Намози шом мешавад, ҳар касе ба хона равонаст, ману набераҳоям ки хона надорем, кадом хона равем?!
Маҷидов Абдулҳамид ном дорам. Синнам ба 76 расидааст. Муаллими забон ва адабиёти тоҷикаму ҳоло ба синфҳои 7-8 аз фанни алифбои ниёгон дарс мегӯям. Фикр мекунам муаллими бад набудаму ва ҳоло ҳам нестам. Чанд шогирдам ба докторию номзадии илм ҳам расидаанд. Соли 1998 дар озмуни “Муаллими сол”-и Ҷумҳурӣ дар шаҳри Исфара ширкат доштам. Шояд кори хубам буд ё навиштани мақолаҳои методию илмӣ ва оммавиам, ки ифтихори номи Аълочии маориф ва матбуоти тоҷик, Муаллими ифтихории мардуми Фархор, аввалин ғолиби озмуни “Ахтари маориф”-и вилояти Хатлон шудам. Аз соли 2011 узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон ҳастам. 5 сол муҳаррири газетаи ноҳиявии “Гулистон” будам.
Дар китобхонаи шахсиям анқариб 7 ҳазор бо забони тоҷикиву русӣ китоб дорам. Китобҳоям аз бехонагӣ дар ду ҳуҷраи (синфхона) мактаби №10 ҷой доранд.
Шояд ҳазор мақола навишта бошам. Онҳо дар газетаҳои “Омӯзгор”, “Минбари омӯзгор”, “Гулистон”, “СССР”, “Пайк”, маҷаллаи “Мактаб” чоп шудаанд. Дар шабакаҳои интернетӣ ба душманони Тоҷикистон вокуниш додаам. Атрофи ҳамаи Паёмҳои Президент андешаҳоямро маҳз барои ҷавонон навиштаам. Ҳашт сол боз аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо милитсия ҳастам. Дар мактабҳо, деҳаҳо, маркази ҷамоатҳо гурӯҳи Шӯрои мо бо ҳама қишрҳои аҳолӣ мулоқоту суҳбатҳо доштему дорем. Насиб будааст бо Президенти азизамон ду маротиба аз наздик мулоқот доштам. Чанд китоб аз китобҳои нодир ба Ҷаноби Олӣ туҳфа кардам. Ин ба он хотир буд, ки суҳбати ману Президенти кишвар танҳо атрофи китобу китобхонӣ буд.
Дар аввалҳои зиндагӣ иҷоранишин будам. Муаллимӣ мекардаму ҳамсари марҳумам колхозчӣ буд. Ману ҳамсарам чанд маротиба ба колхоз ва Ҳукумат барои замини наздиҳавлигӣ ариза навиштем. Ба мо чунин ҷавоб менавиштанд:
“Аз рӯйи имкониятҳо шуморо бо замини наздиҳавлигӣ таъмин мекунем”.
Солҳо сипарӣ мешуданд, лекин ҳеҷ не ки мо соҳиби замин шавем. Соли 2011 барои замини наздиҳавлигӣ пеши раиси ноҳия Ғаффор Шариф рафтам. Ман он шахсро марди бузург ҳисоб мекунам. Он кас гуфтанд, ки мувофиқи амри Президент дар заминҳои обӣ хона сохтан мумкин нест, агар ягон ҷойро донед, ман розӣ.
Гуфтам, ки сатҳи замини мактабамон (№10) хеле васеъ аст. Ҳаётамро дар таълиму тарбияи бачаҳои мардум сарф кардаам. Чӣ мешавад, ки 6 сотихашро аз як кунҷи бинои мактаб дуртар медодед. Он кас гуфтанд, ки дар замини мактаб ҳам хона кардан мумкин нест, лекин наход 6 сотих заминро давлат аз шумо боло донад. Барои ҳамин 6 сотих аз як кунҷи аз бинои мактаб тақрибан 150 метр дуртар, иҷозат доданд. Қарори маҷлиси муаллимонро гирифтам. Шуъбаи маориф ҳам розигӣ дод. Қарори раиси ноҳияро доданд. Сертификат карданд. Чанд сол қабл Кумитаи замини кишвар шаҳраки Фархорро нақшаи генералӣ карданд. Ман аз ҳамон одамҳо хоҳиш кардам, ки ҳамин 6 сотих замини маро аз сатҳи замини мактаб бароранд. Дилашон ба ман сӯхту аз замини мактаб ҳамон 6 сотихро бароварданд.
Дар тӯли 15 сол мо ҳатто атрофи хонаамонро маҳкам накарда будем. Охирҳои соли 2023 Ҷаноби Олӣ дар шаҳри Данғара ба сокинони вилояти Хатлон мулоқот доштанд. Ниҳоят гилаи сахт карданд, ки “Заминҳои мактабро гирифта хона карданд, ҳатто то даромадгоҳи мактаб девор карда маҳкам карданд. Рӯ ба рӯи мактаб масҷид бунёд карданд. Ҳолати ҳамин одамҳоро санҷида бинед”. Аммо ҳолати маро на маориф, на ҳукумат насанҷид, на касе парвои ману набераҳоям дошт. Ҳамаи роҳбарони мақомотҳои ноҳия бо иштироки раиси ноҳия барои чапа кардани хонаи муаллим, касе, ки Президенти кишвар муаллимонро “Хазинаи тилоии мамлакат” номида буд, омаданд. Касе фикре накард, ки хонаи муаллимро вайрон кардан чӣ маъно дорад?
Моҳи декабри соли 2023 буд. Бисёр таваллою зорӣ кардам, гуфтам, модом, ки бо супориши Президент омадед, ман чизе гуфта наметавонам, майлаш чапа кунед, лекин як маслиҳат дорам, вайрон кардан осон. Ҳамин хонаи маро дар баланси мактаб гузаронед, бигузор 6-солаҳо хонанд ё ман китобҳоямро, ки теъдодашон 7 ҳазор аст, китобхонаи шахсӣ мекунам, шогирдон, мардуми гирду атроф китобхон шаванд. Як рӯз амнияти ноҳия қарори раиси ноҳияро оварда бо посбони мактаб дар лаби як канал 6 сотихӣ замин доданд. Сонӣ гуфтанд, ки дар идораи лоҳакаш ва кумитаи замин маблағ месупоред, то ки ҳуҷҷатҳоятонро тайёр кунанд. Дар идораи лоиҳакаш 1641 сомонӣ супоридем, ҳатто чеки пули супоридагиамонро надоданд, дар кумитаи замин бошад 952 сомонӣ супоридем. Чун барои тасдиқи аризаҳоямон пеши собиқ раиси кумитаи замини ноҳия Баҳодур рафтем, он кас гуфтанд, ки замине, ки шуморо доданд, барои манзил нест, онҷо хона накунед.
Аз байн як ҳафта нагузашта архитектори ноҳия Ғоибов Фахриддин ва раиси дастгоҳи раиси ноҳия Абдуллоев Акрам телефонам карданд, ки ба назди хонаат биё. Омадам. Гуфтанд, ки китобҳоятро оварда бошӣ, аз инҷо бигир, ки мо барои ҳамвор кардани хона омадаем.
Бо мошини “Михлопат” ними хонаамро афтонданд. Гуфтам, ки бас аст, ақаллан хиштҳояшро гирам. Аммо чӣ илоҷ. Набераҳоям зор-зор мегиристанду ман низ дар паси девор мегиристам, ки касе набинад. Набераи хурдиам мепурсад:
Бобоҷон, мо куҷо меравем, моро бехона карданд, ту чӣ гуноҳ кардӣ. Ба наберачаам гуфтам, ки бачаҷон гуноҳи мани бобот ҳамин, ки Тоҷикистонамро аз ҳад зиёд дӯст медорам, барои ҳамин хонаамонро чапа карда, шумоёнро бе хонаю дар карданд. Тоҷикистон бузург аст, шуморо бе хонаю дар намемонад.
Вақте бачаҳоямон калон мешуданд бо марҳум ҳамсарам мегуфтем, бачаҳоро хонадор кунем, дар куҷо ҷояшон мекунам? Вақте ҳамин заминро доданду дар ду сол хона кардем, шодиамон ҳадду канор надошт. Мегуфтам, ки акнун бимирам ҳам, дастам аз хок берун. Имрӯз ҳеҷ хел тасаввур карда наметавонам, ки ин чӣ бало буд, ки ба сари мани муаллим омад.
Ҳазорҳо маротиб андеша кардам. Таваккал кардаму ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштам. Баъди ду моҳ аввал ба раиси вилоят ва аз раиси вилоят ба ноҳия ба ман чунин ҷавоб расид:
“Муроҷиати шаҳрванд Маҷидов Абдулҳамид барои баррасӣ фиристода мешавад. Хоҳишмандем аз натиҷааш ба муаллиф муроҷиат ба таври хаттӣ хабар диҳед”.
Муовини якуми роҳбар Ҳаётзода Ф. Ҷ.
Дар домани Сиёҳкуҳ баҳор селборон 192 хонаро вайрон карда буд. Президент тамоми ғамхориҳоро андешид, барои ин мардум масолеҳи хона ва дигар кумакҳо кард. Вақте ба раис мактуб навиштам, ки заминам ҷудо кунед ва чӣ қадар, ки аз рӯи ноҳиядорӣ тавонед, бо маблағ кумакам ҳам расонед, ки ду дар хона карда тавонам. Ҷавоби аризаамро шуъбаи амволи ноҳия ба таври хаттӣ доданд:
“Бояд тазаккур дод, ки айни замон ҳокимияти ноҳия имконияти кумак барои сохтмони хона надорад. Имконият пайдо шавад ҳукумат ё шахсони саховатпеша ба шумо кумак расонида мешавад”.
Ман хуб медонам, ки барои ҳукумати ноҳия имконият ҳеҷ гоҳ намешавад ва ҳам имкониятро нахоҳанд кард.
Акнун ҳадафи сатрҳои навиштаамро мегӯям:
Аввалан ҳеҷ тасаввур карда наметавонам, ки хонаи як нафар муаллимро вайрон кардан чӣ маъно дорад. Дигар ин ки дар ин синну сол хона сохтан бароям хоб асту хаёл. Аз ин лиҳоз аз ҳамаи шумо ҳамватанонам, аз собиқ шогирдонам хоҳиш мекунам, ки барои харидани хонаи одиякак агар тавонанд кумакам кунанд.
Аз мурча мадад гуфтаанд. Ҳукумати ноҳияи Фархор, ки ба дастгирии мани муаллими пир нарасид, шояд ҳаммиллатонам, шогирдонам як сомонӣ кумакам расонанд.
Суроғаи ман:
Фархор, тел: 907-05-73-80
Маҷидов АБДУЛҲАМИД