(ё дасти дарози Бобоазизов боз ба гиребони кӣ мерасад?)

Номаи бетаҳрир

Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Бо шукргузорӣ аз дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатӣ ба маълумоти Шумо мерасонам, ки қаблан ҳам санаи 02 апрел ва 16 майи соли равон ба унвони Олии Шумо дар хусуси қасосгирӣ бо сӯистифода аз мансаб, беадолатӣ, бесалоҳиятӣ, ғайриқонунӣ оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ва бо ҳукми ғайриқонунӣ ба 9 соли зиндон маҳрум кардани фарзандам Ҳусайнзода Шукрулло Хайрулло муроҷиат карда будам.

Муроҷиатҳои ман барои баррасӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида буданд, вале мутаассифона, то ҳол мақомоти прокуратура ва суд маро барои пурсиш даъват накардаанд, то аниқу дақиқ созанд, ки банда бо кадом далелҳо қонуншикании мансабдоронеро, ки қонунро поймол карда беадолатӣ кардаанд, тасдиқ карда метавонам. Ин дар ҳолест, ки агар ман нисбат ба собиқ муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбакзода Дилшод, прокурорҳо Сироҷиддинзода Фирӯз, Раҳматулло Холов ва судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Беҳрӯз Шафо тӯҳмат карда бошам, пас бояд дар назди қонун ҷавоб гӯям.

Муҳтарам Пешвои миллат!

Сабаби ба мақомоти прокуратура даъват накардан ва напурсиданам он буд, ки бо таъсиррасонии Талбакзода Дилшод дидани ариза ва муроҷиатномаҳои ман махсус ба зиммаи прокурорҳо Сироҷиддинзода Фирӯз ва Раҳматулло Холов вобаста карда шуда буд. Маҳз онҳо бо супориши Талбакзода Д. аризаи фармоишии шиносаш Бобоазизов С.Ҳ.-ро иҷро карда, нисбати фарзанди ман Ҳусайнзода Шукрулло Хайрулло бе ягон асоси ҳуқуқӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ӯро ғайриқонунӣ ба мӯҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум карданд.

Ҳолати зикргардида тасдиқ месозад, ки ҳоло ҳам Талбакзода Дилшод дар мақомоти Прокуратура мақсади худро идома дода, натанҳо боварии ман ва аҳли оилаам, балки боварии ҷомеъаро аз волоияти қонун ва баргузор гардидани адолати судӣ зери суол бурда истодааст. Аз ин рӯ, Ҷаноби Олӣ, маҷбур шудам маротибаи сеюм ба унвони Олии Шумо оид ба кирдорҳои коррупсионӣ, бесалоҳиятӣ, қонуншикании рӯирост, қасосгирии мансабдорони номбурда тавассуси рӯзнома муроҷиат намоям.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва бо тамоми ҷавобгарӣ дар назди қонун ба маълумоти Шумо мерасонам, ки мансабдорони номбурда дар иҷрои вазифаҳои тақдирсозашон дасту дили пок надоштанд ва ба ин вазифаҳои тақдирсоз ба тасодуф роҳ ёфта, сазовори боварии Шумо нестанд. Онҳо бо сӯистифода аз ваколатҳои мансабии худ бар муқобили сиёсати адолатпарваронаи Шумо, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, ҳуқуқҳои дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзгардидаи ман ва фарзандамро поймол карда истода, нобоварии ҷомеаро аз волоияти қонун ва адолати судӣ ба миён оварда истодаанд. Таърихи начандон тӯлонии даврони Истиқлолият собит сохт, ки маҳз ҳамин тоифа мансабдорон сабабгори бесарусомонии ҷомеа гардида, мехостанд мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд, то ин ки дар пушти бесарусомониҳо кирдорҳои коррупсионии онҳо ба ҷомеа ва давлат ноайён монад. Қарорҳо, ҳукм ва ҳалномаи судӣ, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд, пойдевори адолати иҷтимоии ҷомеа ва давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, онҳо бояд тибқи қонун ва дар доираи адолат бароварда шаванд. Аммо қарорҳои ба имзорасонидаи собиқ муовини якуми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбакзода Дилшод, прокурорҳо Сироҷиддинзода Фирӯз ва Холов Раҳматулло оид ба оғоз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳукми баровардаи судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шафо Беҳрӯз бар хилофи қонун аст.

Чунин амалу кирдори мансабдорони номбурда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо ба ҳамин монанд қарору ҳукмҳои ғайриқонуниашон ҳазорҳо баҳсҳои (шаҳрвандӣ) маданиро ба ҷиноятӣ табдил дода, ҳазорҳо ҷавонони болаёқат ва бегуноҳро пушти панҷара бурда, садди роҳи солимгардонии ҷомеа гардида, боварии шаҳрвандонро аз волоияти қонун коста гардонидаанд.

Ҷаноби Олӣ, тазаккур бояд дод, ки фармоишгар муовини собиқи раиси ноҳияи Рӯдакӣ, директори ҶДММ “Бодом” Бобоазизов Саид Ҳафизович аст, ки се маротиба бо ҷурмҳои қаллобӣ ва заминфурӯшӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст. Номбурда солҳои 2015-2016 барои маблағгузорӣ ба Ҳизби наҳзати исломӣ аз роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ замин харидорӣ карда, барои ин кирдораш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда буд.

Боварии комил дорам, ки ин бор муроҷиати ман ба Шумо мерасад ва нисбат ба мансабдорони собиқи мақомот Талбакзода Дилшод, прокуророни амалкунанда Сироҷиддинзода Фирӯз, Холов Раҳматулло ва судяи суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Шафо Беҳрӯз чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, мехоҳам дар бораи сабаб ва асоси оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба фарзанди ман Ҳусайнзода Шукрулло Хайрулло ва ба ҳабс гирифтани ӯ маълумот пешниҳод намоям, то бегуноҳии ӯро собит ва амалҳои коррупсионии бархе аз кормандони мақомоти қудратии дар боло зикршударо ошкор созам.

Директори ҶДММ «Бодома» Бобоазизов Саид Ҳафизович, ки пеш ҳамчун муовини раиси ноҳияи Рудакӣ дар содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ, сӯистифода аз мансаб, хариду фурӯши замин ва тасарруфи пулу моли давлат се маротиба ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуд, кирдорҳои ҷинояткоронаи худро бо чунин тартиб идома дода истодааст. Бобоазизов Саид аз Ҳукумати шаҳри Душанбе Қарори Раиси шаҳри Душанберо аз 8 августи соли 2019 таҳти №475 ба даст оварда, тибқи он қитъаи замини воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаҳои Айнӣ №15 «б» ва Бофанда №10, 12, 14 ноҳияи Шоҳмансур барои сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба ширкати ӯ ҶДММ «Бодома» вобаста карда шудааст. Лекин се сол мешавад, ки ба хариду фурӯши қарори мазкур машғул шуда, онро иҷро накарда, монеаи иҷрои Нақшаи генералии шаҳри Душанбе гардидааст. Номбурда дар асоси Қарори мазкур моҳи августи соли 2022 аз БДА «Амонатбонк»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 2 000 000 (ду миллион) доллари ИМА қарзи мақсаднок гирифта, онро ғайримақсаднок истифода бурдааст ва барои гурехтан аз ҷавобгарӣ дар назди қонун ва пардохт кардани қарзаш нақшаи нави қаллобиро бо чунин тартиб таҳрезӣ кардааст:

Моҳи октябри соли 2022 барои ҳамкорӣ ва маблағи муфт ба даст овардан муовинаш Муҳаммад (Фарҳод) ва Сафаров Фирдавс ном шахсро сафарбар кардааст. Онҳо директори ҶДММ «Ҳаммол транс» Ҳусайнзода Ш.Х.-ро ёфта, ба назди Бобоазизов С. овардаанд. Бобоазизов С. аз ҷавонӣ ва таҷрибаи кофӣ надоштани ӯ истифода бурда, ӯро ба ҳамкорӣ даъват мекунад ва барои бастани шартномаи ҳамкорӣ аз ӯ 200 000 доллари ИМА бо асъори миллӣ талаб кардааст, ки дар ягон банди шартнома пешбинӣ нагардидааст. Бинобар ин, Ҳусайнзода бо директори ҶДММ “Истиқлол 2017” Азимов Саймурод шартнома баста, аз ӯ қисм-қисм 200 000 доллари ИМА-ро бо асъори миллӣ гирифта, ба директори ҶДММ «Бодома» Бобоазизов С. бе ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда додааст. Баъд аз ин, Бобоазизов С. ҳамчун директори ҶДММ «Бодома» бо ширкати Ҳусайнзода Ш. Х. ҶДММ «Ҳаммол транс» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, онро дар Саридораи нотариалии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ба расмият медарорад ва тибқи шартномаи мазкур сохтмони блокҳои «Б» ва «В» ба ширкати Ҳусайнзода Ш. Х. ҶДММ «Ҳаммол транс» вобаста карда шудааст. Ҳусайнзода Ш. Х. аз мақсадҳои ғаразноки Бобоазизов С. Ҳ. пай набурда, барои бартарафсозӣ ва ривоҷ додани корҳои сохтмонӣ аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои дар банди 2.4-и шартномаи ҳамкорӣ доштааш истифода карда, бо якчанд саҳмгузорони сохтмон шартнома баста, онҳо маблағ ва нақлиёти сабукрав пешниҳод кардаанд. Воситаҳои нақлиётро бошад, Сафаров Фирдавс ва Нордонаев Дилошӯб тибқи шартномаи ҳамкорӣ бояд фурӯхта маблағи аз фурӯш ба даст овардаашонро ба хазинаи ширкат ворид мекарданд. Бобоазизов С. баъди як моҳи ба имзо расонидани шартномаи ҳамкорӣ амалҳои қаллобии худро идома дода, шахси дигарро барои ҳамкорӣ ва гирифтани маблағи бисёртар ёфта, барои бекор кардани шартномаи ҳамкорӣ байни ҶДММ «Ҳаммол транс» ва ширкати ӯ ҶДММ «Бодома» аз ваколатҳои мансабии ёру ҷӯраҳои дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ доштааш истифода кардааст. Ӯ бо чунин тартиб Ҳусайнзода Ш. Х.-ро таҳти фишор қарор додааст.

