Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Юсуф Раҳмон Аҳмадзод
Мехоҳам бо Шумо дар рӯзи қабули шаҳрвандон суҳбат кунам ва ҳолатҳои зиёди коррупсионии тафтишоти пешакиро ифшо созам.
Муҳтарам Прокурори генералӣ, ман сокини деҳаи Селгаи ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷ мебошам. 30 сол собиқаи муаллимӣ дорам, соҳиби 4 фарзанд буда, ҳоло бо кори деҳқонӣ зиндагии аҳли оилаамро пеш бурда истодаам.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шуморо ҳамчун шахси дар касби хеш донишманд, адолатпеша ва дар мубориза бо хатару таҳдидҳои дохилию беруна бар зидди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қавӣ эътироф намуда, вазифаи бениҳоят пурмасъулият ва муҳим-ҳимоя аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро бовар кардаанд.
Муҳтарам Прокурори генералӣ, аз мушкилоти ба сари хонаводаамон омада навишта истода, умед ба дониш, хирад ва касбияти шумо менамоям, ки танҳо шумо метавонед “Ҳақро ба ҳақдор бирасонед”. Тавре Президенти кишвар ҳам дар сӯҳбатҳояшон зикр кардаанд, “ муҳим, зиндонӣ кардан нест, балки мӯйро аз хамир ҷудо кардан аст”.
Сухан сари он меравад, ки як сол боз писарам Наботов Усома Иброҳимович, соли таваллудаш 1998 аст, бо тӯҳмат пушти панҷараи зиндон аст. Муфаттиши ШВКД дар ноҳияи Панҷ Одиназода Алиҷон тӯҳмати мазкурро либоси расмӣ пӯшонида, нисбат ба писарам Наботов Усома Иброҳимович бо моддаи 139, қисми 4, банди “а” КҶ ҶТ парванда оғоз кард.
Муҳтарам Прокурори генералӣ, асли тӯҳмат ин аст, ки санаи 25-уми июни соли 2023 гӯё писарам Наботов Усома бо набераам Наботов Ёсин, соли таваллудаш 2015, (писари фарзанди калониам Наботов Бахтовар) алоқаи ҷинсӣ карда бошад. Тӯҳмат аз тарафи келинам Бухориева Зарина (модари Ёсин) ва аммаи ӯ Осимова Хайринисо, ки бо кормандони милиса дар ноҳияи Панҷ робита дорад, ба писарам бор карда шудааст. Замоне ки писарам дар бинои ШВКД-и ноҳия нигоҳ дошта мешуд, Осимова Х. аз мо 70 ҳазор сомонӣ барои аз милиса озод кардани писарам талаб кард. Аммо мо, ки ба бегуноҳии писарам Наботов Усома ва волоияти қонун боварии комил доштем, хостем, аз рӯи қонун санҷиш гузаронида шуда, ҳақиқати ҳол муайян карда шавад ва туҳматгарон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Баъдан мо, ки зиндагии миёнаҳолона дорем, ин қадар маблағи калонро аз куҷо пайдо карда метавонем? Агар маблағ пайдо мекардему пора медодем, шояд ҳоло парвандаи ҷиноятӣ ҳам набуду ин қадар сарсонию ғаму ғурбат ҳам.
Муҳтарам Прокурори генералӣ, дар чанд рӯзе, ки писарам ғайриқонунӣ, бе таъмини адвокат, дар бинои ШВКД нигоҳ дошта шуд, ӯро шиканҷа карда, гуноҳи нокардаро ба сараш бор карданд.
Чаро ман ин қадар ба бегуноҳии писарам Наботов Усома Иброҳимович исрор мекунам? Аввалан ба он хотир, ки мувофиқи санадҳои ташхиси судӣ-тиббӣ, ки ду маротиба-бори аввал санаи 5. 06. 2024, таҳти рақами 1585, аз ҷониби эксперти Маркази экспертизаи тиббӣ-судии вилояти Хатлон Эсанов Қ. Ф. ва бори дуюм 19. 06. 2024 аз тарафи эксперти тиббӣ-судии Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббӣ-судӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон Худоев Т.Х. дар бадани набераам Наботов Ёсин, дар қисмати мақъад гузаронида шудааст, исбот карда шудааст. Дар ҳарду санади тиббӣ-судӣ қайд шудааст, ки “…ҳангоми азназаргузаронии пӯсти атрофи сӯрохии мақъад ва пардаи лӯоби аён ранги муқаррарӣ дорад. Аломатҳои тарқиш, таркиш, хунпечишҳо ва изҳои баъди садамавӣ дида намешавад. Дар вақти муоина бо ректоскоп пардаи лӯобии канали аналӣ ва рӯдаи рост гулобиранги муқаррарӣ мебошад. Тарқиш, таркиш ва хунпечишҳо ва изҳои садамавӣ дида намешавад. Кашишхӯрии ҳалқамушаки сфинктери дарунӣ ва берунии мақъад меъёрӣ мебошад”.
Муҳтарам Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод, санадҳои меъёрӣ ҳуқуқиро, ки аз идораҳои босалоҳияти давлатӣ дода шудаанд, дида, чи гуна метавон бовар кард, ки гумонбаршуда ба чунин ҷиноят даст задааст?
Дар суди вилояти Хатлон, ки бо раисии Мирзозода Н. М. наздики даҳ мурофиа баргузор шуд, писарам Наботов Усома ба судя муроҷиат карда, гуфт, ки нишондоди худиқрориашро дар натиҷаи таҳдид, латукӯб ва шиканҷаи милисаҳо имзо кардааст. Ӯ гуфт: “…баъд аз азобу шиканҷа аз ҷониби милисаҳо муфаттиш Одинаев Алиҷон ба ман “диктават” мекард ва ман аз рӯи гуфтаҳои ӯ амал карда, дар коғази пешниҳодшуда худамро гунаҳкор менавиштам, аммо дар асл ман гунаҳкор нестам. Адвокат Сабуров ба ман ягон хел ёрии ҳуқуқӣ нарасонидааст ва ҳатто ёрии ӯро дар тафтишот низ ҳис накардам”.
Экспертҳои тиббӣ-судӣ ҳам дар мурофиаи судӣ иштирок карда, хулосаҳои дар мавриди ташхисҳо додаи худ ва солим будани набераам Наботов Ёсинро тасдиқ карданд. Ҳатто келинам Бухориева Зарина зимни пурсиш дар мурофиаи судӣ гуфт, ки ҳевараш (додари шавҳараш) бегуноҳ аст ва илова кард, ки “ман шахсан нисбат ба Усома шикоят накардаам ва аризаи шикоятӣ ҳам нанавиштам. Дар коғазҳои сафеде, ки аз ҷониби кормандони милисаи ноҳияи Панҷ бо даст навишта шуда буд, нохонда, имзои худамро гузошта будам. Ман дар вақташ ва ҳоло ҳам нисбат ба Усома шикоят надорам, вале намедонам чаро милисаҳо ва муфаттиш Одиназода Алиҷон дар ҳуҷҷатҳо манро ҳамчун даъвогару шикоятгар навиштаанд ва ман онҳоро нахонда имзо кардам”.
Муҳтарам Прокурори генералӣ, то охирин лаҳза мо бовар доштем, ки раисикунандаи парвандаи ҷиноятӣ, судяи Суди вилояти Хатлон Мирзозода Н.М. камбудиҳои дар тафтишоти пешакӣ ҷойдошта, ҳолатҳои аз тариқи зуроварӣ ва шиканҷа ба даст овардани “худиқрорӣ”-и боздоштшуда Наботов У., нишондодҳои шоҳидонро ҷиҳати бегуноҳиаш, ҳатто нишондоди худи набераам Наботов Ёсинро дар мавриди ӯро маҷбур сохтани модараш барои туҳмат кардани амакаш ба эътибор намегирад. Ҳатто Наботов Ёсин дар суд гуфт, ки ӯро модараш Бухориева Зарина латукӯб карда, дастонашро ба қувваи барқ мондааст то гӯяд, ки амакаш ӯро таҷовуз кардааст. Наботов Ё. ҳам аз таҳдидҳои модар тарсида гуфтааст, ки амакаш Наботов У. ӯро таҷовуз кардааст. Судя Мирзозода Н. М. ин нишондоди Наботов Ёсинро ҳам ба инобат нагирифта, санаи 9-уми октябри соли 2023 бо ҳукми беасосаш писарам Наботов Усома Иброҳимовичро ба муддати 22 сол дар коллонияи ислоҳии дорои низомаш сахт ҷазо таъйин кард. Баъди чанде ба утоқи кории судя Мирзозода Н.М. даромадем ва сабаби ба эътибор нагирифтани нишондодҳои шоҳидонро пурсон шудем. Судя гуфт, дигар илоҷ надоштам, ба ман фишор оварданд то ин ҳукмро барорам.
Муҳтарам Прокурори генералӣ, магар судя метавонад ҳаёти як одами бегуноҳро ба хотири ба ӯ фишор овардан “сӯзонад”? Пас адолати судӣ куҷо мешавад? Агар ин кори разилонаро дар ҳақиқат писарам Наботов Усома мекард, аҳли оила ва хешу табор розӣ будем, ки ӯро ҳабси якумра мекарданд. Аммо вақте ки ҳама далелҳо ба бегуноҳии ӯ шаҳодат медиҳанд.
Акнун ҳама умедамон ба Шумо муҳтарам Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод, ки қазияи ба сари мо омадаро зери назорати худ хоҳед гирифт ва намегузоред, ки ҳаёти як ҷавони бегуноҳ аз пушти як идда шахсони туҳматчӣ зеру забар гардад.
Муҳтарам Прокурори генералӣ, гуфтаниҳо зиёд аст, ки намешавад ҳамаи онҳоро расонаӣ кард. Аз ин рӯ, хеле хоҳиш дорам, ки бо Шумо дар рӯзи қабули шаҳрвандон рӯ ба рӯ суҳбат кунам ва ҳолатҳои зиёди коррупсионию ғайриинсонии тафтишоти пешакӣ ва мақомоти судии баррасикардаи парвандаи ҷиноятии писарам Наботов Усома Иброҳимовичро ифшо созам.
Бо эҳтиром падари ҷигархун
Наботов ИБРОҲИМ,
Телефон: 935 75 50 59