Ё чаро хатоҳои содиркардаи намояндагони САҲШ-ро волидайн бояд ҷуброн кунанд?
Ба таваҷҷӯҳи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод
Ба таваҷҷӯҳи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода
Ҳафтаи гузашта дар ҳафтаномаи «Фараж» мақолаи банда таҳти унвони «Тағйири ному насаб ва оворагиҳо дар САҲШ, ё чаро хатоҳои содиркардаи намояндагони САҲШ-ро волидайн бояд ҷуброн кунанд?» чоп шуда буд. Баъд аз чопи мақола ба редаксия занги зиёд шуда, бархе маводро дастгирӣ карданд ва баъзе маҳкум намуданд, ки ман беҳуда масъулини САҲШ-и ноҳияи Панҷакентро танқид кардаам.
Нахуст мехоҳам ба арзи ҳамагон бирасонам, ки ҳадаф аз навиштани мақола на танқиди роҳбарият ва кормандони САҲШ-и ноҳияи Панҷакент, балки муроҷиат ба вазири адлияи кишвар буд, то минбаъд ба волидайн ҳангоми ислоҳ намудани ному насаби фарзандон сабукӣ дода шавад. Ман шахсан аз роҳбарияти САҲШ-и Панҷакент ва кормандони он ҳеҷ шикояте надорам. Зеро маро раиси САҲШ-и шаҳри Панҷакент Фатҳуллозода Заррина худ шахсан қабул намуд, гӯш кард, ба саволҳоям посух гуфт ва ба зердастонаш дастур дод, ки кори маро буд кунанд ва ман аз эшон миннатдорам.
Ҳадаф аз навиштани мақолаи «Тағйири ному насаб ва оворагиҳо дар САҲШ, ё чаро хатоҳои содиркардаи намояндагони САҲШ-ро волидайн бояд ҷуброн кунанд?» он буд, то ба самъи вазири адлияи кишвар мӯҳтарам Рустами Шоҳмурод бирасонам, ки волидайн на бо гуноҳи худ, балки бо гуноҳи САҲШ-ҳо, ки дар расмиятдарории номҳо дар вақташ ба иштибоҳҳои ҷиддӣ роҳ додаанд, хеле овораву сарсонанд. Банда дар мақола ҳамчун корафтода аз мушкилоти хеле ҷиддие сухан рондам, ки дар САҲШ-ҳои тамоми кишвар, алъон ҳангоми тағйир додани ному насаб ба чашм мерасад. Бояд зикр кард, ки ҳар сол дар ҷумҳурӣ даҳҳо ҳазор нафар мактабро хатм намуда, бори нахуст шиноснома мегиранд. Вале, бинобар он, ки САҲШ-ҳо ба аксари онҳо ному насаби тоҷикиро бо иштибоҳҳои зиёд додаанд, волидайни эшонро зарур меояд, ки маҷбуран ному насабро ислоҳ намуда, шаҳодатномаи нав гиранд ва танҳо баъд барои гирифтани шиноснома ба мақомоти шиносномадиҳӣ муроҷиат намоянд. Масалан то соли 2008 ному насаби аксари кӯдакон дар шакли дунома, яъне бе насаб дода шуда буд, аз қабили Ашӯри Мирзо, Қодири Абдураҳим ва ғайра. Имрӯз ҳамаи онҳое, ки чунин номҳоро доранд, маҷбуранд бо оворагиву сарсониҳои зиёд, ҷамъоварии маълумотномаҳо, дар ба дари САҲШ-ҳо ва ШВКД-ҳо инчунин бо сарфи маблағи зиёд ному насабро на тағйир диҳанд, балки ислоҳ намоянд. Ба назар чунин мерасад, ки на танҳо дар додани дуномаҳо, балки ҳангоми барасмиятдарории сеномаҳои тоҷикӣ низ масъулин иштибоҳҳои зиёде содир кардаанд ва шаҳрвандон пеш аз гирифтани шиноснома маҷбуранд онро низ ислоҳ кунанд. Масалан ба фарзанди дуюми ман чунин ному насаб дода шуда буд: Муҳаммадназариён Салмоншоҳи Холиқназар. Вақте мо барои гирифтани шиноснома муроҷиат кардем, маълум шуд, ки дар ном як ҳарфи «и» зиёдатӣ аст ва бояд Салмоншоҳ Холиқназар бошад, на Салмоншоҳи Холиқназар. Ин аст, ки маҷбур шудем нахуст ному насабро ислоҳ карда, танҳо баъд шиноснома гирем. Ман аз чор фарзанд номи се нафари онҳоро ислоҳ карда, ба онҳо ному насаби нав гирифтам, вале ба фарзанди чорумам, ки дар синфи 7 мехонад, бинобар камбудии маблағ натавонистам ному насаби нав гирам. Бинобар ин, онро ба солҳои оянда гузоштам. Яъне, ҳанӯз натавонистам ба ин сарсониҳо хотима диҳам.