Маротибаи аввал, Бобоазизов С. 1-уми январи соли 2023 аз ёру ҷӯраҳои дар Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доштааш истифода бурда, Ҳусайнзода Ш. Х.-ро дар ин мақомот муддати 5 соат дастгир ва маҷбур карданд, ки ӯ шартномаи бо ҶДММ «Бодома» бастаашро бо хоҳиши худаш бекор намояд, вагарна нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ӯро ба ҳабс мегиранд. Баъди 5 соат кормандони мақомот дарк карданд, ки масъалаи бекор кардани шартнома дар судҳои иқтисодӣ ҳаллу фасл мегардад, на ин ки дар мақомоти мазкур ва бинобар ин Ҳусайнзода Ш. Х.-ро соати 12-и шаб ҷавоб доданд.

Бори дуюм, Ҳусайнзода Ш – ро ба мақомот даъват мекунанд. Телефонҳои ӯро аз дасташ кашида мегиранд ва муддати як моҳ барнамегардонанд. Онҳо бо ин роҳ вайро маҷбур карданд, ки шартномаи ҳамкориро бо ширкати ҶДММ «Бодома» бекор намояд, вагарна нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ӯро ба ҳабс мегиранд. Баъди як моҳ дарк карданд, ки масъалаи бекор кардани шартнома бояд дар судҳои иқтисодӣ ҳаллу фасл гардад ва телефонҳои Ҳусайнзода Ш. Х.-ро баргардонида, аризаи Бобоазизов С.-ро ба Раёсати амнияти шаҳри Душанбе ва баъдан барои санҷиш ба прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол менамоянд.

Маротибаи сеюм, Бобоазизов С. 2-юми феврали соли 2023 бо ариза ба суди иқтисодии шаҳри Душанбе муроҷиат карда, аз суд талаб кардааст, ки шартномаи ҳамкорӣ байни ширкати ҶДММ «Бодома» ва ширкати Ҳусайнзода Ш. ҶДММ «Ҳаммол транс» бекор карда шавад. Дар ин марҳилаи судӣ аризаи ӯ бинобар беасос буданаш бо ҳалнома рад карда шуда, аризаи муқобили даъвои Ҳусайнзода Ш. Х. оид ба бартараф кардани монеъагӣ дар сохтмони биноҳои баландошёна қонеъ карда шудааст.

Маротибаи чорум, Бобоазизов С. 4-уми апрели соли 2023 аз болои ҳалномаи суди иқтисодии шаҳри Душанбе ба марҳилаи кассатсионии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят овардааст. Дар баробари ин барои фишор овардан ба Ҳусайнзода Ш. Х. 17-уми апрели соли 2023 аз ваколатҳои ёру ҷӯраҳои дар Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии ҶТ доштааш истифода бурда, ба воситаи онҳо Ҳусайнзода Ш. Х-ро соати 17 аз утоқи кориаш дастгир карда, ба ин мақомот оварда, як шабонарӯз таҳти фишор қарор доданд, то ин ки ӯ шартномаро бо хоҳиши худаш бекор намояд. Баъди як шабонарӯз нигоҳ доштани Ҳусайнзода Ш. Х. кормандони мақомот дарк карданд, ки масъалаи бекор кардани шартнома бояд дар судҳои иқтисодӣ ҳаллу фасл гардад, аз ин рӯ ӯро ҷавоб доданд.

Маротибаи панҷум, Бобоазизов С. ба воситаи тарафдори худ муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддинзода А. ҳалномаи суди иқтисодии шаҳри Душанберо дар марҳилаи кассатсионӣ бекор карда, аризаи ӯ оид ба бекор кардани шартномаи зикргардида ба марҳилаи аввали Суди иқтисоди шаҳри Душанбе дар дигар ҳайат ирсол гардидааст. Бобоазизов С. ба он нигоҳ накарда, ки баҳси ба тариқи сунъӣ бамиёновардаи ӯ дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад, бо ариза ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардааст, ки аризаи ӯ бо супориши муовини якуми Прокурори генералӣ ҶТ Тоҷикистон Талбакзода Дилшод махсус ба Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.

Раёсат дар асоси далелҳои бофта ва беасоси Бобоазизов С. нисбат ба Ҳусайнзода Ш.Х. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тобеияти тафтишотиро дағалона вайрон карда, парвандаи ҷиноятиро барои пешбурди тафтишоти пешакӣ ба зертобеи худ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд. Дар ин мақомот муфаттиш Боймуродзода Исмоил рӯзи 27.07.2023 тақрибан соати 10 Ҳусайнзода Ш. Х-ро даъват карда, баъди 12 соати дар утоқи кории худ нигоҳ доштан, ӯро соати 11 шаби 27-уми июл ба ҳабси пешакӣ мегирад. Баъди 10 рӯзи ба ҳабс гирифтани Ҳусайнзода Ш. Х. бо мусоидати бевоситаи муовинони раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддинзода Азизбек, бе иштироки Ҳусайнзода Ш. Х., ки дар ҳабси пешакӣ қарор дошт, шикояти кассатсионии ширкати ҶДММ «Ҳаммол Транс» рад карда шуда, ҳалномаи ғайриқонунӣ баровардаи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, ки ба манфиати Бобоазизов С. Ҳ. буд, бетағйир мемонад. Бо ҳамин роҳу восита Бобоазизов С. Ҳ. шартномаи ҳамкориро байни ҶДММ «Ҳаммол Транс» ва ҶДММ «Бодома» бе ягон асоси ҳуқуқӣ бекор карда, ба ин восита нобоварии саҳмгузорони сохтмони зикргардидаро ба тариқи сунъӣ ба миён оварда, бо мусоидати муфаттиш саҳмгузоронро маҷбур кардааст, ки нисбати Ҳусайнзода Ш. Х. бо ариза ба мақомоти мазкур муроҷиат намоянд ва бо ҳамин тартиб дар атрофи Ҳусайнзода Ш.Х. ба тариқи сунъӣ ҷиноят эҷод кардааст.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, бояд қайд намоям, ки директори ҶДММ «Ҳаммол Транс» Ҳусайнзода Ш. Х. дар доираи қонун бо саҳмгузорон шартномаи саҳмгузорӣ бастааст, ки муҳлати иҷрои он то солҳои 2025-2026 муқаррар гардидааст. Ширкати сохтмонӣ бошад, фаъолият карда истодааст ва шартномаҳо аз тарафи ягон суд ва худи шаҳрвандон бекор карда нашудаанд. Баҳси судӣ бошад, байни ширкати ҶДММ «Ҳаммол Транс» ва ҶДММ «Бодома» дар марҳилаҳои дигари судӣ то ҳол идома дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон! Ман ҳамчун ҳуқуқшинос ва ҳимоятгар далелҳоеро, ки ғайриқонунӣ ва беадолатона будани ҳукми судро тасдиқ месозанд, ин ҷо меорам.

Тибқи талаботи банди 1 Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд, судя бояд ҳама гуна масъалаҳоеро, ки дар ҳукм ҳал мегарданд, дар асоси қонун тибқи адолати судӣ ва мутобиқи иродаи ботинии худ ҳамаҷониба, пурра, холисона мавриди санҷиш қарор дода, ҳамаи ҳолатҳои корро дар маҷмӯъ, бе дахолат мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Ҳукми суд тибқи талаботи моддаи 333 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд қонунӣ, асоснок ва одилона бошад. Мутобиқи талаботи қисми 3-и моддаи 372-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми суд танҳо ба он далелҳое, ки дар маҷлиси судӣ тафтиш шудаанд, асоснок карда мешавад. Бо назардошти талаботи моддаи мазкур суд, судя ҳуқуқ надоранд, барои тасдиқи хулосаҳои худ ба далелҳои парванда ё аз ҷониби тарафҳо дар маҷлиси судӣ пешниҳодгардида, ки таҳти тафтиши бевоситаи судӣ қарор дода нашуда, дар протоколи маҷлиси судӣ инъикос нагардидаанд, ишора намоянд. Ҳамзамон, бояд дар назар дошт, ки маълумоти воқеии дар нишондодҳои эълонгардида ва дигар далелҳои парвандаи ҷиноятӣ инъикосёфта, танҳо пас аз санҷиши ҳаматарафаи онҳо дар рафти маҷлиси судӣ метавонанд барои хулосабарорӣ ва қарорҳои қабулнамудаи судӣ асос гарданд. Мутобиқи талаботи моддаи 339 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми айбдоркунанда набояд ба тахминҳо асос ёбад ва танҳо ба шарте бароварда мешавад, ки дар ҷараёни муҳокимаи судӣ гунаҳгор будани судшаванда дар содир намудани ҷиноят бо маҷмӯи далелҳои таҳқиқшуда тасдиқ гардидааст.

Мутаассифона, ин талаботи ҳатмии қонун аз ҷониби судҳои марҳилаҳои гуногун пурра нодида гирифта шудааст, ки нигаронии ҷиддиро ба бор меорад. Суди марҳилаи якум парвандаи ҷиноятиро бар хилофи талаботи моддаи 21 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаматарафа, пурра ва объективона мавриди баррасӣ қарор надода, далелҳои эътимодноки пешниҳоднамудаи моро бобати бегуноҳии судшаванда Ҳусайнзода Ш. Х. нодида гирифта, онҳоро мавриди санҷиши ҳамаҷониба қарор надода, майли айбдоркуниро пеша намуда, ҳамаи гуфтаҳои дар фикри айбдоркунӣ дарҷгардидаро рӯйбардор намуда, ҳукми худро ба тахминҳо асоснок кардааст. Мо нисбати ҳукми ғайриқонунии суди ноҳияи Шоҳмансур дар ҳаққи Ҳусайнзода Ш. ба коллегияи судӣ шикояти кассатсионӣ оварда, дар он норозигии худро баён намуда, ваҷҳҳои бегуноҳии Ҳусайнзода Ш.Х.-ро пурра зикр намудем, аммо Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе бошад, дар таъиноти худ аз 25-уми июни соли 2024, дидаю дониста ба қонуншикании суди марҳилаи аввал чашм пӯшида, бе ягон асоси ҳуқуқӣ ҳукмро бетағйир мононда, ваҷҳу далелҳои қонуниеро, ки дар шикояти кассатсионӣ ва илова ба шикояти кассатсионӣ пешкаши суд карда будем, ба назари эътибор нагирифт. Гӯё онҳо вуҷуд надошта бошанд ва бо ҳамин тартиб санади ғайриқонунии суди марҳилаи якумро бетағйир монд. Тавре аз маводи парвандаи ҷиноятӣ ба назар мерасад, дар қисми асосноккунии Қарори оғози парвандаи ҷиноятӣ аз 30 июни соли 2023 нисбати Ҳусайнзода Ш. Х. муфаттиш далел овардааст, ки гӯё Ҳусайнзода Ш. Х. баъди ба даст овардани ҳуқуқи сохтмон даст ба амалҳои қаллобӣ зада, пинҳонӣ аз Бобоазизов С. Ҳ, бо директори ҶДММ «Истиқлолият 2017» Азимов Саймурод Абдулбоқиевич шартнома оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати бунёди бинои истиқоматӣ баста, аз Азимов С. А. 200 000 доллари ИМА маблағи пулӣ гирифта, тасарруф кардааст. Далели мазкур асос барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳусайнзода Ш. Х. гардидааст.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳолат ва далели зикргардида, 7 моҳ қабл аз оғози парвандаи ҷиноятӣ, яъне 4 феврали соли 2023, бо созишномаи сетарафа байни роҳбари ҶДММ «Ҳамол-транс» Ҳусайнзода Ш. Х., роҳбари ҶДММ «Истиқлолият 2017» Азимов С. А. ва роҳбари ҶДММ «Бодома» Бобоазизов С.Ҳ. ба тариқи маданӣ ҳаллу фасл гардида, тасдиқ карда шудааст, ки маблағи 200 000 доллари ИМА-ро худи Бобоазизов С. Ҳ. гирифтааст, на Ҳусайнзода Ш. Х.

Маҳкумшуда Ҳусайнзода Ш.Х. аз лаҳзаи аввали санҷиши ҳолати мазкур қайд намудааст, ки маблағи дар боло зикргардидаро Бобоазизов С. Ҳ. гирифта буд, на ӯ. Ин ваҷҳҳои Ҳусайнзода Ш.Х. бо ҳуҷҷати расмӣ, яъне шартнома оиди ҳамкорӣ ҷиҳати бунёди бинои истиқоматӣ, ки Бобоазизов С. яке аз тарафҳои фаъоли он буд, тасдиқ мегардад.

Созишномаи мазкур дар мурофиаи суди марҳилаи аввал ва кассатсионӣ расман ба марҳилаҳои гуногуни судӣ пешкаш гардид, лекин судҳо бо ин амали қасдона ва ғаразнокаш ба мақомоти прокуратура хабари бардурӯғ расонидани Бобоазизов С. Ҳ.-ро дидаю дониста, чашм пӯшида, дар ҳукм ва таъиноти судӣ ба ин ҳуҷҷати расмӣ баҳои ҳуқуқӣ надода, нисбати Бобоазизов С. Ҳ., ки аз “ҷабрдида” ба шоҳид табдил ёфтааст, ягон чораи дахлдор наандешиданд. Таҳқиқ ва тафтиши судӣ низ бо майли айбдоркунии Ҳусайнзода Ш. яктарафа ва ғайриобъективона гузаронида шуда, ҳолатҳое, ки барои баровардани ҳукм аҳамияти ҷиддӣ доштанд, муайян карда нашудаанд. Суд дар қисми асоснокунии ҳукм пурра ба фикри айбдоркунӣ такя карда, қайд намудааст, ки “Ҳусайнзода Ш.Х. ва Норсафарзода З. бе мувофиқа бо моликони манзилҳои истиқоматӣ вобаста ба пардохти маблағашон, бе бартараф кардани иншоотҳои дар минтақаи сохтмон мавҷуда ва бе иҷрои корҳои сохтмонӣ, бо роҳи фиреб, дар давраи аз моҳи сентябр то декабри соли 2022 ҷамъ ба маблағи умумии 158 903,6 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллӣ баробар ба маблағи 1 600 246 сомонӣ манзили истиқоматӣ фурӯхта, онро тасарруф карда, ба эҳтиёҷоти шахсиашон сарф намудаанд”. Аммо дар мурофиаи судӣ аз рӯйи далелҳо ва нишондоди худи ҷабрдидагон тасдиқ гардид, ки онҳо маблағи умумии 158 903,6 доллари ИМА, мутаносибан бо асъори миллӣ, баробар ба маблағи 1 600 246 сомониро ба директори ҶДММ “Кайҳон сохтмон” Норсафарзода Зоир додаанд, на ба Ҳусайнзода Шукрулло Хайрулло. Аз ин ҳолат ба назар мерасад, ки роҳбари ҶДММ “Ҳаммол Транс” Ҳусайнзода Шукрулло Хайрулло умуман ба қисми якуми парвандаи ҷиноятӣ ягон муносибат надошт. Баҳси байни Ҳусайнзода Ш.Х. ва Бобоазизов С.Ҳ. бошад, дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дошта, хулосабарорӣ кардан оиди гунаҳгории Ҳусайнзода Ш. бе санҷиши ҳаматарафаи ин далелҳо бармаҳал мебошад. Бинобар ин, муфаттиш беасос оғоз кардани парвандаи ҷиноятиро нисбати Ҳусайнзода Ш. Х. дарк карда, барои ба тариқи сунъӣ гунаҳгор кардани Ҳусайнзода Ш. Х. қисми парвандаро ҷудо карда, дигар саҳмгузоронро ба воситаи Бобоазизов С. Ҳ. ҷалб карда аз онҳо ариза гирифта, бо ҳамин тартиб дар қисми дуюми парвандаи ҷиноятӣ онҳоро ҷабрдида эътироф карда, ба Ҳусайнзода Ш.Х. айб эълон кардааст.

