Ба таваҷҷуҳи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ
Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии ҶТ, муҳтарам Раҳмон Юсуф
Ба таваҷҷуҳи Раиси Суди Олии ҶТ, муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён
Ба таваҷҷуҳи Раиси Суди шаҳри Душанбе, муҳтарам Гиёзода Мирзоисмон
Ман Нурова Таҳмина, ҳамсари Эгамов Ҳомидҷон буда, сокини шаҳри Ҳисор, кӯчаи Маъсумӣ, хонаи 38 мебошам. Айни ҳол шавҳарам дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Чун дар иҷора иқомат мекардем ва чор фарзанди ноболиғ доштам, тасмим гирифтам, ки ҳамроҳи шавҳарам ба Федератсияи Русия рафта кор кунем ва барои худ хона харем. Ҳамин тавр, соли 2009 дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Лаби соҳил хонаи 1, ҳуҷраи 64-ро харидорӣ намудем. Манзили мазкур баҳсӣ шуд ва мо, ки дар чаҳорчӯбаи қонун манзилро харидорӣ намуда будем, суд баҳсро ба тарафи мо ҳал кард.
Бо ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсӣ аз 8-уми июли соли 2014 даъвои мо нисбати Ёров С. З. ва ҶДММ “Мовароуннаҳр” оид ба бекор донистани шартномаи иловагӣ аз 12.03.2010 байни ин ширкат ва Ёров С. вобаста ба манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Лаби соҳил, хонаи 1, ҳуҷраи 64 қонеъ карда шудааст. Ҳалномаи мазкур дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералӣ мавриди муҳокимаи назоратӣ қарор гирифта, қонунӣ ва асоснок будани он тасдиқ гардида буд. Дар ҳамаи санадҳои судӣ оид ба баҳси мазкур ман баён намуда будам, ки ба Ёров С. ягон намуди забонхат нанавиштаам, инчунин кормандони ширкати “Мовароуннаҳр” низ набудани забонхатро тасдиқ карда буданд.
Баъди аз ҷониби Суди Олӣ санҷидани ҳалномаи мазкур бо дастуру тавсияҳои кормандони ширкат соли 2015 манзили харидоринамудаамро ба шаҳрванд Сидиқова Дилафрӯз фурӯхтам ва номбурда аз сари нав бо ширкати “Мовароуннаҳр” шартнома баста, манзилро қабул намуд.
Акнун, баъди он, ки роҳбари ширкати мазкур Охунов бо он фиребгариву ноадолатиаш нисбати мардум пас аз солиёни зиёд аз маҳбас озод шуд, бо ҳаммаслакаш Ёров С. З. аз номи шавҳарам забонхати қалбакӣ тартиб дода, ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ оид ба ҳолатҳои навошкоргардида пешниҳод намудаанд. Судяи Суди ноҳияи Фирдавсӣ Тиллозод М. Б. ягон ҳолатро носанҷида, талаботи моддаи 381-и КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дағалона поймол намуда, парвандаро наомӯхта, онро сарфи назар карда, баъди гузашти 6 сол бо таъинот аз 30-юми декабри соли 2019 ҳалномаи Суди ноҳияи Фирдавсӣ аз 8-уми июли соли 2014-ро бекор кардааст.
Баъди ин ҳолат, Охунов аз фурсати муносиб ва кирдорҳои қаблан касбкардааш, ки зиёда аз садҳо нафар шаҳрвандонро фиреб намуда, пулу моли онҳоро аз худ карда буд, истифода карда, манзили истиқоматиро муҳр мегузорад ва даромаду баромади Сидиқова Дилафрӯзро бо аҳли оилааш маҳдуд месозад. Сипас, ба шартномаи иловагии 20.11.2007 ва 09.01.2015, ки байни ҶДММ “Мовароуннаҳр” ва Сидиқова Дилафрӯз баста шудаааст ва Дилафрӯз дар манзили истиқоматӣ бо хешу наздиконаш зиндагонӣ карда истодааст ва тамоми чизу чорааш дар ин манзил қарор дорад, нигоҳ накарда, Охунов Т. ғайриқонқунӣ бо ҳамроҳии Ёров С. вориди он гардида, Ёров С.-ро бо аҳли оилааш дар ин манзил ҷой кардааст.
Бо як кирдори ғайриқонунии судя Тиллозод М. Б., ки талаботи қонунро сарфи назар карда, ҳалномаи қувваи қонунидоштаро баъди гузашти 6 сол бекор кард, чӣ қадар сарсониву саргардонӣ ва ҳатто ҷиноят содир шуд. Чӣ хел ҳалномае, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 қабул гардидааст ва тамоми зинаҳои судӣ ва қонунӣ асоснок будани онро санҷида исбот кардаанд, бо як забонхате, ки аз куҷо пайдо шудааст, ҳол он ки ман онро нанавиштаам ва чӣ будани он ба ҳеҷ кас маълум нест, судя Тиллозод ҳалномаро бекор кардааст. Ин амалҳои судя аз шарик буданаш бо Охунов дарак медиҳад. Аз ин амалҳои Тиллозод М. Б. чандин нафарон сарсону саргардон шудаанд, аз ҷумла зиндагонии ороми мо низ халалдор ва ноором гаштааст. Сидиқова Д., ки ӯро аз манзили истиқоматиаш пеш кардаанд, ҳар рӯз ба хонаам омада, маблағи хонаи харидаашро талаб дорад. Ман дигар намедонам аз ин беадолатии судя чӣ кор кунам ва ба куҷо муроҷиат намоям? Ҳатто ба Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олӣ ариза навиштем, аммо аз Суди Олӣ як посухе ба мо доданд, ки хандаи кас меояд. Дар он гуфта шудааст, ки тарафҳо ба маҷлиси судӣ ҳозир нашуданд, ҳол он ки, ягон даъватномаи судӣ аз вақт ва маҳали баррасии он ба мо наомадааст.
Аз ҳама ҳолати аҷоибаш боз дар он аст, ки Ёров С. санаи 14.06.2017 ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ оид ба эътирофи соҳибмулкиаш дар мавриди ҳамин манзили баҳсӣ ва беэътибор донистани шартномаи иловагӣ аз 09.01.2015 муроҷиат карда буд ва ҳамаи ваҷҳҳои дар ҳамон аризааш овардашуда дар таъиноти судя Тиллозод аз 30.12.2019 дарҷ гардидаанд. Инчунин, ин ваҷҳҳо аллакай соли 2015 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокимаи назоратӣ қарор дода шуда буданд ва онҳоро Суди Олӣ рад намуда буд. Агар судя Тиллозод адолати судиро каме ҳам риоя мекард, боре ҳам шубҳа накард, ки чаро забонхат соли 2014 ва 2017 пайдо нашуд ва маҳз соли 2019 пайдо гардид? Судя Тиллозод забонхати пешниҳоднамудаи ширкати “Мовароуннаҳр”-ро, ки асли он вуҷуд надорад, оид ба ин ҳолат ягон шоҳид нишондод надодааст, хулосаи ягон мутахассис ҳам ҷой надорад, аз тарафи идораи нотариалӣ тасдиқ нашудааст, эътироф карда, моро ба маҷлиси судӣ даъват накарда, ҳалномаро бекор кардааст. Аммо забонхати маро, ки ба воситаи намояндаам пешниҳод кардаам, эътироф намекунад. Судя Тиллозод М. мақомоти судиро ба бозор табдил додааст. Ҳамон забонхати қалбакиро судя Тиллозод далел эътироф карда, ҳалномаи соли 2014-ро бекор кардааст, ки ҳатто фурӯшандаҳои бозор чунин забонхатро эътироф намекунанд. Акнун қазоват кунед, ки аз соли 2014 то соли 2015 тамоми зинаҳои судӣ, аз Суди ноҳияи Фирдавсӣ сар карда, то Раёсати Суди Олӣ ва Прокуратураи генералӣ баҳси мазкурро санҷида, тамоми далелҳоро ҷамъ карда, хулосаи дурусти худро бароварданд, аммо судя Тиллозод М. баъди гузашти шаш сол кори яксолаи зинаҳои судӣ ва Прокуратураи генералиро инкор кард ва санадҳои қабулнамудаи онҳоро нодуруст ва беасос хонд. Магар ҳамин аст адолати судӣ? Оё чунин ҳолатҳо ба мақомоти судӣ доғ намеоранд? Магар ин ҳолатҳо боварии мардумро аз ҳокимияти судӣ дур намесозанд? Аз ин амалҳои судя Тиллозод маълум аст, ки номбурда худ мақомоти судиро эътироф намекунад, ба он боварӣ ҳам надорад ва аз пушти тағоҳояш шуда, кори давлатро инкор мекунад.
Ба ҳамин хотир, аз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Суди Олии кишвар, раиси Суди шаҳри Душанбе ва Прокурори генералӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки парвандаи моро як бори дигар аз назар гузаронанд ва ҳақро ба ҳақдор расонанд.
Таҳмина НУРОВА,
Ҳомидҷон ЭГАМОВ