(Ростӣ, камкам пушаймон ҳам шудам, ки ба Раҳими Ғармӣ роҷеъ ба сохтани китобхона муроҷиат кардам ва чанд мулоҳизаи дигар перомуни китобу китобхона…)

Мушоҳидаи аввал: мардуми мо китоб кам хонанд ҳам, аммо маводи шабакаҳои иҷтимоиро бисёр мехонанд. Баъди матлабе, ки шаби дирӯз бо унвони “Чаро мардуми сарватманд китобхона намесозанд?” ман ба ин вазъ бовар кардам. Якуним шабонарӯз гузашт ва эҳсос кардам, ки мардуми бисёре аз ин матлаб огаҳ шудаанд, ба ҷуз паёмрасонам суҳбатҳои телефонӣ ҳам дар ин масъала бисёр буд ва аксарият… норозӣ…

Бархе дӯстонам изҳори нохушӣ карданд. Бад-ин маъно, ки китобхона сохтан ё тарғиби китоб хуб аст, вале чаро маҳз ба Раҳими Ғармӣ муроҷиат кардам? Магар дар Тоҷикистон ё берун аз он мисли Раҳим соҳибкорону сарватмандон каманд? Як пойтахтро бинед, чунон аҳли сарват зиёданд, ки намедонанд бо он пулҳои ҳангуфт чӣ кор кунанд. Як вилояту музофотҳои дигарро бинед, ки пулдоронаш ба чӣ корҳо машғуланд… (ана ин ҷумлаи ахир ба маҳал дахл дошт, ки банда зуд эҳсос кардам).

Як марде, ки гӯё маро мешинохтааст, аммо банда ҳеч ба ёд наовардам, ки киву аз куҷо бошад, бо оҳанги эътироз гуфт:

– Ин коратон хуб аст, ки доим ғами китобу китобхонаро мехӯред, аммо аз рӯйи адолат нест, ки Раҳимро ба ин кор вобаста мекунед. Ӯ ҳамеша дар фикри мардум аст (ва баъд аз корҳои хайри ин соҳибкор муфассал ёдовар шуд, ки гумонам, ҳама медонанд ва борҳо дар ин шабака зикр шудааст).

Хулосаи суҳбаташ ин буд, ки “бигзор дигарон ҳиммат кунанд, агар зӯратон расад (яъне зӯри ман), ба дигарон муроҷиат кунед…”. Ва як иловаи муҳим кард, ки ба банда таъсир дошт:

– Муаллим, кори китобу китобхона ва маорифу таълим кори давлат аст, давлат худаш мекунад. Шумо магар кори дигар надоред, ки ба ҳамин масъалаҳо вақти қимати худро сарф мекунед?

…Баъди ин суханаш гапи Афлотуни бузург ба ёдам омад: умр кам асту кор бисёр, оқил он аст, ки умрро ба корҳои зарур сарф кунад. Баъди ин суҳбат худам аз худам пурсидам: о, корат аз ҳад зиёд, магар намешавад, ки аз ҳамин шабака бароиву ба мушкилоти худат машғул шавӣ? Мебинӣ, ки мисли худат садҳо муаллимоне ҳастанд, ки аз ту сад рагу гардан боло, хапу хомӯш ба беҳ кардани зиндагии худашон саргардонанд, ту бошӣ…

Ин як неруи ботиние буд, ки садо кард, аммо одам ҳатман ду неруе дорад, ки ҳамеша ба ҳам мухолифанд. Неруи дувум ҳам садо кард, ки “бетараф будан бисёр бад аст, бояд то имкону тавон ҳаст, то замоне, ки навиштаҳоятро мехонанд, бояд бигӯиву бинависӣ. Муаллим будан танҳо дарс гуфтан нест, рисолат аст, масъулият дар назди ҷомеа аст”.

Ин мухолифатҳои ботинро як сӯ гузорему баргардем ба он масъала, ки чаро кам-кам пушаймон шудам, ки ба Раҳими Ғармӣ муроҷиат кардам. Ба ёдам мерасад, ки рӯзҳои дар озмуни минатқавии “Фурӯғ” буданам, ҳамроҳ бо доварони дигар дар ноҳияи Рашт ба проблемаи нарасидани китоб ва натиҷаи ин мушкил – омодагии сусти довталабони ин минтақа (на танҳо Рашт, балки Тоҷикободу Сангвору Нурободу Лахш) дучор омадем. Аз ҳама бекортар мо будем, яъне ҳайати ҳакамони номинаи “Адабиёти ҷаҳон”.

