Ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шоҳиён Ш.

Шикояти кассатсиони аз болои ҳукми Суди оид ба парвандаҳои ҷиноятии ва вилояти Суғд. 19 январи соли 2024 ва Коллегияи Суди оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи ҳукми Колегияи Суди оид ба парвандаҳои ҷиноятиии вилояти Суғд аз санаи 19-январи соли 2024-ум ва оиди дида баромадани Колегияи Суди оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 май соли 2024-ум шикояти назорати бе барраси баргардонида шудааст.

Ман Юсуфзода Саддам Файзулло бо моддаи 347 “қ” 2-и КҶ. Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбатам ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати чор сол ва ҷазо дар калонияи ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шуд. Ҳукми мазкурро дар қисми ҷазо нисбатам вазнии ва тағйиршаванда меҳисобам. Ман аз рӯзи якуми тафтишоти судӣ бо айби ба ман эълонкарда шуда бо моддаи   347 “қ” 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон худро айбдор ҳисобида аз кардаам сидқан пушаймон буданамро баён намудаам. Суд дар вақти таъин намудани ҷазо, мебоист ҳолатҳои сабук кунандаи ҷазоро нисбатам татбиқ менамуд. Яке аз пиринсипҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пиринсипҳои адолатпарварӣ мебошад.

Суд метавонист ҳолатҳои махсуси кор ва шикояти маро ба инобат гирифта, ҷазои аз ин ҳам камтар таъин менамуд. Зеро пеш аз ин ман ягон намуди ҷиноят содир накардаам ва доғи судӣ ҳам надоштам.

Тибқи талаботи Қарори Пленуми Суди Олии ҶумҳурииТоҷикистон аз 24.10.2010- ум сол таҳти №33 “Дар бораи ҳукми Суди пешбини шуда, дида мешавад, ки ҳукми Суд бояд қонуни асоснок ва одилона бошаду ҷазои ба гунаҳкор таъингардида, баназардошти шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои вазнинкунанда ва сабуккунандаи ҷазо таъин карда шавад.

Бадъи вафот кардани модарам ман ва хоҳарам Асолати Файзулло хурдсол будем. Мо зери назорати бибиам дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ мондем. Пас аз фавти модарам ноболиғ будам, аммо ба ин нигоҳ накарда,  ҳамроҳи писарони амакам ба муҳоҷират ба кишвари Русия рафтам. Дар вақти содир шудани ҷиноят ноболиғ будам ва талаботи моддаи 347. ҚҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарфаҳм намерафтам. Ҷинояти мазкур моҳи марти соли 2021- ум содир шудааст.

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.09.2021-ум таҳти №112 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” қабул карда шуд. Тибқи талаботи моддаи 8 “қ” 2 – и қонуни мазкур дар моддаи 347 КҶ. ҶТ чунин омадааст (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти терористӣ ва эксреместӣ дошта ин чунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсиони ва амниятӣ давлат вобаста бошад).

Ин ҳолатҳо дар кирдори ман дида нашавад, ҳам талаботи қонунии мазкур нисбати ман аз тарафи Суд татбиқ нагардид. Айбдоркунандаи давлатӣ, оиди талаботи моддаи 62-и-КҶ. ҶТ  дар кирдори ман ҳолатҳои вазнинкунанда дида намешавад гуфта бошад, ҳам аз тарафи Суд ҳатто талаботи моддаи 61, 71 82-и КҶ. ҶТ татбиқ нагардид.

Раискунандаи кор баромади айбдоркунандаҳои давлатиро гӯш намуда, нисбатам ҷазои вазнин таъин намуд.

Ҳаммаи ин ҳолатро Суд метавонист, ҳамчунин ҳолатҳои истисноии кор ҳисобида, нисбатам талаботи моддаҳои 61,71,82-и КҶ. Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ менамуд.

Бинобар гуфтаҳои боло аз раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хоҳиш мекунам, ки ҳукми Колигияи Суди оид парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Суғд аз 19 – январи соли 2024 -ум нисбати ман бо моддаи 347 “қ” 2. КҶ. ҶТ дар қисми ҷазо бинобар вазнин ва бе адолатона будан, бо талаботи моддаҳои 61-71-82-и КҶ. Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шавад.

Маҳкумшуда: Юсуфзода С.Ф

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь