар баробари ҳуқуқи маро ҳимоя намуданаш ӯ “амр”-и худро ба ман пешниҳод намуд ва ҳамчунин таъкид кард, ки агар амрашро иҷро накунам, дафъаи дигар ба таври маҷбӯрӣ кӯчонида мешавам. (Замима “Амр” прокурори ш. Панҷакент аз 14.07.2011 № 253 м).

Рӯзи 16-уми июли соли 2011 дар коргоҳ ба ман фаҳмонданд, ки ҳуқуқшиноси корхона Тӯйғунов М мехоҳад бо ман сӯҳбат кунад. Ҳангоме ки ба назди ҳуқуқшинос Тӯйғунов М рафтам, ӯ як варақ қоғазро сӯям дароз намуда гуфт, ки ин “Ордер”-и хона асту бояд таъҷилан худи пагоҳ кӯчида равам.

Баъди хондани навиштаҷоти “Ордер” ба ҳайрат омадам ва дар хусуси “Ордер”-и булаҷаб суол кардам. Ӯ шубҳаи маро бартараф намуданӣ шуда гуфт, ки ҳамааш хуб мешавад. Вақте ки манзиламро хусусӣ гардонидан хоҳам, корхона ба Мақомоти иҷроияи шаҳри Панҷакент мактуб пешниҳод мекунад. Дар ин асос бо имзои раиси шаҳр “Ордер”-и дигар медиҳанд. Алҳол бо имзои раиси шаҳрак Тағоев Ш, мо ин “Ордер”-ро ба Шумо пешниҳод мекунем. Зеро биноҳои дар шаҳрак ҷойгиршуда дар зери назорати ӯ қарор доранд.

Ӯ ҳамчунин дар пушти варақи “Ордер” номи ману як нафар фарзандамро навишту “ман ба маҷлис саросема ҳастам, боқимонда аъзоёни оилаатонро баъдтар менависам” гӯён баромада рафт.

“Ордер” рақам ва силсила надошт. (Замима: “Ордер на жилое помищение” 16 июля 2011 г). Танҳо як варақ қоғазе, ки дар он на қарори аъзоёни комиссия вуҷуд дошту на қарори ҳукумати шаҳр, ки бояд оид ба фонди манзил гузаронида шудани ҳуҷраҳои бинои собиқ “Корхонаи заргарӣ” қарор қабул карда мешуд, маро ба шубҳа овард.

Ба ҳукумати шаҳр барои санҷиши “Ордер” ариза пешниҳод намудам. (Замима: Огоҳиномаи шуъбаи алоқа (Увидомление…) №756 аз 21.07.2011 ба ҳукумати ш.Панҷакент Хисрав Абдуназаров.) Дигар хоҳиши ба манзили имрӯзаам кӯчиданро надоштам. Барои ба манзили имрӯзаам бо боварӣ кӯчидан ҷавоби аризаамро аз ҳукумати шаҳр интизор будам.

Баъди сипарӣ гардидани ду ҳафтаи дигар масъулин маро огоҳ намуданд, ки агар имрӯз бо хоҳиши худам накӯчам, пагоҳ маро бо таври маҷбӯрӣ мекӯчонанд. Бо сабаби сохтакорона будани “Ордер”-и манзили зистам ба кӯчидан розӣ нашудам ва ба қабули раиси шаҳр шитофтам. Мутаассифона, раиси шаҳрро дар Мақомоти иҷроия пайдо карда натавонистам. Масъулини ҳукумати шаҳр фаҳмониданд, ки барои пешвози сафари Президенти кишвар масъулини   шаҳр омодагӣ дида истодаанд, бинобар ин раиси шаҳр барои санҷиш баромадааст.

Ҳангоми дар шаҳр буданам ба ман занг заданд, ки судиҷрочиён дари хонаамро шикаста, ашёҳои рӯзгорамро ба “Корхонаи заргарӣ” кӯчониданд. (Замима: Қарор аз 26.07.2011. и.в. прокурори ш. Панҷакент Абдуқаюмов Ф.А.)

Пагоҳи ҳамон рӯз ҳангоме ки ба даромадгоҳи корхона наздик шудам, кормандони шуъбаи посбонӣ маро барои ворид шудан рухсат надоданд. Аз онҳо нусхаи қарори маъмурияти корхонаро дар хусуси ба коргоҳ роҳ дода нашуданам пурсидам. Онҳо ҷавоб доданд, ки ягон хел қарор дар ин хусус ба онҳо дода нашудааст. Ин қарори хусусии ҷонишини аввали сарвари кулл аст. Ҳамчунин онҳо илова намудаанд, ки ӯ ҳатто таъкид намудааст, ки шахсе, ки барои аз дари корхона даромадан ба ман мусоидат мекунад, ҳамон замон аз кор озод карда мешавад. То аз ҳудуди шаҳри Панҷакент берун рафтани Ҷаноби Олӣ аз дари корхона даромадан ва ҳатто ба кӯча баромадани ман манъ карда шудааст!

Ба масъулини фабрика занг задам ва ҳолати корро ба онҳо фаҳмонидам. Масъулин ҷавоб доданд, ки дар хусуси ба кор роҳ надодани ман ягон ҳуҷҷат мавҷуд нест. Барои “прогул”-и маҷбурӣ бошад, шуъбаи посбонӣ ҷавоб хоҳад дод.

Муддати зиёда аз ду ҳафта дар хона маҳбус будам. Касе маро аз коргоҳ суроғ намекард. Ин қарори ғайриқонунии роҳбари корхона, ки натиҷаи сӯистифода аз ваколати мансабӣ буд, маро аз олами худ дур намуда буд.

Дар ин хусус ба прокурори генералӣ барқия ирсол намудам. Баъди гузаштани ду ҳафта аз номи прокурори ш. Панҷакент ба номи ман мактуб омад. (Замима: Нусхаи мактуби прокурори ш. Панҷакент аз 01.09.2011 №387). Дар хусуси аз ҷониби маъмурияти корхона тариқи ғайриқонунӣ ба кор роҳ надодан ва дар ҳабси хонагӣ эълон намудани ман, мутаассифона, чизе гуфта намешуд. Танҳо дар мактуб гуфта мешуд, ки ман тариқи қонунӣ кӯчонида шудаам.

Мақомоти прокуратура ба ҷойи ҳимояи ҳуқуқҳоям ва таҳқиқи ҷиноят, ба рӯирост таҳқир шудани ман аз ҷониби шахси мансабдор чашм пӯшида буд. Баъди гирифтани ҷавоби мактуб бе ягон саволу ҷавоб ба ман масъулини фабрика занг заданд, ки ба кор бароям. Хушбахтона, мӯҳлати дар ҳабси хонагӣ қарор доштанам дар давоми як моҳ ба охир расид. Кӣ медонад, агар ба Мақомоти прокуратураи генералии ҶТ барқия ирсол наменамудам маҳбусиям боз чӣ қадар идома меёфт?! Дар коргоҳ дар хусуси қарори сохтакорона ва тариқи ғайриқонунӣ ба кор роҳ дода нашуданам касе ҳарф назад. Тааҷҷубовар буд, ки дар хусуси муддати тӯлонӣ дар ҷойи кор набуданам ҳатто роҳбари корхона чизе напурсид.

Чанд маротиба барои ҷавоби аризаам, ки барои санҷиши “Ордер”-и манзили зистам равона гардида буд, ба Мақомоти иҷроияи шаҳри Панҷакент муроҷиат намуда будам. Масъулини ҳукумат ҳар дафъа такроран мегуфтанд, ки шахсе, ки аризаи Шумо барои ҷавоб додан ба ӯ дода шуда буд, “ба декретный отпуск” рафтагӣ. Кай вақте ки биёяд, ба аризаатон ҷавоб медиҳад. Ин ҷавоби бардурӯғ ва ниҳоят хеле сохтакоронаю маслиҳатомез буд. Зеро агар масъулини ҳукумат ҷавоби дуруст медоданд, найрангбозии масъулини КМ “Зарафшон” ошкор мегардид.

Ҳамчунин ду маротиба ба номи сарвари кулли КМ “Зарафшон” ариза пешниҳод намудам, ки манзили зистам воқеъ дар бинои собиқ корхонаи заргарӣ дар асоси “Ордер” барои хусусигардонӣ рухсат дода шавад.

Аз ҷониби масъулин нисбати аризаҳоям хунукназарона муносибат карда мешуд. (Замимаи №12, Нусхаи аризаам ба ҷонишини сарвари кулл М.Мусоев аз 20.06.2017; Замимаи №13, Нусхаи аризаам ба сарвари кулли КМ “Зарафшон” Хе Пин Тао аз 22.06.2014.)

Саволе ба миён меояд, ки чаро масъулин ба аризаҳоям ба мисли ҳозира ҷавоб намедоданд, ки “ордератро ба таври қалбакӣ худат омода кардаӣ ва манзилатро низ худсарона ишғол кардаӣ, бинобар ин маъмурияти корхона хоҳони он аст, ки ҳарчи зудтар бинои корхонаро холӣ кунӣ!”

Зеро масъулини корхона, ки албатта бо дастгирии ҳуқуқшиносашон Тӯйғунов М ҷиноят содир намуда буданд, медонистанд, ки баъди гузаштани мӯҳлати ҷазо тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд. Бинобар ин ба ҷои ҷавоб ба аризаҳоям дар мӯҳлати муайяннамудаи қонун хомӯширо ихтиёр намуда буданд.

Гарчанде ки ба муроҷиати шаҳрвандон саривақт ҷавоб надодани шахсони масъул низ ҷиноят аст, (Моддаи 163.КҶ. Ҷ.Т. “ Вайрон кардани қонунҳо оид ба муроҷиати шаҳрвандон”) аммо шахсони вазифадор ва мансабдори КМ “Зарафшон” бо вуҷуди ҳар замон ҷиноят содир намуданашон боварӣ доранд, ки аз об хушк мебароянд. Зеро ки онҳо роҳи корро медонанд. Чӣ тавре ки мегӯянд, “Ба кордон кор осон ”. Сабабгори асосии ҳар мушкилоте, ки дар корхона пеш меомад, ҳамкорони хитойӣ ҳисобида мешуданд. Шахсони масъул ҳатто дар бораи беинсофию беадолатӣ ва дағалмуомилагӣ нисбати хитоиён чунон ҳарф мезаданд, ки кас гумон мекард, онҳо аз ҳамон ҳайвонҳои мунқаризшудаи давраи ибтидоии пайдоиши олам ба вуҷуд омадаанд, ки ҳангоми ба онҳо наздик шудан касро бо нафаси оташинашон дар як лаҳза фурӯ мебаранд.

Аз ҳисоби ҳаяҷони рӯҳӣ ҳатто аризаҳоямро гарчанде ки ба номи сарвари кулл буд, ба қабулгоҳи ҷонишини сарвари кулл месупоридам. Азбаски бо онҳо боре ҳам корафтода нашуда будам, ҳар гоҳе ки симои роҳбарони хитойиро тасаввур менамудам, вуҷудамро воҳима фаро мегирифт. Баъди он ки сарвари кулли КМ “Зарафшон” ҷаноби Ли Фен соли 2011 дар масъалаи манзили зистам, ки он гоҳ дар ҳудуди корхона зиндагӣ мекардам, ба наздам омада буд, дар бораи роҳбарони хитойӣ андешаҳоям дигаргун шуданд. Зеро роҳбари хитойӣ ҷаноби Ли Фен чунон бо самимият ва хоксорона сухан мегуфт, ки чунин тарзи муомиларо дар симои ягон роҳбари тоҷик надида будам.

Бо азму иродаи ба худ хос қалам ба даст гирифтаму ба сарвари кулли онвақтаи КМ “Зарафшон” ҷаноби Чжан Шундин аз 22.07. 2017 ба рақами воридотии 394 ариза пешниҳод намудам. Дар аризаам қайд намудам, ки яке аз аъзоёни оилаам Мансуров Алишер донишкадаро бо ихтисоси менеҷмент бо дипломи аъло хатм намуд. Ҳамчун парастор эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки дар асоси моддаи 154 КО ҶТ ва моддаи 175 Кодекси меҳнати ҶТ ӯ тибқи квота ба кор қабул карда шавад. Аризаамро ба воситаи тарҷумон ба қабулгоҳи сарвари кулл ҷаноби Чжан Шундин ворид намудам.

Ҳангоме ки бо роҳбари корхона вохӯрдам, тарзи муошират ва муносибати инсондӯстонаи роҳбари хитойӣ маро аз олами афсонаҳои воҳимаангез, ки дар бораи онҳо аз роҳбарони тоҷикамон мешунидам, дар як лаҳза дур намуд.

Ӯ маро бо табассум пешвоз гирифт ва ба зери аризаам имзо гузошт. Ҳамчунин самимона гуфт, ки мехоҳад бо чунин оилаҳо, ки фарзандони бепарасторро тарбия менамоянд, кӯмак намояд. На танҳо ба хотири талаботи қонун, балки ба хотири амри виҷдон мехоҳад ин корро анҷом диҳад.

Ӯ шарқиёна изҳори ташаккур намуд, ки фарзанди босаводро тарбия намудааст, зеро ки корхона ба кадрҳои босавод эҳтиёҷ дорад.

Дар поёни ариза бо боварии зиёд ба масъулини шӯъбаи кадрҳо навишта буд, ки дар ҳайати даҳ нафар корҷӯён шаҳрванд Мансуров А ба рӯйхат дохил карда шуда, ба шуъбаи молия тариқи санҷиш ба кор қабул карда шавад.

Ҳангоме ки аризаамро ба шуъбаи кадрҳо супоридам, муддати зиёда аз як сол масъулини шуъба бо ваъдаҳои бардурӯғ маро фиреб доданд. Баъдтар фаҳмидам, ки ба ҷои бепарастор нафари пулдор ба кор қабул карда шудааст. Ана ҳамин тавр, масъулини мусалмону худотарс виҷдонашонро бо пул фурӯхтанд. Пас дасисабозӣ ва фисқу фасоду найрангро на роҳбарони хитойӣ, балки роҳбарони тоҷик зоҳир менамудаанд. Дар ин фосила фиреби навбатиашон – сохтани “Ордер”-и қалбакиро, ки ҳеҷ имконият надоштанд, ба хитойӣ нисбат диҳанд, ба сари ман бор намуданд.

Ин дафъа умеди охиринам муроҷиат ба суд буд. Боварӣ доштам, ки тибқи муроҷиат ба суд қисмати“Ордер”-и булаҷаб ба андозае ҳал хоҳад шуд. Дар “Ордер”-и булаҷаб хонаи сеҳуҷрагӣ нишон дода шуда буд, вале ман то ҳол дар якуним ҳуҷра зиндагӣ мекунам. Гарчанде ки як ҳуҷраи дигарам низ аз таъмир бароварда шуда буд, дар он ҳуҷра ҳамсоязан зиндагӣ мекард. Ӯ ваъда дода буд, ки соли оянда ҳуҷраро холӣ мекунад. Вале ин тавр нашуд. Бинобар ин соли 2020 ба суди шаҳри Панҷакент ариза пешниҳод намудам, ки як ҳуҷраи ман ки дар он Эвазов Н зиндагӣ мекунад, холӣ карда дода шавад. (Замима: №7 “Нусхаи аризаам ба суди ш.Панҷакент аз соли 2020)

Ҳуқуқшиноси корхона Баҳодур ҳамчун намояндаи қонунии корхона ба суд даъват шуда буд. Ҳангоми мурофиаи судӣ изҳор намуд, ки ҳуҷҷати манзили истиқоматии ман ғайриқонунӣ аст. Раисикунанда Муҳаммадзода Рустам ба ӯ савол дод, ки чаро ҳуҷҷате, ки аз тарафи корхона дода шудааст, ғайриқонунӣ аст? Ӯ изҳор намуд, ки ба роҳбари собиқи корхона занг зада пурсидам ва ӯ ҷавоб дод, ки ин ҳуҷҷат дар ягон ҷой қайд нашудааст!

Саволе ба миён меояд, ки “Ордер” агар аз ҷониби Тағозода танҳо бо дастгирии худи сарвари корхона омода нашуда бошад, чаро ӯ ба саволи ҳуқуқшинос ҷавоб дод, ки “ин ҳуҷҷат дар ягон ҷой қайд нашудааст”.

Ба гуфти муфаттиш Нозиров Ш, Ш.Тағозода агар “Ордер”-и қалбакӣ сохта ба дасти ман дода бошанд, ки албатта сохтакорӣ пинҳонӣ сурат мегирад, ҷонишини сарвари кулл аз куҷо медонист, ки “Ордер”-ро ман сохтакорона ба даст овардаам ва дар ягон ҷой қайд нашудааст.

Агар тариқи қалбакӣ омода шудани “Ордер” ба ҷонишини сарвари кулл вобаста набошад, чаро ӯ ба ҳуқуқшинос нагуфт, ки ягон хел ҳуҷҷат аз ҷониби маъмурияти корхона пешниҳод нашуда буд ё дар хусуси ин “Ордер” чизе намедонад. Раискунандаи суд Муҳаммадзода Рустам ҳамчунин илова намуд, ки ман ҳуқуқи шаҳрванд Сангинова С-ро барои ишғоли манзили зист дастгирӣ мекунам. Бо шароити манзили ӯ шинос шудам. Манзил бояд аз ҷонибии корхона пеш аз ҳама таъмир карда дода шавад. Агар таъмири бино имконнопазир бошад, бо ҷудо кардани ҳиссаи замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби ҷамоати шаҳраку деҳот ё Мақомоти маҳаллии иҷроияи шаҳри Панҷакент корхона метавонад манзали мувофиқ бунёд карда диҳад.

Ҳангоме ки ҳуқуқшинос изҳор намуд, ки аз ҷониби корхона манзил муваққатӣ дода шудааст, раискунанда сухани ӯро тарафдорӣ накард. Зеро ки тибқи Кодекси манзили ҶТ манзили истиқоматӣ ба таври муваққатӣ дода намешавад.

Дар моддаи 10, фасли 1, Кодекси манзили ҶТ гуфта мешавад, ки “Манзили истиқоматӣ… ба шаҳрвандон барои истифодаи бемӯҳлат дода мешавад”.

Ба суд Эвазов Н, ки ҳамчун гунаҳкор даъват шуда буд, ӯ ҳатто гуфт, ки “ҳангоми омадани Ҷаноби Олӣ шояд аз саросемагӣ қайд кардани қарори “Ордер”-ро фаромӯш карда бошанд. Ин тавр шуданаш мумкин. Хайр ҳеҷ гап не, хатогияшонро ислоҳ мекунанд”.

Ҳангоми маҷлиси судӣ намояндаи прокурор Саидзода Барфинисо ширкат дошт. Ба ӯ суол кардам, ки “Шумо ҳамчун намояндаи прокурор дар бораи ба қайд гирифтани ҷинояти содиршуда чӣ фикр доред? Масъулини корхона барои содир кардани ҷиноят оё ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд?” Ӯ ба саволам ҷавоб надод. Чаро? Ба ҳуқуқшинос супориш дода шуд, ки барои ба таври қонунӣ омода карда шудани ҳуҷҷатҳои манзили зист маро дастгирӣ намояд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки Иттифоқи касабаи корхона бояд пеш аз ҳама кӯшиш намояд, ки ҳуҷҷатҳои манзили зист ба таври қонунӣ омода карда шаванд. Раисикунанда дар охир қайд намуд, ки баъди ба таври қонунӣ омода карда шудани ҳуҷҷатҳо шаҳрванд метавонад аз сари нав аризаи худро пешниҳод намояд. Дар вазъияти баамаломада ба таври иловагӣ ба суд ариза пешниҳод намудам, ки аризаи даъвогиям беқаноат гузошта шавад. Азбаски то ба имрӯз аз соли 2020 инҷониб таъиноти судӣ ба ман пешниҳод нагардида буд, барои дастрас намудани ин таъинот ба суди ш.Панҷакент ариза пешниҳод намудам. Дар таърихи 05.04.2024 таъиноти мазкур дарёфт гардид.

Мутаассифона, бархилофи гуфтаҳои боло дар таъноти судӣ аз 1-уми апрели соли 2020 навишта шуда буд, ки бо сабаби ба суд ҳозир нашудани даъвогар ва ҷавобгар маҷлиси судӣ баргузор нагардид. Дар ҳалли қазияи мазкур дар муддати зиёд аз соли 2020 инҷониб аз тарафи шахсони дахлдори корхона ягон дастгирӣ дида нашуд. Зеро шахсе, ки нисбати модари худ эҳтиром мегузорад, модари дигареро низ сазовори эҳтиром медонад. Вале чаро пешниҳоди раисикунанда Муҳаммадзода Рустам аз ҷониби шахсони масъул низ дастгирӣ наёфт? Гуфтаҳои М. Рустам ҳамчун ҳимоятгари ҳуқуқи инсон магар сазовори эҳтиром нест?!

Боз ба мақомоти иҷроия ба масъулони комиссияи манзил муроҷиат намудам. Онҳо баъди дида баромадани “Ордер” гуфтанд, ки дар “Ордер” мӯҳри КМ “Зарафшон” гузошта шудааст. Қарори №1 нишон дода шудааст. Рақам доштани “Ордер” муҳим нест. Танҳо Шумо метавонед барои хусусигардонии манзил ба мо қарори “Ордер” ва розигии маъмурияти корхонаро пешниҳод намоед.