Ҳамагӣ чор кас буд аз тамоми минтақаи Рашт. Аз ин чорнафарон як писарро беҳтар дидем ва роҳхаташ додем ба озмуни ҷумҳурӣ. Андеша кардам: агар аз чор кас як кас хуб бошад, пас, агар 50 ё 60 кас мебуданд, шояд 10 кас беҳтаринҳо мешуданд ва шояд аз инҳо як кас ҳатто ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ ҳам мешуд. Мантиқ ҳаминро мегӯяд. Чаро ҳамасола бештар аз Душанбеву Суғд довталабони озмуни китобхонӣ пирӯз мешаванду аз Рашту навоҳии атрофи он не? Дар ҷануби кишвар ҳам вазъият бад аст, махсусан ноҳияҳои минтақаи Бохтар. Имсол банда дар ҳамин минтақа будам ва хулосаҳоямро ошкоро аз ҳоли ногувори фарҳангии ин минтақа навишта будам.

Он минтақаро ҳоло як сӯ гузорему баргардем ба Рашт. Баъди бозгашт аз Рашт боре бо Салими Хатлонӣ, шоир ва устоди адабиёти Донишгоҳи забонҳо, ки довари яке аз номинаҳо дар Рашт буд, вохӯрдаму чизи аҷибе гуфт. Ӯ гуфт, ки ду қуттӣ китоб ба Рашт фиристодам, ба ду – се хонандаи мактаб, ки гумонам, эҳтиёҷ ба китоб доштаанд…

Напурсидам, ки дар ҳар қуттӣ чанд китоб буд, вале дақиқан ду қуттӣ китоб будааст. Ҳоло фикр мекунам, ки чӣ чизе устодро таҳрик додааст, ки ба Рашт аз китобхонаи худаш, аз Душанбе, китоб фиристад? Яқинан, набудани китоб ва шояд хоҳиши чанд хонандаи мактаб, ки ба ин ё он китоб эҳтиёҷе доштаанд…

Мушоҳидаи дигаре, ки аз Рашт доштам, ҳамин аст, ки масъалаи тарғиби китоб, чӣ навъ истифода кардан аз он, чӣ гуна ба озмунҳои китобхонӣ тайёр кардани довталабон ва дар маҷмуъ, китобу китобхонӣ миёни муаллимон ҳам хуб нест: хонандаҳо намедонанд, ки аз чӣ хонданро оғоз намоянд, чӣ гуна китобҳои азбаршударо ёддошт кунанд, ба кадом масъалаҳо ҳини хондан аҳаммият диҳанд ва ҳоказо…

Яъне худи муаллимон ба машварату кумакҳои методӣ ниёз доранд, барои ҳалли ҳамаи ин масъалаҳо як маркази бузурги машварату баррасиҳо ва нишасту маҳфилҳо лозим аст ва он танҳо КИТОБХОНА буда метавонад, на шуъбаи маориф, на кохи фарҳанг, на ҷойи дигар. Яъне китобхона сохтану онро пур аз китоб кардан таҳкурсии боло бардоштани на фақат донишу фаҳму дарки мардум, балки сатҳи фарҳанги ҷомеа, дараҷаи зиндагии маънавии одамон ҳам ҳаст. Таҷриба гувоҳ аст, ки дар ҳар минтақае, ки китоб арзиш надорад ва кори тарғиби китоб сусту заиф, он ҷо ҷаҳолату хурофот бештар мешавад ва як хосияти хурофот ҳамин аст, ки бидуни душворӣ паҳн мегардад, зеро бунёдаш бовари муфт аст ва барои бовари муфт заҳмати фикрӣ лозим нест…

Мисли он ки дар Эрони ҳамсоя, баробари он ки рушди технологӣ, нашри китоб ва шумори китобхонҳо зиёду баланд аст, аммо боз хурофоте ҳам дар гардиш аст, ки ангушти ҳайрат мегазӣ, ки наход… Ҳатто дар бархе манотиқи ин кишвар барои анҷоми бархе “корҳо”-е, ки охундҳо он “корҳо”-ро муҳим мешуморанд, коғазчаҳое медодаанд, ки “масъалаи он дунё” комилан ҳал мешудааст… Ин масъалаҳои нозукро онҳое, ки аз вазъи мафкураи мазҳабии ин кишвар огоҳанд, аз мо беҳтар медонанд… Хуб, ин масъалаҳоро дар омади гап гуфтам.

Як андешае, ки маро аз дирӯз боз (аз чопи матлаби “Чаро мардуми сарватманд китобхона намесозанд?”) осуда намегузорад, ин аст, ки чаро аз худи Раҳими Ғармӣ вокунише нест, аммо аз ҷумлаи ҷонибдоронаш (онҳое, ки ин касро шахсан мешиносанд) зиёд?

Банда бештар изҳори нозуки нохушиҳоро баъди хондани ин матлаб эҳсос кардам, ки аҷиб аст. Маълум, ки дӯстони он кас ва ё ҳаводоронаш ва ё онҳое, ки аз ин соҳибкор кумаку ёрӣ дидаанд, кӯшиш мекунанд, ки нисбат ба ӯ сухани ноҷое гуфта нашавад ва корҳояш ҳамеша бобарор бошад. Яъне барои некӣ бо некӣ посух гуфтан ҳукми аксиомаро дорад.

Аммо масъалае, ки банда дар миён андохтам, масъалаи иҷтимоист, на фардию шахсӣ. Он болотар аз ҳар кори савобест, ки нисбат ба қишрҳои камбизоату фақирону эҳтиёҷмандони манзилу замин ва ғайра карда мешавад.

Хурофоти азим аст, вақте мегӯянд: бо китоб хондан шикам сер намешавад. Ё китобхондаҳо чӣ шуданду ту шавӣ. Ё фикри қиёматро кун, ки ин дунё бақо надорад…

Агар дунё бақо надошта бошад, пас чаро онҳое, ки ҳамин хурофотро паҳн мекунанд, худашон зиндагии серу пур доранд? Чаро бо ин “дунёи бебақо” зуд хайрухуш намекунанд? О, дунё бақо надошта бошад, зиндагии беҳуда – “бачу кач”, мошину замин ва садҳо майда-чуйдаҳои дигар чӣ лозим?

Маҳз китоб аст, ки чунин хурофоту андешаҳои пучи мардумро бартараф мекунад, барои башар дунёи дигаре меофарад, ки дар он маънову муҳтавои олами ашё бозгӯ ва тафсир мешавад.

Ҳамин китоб аст, ки роҳи пур кардани шиками гуруснаро нишон медиҳад, роҳи бурунрафт аз ҷаҳолатро менамоёнад, ҳадди ақал худи одамро аз ихтилофоти фикрии ин дунё мераҳонад ва ғайра…

Ду сол пеш, бонуеро, ки синнаш ба 80 расида буд, дар даҳлези озмуни “Фурӯғ” пурсон шудам, ки чӣ сабабе Шуморо ба хондани китоб дар ин синну сол таҳрик додааст?

Посух шунидам, ки барои набераҳоям. Падару модарҳояшон овораи зиндагиянд, ман китоб мехонаму сипас ба онҳо нақл мекунам, азбаски ҳоло имкони худашон китоб хонданро надоранд. Намехоҳам, ки набераҳоям мисли волидонашон шаванд, бигзор серу пур набошанд, аммо бо китоб бизиҳанд, дунёяшон мисли дунёи падару модарҳояшон якранг, пурандуҳ, хираву тираву беруҳ набошад.

Ана фалсафаи китоб хондан, ки аз садҳо академику доктору профессору дигару дигарҳо дида як пиразани одиву камбизоат ба банда фаҳмонд ва ҳамин аст хиради мардумӣ. Хираде, ки онро намешавад бо дарёфти билетҳои докториву профессорӣ соҳиб шуд.

Хулоса мекунам, чун сухан бисёр шуд. Аз он ки матлаби дирӯзаро навиштам, хушҳол нестам, дақиқан. Онро тоза намекунам, агарчи мехоҳам, чунки гапу калочаҳо зиёд хоҳад шуд.

Интизор доштам, ки аз ҷаноби Раҳими Ғармӣ ё аз дӯстони наздику қарибаш посухе бад-ин маъно мегирам, ки “бале, ин пешниҳод қобили қабул аст ва мушкиле надорад”.

Баръакс шуд: онҳое, ки бо ман дар тамос шуданд, гуфтанд, ки чаро маҳз ин соҳибкор бояд китобхона созад, чаро дигарон не. Дар маҷмуъ ва хулоса ҳамин гап. Ҳол он ки банда дар баробари ин кас тамоми сарватмандони Тоҷикистонро дар мадди назар доштам ва ҳатто мақоле овардам, ки “дар гуфтам, девор гӯш дор”.

На аз дар садо омад, на аз деворҳо…

Аҷаб дунёе!

Ҳафиз РАҲМОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь