Ба таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён
Ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод
Ман Фозилов Маҳкамбой, зода ва сокини деҳаи Далёни поён, ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич мебошам. Баъди хатми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба зодгоҳам баргаштам ва солҳои 1981-1992 дар мактаби миёнаи деҳа ба таълиму тарбияи насли наврас шуғл варзидам. Солҳои 1992-1999 ба мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд шомил шудам ва дар вазифаҳои масъули ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудам, дар барқароркунии сохти конститутсионӣ фаъолона иштирок кардам.
Ман падари 4 фарзанд, 3 писару як духтар мебошам. Писарам Фозилов Хуршед, соли таваллудаш 1982, баъди хатми факултаи ҳуқуқшиносии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров дар ШВКД-и ҶТ дар шаҳри Исфара фаъолият намуд. Писари дуюмам Фозилов Шавкат соли 1984 таваллуд шудааст. Вай баъди хатми Академияи ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро ҳамчун лейтенанти милитсия аз ШВКД-и ҶТ дар ноҳияи Айнӣ оғоз намуд, баъдтар ӯро ба ШВКД-и ҶТ дар ноҳияи Деваштич гузарониданд ва ӯ то 11-уми июли соли 2017 бо рутбаи капитани милитсия дар ШВКД-и ҳамин ноҳия хизмат кард.
Писари сеюмам Фозилов Равшан, соли таваллудаш 1987, баъди хатми факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хизмат мекунад.
Зиндагии оилавии Фозилов Шавкат барор накард ва ӯ 5-уми июли соли 2017 ба ҷои зани ҷудошудааш ба ҳамдеҳаамон Ҳомидова Дилноза хонадор шуд. Д. Ҳомидова аз шавҳараш Шодиев Абдуфаттоҳ (ҳоло Ғафоров Наврӯз) бо сабаби фарзанддор нашуданаш ҷудо шуда буд. Н. Ғафоров дар ин муддат ба зани дигар – Рано Акрамова хонадор шуд ва онҳо аз зиндагии якҷояашон ду фарзанд ёфтанд. Гумон мерафт, ки Ғафоров бо зани аввалааш Д. Ҳомидова муносибат надорад, вале дертар маълум шуд, ки вай ҳар замон бо Дилноза дар ҳавлии падараш вомехӯрдааст, тавассути телефон гуфтугӯ мекардааст.
Вақти тафтишот Д. Ҳомидова баёнот дод, ки шавҳари собиқаш Н. Ғафоров мунтазам вайро таъқиб мекард, шабона ба ҳавлиашон омада, дар кунҷе пинҳон мешуд ва вақти ба ҳоҷатхона баромаданаш вайро медошт, таҳдид менамуд, ки ба шавҳар бароям, мекушад. Ҳамин гапро Fафоров ба падару модари Ҳомидова Дилноза низ гуфтааст, таҳдид кардааст, ки духтарашонро ба шавҳар диҳанд, шавҳарашро мекушад. «Ман ба милитсия шикоят кардам, вале ин суд набахшид. Баъди ба Ш. Фозилов шавҳар карданам вай дигар бо ман вонахӯрд».
Воқеаи даҳшатбор 11-уми июли соли 2017 тахминан соати 11-12-и шаб рӯй дод. Он шаб рӯзи шашуми хонадории Шавкату Дилноза буд. Шавкату Дилноза дар диван, ду фарзанди Шавкат – Фозилова Оишабону (таваллудаш 19-уми июли соли 2012) ва Фозилов Шамсиддин (12-уми феврали соли 2013 таваллуд шудааст) рӯйи фарш хобида буданд…
Ғафоров Наврӯз ҳамчун гумонбаршуда дар пурсиш чунин ҷавоб дод: «Ҳамон рӯз, 11-уми июли соли 2017 ҳамроҳи ҳамдеҳаам Расулов Орзу як шиша арақ нӯшидем. Бевақт ба саҳро, назди заминам омадам, Орзу ба корҳои худ рафт. Дар сарам фикре пайдо шуд, хостам ҳамдеҳаамон Фозилов Шавкатро кушам, зеро вай 6 рӯз пеш ба зани собиқам Ҳомидова Дилноза хонадор шуда буд, вале чӣ тавр куштанро хеле фикр кардаму ба хулоса омадам, ки бо яроқи оташфишон кушам. Ман аз ҳамдеҳаамон Насрулло камони шикории тамғаи ТОЗ-ро ба маблағи 7000 рубли русӣ харида будам ва онро дар сой пинҳон медоштам. Барои ҳамин милтиқро аз сой гирифтам. Тахмин соати 23 ба хонаи Фозилов Шавкат омадам. Дарвозаи ҳавлӣ пӯшида буд, онро кушодам, ба ҳавлӣ даромадам ва дидам, ки дару тирезаи ҳуҷрае кушода буд. Ба пешайвон рафта, аз тиреза дидам, ки Ш. Фозилов бо ҳамсари собиқам Д. Ҳомидова дар кат хобидааст. Ман ин манзараро дида, хашмам дучанд шуд. Ба ҳуҷра даромада, мили туфангро ба сари Ш. Фозилов рост карда, кулангро пахш намудам. Тир ба тарафи рости косаи сар расид. Баъд ӯро бо қундоқи милтиқ зада, бовар кардам, ки мурдааст, оқиб баргашта, аз хона баромадам ва бо роҳи омадаам баргаштам. Яроқро бо се тираш ба замин гӯр карда, болояшро бо хоку санг пӯшидам, баъд ба бошишгоҳи саҳроӣ рафта, назди ҷиянҳоям хобидам…».
Нишондоди вай бофтаю сохта мебошад. Ҳамон вақт дар деҳа чорводуздӣ авҷ гирифта буд, мардум аз дуздон ҳаросида, дарвозаю дари оғилҳояшонро маҳкам мекарданд. Аз ҷумла, дарвозаи мо сахт буд. Атрофи ҳавлиамонро девори баланд иҳота кардааст, аз он Ғафоров бо милтиқ тоқа гузашта наметавонист, пас вай танҳо набуд.
Чи тавре қайд кардам, дар деҳа ҳамон вақт 46 ҳодисаи чорводуздӣ ба қайд афтода буд, баъди боздошти Н. Ғафоров дигар чорводуздӣ рӯй надод. Гумон меравад, ки дар ин ҷиноятҳо Н. Ғафоров бо рафиқонаш даст задаанд. Гумонбаршаванда иброз медорад, ки ҳамон шаб бо Орзу Расулов маслиҳату ҳамкорӣ накардааст. Мувофиқи маълумоти гирифтаи тафтишот, 11-уми июл то соати 10-у 45 дақиқаи шаб ҳарду тавассути телефони мобилӣ борҳо сӯҳбат кардаанд.
Дар мурофиаи судӣ, ҳангоми Н. Ғафоровро посбонон бурдан О. Расулов бо табассум сӯйи рафиқаш даст афшонд, ки он маънӣ дошт. Гӯё кирдори ӯро маъқул мешуморид.
Н. Ғафоров иброз намуд, ки Шавкат вақти ба ҳавлӣ даромаданаш хуфта буд. Дар нишондоди дигараш вай мегӯяд, ки дар ҳавлӣ пинҳон буд ва як вақт дид, ки зане Шавкатро ба хонаи хобаш гусел намуд. Ғафоров куҷо даромадани ӯро дид. Пас Ғафоров барвақт ба ҳавлӣ даромада, вазъиятро мушоҳида карда, кай ба хона даромадани Шавкатро гурбавор мепоид.
Садои туфангро гӯё Д. Ҳомидова нашунидааст. Охир, ин ба ҳақиқат рост намеояд, аз он хона меларзид, сониян, духтари Шавкат – Оишабону дар баёноташ қайд кардааст, ки аз садои тир бедор шудааст ва ду нафар силоҳбадастро дида, аз тарс кӯрпаро ба рӯяш кашидааст.
Баъди аз хона баромадани қотилон вай ба модарандараш Д. Ҳомидова гуфтааст: «Хезед, душманон дадоямро кушта рафтанд». Вале Д. Ҳомидова вайро ба оғӯш кашида, талаб мекунад, ки хомӯш бошад.
Чӣ тазоде, Д. Ҳомидова Оишабонуро аз соати 24 то соати 5-у 30 дақиқаи субҳ аз оғӯшаш сар надод ва гап задан намонд. Танҳо соати 3-и шаб ба Оишабону мегӯяд, ки хомӯш истад, ба милисаҳо ҳарфе нагӯяд, сонӣ ба вай як чиз медиҳад.
Фақат баъди аз оғӯши модари угай баромадан вориди хонаи дигар мешавад ва ба зани амакаш Хуршед Фозилов – Манзура мегӯяд:
– Дадомро душманон парронданд.
Вай ҳамчунин нақл кардааст, ки садои тирро шунидааст, аз тарафи рост парронданашонро фаҳмидааст.
Ташхисгарони табобатгоҳи вилояти Суғд, равоншиносон баъди таҳқиқ хулоса бароварданд, ки Оишабону солимақл аст, ягон хел норасоии рӯҳӣ надорад.
Нафароне, ки аз рафти тафтиш огоҳ буданд, рӯирост мегуфтанд, ки дар фоҷиа Ҳомидова бетараф нест ва пеши роҳи ин ҳодисаро гирифта метавонист. Вай баёнот додааст, ки аз зӯроварии Ғафоров ба ШВКД-и ноҳияи Деваштич ва сарнозири минтақа майор Носирзода арз кардааст, вале маълум мешавад, ки сарнозиру нозиронаш ягон корро ба сомон расонида натавонистанд.
Дар мурофиаи судӣ, судяи Суди вилояти Суғд М. Раҳматуллозода, ки раиси мурофиа буд, зикр кард, ки нозири калони минтақа Назирзода ин вазифаи масъулро ба таври бояду шояд иҷро накардааст.
Агар сарнозир дуруст кор мекард, дар деҳа 46 ҳодисаи чорводуздӣ ба қайд намеафтод.
Ғафоров вақти муҳоҷират барои вайрон кардани қонунҳои Федератсияи Русия «ихроҷ» шуда омад, вале бо роҳи ошнобозӣ ному насабашро иваз кард.
Вале Шавкат тамоман каси дигар буд, ба ҳар корафтода ёрӣ мерасонд. Чанд рӯз пас аз вафоташ мӯйсафеди 80-сола Бобои Ҳамроқул аз деҳаи Вашани ноҳияи Айнӣ, ки замоне Шавкат он ҷо кор мекард, ба хонаамон омада, ҳамдардӣ кард.
– Ӯ писари шумо не, писари ман буд,- ашкрезон афсӯс хӯрд мӯйсафед.
Хуллас, ман фарзандонамро бо меҳнати ҳалол тарбия карда, ба роҳи рост ҳидоят намудаам…
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Суғд ба Ғафоров Н. чунин ҷазо таъин кард: Бо моддаи 195, қисми 2 КҶ ҶТ 5 сол аз озодӣ маҳрум сохт, бо моддаи 147, қисми 1 КҶ ҶТ 2 сол аз озодӣ ва бо моддаи 104, қисми 2, бандҳои «в», «е» КҶ ҶТ 20 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Суд вайро ҳамагӣ 24 сол аз озодӣ маҳрум сохт.
Вале мо, аҳли оилаи Фозиловҳо ва ҳимоятгар аз тафтиши ҷинояти мазкур розӣ нестем. Фозилов Шавкат марди паҳлавон, варзишгар буд, беш аз 90 кг вазну 185 см қомат дошт ва ба Ғафорови 160 см қомат доштаи арақхӯр зӯраш мерасид. Ғафоров тоқа ба ин кор даст зада наметавонист, вай шарик дошт ва ҳамшарики ҷиноятиашро тафтишот ошкор карда натавонист. Аз ин рӯ, ҳоҳиш менамоем, ки ин қазия аз нав тафтишу баррасӣ карда шавад.
Бо эҳтиром Маҳкамбой ФОЗИЛОВ,
ҷабрдида, сокини деҳаи Далёни поён, ноҳияи Деваштич