Ҳамин тавр, баъди муроҷиатам ба ҳуқуқшиноси нави корхона Ш. Мавлонзода ба ҷои дастгирӣ, эҳтироми Қарори Президенти ҶТ “Дар бораи мақоми зан дар ҷомеа” гирифтори таҳқир ва сарсонию саргардониҳои зиёде гардидам. Боз саволе ба миён меояд, ки агар ин ҳуҷҷат тибқи хоҳиши ман аз ҷониби Тағозода ба таври пинҳонӣ омода шуда бошад, чаро ҳангоме ки барои хусусигардонии манзили зистам дар асоси ин “Ордер”-и таҳқиршуда ба Мақомоти иҷроия муроҷиат намудам ва масъули шуъбаи манзил қарори “Ордер”-и мавҷударо талаб намуд, боз ба таври пинҳонӣ ба назди Тағозода рафта, аз ӯ напурсидам, ки қарори “Ордер”-и сохта додаашро ёфта диҳад. Чаро боз барои қарори №1, ки дар “Ордер” нишон дода шудааст, ба ҳуқуқшиноси корхона муроҷиат намудам ва боиси таҳқиру фишор гардидам.

Бояд қайд намуд, ки содир намудани ҷиноят барои масъулини КМ “Зарафшон” падидаи нав нест. Ҷиноят барои нафарони масъулин як чизи муқаррарӣ аст. Зеро аз ҷониби прокурори генералӣ нисбати масъулини корхонаи мазкур якчанд маротиба делои ҷиноятӣ оғоз гардида, масъулин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Ҳамаи ин фишор аз ҷониби масъулини корхонаи мазкур ба саломатиам бетаъсир намонд.

Баъди ҳамаи ин фишору таҳқир аз моҳи августи соли 2022 аз ҳисоби асабонияти зиёд ба бемории остеохондроз, яъне кашидашавии асабҳои сутунмӯҳра гирифтор шудам. Дар натиҷа қисман маҷрӯҳ гардидам. Муддати зиёд дар хона бистарӣ будам.

Аз прокурори генералии ҶТ муҳтарам Юсуф Раҳмон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки аризаам, ки ба прокурори шаҳри Панҷакент барои тафтиши “Ордер”-и манзили зист, ки соли 2022 фиристода будам, бо иловаи маводҳои дар ҳафтанома чопшуда, танҳо аз ҷониби прокуратураи генералӣ аз нав тафтиш карда шавад.

Сарчашмаҳои навишта шудани ариза

Замима:

  1. Нусхаи аризаам ба прокурори ш. Панҷакент: (аз 22.08.2022с.)
  2. Нусхаи аризаам ба прокурори генералии ҶТ: (аз 21.10.2023с.)
  3. Нусхаи мактуби прокурори генералии ҶТ: генерал полковники адлия Ю.А. Раҳмон

(аз 26.10.2023 №17/27-2072 )

  1. Ҷавоби прокурори шаҳри Панҷакент № 8/с-496 аз 29.11.2023 с.
  2. Нусхаи қарори муфаттиши ШТ ШВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент майори милитсия Нозиров Ш.Е. аз 11.09.2022 с.
  3. Амри прокурори шаҳри Панҷакент аз 14.07. 2011 с. №253м.
  4. Хабарномаи шуъбаи алоқа (Уведомление… аз 21.07.2011 № 756 ба Ҳукумати Ш. Панҷакент Абдуназаров Хисрав.
  5. Нусхаи “ Ордер на жилое помищение” аз 16.07.2011 с.
  6. Қарори прокурори ш. Панҷакент аз 26.07.2011 с.
  7. Нусхаи мактуби прокурори ш. Панҷакент аз 01.09.2011 № 387м.
  8. Нусхаи “Ҳукм” аз номи Ҷ.Т. суди ш. Панҷакент вилояти Ленинобод. 14-сентябри соли 1995. Иқтибоси бойгонӣ. Аз № С-22 аз 18.01.2024 с.
  9. Нусхаи “Таъиноти маҷлиси судӣ” аз 01 апрели соли 2020. Суди ш. Панҷакенти вилояти Суғд.
  10. Нусхаи “ Дастхат” аз 05.04.2024.

Сарвар САНГИНОВА,

корманди фабрикаи заршӯии “Зарафшон”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь