Ба таваҷҷуҳи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулони шаҳри Ваҳдат

Табиат ва сарватҳои беохири он дар ихтиёри инсоният мебошад. Аз ин боис, аҳли башарро лозим меояд, ки табиатро ҳамеша ҳифз намоянд, аз нобудшавӣ ва ифлосшавӣ эмин нигоҳ доранд.

Сарвари давлат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 26-уми декабри соли 2019 таъкид намудаанд: “Пешниҳод менамоям, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсиаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шаванд”.

Илм собит намудааст, ки зиндагии инсоният ба табиат аз ҳар нигоҳ пайвастагӣ дошта, масъалаҳои мавҷуда муштарак шуморида мешаванд. Аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи сокинони ҷаҳонро ба он ҷалб намуд, ки дар нигоҳдорӣ ва беҳдошти гуногунии биологӣ аз хурд то бузург ширкат намоянду саҳм гузоранд. Зарурати муҳофизат намудани сарватҳои табиат баҳри нигоҳдории ҳолатҳои биологӣ, экология ва муҳити зисти мусоид барои рушди устувори наслҳои оянда, ҳифз намудани ашёҳои нодири табиат, кулли ин уҳдадориҳо дар моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарзи зайл нишон дода шудааст: “Ҳифзи табиат ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд мебошад”.

Чанде қабл бо муроҷиати шаҳрванд Қурбонов Ҷӯрабек, сокини деҳаи Кул, шаҳри Ваҳдат оид ба боғи себзори бунёднамудааш ва аҳли хоҷагиаш бо табиатдӯстони деҳа, ки дар ҳолати ногувор ва нобудшавӣ қарор доштааст, ба деҳаи Кули колхози Ҳоким Азим, ҷамоати деоти Абдулло Абдувосит, шаҳри Ваҳдат ташриф овардам. Дар аввал оид ба пешравиҳо ва ободкориҳо дар мамлакат, ташрифи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаҳои соҳибкорони шаҳри Ҳисор ва деҳаи Фалаконии ноҳияи Рӯдакӣ нақл намудам.

Деҳа зиёда аз 60 хоҷагӣ дошта, 600 нафар аҳолиро соҳиб аст. Сокинон аҳлона, дӯстона, оромона зиндагӣ дошта, баҳри беҳшавии шароити зисти худ бештар бо замин сарукор доранд, меҳнат карданро дӯст медоранд. Вақте оид ба боғи себзори мавзеи Сари Пулак сухан рафт, сокинон бо афсӯс қайд намуданд, ки мавзеи номбурда аз солҳои пеш тобеи деҳаи Кул буда, аҳли оилаи Қурбоновҳо бо мадади табиатдӯстон дар ин мавзеи куҳистон дар масоҳати 4 га замин боғ бунёд намудаанд. Дар боғ зиёда аз 1200 ниҳоли себ шинонида, онҳоро дар аввал муддати 2-3 сол бо оби кашонида сабзонидаанд. Дар масоҳати 4 га замин себзори чашмрас бунёд гардида, пас аз ба ҳосил даромадани ниҳолҳо аз он кулли сокинон, соҳиби боғ даромади хуб гирифта, ба колхози Ҳоким Азим фоидаи калон меовардаанд, ки дар ин хусус пардохтҳои бонкӣ мавҷуд аст.

Дар хоҷагии соҳибкор Қурбонов Ҷӯрабек, ки баъди аз олам гузаштани падараш сарварии себзор ба зиммаи ӯ гузошта шудааст, 17 нафар аъзо заҳмат мекашанд. Овозаи себзори Сари Пулак дар як вақт вирди забони табиатдӯстон гардида буд, ки дар чунин заминҳои куҳистони камоб себзор ташкил намуда, аз он даромади хуб гирифтан ва табиатро аз нобудшавӣ ҳифз намудан мумкин аст. Аз солҳои ташкилёбии боғ то ин дам ҳифзу нигоҳубини себзор вазифаи Ҷӯрабек буд. Бо айби мутасаддиёни Кумитаи замини шаҳри Ваҳдат замини себзорро дар ҷояш омада надидаанд ва бо хоҳиши шахсони аз табиат ва сарватҳои он бехабар ин мавзеъро чарогоҳ гӯён розигӣ додаанд. Ҳол он ки, дар ягон ҳолат замини киштбоб, боғот ва ҳосилхезро чун чарогоҳ истифода намебаранд ва ҳангоми нобудкунии киштзорҳо, боғҳо ва дигар зироатҳои ҳосилдеҳ ба нобудкунандагони он, зараррасонҳои табиат ҷазо муқаррар гардидааст.

Мавзеи Сари Пулаки деҳаи Кул дар баландии назаррабо ҷойгир буда, ҳоло масоҳати зиёда аз 2 га замини ҳамвори киштбобро ташкил медиҳад, ки зиёда аз 1200 бех ниҳоли себаш ба бинанда аз меҳнати бунёдкорони боғ дарак медиҳад.

Вақте ба боғ дохил шудам, дар шохаҳо себҳои гуногунранг намудор ва аз чорпоёне, ки зери дарахтон мечариданд, гӯё дар ҳарос шудаву гирён буданд. Чунки аксари дарахтон аз тарафи чорпоёни дар боғ сайрдошта ва соҳибонашон осеб дидаанд. Танаи дарахтон, шохаҳои себзор аз зарбу лати дандонҳои ҳайвонот осеб дида, меваҳои себ қисме дар замину қисме дар шохаҳо “нола” доштанд. Аз ин вазъияти ногувор соҳиби боғ Қурбонов Ҷӯрабек ҳайрон аст, ки ба кӣ муроҷиат кунад, чӣ хел чорпоёнро аз боғ дур созад, себҳои осебдидаро чӣ гуна ҳифз намояд… Садои ӯро касе то имрӯз нашунидааст.

Чорпоёни зиёде рӯзи ташриф оварданам ба ин мавзеъ дар боғ сайр доштанд. Дар шохаҳои дарахтон аз 15 то 20 кг себ мавҷуд аст, ки ба ҳисоби миёна, агар 1200 бех себ ҳар яке 10 кг себ дошта бошад, ҳамаи ҳосил зиёда аз 12 тоннаро ташкил медиҳад. Ин ба хоҷагӣ, ба мардум то 40 000 (чил ҳазор) сомонӣ даромад медод. Дар ин замоне, ки Пешвои миллат ба ҳар як шаҳрванд муроҷиат доранд, то аз заминҳои хоҷагиашон 2-3 ҳосил гиранд, захираи маҳсулоти хӯрокиро зиёд намоянд, ин нобахшиданист, ки зиёда аз 12 тонна себ нобуд гардад.

Вақте ба масъулони Кумитаи замини шаҳри Ваҳдат муроҷиат кардам, инро “саҳван хато шудааст” гӯён, ҷавоб доданд ва “албатта, ислоҳ мекунем” гуфтанд. Ҳол он ки, зарари ба себҳо расонидаи ҳайвонотро ислоҳ кардан ғайриимкон аст. Себҳои осебдидаи “гирён”-ро, ки ба хушкшавӣ рӯй овардаанд, чӣ хел ислоҳ мекунем?

Нисбати масъулоне, ки ба нобудшавии себзор “саҳмгузорӣ” кардаанд, аз ҷумла раиси маҳаллаи Эловари боло Сафарбек, ки дидаву дониста себзорро ба нобудшавӣ овардааст ва сокини деҳаи номбурда Мирзо Қодиров, ки бо зӯргӯӣ ба соҳиби боғ майдонро ба чарогоҳ табдил додааст, бояд чораи ҷиддӣ андешида шавад. Сабабгорони асосии ин ҳолати ногувор, яъне ба нобудшавӣ овардани боғи дилрабои Сари Пулак бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Оё чунин шахсони ба табиат зараррасон дар ҷойе ягон ниҳол шинонида бошанд?

Барои одамӣ се чиз нишона:

Наку фарзанду баъд бунёди хона.

Дарахтеро ба ҳосил парваридан,

Бувад аз мо нишони ҷовидона.

Аз масъулон чораандешии корро пурсонам, то Ҷӯрабеки сарсон дигар ҳайрон нашаваду себҳои “гирён” ба ханда рӯй оваранд.

Ҷамолиддин ҶАЛОЛИЁН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь