Ба прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод,
ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим
Муҳтарам роҳбарон мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” аз 29.12.2010 №675 ман маъюби гуруҳи дуюм, имтиёздори ҳуқуқӣ истифодаи ройгони автобусҳои мусофирбари шаҳрӣ ва байни шаҳрию ноҳиявӣ мебошам. Аз ин қонун соли 2018 огоҳ шудам ва аз он рӯз то имрӯз аз автовагзали ш.Душанбе то н. Панҷ ройгон сафар мекунам. Вале ин қонун то ҳанӯз дар терминалӣ мусофирбари н. Панҷ амалӣ нашудааст.
Ҳар рӯз 2-3 автобус ба ш. Душанбе мераванд, вале дар терминал барои мусофирбарон чипта фурӯхта намешавад. Ронандагони автобус ва ё ёрдамчиашон пули роҳкирои мусофиронро худ мегиранд. Ман ба ҳуҷҷати имтиёзиам худро муаррифи мекунам, аммо аксари ронандагон рӯйтурш намуда норизоёна мегӯянд, ки ин ба мо дахл надорад.
Борҳо ба масъулини терминали н. Панҷ муроҷиат намудам. Ҳафт сол боз як суханро мегӯянд, ки аз тарафи ягон ниҳод ба мо пешниҳод ва ё дастури хизмати ройгони имтиёздор пешниҳод ва ё супориш нашудааст, ва ин имкониятро надорем.
Борҳо бо сабаби истифодаи ҳуқуқи имтиёзнок барои сафари ройгон ба ш. Душанбе, ки ман маъюби гуруҳи дуюм ҳастам, бо ронандагони автобусу кормандони терминал ба ҷанҷолу нофаҳмиҳо гирифтор шудам.
Бори охирон 24-уми сентябри ҳамин сол байни ману ронандаи автобуси рақами 676 ки Исмоил Неъмат ном дорад, нофаҳми сар зад. Яъне ман вақте, ки ба ӯ аз имконияти ба маъюбон дода шуда гуфтам ӯ маро аз нақлиёт фаровардани шуд. Ӯ гуфт:
-Ҳаққи роҳкироро бидеҳ ё аз автобус фаро.
Ман ночор 50 – сомонӣ маблағи роҳкироро барояш супоридам.
Ҳар сол ман тақрибан чор панҷ маротиба ба шаҳри Душанбе сафар дорам.
Дар ин хусус ду маротиба ба номи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон арз карда будам. Ду маротибаи дигар шифоҳи ба сардори раёсати нақлиёти руйзаминии ҳамин вазорат муроҷиат кардам. Огоҳам, ки аз пушти арзу шикоятҳои ман санҷиш гузаронда шуда буд, вале бенатиҷа монд.
Чаҳордаҳ сол пеш қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” бо имзои Пешвои миллат, Президенти кишвар қабул шуда буд. Вале то ҳанӯз дар сохтор ва ниҳодҳои зертобеъи Вазорати нақлиёт пурра баҳукми амалу иҷро наомадааст.
Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки ҳуқуқи мо мусофирон, маъюбони имтиёзнокро таъмин намоед. Ва маблағе, ки дар вақти амали қонун зӯран ҳамчун роҳкиро, ронандагони автобусҳо ҳангоми сафар аз ноҳияи Панҷ то ба шаҳри Душанбе аз ман ситонидаанд баргардонанд.
Абдуллоев УМАРАЛЛӢ, сокини деҳаи Селгоҳи ноҳияи Панҷ, маюби гуруҳи дуюм