Дар чунин ҳолат мақомоти тафтиши пешакӣ ҳуқуқ надошт, ки бе санҷиши ҳамаҷонибаву объективона нисбати Ҳусайнзода Ш.Х. парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифта, нисбати ӯ бе ягон асоси ҳуқуқӣ ва далели шайъӣ айб эълон карда, ӯро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашад.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, ба ғайр аз ин, қайд кардан бамаврид аст, ки муносибатҳои ҳамкорӣ ва додугирифти роҳбари ҶДММ “Бодома” Бобоазизов С. Ҳ. ва роҳбари ҶДММ “Ҳаммол Транс” Ҳусайнзода Ш. Х. дар асоси Шартнома оид ба ҳамкорӣ ба миён омада, Шартномаи мазкур ҷиҳати бунёди бинои истиқоматии баландошёна аз 8 октябри соли 2022, таҳти феҳристи №1/5н2022-7-10980 дар Саридораи нотариалии давлатии ноҳияи Шоҳмансур ба расмият дароварда шудааст. Дар асоси шартнома Бобоазизов С.Ҳ. бо азму ирода ва ихтиёри худ ҳуқуқи сохтмони 2 адад бинои истиқоматии блокҳои “Б” ва “В”-ро ба роҳбари ҶДММ “Ҳаммол Транс” Ҳусайнзода Ш. дода, худи Бобоазизов С. лоиҳаи шартномаро таҳрезӣ кардааст. Ҳусайнзода Ш. дар асоси банди 2.4 шартномаи ҳамкорӣ ҳуқуқ дошт, ки бе мувофиқа бо Бобоазизов С. Ҳ. саҳмгузоронро барои сохтмони биноҳои истиқоматӣ ҷалб намуда, бо онҳо шартнома бандад, ки ин ҳолат хилофи қонун ва шартнома нест. Ҳусайнзода Ш.Х. дар ин ҷо ягон ҷиноят содир накардааст ва ба Бобоазизов С. Ҳ. ва шаҳрвандон ягон зарари махсусан калон нарасонидааст. Инчунин, дар ҷараёни мурофиаи судӣ аз нишондоди шоҳидон ва ҷабрдидагон бармеояд, ки онҳо пас аз як моҳи ба ҳабс гирифтани Ҳусайнзода Ш.Х. бо даъвати муфаттиш ба утоқи кории ӯ рафтаанд. Муфаттиш онҳоро таъкид кардааст, ки аз болои Ҳусайнзода Ш. Х. ариза нависанд, то ин ки саҳми гузоштаашонро бозпас гирифта тавонанд. Бинобар ин, баъди як ва ду моҳи ба ҳабс гирифтани Ҳусайнзода Ш.Х. шаҳрвандон оид ба зарари дар асл ба миённаомада ва вуҷуднадошта нисбати Ҳусайнзода Шукрулло Хайрулло ариза навишта саҳми худро аз ӯ талаб кардаанд. Яъне муфаттиш аввал дасту по ва фаъолияти кории Ҳусайнзода Ш. Х.-ро баста, ӯро ҳабс карда, аз имконияти ҳимоя кардани худ маҳрум намуда, дар атрофи ӯ нобоварии саҳмгузоронро ба миён оварда, бо роҳи сунъӣ зарар ва ҷиноятро эҷод карда, ба гардани Ҳусайнзода Ш.Х. бор кардааст. Ҳамчунин, дар суд аз натиҷаи баррасӣ гардидани қисми якуми парвандаи ҷиноятӣ тасдиқ гардид, ки аризадиҳанда директори ҶДММ “Бодома” Бобоазизов С. Ҳ. бе ягон асоси ҳуқуқӣ аз “ҷабрдида” ба “шоҳид” табдил ёфта, ягон зарар надидааст ва судро зарур буд, ки парвандаи ҷиноятиро дар пешбурди судӣ тибқи талаботи қисми 1 банди 6 моддаи 27 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мекард. Зеро парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳусайнзода Ш. Х. маҳз дар асоси аризаи ҷабрдида директори ҶДММ “Бодома” Бобоазизов С. Ҳ. оғоз гардида, маълум гардид, ки ӯ ҷабр надидааст.

Роҳбари ширкати ҶДММ “Истиқлол 2017” Азимов Саймурод Абдулбоқиевич, ки номи ӯ дар қарори оғози парвандаи ҷиноятӣ аз 30 июни соли 2023 ҳамчун ҷабрдида дарҷ гардидааст ва гӯё Ҳусайнзода Ш. Х. аз ӯ 200 000 доллари ИМА гирифта тасарруф кардааст, дар мурофиаи судӣ на ба ҳайси шоҳид ва на ба ҳайси ҷабрдида пурсида нашуда, ин ҳолат мавриди санҷишӣ ҳуқуқӣ дода нашуда, нисбат ба ин далел дар ҳукм баҳои ҳуқуқӣ дода нашудааст. Дар ҳукм, хулосаи суд ба ҳолатҳои воқеии кор мувофиқат накарда, далелҳое, ки дар маҷлиси суд таҳқиқ шудаанд, тасдиқ карда нашудааст. Ҳамчунин далелҳои ба ҳам муқобил, ки барои хулосаи суд аҳамияти ҷиддӣ доштанд ва дар баровардани ҳукм таъсири ҷиддӣ расонда метавонистанд, суд онҳоро инкор карда, хулосаи худро дар ҳукм танҳо аз фикри айбдоркунӣ ва нишондоди бардурӯғи “ҷабрдида” Бобоазизов С. Ҳ. дарҷ кардааст.

Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, қайд кардан зарур аст, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати фарзандам Ҳусайнзода Ш.Х. бо фармоиши дӯсти наздики собиқ муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбакзода Дилшод, директори ҶДММ “Бодома” Бобоазизов С. Ҳ. оғоз гардида, бо ҳукми суд ба мӯҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Баъди ба ҳабс гирифтани фарзандам Ҳусайнзода Ш. Х., Талбакзода Дилшод аз пайи бекор кардани мақоми адвокатии ман гардид, то ман аз рафти тафтишот барканор шавам. Бо супориши ӯ яке аз Раёсатҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи фармоишии ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ба унвони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки гӯё ман ҳуқуқи дар мақоми адвокат кор карданро надорам. Бо ҳамин асоси беасос аз 27 сентябри соли 2023 фаъолияти адвокатии ман қатъ карда шуда, Талбакзода Д. маро аз ҳимоя кардани фарзандам Ҳусайнзода Ш.Х. маҳрум кард. Бар замми ин, бо супориши бевоситаи онҳо молу мулки хусусиамро, ки баъди 15 сол дар асоси ҳукм ва дигар санадҳои судӣ аз дасти ҳамсабақони раисони ҶСК ”Тоҷиксодиротбонк” Раҳматзода Қ. ва ҷияни М. Алимардон гирифта будам, ба ҳабс гирифта, фаъолияти кориамро фалаҷ кард. Ҳол он ки молу мулки хусусии ман, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Зардушт-46 ба фарзандам ягон алоқамандӣ надорад. Суди ноҳияи Шоҳмансур шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро нисбати фарзандам Ҳусайнзода Ш.Х. бар хилофи меъёрҳои моддӣ ва мурофиавии Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дағалона баррасӣ карда, писарамро бо ҷинояти сохтаи муфаттиш ба мӯҳлати 9 сол аз озодӣ маҳрум кард. Дар мурофиаҳои судӣ аз нишондоди “ҷабрдидагон” маълум гардид, ки пеш аз ба ҳабс гирифтани Ҳусайнзода Ш. саҳмгузорон бо ӯ ягон даъвои пулию молӣ надоштанд ва онҳоро муфаттиш Боймуродзода И. баъди ба ҳабс гирифтани Ҳусайнзода Ш. ба наздаш даъват карда, бидуни хоҳишашон бо як мазмун аз онҳо ариза гирифта, онҳоро ба таври сунъӣ ҷабрдида эътироф кардаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Шумо оқибатҳои нангин ва хавфноки аризаҳои фармоиширо дар ҷомеъа дарк карда, 13-уми марти соли 2018 ба кормандони прокуратура ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хотима бахшидан ба чунин амалҳои номатлуб дастур ва супоришҳои аниқ дода буд. Аммо боиси нигаронии ҷиддист, ки дастур ва супоришҳои Роҳбари давлатро Талбакзода Дилшод ва дигарон писанд накарда, баръакс аризаҳои фармоиширо иҷро карда, нуфуз ва эътибори мақомоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеа зери суол бурдаанд.

Айни замон ҳукми зиннаи аввали судӣ ва таъиноти марҳилаи кассатсионӣ барои бекор кардан дар марҳиллаи назоратии Суди шаҳри Душанбе қарор дорад ва боварии комил дорем, ки ин марҳила арзу шикоятҳо ва далелҳои боэътимоди моро ба инобат гирифта, ҳукм ва таъиноти марҳилаи кассатсиониро бекор карда, парвандаи ҷиноятиро барои тафтишоти иловагӣ ба Прокуратураи генералии ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуда, маҳкумшуда Ҳусайнзода Шукрулло Хайруллоро аз ҳабси пешакӣ озод менамояд.

Талаб менамоем, ки қазияи мазкур мавриди муҳокима ба баҳодиҳии Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқадорони ҳифзи ҳуқуқи кишвар қарор дода шавад.

Ҳимоятгар Ҳусайнов Хайрулло Фармонович,

тел: 918811577, (падари маҳкумшуда).

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь