Муҳтарам рӯзноманигорон. Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки дар водии Зарафшон як қатор ташкилотҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд ва онҳо дар якҷоягӣ се ноҳия: Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Панҷакентро зери ҳадаф қарор дода, дар умум кори муҳимеро ба сомон намерасонанд. Агар аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои номбурда сокинон суол кунанд, ки чӣ корҳоро ба сомон расонидед (масалан дар ноҳияи Айнӣ) онҳо мегӯянд, ки мо дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва ё шаҳри Панҷакент кор карда истодаем. Яъне, ягон маълумоти дақиқ аз фаъолияташон намедиҳанд. Ва ё дар деҳаҳое кор мекунанд, ки он деҳаҳо ба кори кардаи онҳо ниёз надоштанд. Яъне, мисол оварда, мефаҳмонам, ки онҳо масалан деҳаеро бо оби нӯшокӣ таъмин карданд ва мардуми ин деҳа ба оби овардаи онҳо аслан ниёз надоштанд. Яъне, муфт ба корҳои осону қариб нодаркор даст зада, маблағи зиёдеро азхуд мекунанд. Аз ин хотир, мехоҳам ҷомеаи рӯзноманигорон дар якҷоягӣ корҳои омӯзиши гузаронида, фаъолияти нодурусти онҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳанд. Ин як пешниҳод аст на туҳмат.
Халифаев ШАМСИДДИН