Ҳадаф аз навиштани мақола ин аст, ки мехоҳам бипурсам: Чаро барои иштибоҳҳои Шумо мо – волидайн бояд посух гӯем ва чаро мо иштибоҳҳои Шуморо ҷуброн кунем? Зеро мушкилоте, ки имрӯз дар натиҷаи ин инштибоҳҳо ба сари мо волидайн омадааст, мушкилоти оддӣ нест ва бояд иқрор шуд, ки ин мушкилот ба сари мо дар натиҷаи иштибоҳҳои САҲШ-ҳо омадааст. Чаро Вазорати адлия натавонист, ки дар давоми 25 соли истиқлолияти кишвар як дастури муайянеро барои кормандони САҲШ пешниҳод намояд, то онҳо ба чунин иштибоҳҳо роҳ надиҳанд? Инҳо саволҳоеянд, ки посухи хеле ҷиддӣ мехоҳанд. Ҳадафи банда дар матраҳ намудани мавзӯи мазкур он аст, ки мо волидайн воқеан сабукӣ мехоҳем ва талаб мекунем, ки иштибоҳҳо аз тарафи худи САҲШ, бе овора намудани мо ҷуброн карда шавад.
Бигзор онҳое, ки синну солашон аз 18 боло асту аллакай шиноснома гирифтаанд, маълумотнома гиранду дар пайгард қарор доштан ва ё надоштани онҳо мавриди омӯзиш қарор гирад, вале ба назари ман ҳеҷ зарурияти гирифтани чунин Маълумотнома барои хонандаи мактаб вуҷуд надорад. Бояд барои аҳолӣ қарорҳои сабуккунанда ҷорӣ карда шаванд, на ин ки баръакс.
Инчунин дар мавриди нархи Шаҳодатномаи таваллуд низ бори дигар қайд мекунам, ки 150 сомонӣ барои як шаҳодатнома хеле нархи гарон аст ва он бояд бознигарӣ шавад.
Бо дарназардошти ишораҳои боло, омӯзиши масъалаву дидани сарсониҳои мардум, якчанд пешниҳод дорам:
1. Аз вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Рустам Шоҳмурод хоҳиш мекунам, ба ҳама шӯъбаҳои САҲШ дастур диҳанд, ки дар ислоҳ намудани ному насаб ва аз дунома ба сенома гардонидани он ба волидайн сабукиҳо диҳанд. Зеро воқеан волидайн на бо хоҳиши худ, балки аз ноилоҷӣ ба ин иқдом даст зада, маҷбурӣ ному насаби кӯдакони худро на тағйир медиҳанд, балки ислоҳ карда истодаанд. Зеро бе ислоҳ кардани ному насаб мақомоти шиносномадиҳӣ ба онҳо шиноснома намедиҳанд.
2. Арзиши шаҳодатномаҳои таваллуд то 50 фоиз поён оварда шуда, қимати он 70-75 сомонӣ муайян карда шавад. Зеро 150 сомонӣ воқеан нархи гарон буда, на ҳама имконияти пардохти чунин маблағро доранд.
3. Барои ислоҳ намудани ному насаб, дастур дода шавад, ки шаҳодатномаҳо на бо фиристодан ба маркази вилоятҳо, балки дар мӯҳлати 2-3 рӯз дар худи САҲШ-ҳои ноҳиявӣ тайёр карда шаванд.
4. Аз вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Рамазон Раҳимзода хоҳиш мекунем, ки қарори додани маълумотнома оид дар пайгард қарор доштан ва ё надоштанро нисбати талабагони мактаб боздоранд ва волидайнро аз сарсонӣ дар назди ШВКД-ҳо наҷот диҳанд. Инчунин, аз рӯи имконият ба мақомоти шиносномадиҳӣ дастур диҳанд, ки дар мактабҳо чорабиниҳо гузаронида, хатмкунандагонро акс гиранд ва барояшон шиноснома омода намуда, дар худи мактабҳо тақсим намоянд. Ин воқеан як дастгирӣ ба кулли волидайн хоҳад шуд, ки мо бовар дорем, дар сурати пиёда шудани чунин иқдом мардум миннатдорӣ баён хоҳанд кард.
Ин буд чанд пешниҳоди банда ва умедворам, ки мавриди дастгирии мақомот қарор мегирад.
Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,
махсус барои «Фараж»