Ё худ дасисабозиву тӯҳматгароӣ – ҷазои тақдир!
Ба ҷойи пешгуфтор…
Шайтон ба нафақа мебарояд.
Рӯзе Шайтонро дидам, ки баҳузур хобидаву чанде баъд бархоста, наҳорӣ мекард. Пурсидам:
– Чаро бекор нишастаӣ? Нисфи рӯзи инсонҳо бе ту гузашт.
Абрӯ чен карда, сӯям нимнигоҳе карду гуфт:
– Мехоҳам пеш аз мӯҳлат ба нафақа бароям.
Кунҷкобиам ғолиб омад:
– Магар виҷдонат бедор шудааст ё мехоҳӣ бандагии Худо ба ҷо орӣ!?
– Ин тавр нест. Баръакс, ман дигар он Иблиси пешинаи тавоно нестам. Он чӣ ман шабона бо садҳо васвасаи пинҳонӣ анҷом медодам, инсонҳо дар рӯзи равшан садҳо дасисаи ошкор анҷом медиҳанд. Дигар ба ман ниёзе намондааст.
Шайтон кӯрпаву болиштро гирифта дар гӯшае барои худ ҷои хоб омода кард. Ҳангоме, ки ба ҷояш дароз мекашид, зери лаб ғурғуркунон мегуфт:
– Эй Одам, агар медонистам, ки фарзандони ту ин қадар ҷоҳилу фиребгар, дасисабозу тӯҳматгаранд дар ҳамон рӯзи аввал ба ту саҷда мекардам. Аммо, ҳоло мебинам, ки бадномиаш ба ман мондаасту ҳама кори маро фарзандони ту соҳибӣ кардаанд. Ҳайронам, баъзе аз насли ту дар кинаву адоват, дурӯғу хиёнату бадӣ ин қадар пеш мераванд. Мефаҳмидам, аввалин шуда, ба Одам саҷда мекардам. Афсӯс, ки пушаймонӣ дигар суд надорад! Алами ман аз он аст, ки шумо, инсонҳо, ҳама корро мекунед, ба гардани ман мезанед, «Шайтон аз роҳ зад» мегӯед.
Инро гуфту кӯрпаро ба сараш кашид. Дилам ба ҳолаш сӯхт. Шайтон дар он кунҷ бекор хобида буду ман ғарқи хаёл мондам.
Дунёи хусумату кинаи мӯйсафед
Воқеан ҳам ба ном инсонҳое дар зиндагии мо арзи вуҷуд доранд, ки ҳайфи номи инсонист. Ба нобакорӣ, кинаҷӯӣ, хусумату тӯҳматгарии онҳо Шайтон лол мемонад. Тарс аз ғазаби Худованд надоранду умри дурӯзаи худро сарфи навис-нависи бардурӯғи аъмоли дигарон мекунанд, ҳам худу ҳам дигаронро сарсону саргардон менамоянд. Шояд баъди подоши амалашон пушаймонӣ намоянду ҳама кирдори хешро бар сари ҳамон Шайтон бор карданӣ шаванд. Зеро ин зумра хурд нестанд, ки аз беақлӣ ин кирдорро содир кунанд. Шахси солхӯрда, мӯйсафед…
Ман аз зумраи нафароне мебошам, ки қурбони дасисаҳои чунин мӯйсафедони «боимон»-у «ботақво» шудам. Зиндагии хубу омиёна ва солҳои дароз дар мақомоти прокуратура фаъолият доштам, бехабар аз дасисаи замон ба гирдоби нақшаҳои аҳримании нафаре ғарқ шудам, ки аслан вай бегона набуд ва маҳз бо айби эшон ҳаёти наздики 15 соли ахирам талху доғдор гардид.
Ҳамааш аз он сар шуд, ки собиқ хусурам – сокини шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Навгилем Мирзошариф Раҳмонов аз 14-уми апрели соли 2006 нисбатам қасду хусумат пайдо намуда, аризаҳои тӯҳматангез ва маълумотҳои бардурӯғ навиштанро мақсад гузошт. Банда соли 1996 бо Гулҷаҳон Раҳмонова, духтари номбурда оила барпо намуда, соҳиби ду фарзанд гаштем ва соли 2007 бо сабаби мувофиқ наомадани феълу атвори якдигар бо воситаи суд расман ҷудо шудем. Ман ба дигар зан хонадор шуда, муносибатҳои оилавиро бо Гулҷаҳон Раҳмонова тамоман қатъ намудам. Маҳз аз ҳамон рӯз инҷониб дасисабозиву ниқоргириҳои собиқ хусураму духтараш оғоз гардид. Нахуст ба Прокуратураи вилояти Суғд, баъдан ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «очерк»-ҳои зиёд нисбати ман навишта, ба бадномкунӣ оғоз бахшиданд. Шикоятҳои Мирзошариф Раҳмонов ва духтараш Гулҷаҳон Раҳмонова аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ борҳо мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор дода шуда, бинобар набудани аломати таркиби ҷиноят дар кирдори ман аз оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шудааст. Табиист, ки қонунгузор аъмоли чунин дасисабозону тӯҳматгаронро, ки боиси сарсониву саргардонӣ ва масраф гардидани маблағҳои зиёди буҷавӣ мегардад, беҷазо намемонад.
Ҳамин тавр, алайҳи Мирзошариф Раҳмонов ва Гулҷаҳон Раҳмонова моҳи ноябри соли 2007 аз ҷониби Суди шаҳри Хуҷанд бо аломатҳои моддаҳои 135-136-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тӯҳмату таҳқир парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 11-уми июни соли 2008 бо ҳукми Суди шаҳри Конибодом барои чунин кирдорҳояшон ба мӯҳлатҳои гуногун маҳкум карда шуданд. Бо мурури замон аз файзу баракоти Авфи эълоннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархӯрдор гардида, аз ҷазои муносибашон эмин монданд ва мутаассифона, ба ҷойи дарси ибрат шудан ва шукргузорӣ намудан, боз ба дасисабозиҳо, навиштани тӯҳматномаҳо машғул гардиданд.
Мирзошариф Раҳмонов тӯҳматҳои нав, аз қабили гӯё банда кадом як ҷинояткорро дар хонаам пинҳон медоштаам, барои ба кор қабул намудани фарзандаш маблағи пулӣ пурсида бошам, барои аз маҳбас озод намудани маҳкумшудагон пул талаб намудаам ва даҳҳо афсонаҳо эҷод намуда, мунтазам ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бӯҳтонномаҳои навбатиро менавишт, гӯё аризанависӣ ба машғулияти доимии ӯ, яъне касби ӯ табдил ёфта бошад. Кор ба дараҷае расид, ки банда чун дар прокуратураи вилоят кор мекардам, аз вазифа сабукдӯш ва ба ихтиёри кадрҳо гузаронида шудам.
Шикоятҳои Мирзошариф Раҳмонов ва духтараш Гулҷаҳон Раҳмонова, ки пас аз маҳкум шуданашон дар давоми солҳои 2010-2017 ба мақомоти гуногуни давлатӣ навишта буданд, мавриди санҷиши пурра қарор гирифта, бинобар набудани далелу арқоми воқеӣ тасдиқи худро наёфтанд.
Маро барои кор ба Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фиристониданд. Ин ҳам Мирзошариф Раҳмонову ҳаммаслаконашро ором нагузошта, ба навиштани аризаҳои навбатӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома бахшиданд. Аризаҳо баррасӣ гардиданд, вале тасдиқи худро наёфтанд. Баъди гузаштани ду соли фаъолият, тариқи гузариш маро ба дигар минтақа ба кор нагузарониданд. Дар натиҷаи навиштани аризаҳои тӯҳматбор маҷбур шудам, ки ба унвонии Прокурори генералӣ ариза навишта, ба нафақа бароям. Моҳи марти соли 2013 ба Вазорати адлия ба кор даромадам, он ҷо низ маро ором нагузоштанд. Ба шаҳри Хуҷанд омада, ба ҳайси устоди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон кор кардам, вале Мирзошариф Раҳмонов ва ҳаммаслаконаш ба Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи бардурӯғ навишта, маро бадном карданд. Моҳи декабри соли 2013 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов (ҳоло Бӯстон) ва аз соли 2015 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолияти меҳнатиамро идома доданӣ шудам, вале боз иғвогарон ва дасисабозон маро таъқиб намуда, ором намегузоштанд. Пас аз ин, Мирзошариф Раҳмонов ва ҳамммаслаконаш соли 2016 боз ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2017 ба унвонии Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ман аризаву хабарҳои бардурӯғро оид ба содир гардидани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро расонида, бо ин роҳ шаъну шараф ва эътибори кории маро паст заданд. Хуллас, дар муддати сенздаҳ сол Мирзошариф Раҳмонов ва ҳаммаслаконаш бо маълумотҳои бардурӯғу иғвогаронаашон маро таъқиб намуданд. Аз моҳи августи соли 2015 то моҳи марти соли 2017 бекор мондам ва ба ҳолати ногувори молиявӣ дучор гардидам.
Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки Мирзошариф Раҳмонов гӯё ба ин дунё барои таъқиби ман омадааст, синну соли ин мӯйсафед ба 80 мерасад, вале ба ҷойи фикру зикри дунёи охират ба молу амволи ин дунё чашм дӯхта, зиндагии хешро ба аризаю сафсатанависӣ сарф намуда истодааст. Ин мӯйсафед мебоист, ки фарзандонашро насиҳат мекард, ба тарбия онҳо вақт сарф менамуд, пулу моли ҷамъкардаашро сарфи роҳкирою сарсониҳо ва дари мақомоти гуногун кӯфтанҳо накарда, фикри ободии хонадонашро мекард. Дар навбати худ, вақти пурқиммати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботро бо «афсона»-и хеш намегирифту маблағҳои зиёди буҷа дар ин самт сарф намегардид.
Ниҳоят кор ба ҷойе расид, ки санаи 3-юми октябри соли 2017 дар маҷлиси ошкорои судии Суди шаҳри Хуҷанд аъмоли Мирзошариф Раҳмонов ва духтараш Гулҷаҳон Раҳмонова дар мизони қонун баркашида шуд ва ба эшон тибқи ҳукми суди номбурда ҷазои муносиб таъин карда шуд.
Ҳамин тавр, Мирзошариф Раҳмонов ва Гулҷаҳон Раҳмонова ҳарду бо моддаи 346, қисми 3, бандҳои «а, б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, бо ҳукми Суди шаҳри Хуҷанд аз 3-юми октябри соли 2017 ба Мирзошариф Раҳмонов ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 6 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт, нисбати Гулҷаҳон Раҳмонова бошад, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 5 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шуда, бо дастрасии моддаи 71-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои таъиншуда нисбати Гулҷаҳон Мирзошарифовна Раҳмонова шартан татбиқ карда нашуда, ба ӯ 3 сол мӯҳлати санҷишӣ муқаррар карда шуд.
Ин аст тақдири он нафароне, ки умри шарифи хешро сарфи дасисабозию тӯҳматноманависӣ ба дигарон карда, ба дигарон чоҳ мекобанд, бехабар аз он, ки рӯзе худ ба он меафтанд.
Исохоҷа ЗАЙНИДДИНЗОДА, ҷабрдида, нафақахӯри мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон