Ба Прокурори генералии ҶТ, генерал–полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод
17-уми сентябри соли равон набераам Соҳибов Ҳабибуллоҳро, ки дар мактаби № 28-и деҳаи Саидқалъа, ҷамоати деҳоти Истиқлол дар синфи дуюм мехонд, падараш Соҳибов Набиҷон Абдуваҳобович дуздида ба мошин савор карда бурд.
Аслан 17.10.2020 Ҳабибуллоҳ бо ҳамроҳии писарчаи ҳамсоя Комрон ба мактаб рафта буд. Камтар пас ба телефони ман муаллимаи мактаб Маҳбуба Каримова занг зада, оиди бо роҳи зӯроварӣ набераам Ҳабибуллоҳро бо мошини сиёҳ дуздида рафтан гуфт. Ман зуд ба мактаб ва баъдан ба ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен ва инчунин Прокуратураи ноҳияи Спитамен муроҷиат кардам. Дар рафти санҷиш маълум гашт, ки набераам Ҳабибуллоро падараш Соҳибов Набиҷон бо роҳи зӯроварӣ ба мошини тамғаи “Мерседес Бенс” 0651 02, ки ба шаҳрванд Алиакбаров Бобоҷон тааллуқ доштааст, бо ҳамроҳи Мансур ном шахс бо роҳи маҷбурӣ бор карда бурдаанд. Ин ҳолатро Наргиза ном ҳамдеҳаамон ҳамчун шоҳид тасдиқ мекунад.
Аз суханҳои ҳамдеҳаамон Акмал ва додари ӯ Набиҷон, гӯё ҳамроҳи набераам ба Федератсияи Русия сафар кардааст. Онҳоро ҳамдеҳаамон Атабоев Даврон то шаҳри Исфара, минтақаи наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон роҳбарӣ намудааст. То имрӯз ҳамчун парастор ман ё ҳамсарам ва модари ноболиғ – духтарам Гулноза аз ҳолу аҳволи Ҳабибулло бехабарем. Аз ин рӯ, ягона умедонамон мақомоти Прокуратураи генералӣ аст, ки дар ин муаммои сарбаста “қилро аз хамир ҷудо карда”, набераамро, ки қонунӣ ман ҳамчун бобо ба парасторӣ гирифта калону мактабхон карда будам, боз ба худам бармегардонад.
Духтарам Гулноза Ахмедова соли 2010 бо Соҳибов Набиҷон оила барпо кард. Дар ҳамон вақт дар курси дуюми Коллеҷи тиббӣ мехонд. Оилаи Соҳибовҳо ваъда доданд, ки таҳсилоти духтарамро ба Федератсияи Русия, шаҳри Томкс перевод мегиранд ва ӯро баъди тӯй ба ФР, вилояти Сургут, шаҳри Нефтюганс гирифта рафтанд. Аммо бо ҳар гуна баҳонаҳо барои идомаи таҳсилоташ монеъ шуданд. Маҷбур шудам, ки соли академӣ барои духтарам гирам.
24-уми июни соли 2011 набераам Ҳабибуллоҳ ба дунё омад. Аммо баъдан маълум шуд, ки ба домодам духтарам не, танҳо фарзандаш даркор будааст.
Духтарам 25-уми июн занг зад ва гуфт: “Падарҷон, маро гирифта равед будаст, ман ба шавҳарам даркор набудиям”. Ман дарҳол бо ҳамсарам Ҷумабоева Гулбаҳор ба хонаи падару модари домод рафтам. Ба хусури духтарам – Соҳибов Абдуваҳоб ҳолати корро фаҳмондем. Ӯ ваъда дод, ки “фарзанду набераатонро сиҳату саломат ба ватан бармегардонам, дилпур бошед”. Баъди ваъда 26-уми июн ба хона омад ва гуфт: “Духтаратон ва набераатонро баъди гузаштани чиллааш меоваранд”. Августи соли 2011 духтарам бо хушдоманаш ба ватан баргашту таҳсилоти худро давом дод.
Аммо 26-уми октябри соли 2011 ба ман аз рақами Русия занг шуд. Гӯширо бардоштам, ки духтарам гуфт: “Падарҷон, моро аз Русия гирифта равед”. Ҳайрон шудам, ки ӯ дар Тоҷикистон таҳсилашро идома дода истода буду чӣ хел боз ба Русия рафтааст!? Маълум гашт, ки ӯро 16-уми октябри соли 2011 бо роҳи фиреб барои имзо мондани шаҳрвандияш падару модари Соҳибов Набиҷон ба Федератсия Русия равон карда будаанд.
Аз фурудгоҳ дар Федератсияи Русия духтарамро шавҳараш Соҳибов Набиҷон пешвоз гирифта, аз дасташ писарашро кашида гирифта, худи ӯро латукӯб карда, дар ҳамон ҷо монда рафтааст. Духтарам дар ҳолати асабхаробӣ писарашро кофта ёфтааст, вале дере нагузашта танҳо барои шири модарӣ додан ба кӯдак ӯро ба хона даровардааст, дар дигар вақт бошад, ӯро аз хона пеш кардааст.
Аз рӯи гуфти духтарам, шавҳараш ӯро баста монда, танҳо дар вақти шир додан ӯро озод мекардааст. Дар вақти ба кор рафтани Соҳибов Набиҷон духтарам ва набераамро дар як хона маҳкам карда, барои ба ҳоҷат рафтанаш як тағора, барои хӯрданаш хӯрока монда мерафтааст.
Бо ҳамсарам ба хонаи падару модари Соҳибов Набиҷон якчанд маротиба рафтам ва бо як илоҷ аз онҳо барои занг задан ба Соҳибов Набиҷон илтимос кардем. Ҳамсарам бо домодамон суҳбат кард. Дар суҳбат ӯ бо овози баланд гуфт: “Ман ҳаққи шири модарии духтаратонро додагиям, ман ӯро харидам ва ман худам медонам бо ӯ ва фарзандам чӣ кор кунам”. Ва телефонро хомӯш кард.
Дидам, ки ҳаёти духтару набераам зери хавф аст, ба ҷамоат муроҷиат кардам. Дар ҳамон вақт раис Турсунов Мансурҷон буд. Ба ӯ ҳолати корро фаҳмонидам ва ӯ ба муовинаш Собиров Мамадҷон супориш дод, ки рафта ба вазъият равшанӣ андозад. Аз гуфти Собиров, волидони домодам аз ҳолати кор ягон хабар надоштаанд ва ҳамааш хуб будааст.
Дар моҳи май ё июни соли 2012 низ бо роҳи фиреб Соҳибов Набиҷон духтарамро бо писараш ба амбулаторияи маҳаллӣ равон карда, аз он ҷо кӯдакро медуздад.
Аз гуфтаҳои духтарам, собиқ шавҳараш Соҳибов Набиҷон доим ӯро ба имзо мондан ба ҳуҷҷате, ки ӯро аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум мекунад, маҷбур ва латукӯб мекардааст. Инро ҳолатро шунида ба духтарам пули даркориро фиристодам ва ӯ бо ёрии Турсуной ном зани қирғиз ба ватан баргашт. Таҳсилоташро барқарор кардам ва аз курси 3-юм таҳсилоташро давом дод.
Соли 2014 бо ҳалномаи Суди ноҳияи Спитамен духтарам ҷудо шуд. Дар миёни чор сол гӯё муаммо ҳал шуда буд. Аз рӯи талаботи қонун ҳамаи ҳуҷҷатҳоро тахт карда, набераамро расман ба парасторӣ гирифта будам. Аммо соли 2018 домодам ба аризанависию шикоят кардан сар кард ва кор аз МИҲД-и ноҳия то суд рафт.
19-уми феврали соли 2020 аз почта аризаи даъвогии домодам ба хонаи ман омад. Аризаи даъвогиро гирифта ба суд рафтам. Котиби суд Абдураҳмонзода Исмоилзода Даврон маро қабул карда, гуфт ки судя Абдураҳмонзода бемор, аз ин сабаб ба кор наомадааст, ба кор биёяд, маро даъват мекардааст.
9-уми июни соли 2020 судя Абдураҳмонзода ба ман занг зад ва гуфт, ки нусхаи шаҳодатномаи таваллуди кӯдак Соҳибов Ҳабибуллоҳро бурда диҳам. Ман сабаби барои чӣ даркор будани нусхаи шаҳодатномаи таваллудро пурсидам, вале ӯ хавотир нашуданам ва ҳоло ягон қарор набароварданашро гуфт. Ман нусхаи шаҳодатномаи таваллуди кӯдакро ба судиҷрочии калони ноҳияи Спитамен бурда додам.
Аммо 22-юми июни соли 2020 адвокати духтарам Абдунабиев Хуршед занг зада гуфт, ки судя Абдураҳмонзода ҳалномаи судиро дар якуми майи соли 2020 баровардааст. Ман дар ҳайрат мондам, ки чӣ хел дар маҷлиси судӣ иштирок накарда ва ҳатто хабар надошта, ҳалнома мебарорад? Магар чунин ҳам мешавад? Чаро судя дидаю дониста чунин муаммои ҷиддиро, ки гап сари тақдири ноболиғи овора меравад, ҳал мекунанд? Магар онҳо фарзанд надоранд, ки ҳолати як модари аз ҷигарбандаш иҷборӣ маҳрумгаштаро дарк намекунанд? Магар ҳамин аст адолати судӣ, ки халқ ба ин “афсона” бовар дорад? Шояд ин ҷо сирре бошад, ки тақдири ману набераам бе иштироки дуи мо дар мурофиаи судӣ ҳал шудааст? Шояд ин ҷо омили коррупсионӣ бошад, ки бе парастори қонунӣ тақдири кудакро ҳал мекунанд? Агар Абдураҳмонзода бе иштироки мо ҳалнома намебаровард, мо ин хел сарсон ва кӯдак “дуздида” намешуд. Магар ин зан фарзанд надорад, ки ҳоли духтари маро эҳсос намекунад? Охир як ноболиғ имрӯз аз ду чизи азиз – модар ва ватан ҷудо аст.
23-юми июни соли 2020. Навбатдор бо ишора маро нишон дод. Он судя бо асабонӣ ва дағалӣ гуфт: “Ба ман чӣ хизмат? Чаро шумо ба раис аз болои ман шикоят кардед?”. Баъдан маълум шуд, ки ин судя Абдураҳмонзода будааст. Ман ба ӯ гуфтам, ки адвокат Абдунабиев Хуршед оид ба ҳалномаи судро бе иштироки ман бароварданатон гуфт. Судя маро ба кабинеташ дароварда, пурсид: “Набераатон дар дастатон?”. Ман “бале” гуфтам. Судя гуфт: “Ман ӯро кашида гирифтагим не, хафа нашавед, аз рӯи қонун кор кардам”. Баъд ман ба дасти Абдураҳмонзода қарор дар бораи васояти кӯдакро додам. Ӯ бо дағалӣ гуфт, ки “ин дар пеши қарори суд ҳеҷ чиз не, як қоғази хушку холӣ аст”. Инро гуфту қарор дар бораи васояти кӯдакро ҳаво дод.
Абдураҳмонзода чанд қоғазро пешам гузошта, хоҳиш кард, ки ба як-ду ҷой имзо монам, вале аз нобоварӣ нисбати ӯ имзо намондам.
Санаи 08.07.2020 ман аз ҳуқуқҳои худ истифода бурда, бо ариза оид ба шинос шудан, иқтибос гирифтан аз парвандаи гражданӣ аз судя хоҳиш кардам, вале на ба ман, на ба адвокати ман иҷозат надоданд. Ман ҷанҷол кардам. Абдураҳмонзода ба Исмоилзода Даврон супориш дод, ки аз парванда нусха гирифта диҳад. Ӯ танҳо нусхаи шаҳодатномаи таваллуд ва шиносномаро дод. Баъд ман маҷбур шудам адвокати дигар гирам. Адвокат Ҳакимӣ Фирдавс парвандаро гирифт ва онро омӯхта баромад. Дар парванда протоколи маҷлиси судӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ мавҷуд набуд. Санаи 21.07.2020 шикояти кассатсионӣ навишт. Санаи 06.05.2020 эрод нисбат ба протоколи маҷлиси судӣ аз санаи 01.05.2020 навишт. Санаи 17.08.2020 боз шикояти кассатсионӣ навишт, вале бенатиҷа.
Инчунин, ба Прокуратураи вилояти Суғд ариза навиштем, вале беҷавоб монд. 08.09.2020 маро ба мақомоти Суди вилояти Суғд даъват карданд, соати 8:30 бо гувоҳам рафтам. Соати 9:00 регистратсия кардам. Соат 11:50 шуд, вале моро даъват накарданд. Дар дуюм зинаи мурофиаи судӣ низ мисли якум зина бе иштироки ман маҷлиси судиро гузарониданд.
Аз соли 2011 то имрӯз аз ин муаммои сарбаста ва давутоз хаста шудам. Умед доштам, ки духтарам аз шавҳараш бо хубӣ ҷудо мешаваду муаммо ҳалли худро меёбад. Вале дар гӯшаи хаёлам набуд, ки домодам писарашро медуздад. Кӯдакро аз роҳи мактаб дуздида рафт ва ӯро аз ватан, аз модар, аз бобо, бибиҳояш ва ниҳоят аз таҳсилаш маҳрум сохт.
Акнун ягона умедам аз мақомоти болоӣ аст, ки ба доди ман мерасанд ва ин мушкили мо ҳалли худро меёбад.
Мурод АХМЕДОВ, сокини ноҳияи Спитамен, ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Саидқалъа, кӯчаи Н. Ҷалолов, хонаи 30